Ғарб бо Мавлоно

Фирдавси АЪЗАМ (Хуҷаев)

nahzat.tj

Ба ифтихори мавлуди Мавлоно суфии покманиш

Вақте ки Созмони миллали муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлонои кабир ихтисос дод, кишварҳои ҷаҳон мисли Туркиё, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса, Итолиё ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ҳаштсадумин солгарди милоди суфии покманиш баргузор намуданд. Хурсандиовар аст, ки ин барномаҳо то ба ҳол идома доранд ва ин силсилабарномаҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои фарҳангию адабии ҷаҳон доир мешаванд.

Дар ин навиштаи кучак нигоҳи иҷмолие ба шуҳрати Мавлонои кабир дар бархе аз манотиқи ҷаҳон меандозем ва ба хадамоти пажуҳишгарони ғарбӣ, ки роҷеъ ба таьлимот ва осори Мавлоно анҷом додаанд, таваҷҷӯҳ мекунем. Дар ин навишта аз бархе манобеи интернетӣ бо забонҳои инглисӣ, русӣ ва форсӣ истифода шудааст. Имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон дар кишварҳое ки ҳазорон чеҳраҳои бузурги фарҳангию адабӣ дорад, дар ҳамаи марокизи илмию пажуҳишӣ ва ҳунарӣ аз осори Мавлонои кабир иқтибос меоранд ва ӯро ба масобаи як инсони ормонӣ ва идеол ёд мекунанд.

Мавлоно ва Русия

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамон гуна ки дар Аврупо ва Амрико аз шуҳрати волое бархурдор аст, дар Русия низ аз муддатҳо замон дорoи шуҳрату эътибор аст. Шарқшиносони барҷастаи русӣ чун Бартелс, Гордовский ва дигарон ин шоир ва андешаманди бузурги ҷаҳони Исломро дар осори худ муаррифӣ ва ёд кардаанд. Ин ёдкуниҳо ҳокӣ бар таъсиргузор будани Мавлоност.

Бояд арз шавад он асаре, ки муҷиб бар муаррифии осор ва таьлимоти Мавлоно дар маҳофили адабӣ ва доираи хонандагони рус гардидааст, асари “Ҷалолиддин Руми” нависандааш Радий Фиш мебошад.

Китоби мазкур дар силсилаи китобҳои “Зиндагии бузургон” тавассути Максим Горки дар соли 1934 эҳё гардидааст. Воқеан ҷолиб аст, вақте мебинӣ, ки чунин асаре бо он ҳама таълимоти ирфонӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ дар чунин муҳити коммунистии Русия нашр гардад. Ин амр далел бар пайванди инсон ба руҳоният ва маънавияти фитрист, ки муҷиб бар чунин иттифоқе шудааст. Мавлоно дар ҳақиқат тавассути таълимот ва осораш бузургтарин муъҷизаи маънавиро эҷод кардааст, ки инсони тамоми минтақаи оламро ба сӯи хеш мехонад ва ин муъҷиза барои қарнҳо мондагор хоҳад монд.

Николсон ва Мавлоно

Рейнолд Николсон аз мусаҳҳеҳ ва муфассири бузурги Маснавии шариф умри гаронмояи хешро сарфи таҳқиқ ва пажуҳиш дар мутуни куҳани исломӣ ва ирфонӣ намуд, вале он чи ки ӯ анҷом дод ва солиёни сол ва қарнҳо бегазанд хоҳад монд, ин вироиш ва таҳқиқи Маснавии шариф буд, ки имрӯз аз муътабартарин нусхаи Маснавии Маънавӣ мебошад. Маснавиро ба забони модарияш (англисӣ) тарҷума намуд ва онро дар 8 ҷилд тафсир кард. Ба ҳар ҳол, агар аз зовияи таърих ба тарҷума бингарем, хоҳем дид, ки Николсон хадамоти бузурге барои ғарбиён кардааст. Ҳудуди 50 сол пеш Маснавиро бо диққати тамом ва жарфнигарӣ ба инглиси тарҷума намудааст.

Ҳамин дилбастагию алоқамандаии Николсон ба забон ва адабиёти бузурги исломӣ буд, ки муҷиб гашт то баргузидаи ашъори “Девони Шамс”- ро ба дасти чоп диҳад. Профессор Николсон дар соли 1901 ҳангоме, ки 33 сол дошт, ҷонишини Эдвард Браун дар Донишгоҳи Кембрич шуд ва ҳамонҷо курси забони форсиро дар ихтиёр гирифт ва узви расмии акодемии забони форсӣ шуд. Пас, мусалламан метавонем бигӯем, ки чун ӯ донандаи забони форсӣ буд барояш таҳқиқ ва омузиши осори бузургоне чун Мавлоно он қадар душвор набуд.

Николсон аз нахустин шарқшиносонест, ки осори Аттор ва бахусус Мавлоноро ба сурати густурда ва амиқ ба ҷаҳони Ғарб муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ӯ барои нахустин бор дар маҷалаи Салтанати осиёӣ даст ба муаррифии китоби “Фиҳи мо фиҳи” зад, то аз ин роҳ он китоби арзишмандро ба пажуҳишгарони ғарбӣ бишоносонад. Рейлонд, ки худ ба тарҷумаи бахшҳое аз он ҳиммат гумошта буд, тарҷумаи комили онро ба шогирди худ Арберӣ тавсия кард. Хадамоте, ки ин абармард анҷом дода, кам пажуҳишгарон анҷом додаанд. Албатта, қабл аз Николсон мутарҷимоне чун Ҷемс Редхаус ва Винфилд ба тартиби дафтари аввал ва кулли Маснавиро бо забони инглисӣ дар солҳои 1881 то 1887 милодӣ мунташир карда буданд, аммо он чи Николсон анҷом дод, фарқкунанда буд. Ӯ бо диди ноқидона ва олимона ва риояти лозима ба заъфҳо ва камбудиҳои эшон ишора кард. Ин боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз дар кулли ҷаҳон Маснавии Мавлоно ба беш аз 40 забони дунё тарҷума шуда ва дар ихтиёри ҷомеаи башарӣ қарор гирифтааст. Инро ҳам бояд бигӯем, ки ҳарчанд аз кори анҷомдодаи Николсон ба Маснавӣ чандин сол мегузарад, аммо ҳануз эътибори он аз байн нарафтааст ва аҳли таҳқиқ бо истинод ва иқтибос аз он ба таври густурда истифода мекунанд. Ин албатта, ҳокӣ бар бузургии дасти пажуҳишии Николсон аст.

Мавлоно ва Фаронса

Ҳамин бузургманишии Мавлоност, ки бо қудрати ҷозибаи осораш аз тамоми нуқоти олами беканору бекарон донишмандон, мутафаккирон ва файласуфонро ба сӯи хеш мехонанд. Марзҳоро убур карда ва тамаддунҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Фаронса ҳам ин даъватро аз хоки гуҳаррези Туркиё мешунавад.

Лозим ба ёдоварист, ки профессор Ива ду Витрей Меэерович (1909–2001)-ро бояд бузургтарин мавлоношиноси фаронсавӣ донист. Чанд нукта роҷеъ ба фаолияти ин пажуҳишгар гуфтанӣ ҳастем.

Ӯ бештари осори Мавлоноро ба забони фаронсавӣ тарҷума карда ва дар китобҳои таьлифии худ низ осори Мавлоноро мавриди баррасии коршиносона қарор дода аст. Ӯ дар мавриди чигунагии ошноӣ бо Мавлоно мегуяд: “Рузе як дусти мусалмон китобе аз Иқболи Лоҳурӣ пеши рӯям ниҳод. Ҳангоме ки онро мутолиа кардам, маро бисёр маҷзуб кард ва ман бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд тасмим гирифтам китобро аз инглисӣ ба фаронсавӣ тарҷума кунам. Бо мутолиаи осор ва ашъори Иқболи Лоҳурӣ медидам, ки Иқбол пайваста аз Мавлоно ба унвони муаллиму муроди хеш ёд мекунад. Кунҷков шудам ва хостам бидонам чаро ӯ то ба ин ҳад нисбат ба Мавлоно иродат дорад. Бадин тартиб ҳангоме, ки мутолиаи осори Мавлоноро шурӯь кардам, ба забони фаронсавӣ чизи каме ёфтам ва маҷбур будам ба осори тарҷумашуда ба забонҳои инглисӣ ва олмонӣ муроҷиат намоям.”

Меэерович ба тадриҷ Мавлоноро дарк мекунад ва ҳар қадар, ки Мавлоноро бештар мешиносад, ҳамон қадар алоқамандтару муштоқтар мешавад. Ива 15 сол барои тарҷумаи Маснавӣ вақт гузошт ва бо ҳамкории як муҳаққиқи эронӣ ба номи Ҷамшеди Муртазавӣ ин китоби арзишмандро ба таври комил тарҷума кард. Тарҷумаи ин китоб дар соли 1990 милоди дар 1705 саҳфа ба инзимоми як муқаддимаи 40 сафҳаӣ аз суи интишороти “Руше” дар Фаронса мунташир гардид. Ӯ ҳамчунин “Фиҳи мо фиҳи”, “Рубоиёт”, “Мукотибот” ва низ гузидае аз Девони Шамсро тарҷума кард. “Рубоиёти Мавлоно” маҷмуае аз 1000 рубоӣ аст, ки хонуми Меэерович аз миёни 2000 рубоӣ ба Мавлоно нисбатдодашуда интихоб ва тарҷума кард. Ин хадамоте, ки хонум Меэерович анҷом дода, шоистаи таҳсину такдир ва ситоиш аст.

Борес ва Мавлоно

Дар Фаронса танҳо хонуми Меэрович набуд, ки ба тарҷума, пажуҳиш ва омузиши осори Мавлоно даст зада буд, балки дигар донишмандон ва муҳаққиқон низ дар ин амр ҳиммат мегумориданд. Яке аз ин навсиандагон Мурис Борес (1862—1923), сиёсатмадори фаронсавӣ, буд, ки ба хотири алоқаи шадиде ба Мавлоно ва маросими самои фирқаи Мавлоно ба Куния сафар мекунад. Рақси самои дарвешон, ки таваҷҷӯҳи муҳаққиқони кишвари Фаронсаро ба худ ҷалб карда буд, аммо дар миёни онҳо ҳеч як ба андозаи Борес ба омузиши Мавлоно ва самои мавлавия напардохтааст. Он чи ки Бoрес анҷом дод, нахуст Маснавӣ ва бархе дигар аз ашъори Мавлоноро аз рӯи тарҷумаи пароканда ва низ аз рӯи он чи дар “Маноқиб-ул-орифин” хонда буд, ба забони фаронсавӣ дармеоварад ва мушоҳидоташ низ дар Куния ӯро ба таамулоте дар бораи “Ирфон дар ҳамаи адён” барангехта ва андешаҳои пешини ӯро дигаргун карда аст.

Ӯ дар 17 июни 1914 милодӣ ба Куния маҳалли зиндагии Мавлоно ва оромгоҳи ӯ сафар кард. Дар онҷо бо ҳамроҳӣ дар рақси оҳангини мавлавиҳо “дарвешони муриди Мавлоно” ба руёи худ таҳаққуқ бахшид. Вай ин мавзуъро дар осори худ “Таҳкике дар кишварҳои шарқӣ” (Enquête aux pays du Levant) ва “Дафтарҷаи Хойм” (Mes Cahiers) ташреҳ карда аст.

Шиммел ва Мавлоно

Ҳамчунин Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ду орифу мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Шарқ, шахсиятҳое ҳастанд, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи бисёри профессор Онне Море Шиммел қарор доранд. Ин донишманд чанд асари муҳимеро аз осори манзум ва мансури ин ду ҳакими фарзона ба забонҳои олмонӣ, инглисӣ ва туркӣ тарҷума намудааст. Афзун бар ин, дар миёни осори устод Шиммел таҳқиқ ва таълифҳои бисёре низ дар бораи шахсияти барҷаста ва осори арзишманди Мавлавӣ ва Иқбол дида мешавад.

Профессор Шимел яке аз устодони шинохтаи ҳавзаи мутолиоти “Мавлавишиносӣ” ва “Иқболшиносӣ” аст. Ин пажуҳишгар миёни Шарқ ва Ғарб ба масобаи пулест, ки тамаддунҳо ва фаргҳангҳоро ба ҳам мепайвандад ва паёми Шарқро ба Ғарб мерасонад. Хадамоти эшон низ дар муаррифӣ ва таҳқиқи ин ду чеҳраи бузурги ҷаҳони исломӣ бисёр бузург аст. “Ман чу бодам, ту чу оташ” (Ich bin wind und bist feuer) унвони китоби зиндагинома ва таҳлили осори орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст ва то кунун чандин маротиба таҷдиди чоп шудааст. Дар ин китоб баъд аз шарҳи аҳволи Мавлоно шахсияти вай ва асари шоҳкораш – Маснавии Маънавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Устод Шиммел дар ин китоб ишора мекунад: “Набояд аз ёд бурд, ки бузургтарин малҳами Мавлоно дар Маснавии Маънавӣ китоби Куръон будааст, аз ин ба Абдураҳмони Ҷомӣ бояд ҳақ дод, ки Маснавии Мавлоноро “Куръон ба забони форсӣ” мехонад. Бадеҳӣ аст, ки Мавлоно мутуни ирфонии пешиниёнро мутолиа карда буд: мутуне чун “Рисолаи қашрия” ва “Эҳёи улуми дин” -и Имом Ғаззолӣ. Яке дигар аз китоби муҳими хонум Шиммел дар бораи Мавлоно китоби “Шукуҳи Шамс” (The Triumphal Sun) аст. Ин китоб сайре дар осор ва афкори Мавлоност ва хушбахтона ба ҳиммати устод Ҳасани Лоҳутӣ ва бо муқаддимаи аллома Ҷалолиддини Оштиёнӣ ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст. Профессор Шиммел аз ҳамон оғози фаолиятҳои илмии худ ба мутолиа ва баррасӣ дар осор ва афкори Мавлоно ба таҳқиқоти доманадоре даст мезанад ва Мавлонои кабирро ба муҳити Аврупо мешиносонад.

Читик ва Мавлоно

Ҳамчунин, Вилиям Читик аз пажуҳишгарони номдори олами Ғарб бо таьлифи асаре тахти унвони “Ман ва Мавлоно” достони шурангези зиндагии Мавлоно ва ба вижа моҷарои ишқи афсонавиро, ки ӯро бо Шамси Табрезӣ пайванд дод, ба қалам мекашад. Дар боби он чи ба Мавлоно марбут мешавад, осор ва таьлифоти бисёре ба забонҳои форсӣ, туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ғайра ба чашм мехурад.

Лозим ба ёдоварист, ки Фронклин Луис дар китоби арзишманди “Мавлоно, дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб” нахустин пажуҳандаи амрикоист, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣ ва андешаҳои Шамси Табрезӣ пардохтааст. Аммо ин Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами Мақолоти Шамси Табрезиро ба англисӣ тарҷума ва дар соли 2004 мунташир кард.

Лозим ба зикр аст, ки ба эьтикоди Читик мутолиаи осори класик беҳтарин роҳ барои вуруд ба дунёи дарунии соҳибони асар аст. Ва ҳамчунин аз ҳамин рӯст, ки тарҷумаи осори класик ва дастабандии онҳо яке аз боризтарин бахшҳои фаъолияти илмии ӯ маҳсуб мешавад.

Ин нуктаро ҳам бояд арз намоем, ки профессор хонуми Ива ду Витрей Меэрович барои мутолиаи осори Мавлоно ва фирқаи Мавлавия борҳо ба Куния сафар кард ва бо пайравони Мавлоно гуфтугуву баҳсҳо анҷом додааст. Ӯ Мавлоноро орифи ҷомеь ва комил медонист, ки андешаи ҳамаи урафоро дар худ соҳиб аст. Барои Меэерович ирфони Мавлоно, ки ба шеър шакл гирифтааст, метавонад тамоми афродро бо хостгоҳҳои мухталифи динӣ ва маънавӣ гирд овард, ҳамон тавр ки рӯзи хоксупории Мавлоно, масеҳиён ва яҳудиёни Куния ба андозаи мусалмонон мутаассир буданд ва шеван мекарданд.

Хулоса

Бо дар назардошти он чи, ки изҳор кардем ва он чи мавлоношиносон анҷом додаанд, метавон ба чунин хулоса расид, ки Мавлоно аз ҷумлаи бузургони ирфон ва адаби исломист, ки мансуб ба як кишвар, миллат, маҳдудаи ҷуғрофиёӣ набуда, бо баҳрагирӣ аз манобеи шариат ва тариқат ҳамвора руй бар сӯи ҳақиқати илоҳӣ оварда ва ойину адёну мазоҳиби дигар миллалро ситоиш, эҳтиром ва такдир кардааст ва дарк намудааст.

Корбурди санъати такрор дар ғазалҳои Мавлоно

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо ғазалҳои шӯрангези худ, ки қарнҳо инҷониб дар дили шефтагони назми форсӣ шӯру шарар ба по мекунад, дар ташаккули тасвирофаринии ғазал низ саҳми боризе дорад.

Борҳо гуфта шуда, ки ба рӯзгору осори Мавлоно донишмандони варзида андешаҳои зиёдеро баён доштаанду адабиётшиносони ҷаҳон таҳиқиқоти гаронвазнеро дар ин самт ба анҷом расонидаанд. Хоса, асари оламшумули ӯ «Маснавӣ» зиёд таҳқиқ шудаву нуфузаш ба адабиёт ва диди шуарои ҷаҳон бозгӯ шудааст. Continue reading

Таҳқиқи тарҷумаҳои мисраъи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»

Фирдавси Аъзам (Хӯҷаев),

Тарҷума чист ва ин вожа чӣ маҳфуме дорад?

Тарҷумаҳои мисраъи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»

Тарҷумаи Ҷонатон ва Гомард

Тарҷумаи В. Ҷонес ва Редҳавс

Охирсухан

Тарҷума чист ва ин вожа чӣ маҳфуме дорад?

Агар ба тарзи содда ва диди аввалин хулосае дар мавриди тарҷума бигӯем тарҷума ин баргардонидани матлаб аз як забон ба забони дигар аст. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ низ ин вожа ба маънии гардонидани мазмуне аз як забон ба забони дигар маънӣ шудааст. Доктор Фулодонӣ муҳаққиқи риштаи тарҷума омӯзишҳои хешро чунин хулоса карда, мегӯяд: «Тарҷума интиқоли паёме аз як забон ба забони дигар аст. Бо ҳифзи рӯҳи матни аслӣ ва эҷод таъсири ҳамарз дар хонандаи забони мақсад». Ин муҳаққиқ илова мекунад, ки  бояд тарҷума  илова бар сатҳу амонат ба рӯҳ ва эҳсоси мутуни аслӣ вафодор бимонад ва онро ба хонандаи забони мақсад (Забони мақсад истилоҳест, ки дар риштари тарҷумашиносӣ  забони ба он тарҷумашаванда фаҳмида мешавад, Ф.А. ) илқо кунад.

Хамзамон аҳли таҳқиқ барон назаранд, ки тарҷумае, ки мутарҷим наздиктарин модули забони мақсадро ба матни забони мабдаъ пайдо мекунад беҳтарин тарҷума аст. Дар чунин тарҷумаҳо дурустии маъно муҳимтарин омил мебошад ва риояи сабк дуввумин унсурест, ки баъди тарҷума ба инобат гирифта мешавад.  Воқеан, ба таърихи таҳаввули тарҷума назари иҷмолӣ намоем мувоҷеҳ мешавем, риояи сабк ва шеваи баёни матни мабдаъ душвор аст. Риояи сабк низ дар тарҷума омили муҳим аст, аммо на бар он андоза, ки ба хотири сабк  маъно фидо шавад.

Адабиётшиносони муосир тақсимбандии унвони тарҷумаро ба се даста саҳеҳ шуморида, тарҷумаи озод, тарҷумаи вожа ба вожа ва тарҷумаи таҳтуллафзиро аз ҳам фарқ мекунанд. Албатта, тарҷумаи мавриди назари мо тарҷумаи адабӣ- бадеӣ аст. Тараҷумаи адабӣ ё бадеӣ маълум аст, ки тарҷумаи асарҳои адабие чун новел, ашъор, намоишномаҳо ва китобҳо мебошанд.

Як мутарҷими осори адабиро лозим аст, то ин иқтидорро дошта бошад, ки битавонад эҳсос, арзишҳои фарҳангӣ, ҳиссӣ юмор ва дигар элементҳои асарро тарҷума кунанд. Ба таври куллӣ, чунон ки зиёди олимон бар ин ақида мӯътақиданд, ба тарҷумаи осори Мавлоно дар Амрико аз се зовия метавон нигоҳ кард, яке ваҷҳи илмӣ, ки тавассути мутахассисон ва адибон ва шоирон сурат мегирад ва дигаре пажӯҳишҳое, ки тавассути гурӯҳҳои маънавӣ сурат гирифта аст. Гурӯҳҳои дигар бархурди умдатан тиҷорӣ бо осори Мавлоно доштаанд, ки ин гурӯҳҳо низ аз мақбулияти бисёр боло бархурдор ҳастанд.

Ин ҷо таваҷҷӯҳ мекунем ба тарҷумаҳое, ки аз ваҷҳи илмӣ тавассути аҳли адаб ва шоирон сурат гирифтааст. То имрӯз азалу рубоиҳо ва Маснавии Мавлоно аз ҷониби зиёда мутарҷимон ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума гаштаанд. Бешубҳа, тарҷумаҳо ба забони англисӣ дар ин миён хеле зиёд аст:

Тарҷумаҳои мисраъи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»

Воқеан, вақте тарҷумаҳои Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣ, ки хеле фаровон ба чашм мерасанд, аз назар гузаронидем, мушоҳида намудем, ки ин тарҷумаҳо  аз ҳам фарқ мекунанд.

Зимнан барои он ки тафовути тарҷумаҳои Маснавӣ  то андозае рӯшан гардад барои бори нахуст бо қиёси фақат як байти ин осори ҷаҳонии Мавлоно иктифо намудем, ки ин ҳам мисраи машҳуртарини Маснавӣ, «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад» мебошад.

Зикр гардид, ки беш аз 20 мутарҷим Маснавиро ба забони англисӣ тарҷума намудаанд. Яқинан чигунагии ин тарҷумаҳо ва то ба кадом андоза ба забони мабдаъ наздик будани он, риоя шудан ва ё нашудани сабки нигориши муаллиф, ҳузури воқеии андешаҳои Мавлоно дар тарҷумаҳои мазкур аз муҳимтарин нукоте буданд, ки зимни омӯзиш ва қиёс мавриди назари мо буданд.

Тарҷумаи Ҷонатон

Listen to the song of the reed,

How it wails with the pain of separation:  (Ҷонатон Стар)

***

Бишнав ба оҳанги най,

Чигуна он аз дарди ҷудоӣ менолад, (Ф.А.).

Тарҷумаи мазкур муталлиқ ба Ҷонатон Стар аст. Ва хонандаи англисзабон ба ҳангоми мутоилаи ин байт ҳамин маъниро, ки дар тарҷумаи  хеш овардем пайдо мекунад. Мебинем, ки дар тарҷумаи Ҷ. Стар дар маҷмӯъ маънии байти Мавлавиро додаст, аммо ҳамон латофат ва ҷозибияти забони мабдаъ дар забони мақсад эҳсос намешавад. Сабки нигориш низ риоя нашудааст.

Тарҷумаи Гомард

Дар тарҷумаи дигар, ки ба қалами Иброҳим Гомард муталлиқ аст, тамоман намуди дигари баёни маънии ин байти  Маснавиро мушоҳида мекунем.

Listen* to the reed (flute),* how it is complaining!*

It is telling about separations,* ( Иброҳим Гомард)

****

Бишнав аз най, ки чи гуна шикоят мекунад

Он достони ҷудоиро мегӯяд (Ф.А)

Тарҷумаи мазкур аз тарҷумаи Стар ба куллӣ фарқ мекунад. Дуруст аст, ки ҳамон маънӣ аст, аммо чигунагии баёни маънӣ хеле аз ҳам тафовут доранд. Ҳамзамон  бояд гуфт, ки тарҷумаи мазкур то андозае ба рӯҳи Маснавӣ наздикӣ пайдо кардааст, албатта нисбат ба байти тарҷума шудаи Ҷонатон Стар. Аммо дар ин тарҷума ҳам, рӯҳи маснавӣ ва андешаи воқеии Мавлоно, дар забони форсӣ, ки забони асли мабдаъ аст ба таври бояду шояд эҳсос намешавад. Яъне, мутарҷим фақат вожаҳоро тарҷума кардааст ва ба риояи сабку рӯҳ аҳаммияти дуввумдараҷа додааст. Дуруст аст, ки дар тарҷума ҳадафи аслӣ ин расонидани маънӣ аст ва набояд мутарҷим ба хотири сабк ва риояи он маъниро ноқис баён созад. Дар ин ду тарҷима низ мутарҷимон  бештар ба расонидани матлаби ин мисраъҳо диққат додаанд.

Тарҷумаи В. Ҷонес

Hear, how yon reed in sadly pleasing tales,

Departed bliss and present woe bewails!  (Вилям Ҷонес)

(Translated by Sir William Jones (1746-1794). Quoted in A. J. Arberry, “Persian Poems,” London, 1954, pp. 118-119. (Perhaps from “Poems, Consisting Chiefly of Translations from the Asiatick Languages,” 1772.)

***

Гуш кунед, ки най чи гуна аз достонҳои дилангези ғамгин мегӯяд,

Аз маҳрумии саодат ва ҷудоию сӯгворӣ. (Ф. А.)

Бо баробари хондани ин мисраъҳо хонандаи нуктасанҷ эҳсос мекунад, ки дар ин тарҷума маънӣ бо тарз ва услуби дигар баён шудааст, дар ин ҷо мутарҷим маънии  нусхаи аслро ба тарзи нисбатан дигар баён кардааст. Дар ин мисраъҳо мо мушоҳида мекунем, ки мутарҷим мехоҳад рӯҳ ва салосат ва зебогии баёни байти Мавлоноро ба хонандаи англис расонад. Аммо мутарҷим дунболи вожаҳои зебо рафта, маъниро муғлақ баён кардааст. Дар баробари баёни зебои байти мазкур,  Ҷонес рӯҳи байтро нигоҳ дошта натавонистааст. Метавонем гӯем, ки ба ин байт таъсири андеша ва қабули фаҳмиши мутарҷим бештар дида мешавад. Сабки баён низ душвор аст.

Тарҷумаи Редҳавс

Редҳавс дигар аз тарҷумони машҳури осори Мавлоно бошад ин байтро ба гунаи зер тарҷума кардааст.

From ed-flute hear what tale it tells;

What plaint it makes of absence’ ills. (Ред ҳавс)

(Translated by James W. Redhouse. From “The Mesnevi of Mevlânâ Jelâlu’d-dîn Muhammed ӯқ-Rûmî. book the First”  (London, 1881).

***

Аз най бишнав ки чи ҳикоят мекунад,

Чи шиква аз маразҳои ҷудоӣ мекунад (Ф. А.)

Мебинем, ки тарҷумаи Редҳавс низ аз кулли дигар тарҷумаҳо тафовут дорад.

Охирсухан

Албатта, ин муқоисаҳо ва хулосаҳое, ки дар омӯзиши кӯчаку шогирдонаи мо сурат гирифт дар ҳошияи тарҷмуаи ҳамин як байти Маснавии Мавлоно буд. Яъне, андешаҳои мо пиромуни чигунагии тарҷума ва бурду бохти мутарҷимон фақат мансубият ба як байт дорад, ҳоло он ки аз ҷониби ин мутарҷимон садҳо ва ҳазорҳо байти Маснавӣ тарҷума гаштааст. Ба ҳар ҳол, муқоисоти тарҷумаи ин мисраъҳо ба мо имкон фароҳам меорад то самт ва сабки мутарҷимонро ташхис диҳем. Ва даричаи дунёи беканори ҷараёни омӯзиши тарҷумаи осори Мавлоноро боз намоем.

Пайнавишт:

  1. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавиӣ (Бар асоси матни Р.Николсон  ва муқобила бо нусхаҳои дигар) таҳти назари Муҳаммади Борӣ : Нашри замон: Теҳрон, 2001.-728
  2. Ва Румӣ, Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс ё Девони Кабир. Љузъи Ҳаштум./ Бо тасҳиҳот ва ҳавошии Бадеуззамон Фурузонфар. –  Теҳрон, 1342. – 333 с.
  3. http://www.iranian.com/Arts/rumi.html
  4. http://rumi.tribe.net/thread/9c10d572-585f-407b-822b-6a6047a2d7c3
  5. http://www.dakhme.mihanblog.com/post/338
  6. http://soxan.blogfa.com/post-11.aspx
  7. http://blog.sepehreftekhari.com/?p=771
  8. http://www.nooronar.com/besmellah/archives/others/83/11/000247.php

МАВЛОНО ҲУНАРМАНДТАРИН ШОИР

(Корбурди анвои тамсил ва ирсои масал дар ғазалиёти Мавлоно)

Дар қатори муҳақиққони варзидаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавлавишиносони маъруфи эронӣ Бадеузаммони Фурузонфар, Зарринкӯб,  муҳаққиқи шинохтаи турк Абдулбоқии Гулпинорлӣ, донишманди бузурги олмони Аннемария Шимел, нависандагони амрикоӣ Франклин Луис, Колман Баркс, адабиётшиносони муосири мо низ дар шинохт ва таҳқиққи осори Мавлоно пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд ва дар ин самти илмӣ пажӯҳишҳо ҳанӯзам идома дорад.  Чуночи адабиётшиносон Расул Ҳодизода, Абдулманнони Насриддин, Сафар Абдулло, Алии Муҳаммади  Хуросонӣ, Тоҷибой Султонӣ аз муҳаққиқони муосиранд, ки ба Мавлоно зиёд таваҷҷӯҳ кардаанд. Пажӯҳиши эшон дар заминаҳои гуногуни осори мондагори Мавлоно сурат гирифта, ба ҷанбаи мухталифи ашъораш, минҷумла воситаҳои тасвирсози шеър таваҷҷӯҳ кадаанд. Continue reading

ТАҶАЛЛИ ИШҚИ ОЛАМГИРИ МАВЛОНО

Ба ифтихори зодрӯзи Мавлонои кабир
Маҳбубияти Мавлоно дар арсаи ҷаҳон рӯзафзун аст. Воқеан, ҷаҳон ба ӯ ниёз дорад. ӯро шоирои ҷаҳонӣ шинохтаанд. Шеъри ӯ, андешаи ӯ мақбули пиру барност.
Шумори зиёде аз нависандагон ва шоирони муосир дар ифода намудани амиқи ҳадафу назару дидгоҳи Мавлоно ба онҳое, ки бахту иқболи хондани осори ӯро бо забони форсӣ надоранд муваффақ шуданд, то осори ӯро тарҷума намуда, манзури аҳли завқ намоянд, инчунин дар нерумандии ишқи ӯ ба Худову ба инсоният.
Тарҷумаҳои инглисии муосири Колман Баркс, тарҷумахои хонум Ива ба забони фаронсавӣ, корҳои Анемария Шиммел дар Олмон ва талошу кӯшиши дигарон тавонистанд, ки истиншоку илҳому маъруфияти ӯро ба миллионҳо одамон дастрас намояд. Айни замон дар Фаронса нафаре бо номи Лайли Анвар Чендероф бо тарҷумаи ашъори Мавлоно ба саҳна омадааст. Ива тақрибан 30 китоб дар бораи тасаввуф ва Мавлоно навиштааст, инчунин 50.000 мисраи Маснавиро ба фаронсавӣ тарҷума намудааст, ки ин муҳаббати беандозаи ӯро нишон медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки бино бар хулосаҳои муҳаққиқи эронӣ Ризо Фаррухфол «Мавлоноро нахустинбор дар авохири садаи 19 шарқшиносони бритониёвӣ ба хонандагони инглисзабон муаррифӣ карданд.» Ин муҳаққиқ таъкид мекунад, ки «Аз миёни онон (шарқшиносони бритониёвӣ Ф.А.) ва ба тартиби замонавӣ метавон ба Ҷеймс Редҳавс ишора кард, ки дар соли 1888 баргардони мавзуне аз дафтари Маснавӣ мунташир кард». Пас Ҷеймс Редҳавсро метавон чун аввалин мутарҷиме, ки Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣ тарҷума кардааст шинохт. Баъдан А.Винфулд дар соли 1889 3500 байт аз Маснавии Мавлоноро тарҷума кард. Ҳамзамон Вилсун низ аз мутарҷимоне аст, ки то оғози садаи ХХ ба осори гаронмояи Мавлоно таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд. Тарҷумаи густурдаву фаҳехта ва таваҷҷӯҳи хоса ба осори Мавлоно баъдан дар ибтидои асри мозӣ аз ҷониби Николсон ва Арберӣ сурат гирифт, ки тарҷумаи Маснавӣ ва ғазалиёти Шамс аз хидматҳои арзишманнди онҳо мебошад. Continue reading

Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно

Имрӯзҳо таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни тасаввуф дар адабиётшиносии муосири тоҷику форс тавассути кӯшишу талоши пайгиронаи як гурӯҳ муҳаққиқон вусъати тоза гирифта аст. Дар мавриди омӯзиши тасаввуф ва таъсири он ба адабиёти точику форс зиёда корҳои шоистаи таваҷҷӯҳи олимонро метавон унвон гирифт. Воқеан, тасаввуф, ки бешак, фалсафа, афкори иҷтимоӣ ва адабии мо ба он пайванди қавӣ дорад, дар ҳама давру замон боиси таваҷҷӯҳи аҳли илму ҳунар будаву ҳаст.
Тасаввуф ҷараёни фалсафию ирфониест, ки бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Оламу одамро мароми худ қарор дода буд. Намояндагони барҷастаи ин ҷароён-Абӯбакри Шиблӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯсаиди Абӯхайр, Аҳмадии Ҷомӣ, Абӯҳомиди Ғизолӣ, Абулмаҷиди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон мебошанд. Continue reading

«Рақс» дар зиндаги ва осори Мавлоно

Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ солҳо ва қарнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфонӣ ва иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳониаш таваҷҷӯҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба сӯи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри ӯ, андешаи ӯ, пиндору гуфтору рафтори ӯ ин, албатта, бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз синну сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби динӣ. Осори ӯ лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумонро ба самти худ мекашанд. Ва солҳову қарнҳост, ки Мавлавихониву Маснавихонӣ аз суннатҳои дилписанди аҳли адаб ва шефтагони ашъори Мавлоно гашта, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.
Осори гаронмояи «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» аз ганҷинаҳои бебаҳои адабиёти тоҷику форс маҳсуб мешаванд. Беҳуда нест, ки бархе аз адибон ва Мавлонопажӯҳон Маснавии Маънавиро китоби осмонӣ хондаанд, бархеи дигар низ по фаротар ниҳода онро Қуръон низ хондаанд. Ҷомӣ низ онро Қуръон дар забони паҳлавӣ номидааст:
«Маснавии маънавӣ» – и Мавлавӣ
Ҳаст Куръон дар забони паҳлавӣ
Ман чи гуям васфи он Олиҷаноб?!
Нест Пайuамбар, вале дорад китоб! Continue reading

Бозсозии музейи Мавлоно огоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории донишҷуёни Ирон , ИСНО музейи Мавлоно саввумин расадхонаи пурбинандаи Туркиё дар минтақаи Куня дар маркази ин кишвар аст ва аз муддати пеш шохиди иҷрои бузургтарин пружаи бозсозии иҷрошуда дар ин музей аст.
Расадхонаи Мавлоно дарбаргирандаи мақбараи Мавлоност, солона ду милиён бозндидкунанда дорад. Continue reading

Дар зарфи 10 мох 1.4 милиён сайёхон аз расадхонаи Мавлоно боздид ба амал оварданд.

Расадхонаи Мавлоно яке  аз сербоздидкунандатарин расадхонаҳо  дар Туркиёст,  ки дар 10 моҳи соли гузашта (2010) беш аз 1.4 милиён сайёҳони дохил ва хоричи Туркиёро ба худ чалб намудааст. Бояд ёдовар шуд,ки теьдоди боздидкунандаҳо аз ин макони фарҳанги  ба тадрич афзоиш ёфта, ҳама сола 15 фоиз зиёд мешавад. Соли кабл  омори гардишгарон аз ин расадхона 1.1 милиёнро нишон медод. Continue reading

10000 ирони аз расадхонаи Мавлоно дидан карданд.

Бино ба гузориши хабаргузории ИСНО дар Техрон, ба накл аз очонси иттилоотии Озоднигор, муовини мудири расадхонаи Мавлоно дар Куня, Носи Бакири дар мохи гузашта беш аз 10000 ирони аз расадхона ва харами Мавлоно Чалолиддини Балхи дар Куня боздид кардаанд.

Бино ба иттилои Носи Бакири беш аз 185000 боздидкунанда аз ин харам боздид ба амал овардаанд,ки аз миёни онхо 10000-ашон ирони будааст. Continue reading

Тарҷумаи русии Маснавии Мавлавӣ китоби баргузидаи сол шуд!

 Тарҷумаи дафтари чаҳоргонаи Маснавии Мавлавӣ ба русӣ, ки тайи чанд соли гузашта ба ҳиммати Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии исломии Ирон ва тавассути интишороти шарқшиносии Санпитрбург мунташир шудааст. Аз сeи анҷумани ноширони китоби Русия ба унвони беҳтарин тарҷумаи соли 2010 дар бахши адабиёти классик, баргузида шуд ва ба дарёфти нишони дипломи ифтихорӣ ноил омад. Истифодаи шадиди алоқамандон аз ин асри мондагори адабиёти ирфонии Ирон ба ҳадде будааст, ки дар фосилаи кeтоҳ таҷдиди чоп шудааст. Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Русия бо иноят ба истиқболу алоқаи шадиди ҷомеаи китобхони Русия ба адабиёти машриқзамин, ба вижа адабиёти куҳани порсӣ, тарҷумаи осори мондагори адабиёти Иронро дар дастури кори худ қарор додаст. Тарҷумаи Маснавӣ- ки аз замони масъулияти оқои Имонипур ройзани пешини фарҳанги Ҷумҳури исломии Ирон дар Русия, оuоз шуда тарҷумаи чаҳоруми дафтари он то кунун мунташир гашта ва то дафтари шашум тадовум хоҳад дошт-аз ҷумлаи ин барномаҳо ба шумор меравад. Continue reading

Мақоми зан дар назди Мавлоно

Муллои Румӣ, ба таъбири адабпажӯҳ ва нависандаи машҳури эронӣ Муҳаммадалии Исломӣ, ба рағми бархе намодсозиҳо ва тамсилгароиҳои манфияш аз занон, ҳомии воқеӣ ва пуштибони ростини онон буд, онҳоро соҳиби ҳақ медонист ва ҷавру ситам бар ононро нораво мепиндошт:
Модари фарзандро бас ҳаққҳост,

Ӯ на дар хӯри чунин ҷавру ҷафост.

Дар тариқат ва мароми Мавлоно, аҳамият ва эҳтироми зан аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор аст. Ҳамон гуна ки дуктур Ширини Баёнӣ, таърихнигори шаҳири муосир изъон доштааст, дар таърихи ислом, камтар адиб, ориф ва ё андешманд ва хирадварзеро метавон ёфт, ки басон Мавлоно дараҷаи эътибори занро дарёфта бошад.

Ба бовари Мавлоно, зан ҳеҷ гуна тафовуте бо мард надорад. Зан низ метавонад соҳиби ишқи илоҳӣ ва дорои руҳи худоӣ шавад, ва агар ин гуна набуд, ӯ ҳаргиз Лайлӣ маъшуқи Маҷнунро нури илоҳӣ наменомид. Continue reading

Мавлоно ва Икбол дар осори Шиммел

Профессор Онне Море Шиммел

Мавлоно Чалолиддин Мухаммади Руми ва аллома Мухаммад Икболи Лохури ду орифу мутафаккири барчастаи чахони Шарк, шахсиятхое хастанд, ки мавриди таваччух ва алокаи бисёри профессор Онне Море Шиммел карор доранд. Вай чанд асари мухиме аз осори манзум ва мансури ин ду хакими фарзонаро ба забонхои олмони, инглиси ва турки тарчума намудааст. Афзун бар ин дар миёни осори устод Шиммел тахкик ва таълифхои бисёре низ дар бораи шахсияти барчаста ва озори арзишманди Мавлави ва Икбол дида мешавад. Профессор Шимел яке аз  устодони мусаллами хавзаи мутолиоти “Мавлавишиноси” ва “Икболшиноси” аст. Continue reading

Хафт панди Мавлоно

Суханхои Мавлоно суфии покманиш хамвора аз аьмоки калбу чонаш маншаь мегирифт ва у дар баён намудани манзуру максуди хеш бехтарин вачхро истифода кардааст.Рости яке аз мухимтарин далоили чазобияти суханхои Мавлоно у олитарин ва зеботарин матолибу суханро бе хеч бузургнамоию худнамои бо соддаги баён мекунад ва ба осони ба калбу чон рох меёбад.Далели мондагории у низ хамин забони соддаи мардумфахми уст.Дар зер мутаваччех бошед ба хафт панди ин сохибсухан. Continue reading

Худо дар кучост?

Инчо мехохам чанд гуфтору сухани зебое аз Мавлоноро ки дар чустучуи Худо хаст, биоварам бо ин умед, ки мо хам уро дар калби хеш ошкор ва пайдо кунем. Бояд арз намоям, ки ин гуфтахоро аз забони инглиси тарчума кардаам, умедворам ин тарчума дархури Шумо дустони азиз карор хохад гирифт.

“Ман талош кардам Уро дар салиби масехи пайдо кунам,аммо У ончо набуд; Ман ба маьбади хиндухо рафтам ва инчунин ба парастишгоххо, аммо нишоне ва асаре аз у ба даст наовардам; Куххову даррахоро чустучу кардам, аммо на дар иртифо ва на дар аьмок нишоне аз уро наёфтам; Инчунин ба Каьба ба шахри Макка рафтам ,аммо ончо низ набуд; Хамчунин файласуфон ва олимону донишмандонро суол кардам, ки у кучост, аммо у фаротар аз маьрифату дарки онхо буд;” Continue reading

Марги ғурури Мавлоно

Мусоҳибаи Фирдавси Аъзам бо Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад

Мавлоно Ҷалолидини Балхи  солҳо ва карнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфони ва  иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳонии хеш таваҷҷуҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри у, андешаи у, пиндору гуфтору рафтори у  ин албатта бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби дини. Осори  у лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумони дорои гуногунзаминаро ба самти худ мекашанд. Рости Мавлоноро чи чиз ё худ ки муҷиб гашта ба чунин як шахсияти ормони табдил ёбад? Шамси Табрези ки буд, ки инчунин Мавлоноро ошуфтаву шурида гардонда буд? Оё суфи кисту зоҳид кист? Ин ва дигар суолҳоро ин макола аз зовияи нависанда, рузноманигор, устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад накл мекунад. Мавсуф зода ва парваридаи рустои Худгифи Сояи ноҳияи Мастчоҳ буда, узви конфедератсияи байналхалкии журналистон, ҳамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (ҳамроҳ бо писараш Шоҳмансур) ва “Касидаи ҷавонмарди” (дар ҳамкори бо Мирзоҳамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” сеюмин  асари у мебошад. Бо манзури рушани андохтан бо чанд суоле, Continue reading

Рақс барои Худо

Ин навишта аз профессор Онне Море Шимел мебошад. Дар ин мақола профессор Онне Море Шимел мекушад то нишон бидиҳад, ки рақси суфиёна (самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтони ва гайриахлоқи дониста шуда, аммо назди бархе тариқаҳои асили суфия ҳамчун Тариқаи Мавлавия ва бархе машоихи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхи василае барои висоли ирфони,  шуҳуди худованд ва шури ирфони талақи шуда аст ва яксара аз таманниёти ҷисмони ори аст. Профессор Онне Мори Шиммел аз исломшиносон ва шарқшиносони ба ном рузгори муосир аст. Вай аз сари сидқу рости дар роҳи шинохти фарҳанг ва таърихи ислом гом ниҳода ва бо осораш на танҳо чашми гарбиёнро то андозае бар руи ҳақиқати фарҳанги машриқзамин гушуд, балки ба мо мусалмонон низ дар ошноии бештар ва беҳтар бо  мироси  илми ва фарҳангии ниёконамон ки ҳамон сунннати дини ва мазҳабии мусалмонон мебошад, ёри расонд. Continue reading

М.Ахмадинажод:Ошнои бо Шамси Табрези

Шамси Табрези кист , ки инчунин Мавлоноро ошуфта ва “бедилудастор” менамояд? Ва Мавлавиро бар он медорад,ки девони шеъри бисёр боарзишу  ва фохир ба номи Шамс бисарояд ва ба вай такдим намояд. (Девони Шамси Табрези). Дар вокеъ мо бештар Шамси Табрезиро бештар тарики Мавлоно ва аз панчараи сурудахо ва газалхои шурдиаи вай аст, ки мешиносем. Дар бораи Шам иттилоот ва огохии зиёде дар даст нест, бештар он чи ки дар мавриди у аст ба афсона табдил шудааст. Аммо он чи рушан аст, асарест, ки бар Мавлави мегузорад ва зиндагии Мавлавиро мамлу аз ишк,ирфон ва врастаги менамояд ва у хамчун суфии софшудае таваллуди дигар меёбад. Шамси Табрези ончунонн зербанои андешаи Мавлавиро тахти таъсири худ карор медихад, ки уро то поёни зиндаги масту саргаштаву девона мекунад. Continue reading

Маликнеъмат:Мавлоно бо адён аз нуқтаи назари демокросик менигарид!

Сухбат бо Маликнеъмат шоир, Узви ИН Точикистон, узви ИР Точикистон, номзади илмхои суханшиноси. Муаллифи китобхои «Нилуфари махтоб», «Одамасп», «Эхёи Мадрушкат»,«Ин дарахтон», «Маснавии нави» ва монографияи илмии «Рашахоту айнилхаёт»-и Фахруддин Алии Сафи ва мохияти адабию ирфонии он».

1)Ба назари Шумо чаро чахони имруз беш аз хар замони дигаре мухточи шунидану фахмидани паёми Мавлоност?

Гиёҳ бар адами аташ  тақозои об мекунад. Мо ҳама мардумгиёҳонем, ки ҳарчанд аз моъулҳаёти  Ҳазрати Мавлоно дур мегардем, ташнатар хохем буд. Continue reading

Инсони комил аз дидгоҳи Мавлоно.

Мусоҳибаи Фирдавси Аъзам бо Сайидюнуси Истаравшанӣ

Вожаи “инсони комил” ё худ “инсони ормонӣ”, аз дерзамон мавриди таваҷҷӯҳи ҳукамову урафову фузало ва ҳатто одамони оддӣ ҳам будааст, ва рӯйи ин ном, китобҳои зиёд навишта ва таҳқиқоти фаровон анҷом ёфта. Роқими сутур мехоҳам бо яке аз муҳаққиқони тоҷик ҷаноби Сайидюнуси Истаравшанӣ дар ҳамин замина; яъне дар заминаи инсони комил, аммо аз дидгоҳи Мавлоно сўҳбат биёроям, ки бо ҳам мурур мекунем.

Баъзе аз мутафаккирон ва аҳли тасаввуф, инсони комилро инсоне медонистанд, ки дар шариат, тариқат ва ҳақиқат ба камоли матлуб расида бошад. Дар биниши орифонаи Мавлоно, инсони комил ё худ инсони ормонӣ кист ва чӣ касе метавонад ба ин марҳила бирасад? Continue reading

Хикояти Румй.(Саҳна барои театр,бахшида ба 800-солагии нобиғаи шарқу ғарб Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ )

Маликнеъмат шефтаи Мавлоно

Маликнеьмат.Таърихи таваллуд: 20 ноябри соли 1959. Зодгох : дехаи Мадрушкати нохияи Мастчох.Мавзеи фаъолият: литсейи №1.Вазифа: чонишини директор, омузгори забони точики.Дарачот: аълочии маорифи Точикистон, аълочии фарханги Точикистон.Узви ИН Точикистон, узви ИР Точикистон, номзади илмхои суханшиноси.Муаллифи китобхои «Нилуфари махтоб», «Одамасп», «Эхёи Мадрушкат»,«Ин дарахтон», «Маснавии нави» ва монографияи илмии «Рашахоту айнилхаёт»-и Фахруддин Алии Сафи ва мохияти адабию ирфонии он». Continue reading

Чун шиносад андак ӯ мункир шавад…

Мулоҳазоте чанд бар мақолаи “Мавлоно файласуф нест” (қисмати аввал)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ахиран, дар сомонаи Ҷомеа, ба мақолае бархӯрдам таҳти унвони “Мавлоно файласуф нест” ба қалами доктор Муҳаммадалии Меҳросо, ки зоҳиран асли мақола ба форсӣ буда ва шахсе ба номи Дидавари Хушдил ҳам онро ба кириллӣ баргардон намуда аст. Ин “доктор” муддаист Мавлоно, на ин ки танҳо фазоиле надошта, балки “фарде хурофотӣ, шақиюлқалб, кофирситез” буда аст.

Камина, бо нигоҳ ба унвони мақола, дар оғоз фикр кардам, Continue reading

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (3-4-5-6-7)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ақл, василае дигар барои дарки ҳақоиқ[1]

Яке дигар аз абзорҳои фаҳм ва маърифати инсон, ақл аст. Ақл дарёи бекарон аст. Бо шино дар ин дарёи паҳновар метавон ба азамати он пай бурд.

То чӣ оламҳост дар савдои ақл,

То чӣ бопаҳност ин дарёи ақл.

Баҳр бепоён бувад, ақли башар!

Баҳрро ғаввос бояд, эй башар! Continue reading

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (2)


Сайидюнуси Истаравшанӣ

Васоили дарки ҳақоиқ аз дидгоҳи Мавлоно

Аз назари Мавлавӣ, васоили дарки воқеиятҳои олами ҳастӣ иборат ҳастанд аз: ҳисс, ақл ва дил. Инак, шарҳи мухатасаре аз ин абзор:[1]

1. Ҳисс: Мавлавӣ барои инсон ду навъ ҳис қоил аст: яке ҳисси зоҳирӣ ва дигаре ҳисси ботинӣ. Ҳисси зоҳирӣ дорои маҳдудиятҳое мебошад, аз ҷумла он ки фақат зоҳири ҳақоиқро дарк карда ва ба умқи ҳақиқат роҳ намеёбад. Ин ҷон ва ҳисси ботинӣ аст, ки ба аъмоқи ҳақоиқи ҳастӣ нуфуз мекунад. Continue reading

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм


Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин мақола саъйи роқими сутур бар он аст то нишон бидиҳад, ки Мавлавӣ аз пешгомони тарҳи масъалаи “ҳерменутики фалсафӣ” ё худ “фалсафаи фаҳм” аст, чаро ки ӯ дар Маснавӣ матолиби амиқеро перомуни фаҳм ва шароити ҳусули он дар зеҳни инсонҳо матраҳ карда аст, ва ба истилоҳи фалосифаи ҳерменутик, Мавлавӣ аз “ҳастишиносии фаҳм” сухан ба миён оварда ва нисбати он бо вуҷуди инсонро некӯ табйин намуда аст.

Муқаддима

Дар оғоз, лозим медонам таърихчаеро, ки огоҳӣ аз он барои фаҳми навиштори мазбур зарурист ёдовар шавам. Яке аз дағдағаҳое, ки аз қадим зеҳни андешмандон ва фалосифаро ба худ машғул карда буд, ин масъала буд, ки чаро инсонҳо аз як матн (чи матни динӣ бошад ва чи матни адабӣ) бардоштҳо ва тафсирҳои мухталифе менамоянд? Сабабаш чист? Continue reading

Рухе саршор аз маънавият

Ива Де Витрей Меэровитч пас аз дарёфти номзадии дарачаи оли аз илми Хукук ва Фалсафа тамоми омузишу такопу ва умуман метавон гуфт, ки самти куллии омузишашро  ба масоили марбут ба адабиёт, фалсафа ва тасаввуф равона намуд.У такрибан тамоми осори пургановати ду чехраи эътирофшудаи Шарк яъне Мавлоно ва Икболро ба забони модарии хеш -фаронсави тарчума намуда, пешкаши мардум намудааст.Ин корхои мухими тарчумахояш, маърузахои зиндаву радиоияш имкон дод то кисми аъзами сохибназарону мутаффакирони фаронсави як фахмишу идроки бехтар чадидеро Continue reading

Мафхуми Ватан назди Мавлоно

Чалолиддин Мухаммад Мавлави дар Балх (Хуросони бузург) ба дунё омад ва ба хамрохи хонаводаи худ ба Куния (Осиёи Сагир ё Туркиёи имрузи) мухочират намуд.

Шоири бузурги Ирон дар солхои миёни зиндаги чанд соле низ дар Шом зист аммо бештар зиндагии худро дар Куния гузаронд ва аз хаминчо нисбати “Руми” гирифт.

Имруз милал ва аквоме чанд аз Осиёи Миёна то Осиёи Сагир Мавлоноро аз худ медонанд ва ин тафохур гох то марзи таассуб ва хусумат низ пеш меравад.

Ин дар холе аст, ки Мавлоно тааллук ба сарзамин ё зоду бумро амре фарьи ё хатто беахамият медониста ва бо мафхуми “Ватан” ба маьноии имрузини он яксара бегона будааст. Continue reading

Чаро Ғарб ҳануз ба Мавлоно таваҷҷуҳ мекунад?

Муаллиф Иброҳим Оздемир

Мо огоҳ ҳастем, ки Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Руми яке аз серхонандатарин шоирони шарқ дар дунёи Ғарб махсуб меёбад.Тарҷумаҳои осори гаронбаҳои у дар мамолики Аврупо ва дунёи ғарб аз пурфуруштарин ва бестселертарин осори боарзиш ба шумор мераванд.

Ашъори ҷаҳонии Мавлоно дар расонаҳои электруники амсоли фиттаҳо ва DVD-ю CD-ҳо сабт гардида, дар дастраси умум қарор доранд.Машҳуртарин ва саршиностарин ситораҳо чун Мадона ва дигарон аз гулчини ашъори у шъерҳои ошиқонаро бо манзури такрим ва эҳтиром ба ақоиду низоми андешаронии Мавлоно ва инчунин ҳаводорони ин шоири шурида, месароянд.Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ақвоми муҳталифу гуногунмазҳабу гуногункеш ба уву осораш таваҷҷуҳу эътинои бештару беҳтар доранд. Continue reading

800-солагии Мавлоно бо Колман Баркс

Vodpod videos no longer available.

Муҳаққиқон: Мавлоно эҳтимол зодаи Вахш аст на Балх!

Хонум Аннемария Шиммел , Мавлоно ва Франклин Луиз

Бино бар акидаи як зумра олимону мухакикон Мавлоно эхтимол зодаи Балх набуда, балки дар кисми шарки водии рудхонаи Вахш, ки ба Аму Дарё резиш мекунад, мутаваллид шудааст.Аз он чое, ки ин минтака дар дигар тарафи Аму Дарё вокеь аст,инро метавон гуфт, ки хамон кисмат дар Точикистони имруза чойгир шудааст.Ин фазо аз нуктаи назари фарханги як кисми Балх аст ва ин хамон маконест, ки Бахоудин Валад падари Мавлоно воизу хукукдон буд.У солхои 1203-1211 дар ончo кору зиндаги намуда дар Самарканд низ дар соли 1912 умр ба сар бурдааст.Сипас у эхтимолан аз он чое, ки оилааш аз Вахш ба Анатолия дар соли 1216–1217 хичрат мекунанд, ба Балх бармегардад. Continue reading

Маъруфияти рубоиёти Мавлоно

Агар Девони кабири Мавлоноро ба даст гирифта бошед, хоҳед дид, ки дар охири ин Девон-маҷмуаи ашъори комили Мавлоно  такрибан ду ҳазор рубоиёти Мавлоно мавҷуд аст, ки ба иттифоки Арберри (соли 1950) онҳо шояд “ҳудуди 1.600 рубоиро”  саҳеҳан дар бар бигирад. Ин рубоиёт такрибан 4 фисади тамоми ашъори Девони кабирро фаро мегирад.Онҳо оятҳои ҷаҳоргона буда,бо вуҷуди кутоҳию мухтасарияшон фарогири маонии муфиду муассири пандию ахлоки ва каломи муваҷизу мавъиза ва ирфонию осмони маҳсуб мешаванд. Вироиши форсии рубоиёт Як вироиши  соли 1896, ки дар шаҳри Истанбули Туркиё маншур гашта буд фароги 1646 рубои буд. Дар соли 1941  дар шаҳри Исфаҳони Ирон нашри дигаре аз рубоиёт тавассути донишманд Муҳаммад Бокир Улфат ба вуҷуд омад, ки шомили 1994 рубои буд. Аммо мегуянд, ки беҳтарин вироиши рубоиёт дар шакли 8 ҷилд тавассути олими Ирони устод Бадеъузамон Фурузонфар таҳия шуда, ки фарогири 1983 рубои мебошад.У тамоми дастнавиштҳо ва нусхаҳои кадимии тарикаи Мавлавия дар Туркиёро мутобик намуда ва инчунин як дастнавишти 50 сол кабл аз вафоти Мавлоноро дар китобхонаи Истанбул бо  теъдоди 1937 рубои ва як дастнавишти дигаре аз рубоиётро дар шаҳри Лондон бо теъдоди 1870 рубои таҳия ва ҷамъ намудааст. Continue reading

Мавлоно устурлоби инсони ормонии башарист….

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад…

Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоиддин маъруф ба Мавлавӣ ё Мавлонои Балхи аз бузургтарин чеҳраи саршиносу мушоҳири Ирон ва падари ирфону маърифати ҷаҳон ба шумор меравад. Инҷо тафсилоти бозгӯии тарҷумаи ҳоли ӯ фурӯгузорӣ мекунем ва танҳо ҳаминро хотирнишон месозем, ки хонаводаи ӯ аз дудмони мӯҳтарами Балх дар Хуросони бузурги Ирон буд ва тибқи баъзе манобеи таърихиву адабӣ гуё насабаш ба Абубакри Халифа мерасад ва падараш аз сӯи модар духтарзодаи Султон Алоиддини Муҳаммади Хоразмшоҳ буд ва ба ҳамин ҷиҳат ба Баҳоидини Валад маъруф шуд.

Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ, ки баъдҳо ба унвони Ҷалолиддини Румӣ иштиҳор ёфт, имрӯз яке аз бузургтарин шоирони ирфони машриқзамин ва суханпардози номвари ваҳдати вуҷудӣ дар  тамоми даврон эътироф гардидааст.Холиё ҷаҳон аз дидгоҳи Мавлоно ба шигифт омада ва ҳамин таҷдид дар маърифати афкору атвори Мавлоно муҷиби тағйири масири зиндагии садҳо одамони бо кешу мазҳабу адёни мухталиф гардидааст.

Муаллифи ин сутур бо устоди донишгоҳи Хуҷанд, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, дилбохтаву шефтаи шеъру шахсияти Мавлонои Рум адабпажӯҳ ва шоир устод Нурали Нурзод суҳбате ороста, ки дар зер фишурдаи онро манзури шумо хонандагони арҷманди нашрияи Вароруд мегардонем: Continue reading

БОЗТОБИ ЧУГРОФИЁИ ТАЪРИХИ ВА АНОСИРИ ФАРХАНГИ ТОЧИКИ ДАР ОСОРИ МАВЛОНО.

НУРАЛИ НУРЗОД

НОМЗАДИ ИЛМХОИ ФИЛОЛОГИ

Мавлоно Чалолуддини Руми дар таърихи адабиёти форси баробари хамчун орифи сохибназар ва суфии сохибмашраб эътироф гардидан, ба хайси шоири хаёлпардоз ва суханвари мумтоз шинохта шудааст, ки дар идомаи чодаи шуарои суфимашрабе чун Санойиву Аттор на танхо барои нубуги шеъри ирфони, балки дар равнаки адаби форси макоми вижае дарёфта ва ба кавли худаш оташе дар бешаи андешахои муридону мухлисони шеър афрухт.хатто ба рузгори хеш ин иродат ва идоматашро аз чодаи пешиниён ба гунаи зайл чилва рехта: Аттор рух буду Санойи ду чашми у, Мо аз пайи Санойиву Аттор омадем. Бахси шинохти хунари нигорандаги ва партави арзишхои бадеи дар осори Мавлоно дар пажухишоти зиёде аз донишмандони Шарку Гарб чойгохи чудогона дарёфтааст ва ин чо аз таълифоти мухаккиконе чун Риналд Николсон, Анна Мери Шимел, Бертелс, Абулхусайни Зарринкуб, Бадеъуззамони Фурузонфар, Сируси Шамисо, Шафеии Кадкани ва дигарон ёдовар метавон шуд, ки хар яке хунари Мавлоноро дар оинаи пиндору тафаккури хеш бозшиноси кардаанд. Мусаллам аст, ки бозтоби хунари шоирии Мавлоно чилвахои вижае дорад ва як буъди кашфи он дар корбандии аносири чугрофиёи таърихи ва фарханги точики дар осори шоир тазохур мекунад, ки дар мехвари баррасихои ин макола карор мегирад. хатто хадс хам метавон зад, ки ин мавзуъ аксаран аз марзи мабохиси донишмандони мавлавипажух то чое хам берун монда ё камтар ба он таваччух зохир гардидааст. Вобаста ба ин, тахкики матолиби аслии дар маърази баррасихои илмии ин нигошта карор дошта аз чанд тамоюл бархурдор мебошад, ки дар саргахи онхо корбандии мафохим ва матолиби марбут ба чугрофиёи таърихии мардуми точик ва бозтоби арзишхои хунарии шоирона дар зимни онхо карор мегирад. Равшан аст, ки дар осори Мавлоно, хоса дар «Маснавии Маънави»-и у ба вучуди шахру билод ва искону мавозеъи таърихие ишорат мешавад, ки ба гузаштаи аквоми форси, минчумла точикон пайванди кави доранд. Масалан, дар киссаи «Подшох ва канизак», ки аввалин хикояти маснави махсуб мешавад, дар канори зикри шахри Самарканд, ки искони мехвари накл ба шумор меравад, мавозеи Кухи Готифар ва Сари Пул ёд шудаанд, ки хар ду хам ба ин шахр муртабит хастанд. Аввали исми кухест дар шахри Самарканд ва сони номи гузар ё махалле аз махаллоти ин шахри кадима: Набзи у бар холи худ буд бегазанд, То бипурсид аз Самарканди чу канд. Continue reading

Бархурди Ива Де Витрей Меэровитч бо Мавлоно

Хонум Ива 100-сола шуд

Хонум Ива 100-сола шуд

Бахшида ба 100-солагии Ива Де Витрей Меэровитч мавлонопажухи фаронсави

5 октябри соли равон Ива де Витрей Меэровитч ин ховаршинос ва мавлонопажухи фаронсави 100 сола мешавад.
Имруз ҷаҳони Гарб беш аз пеш ба фарҳангу тамаддуни Шарки кабир таваҷҷуҳ дорад. Ва ин эътиноро аз тарафи Гарб ба Шарк метавон аз бузургиву сутурги ва маънавияту ирфонии осори нобигагони Хуршедзамин унвон кард.Ва яке аз он нобигагони ин сарзамини хуршеди, ки имруз аксар ҷомеаи мутамаддин таваҷҷуҳ ба уву осораш дорад ва боис гашта, ки ҷаҳони Гарб шефтаи Шарк бигардад,бешак Мавлоно Ҷалолуддини Балхист,ки дар ҳоли ҳозир нафас ба нафас дар масири тасхиру забти миллион кулуби инсонҳо карор дорад. Имруз ҳануз дар гуши ман ак гуфтори зебои пажуҳишгари бузурги Мавлоно дар Гарб садо медиҳад, ки гуфта буд:”Мавлоно гуи аз кабри хеш бархоста то исломро ба мо биомузад ва у имруз исломро ба кулли ҷаҳониён муаррифи намуда истодааст.”

Шояд то солҳои на чандон дур уро танҳо бузургон медонистанд,аммо имруз ҳар инсони оддию хоки уро мешиносад ва Мавлоно чун як сарчашмаи илҳому умед баҳри адабиёти Гарб, хоса Амрико падидор гашта .Дар Нию Ёрке, ки ҳазорон нафар чеҳраҳои бузурги фарҳангиву адаби дорад, имруз дар калисову парастишгоҳҳо, дар марокизи илмию ҳунари ва толорҳои фарҳанги аз Мавлоно иктибос меоранд ва уро ба масобаи як инсони ормони ёд мекунанд.Магар ин боиси шарафмандию игфтихор нест? У чун як сафир ва намояндаи фарҳанги мо дар Гарб аст. Continue reading

Солике дар тарики Мавлоно

Шохмансур шефта ва мухаккики Мавлонову Сухроби СипехрйШохмансури Шохмирзо
Ба муносибати 15 мехрмох(6 Октябр) таваллуди Сухроби Сипехрй

Махофили адабии чахон соли 2007-ум 800-умин солгарди таваллуди Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхи -шоиру орифи вораставу шуридаро чашн гирифтанд ва имсол 80-солагии таваллуди Сухроби Сипехри -шоир ва наккоши забардаст тачлил мешавад. Бале, Мавлонои 800- сола ва Сипехрии 80- сола. Оё чи иртиботе, чи пайванде миёни ин ду вучуд дорад ва чаро ба баррасии ин мавзуъ мепардозем? Дар холе, ки даврони зиндагии Мавлоно ба пуршуртарину нооромтарин айёми таърихи Шарк -фитнаи мугул рост меояду даврони хаёти Сипехри ба замони нисбатан орому мухити солиме мувофик меояд ва аз лихози иктисодиву ич тимои ва сиёси тафовут аз само то самак аст. Мавлоноро бадахдии замона ба тарки Ватан водошт ва ба ночор дар мулки гайр зисту даъвати {акро дар хамон чо лаббайк гуфт, Сипехри ба касди ошнои бо фарханги аквоми мухталиф ва касби донишу хунар ба чандин кишвари олам сафар намуд ва билохира бар асари саратони хун даргузашт ва дар зодбумаш – Кошон мадфун шуд.

Мавлоно яке аз сермахсултарин адибони форсигуй аст:»Девони Шамс’ ва ё » Девони Кабир » яке аз бузургтарин девонхои шеърист , «Маснавии Маънави» иборат аз 25630 байт буда , «Фихи мо фихи»(китобе дар наср ) ва чанд асари дигар низ ба калами У тааллук дорад, Сипехри дар мач муъ сохиби «{ашт китоб»(134 шеър ва 2 манзума), «Утоки оби»(китоби андешахо дар колиби наср) ва такрибан 500 асари наккошист.

Мавлоно орифи барчаста буд, Сухроб хам гароиши орифона дошт. Мавлоно шуридаву маст, Сухроб навкадаму навсафар ва инзивоталаб, харду дар паи оромиши дарун ва мухити солиму босуботанд ва дар чустучуи ормоншахре, ки аз хушунату табъиду тафрика орист: Continue reading

Шеъри Мавлоно Амрикоро тасхир мекунад

Шухрати Руми дар Амрико

Шухрати Руми дар Амрико

Колман Баркс шоири Амрикои ва мутарчими маьруфи Мавлоно Чалолуддини Руми ва дигар рухониёни форс махсуб меёбад. Донишгохи Королинаи Чануби ва Калифорнияро хатм намудааст. У дар донишгохи Чеорчия муддати се дахсола аз адабиёт ба донишчуён дарс хондааст. Айни замон У дар Эссен , Чеорчия хамон чое , ки Мавлоноро тарчума карда ва ашъори худро эчод мекунад , зиндаги ба сар мебарад. Баркс дар сарто сари Шарки Миёна ва Амрико бо ичрои ин амалаш яъне тарчумаи ашъори Руми ва шоири бузург буданаш маъруфу номдор аст. Соли 2006 аз тарафи донишгохи Техрон (Эрон) унвони номзади дарачаи олиро касб кард.
Аз соли 1976 ин чониб Баркс як чанд чилдхо аз осори Мавлоно интишор намуд , аз чумла «Бунёди Руми» 1995 , «Дасти ашъор» , «Панч шоири рухонии форс», соли 1993 ва «Китоби ишк» соли 2003 .
Колман Баркс бо забони форси харф намезанад аммо дар кори тарчума забони хелло соддаи англисиро истифода намуда аст. Дар кори тарчума забоншинос Чон Майн ба у кумак расониддаст .Бо илова бар ин аз сабаби душворбудани тарчумааи аслии форсии шеъри Руми , Баркс асосан як шаклу ояти озоди хешро бунёд карда ки хело хуш садо медихад.
Continue reading

МАВЛОНО:ТУРКУ ТОЧИКУ АРАБ ГАР ОШИКАНД…

MevlanaДустони азизу арчманд,инчо навиштаи хеле зебои рузноманигори шахир Нуъмон Рачабзодаро, ки перомуни Мавлоност, манзур мегардонем ва бо умеди он,ки шумо хонандаи азиз аз он бардоште муфид гирифта бошед.
(Истифодаи вожаи турку точик дар осори Мавлоно Чалолиддини Руми)
Дар адабиёти пургановати форсу точик, дар ашъори шоирони порсигўй вожаи «турку точик» хеле фаровон корбаст шудааст ва дар аксари маврид ин ду кавмро ахли калам дар мукобили хам гузошта, собит карданианд, ки хамеша мухолифату даргирихо миёни онхо мавчуд аст. Дар «Шохнома»-и безаволи хакими Тўси пеши назари мо сахнахои хунин миёни пахлавонон ва задухурди эрониёну турониён чилвагар мешавад. Аммо Афросиёб- шохи Турон, ки душмани оштинопазири Эрон аст, бо ифтихор ва гурури ватанхохи мегўяд:
Хама шахри Эрон сарои ман аст,
Ки Тури Фаридун ниёи ман аст.
Continue reading

Чароғи Мавлавй

Мавлои манКиблагохи арчмандам, Аьзам Хучаста ,ки аз шефтагони калому сухани Мавлоноянд, шеьре бинвиштаанд бо номи Чароги Мавлави ,ки оварданашро ба ин сахфа ногузир медонам.

Чароги Мавлави.…Ки тахти каёнро кунад орзу
Ман чароғи Мавлавиро шамьи раҳ кардам
То талоше карда бошам дар масири рушани додан ба зулмат
Зулмати ғафлат,чаҳолат,
Дур рафтан аз худу гум намудан хештанро.
Зулмате зоидаи ваҳми ҳубобй,
Зулмате ё манчалобе….
Он чунон танҳо шудам дар зулматистон
Гум намудам ман худамро ҳамчу инсон,
Дар хами куҳпораҳои Точикистон,
Дар дили вайронаҳои мулки Афғон,
Дар масири марзи Ирон. Continue reading

Ишк дар андешаи Мавлоно

rumi-meditatinhg-kitШахнози Ашрафи

Ишк чони мурдаро мечон кунад,
Чон ки фони буд, човидон кунад

Бино ба акидаи Мавлави сокинини руи замин аз як сарзамини вохид омадаанд ва аз рохи таълимот митавонанд аз рохи дил ва бо дар назар гирифтани холати чадиде аз хамоханги ба унвони хадаф ба якдигар вобаста шаванд ва бадин тартиб чудои,чандхудои, дугонаги ва ифтирок аз байн меравад.:

Мунбасит будему як чавхар хама
Бесару бепо будем, он сар хама
Як гухар будем хамчун офтоб,
бегухар будему софе хамчу об
Чун ба сурат омад он нури сара
Шуд адад чун сояхои кунгара
Кунгара вайрон кунед аз мунчаник
То равад фарк аз миёни ин фарик

“Мавлави пас аз гуфтугу бо Шамс мутакоид шуд,ки дар зери шаклу колаб,дарёи хакикат вучуд дорад, ки хар инсони мукаддас,чомеъ ва паёмбарии онро кашф кардаст.Ин дарёи хакикатба таври мармузе сарчашмаи рушду такомули инсонро дар дохили замири ноогохпинхон кардааст.Мавлави муътакид аст, ки хештани вокеъии у яъне ончи падараш ва ё мухит дар у парвариш додааст,нест, балки он чизест, ки олам дар у офарида аст. Continue reading

Махбубияти Мавлоно дар Амрико (кисми 2)

rumi's booksАз у ба хуби ёд мекунанд. Уро бехтарин дусти хеш мехисобанд.У мехмони хар кошонаи Амрикоихост. Амрикоихо дар шеъри у сулху оромишро дарёфтанд. Васлкунандаи калбхо, пайвандагари тамаддунхо, купруке миёни миллатхост у. Китобаш дар руйхати пурфуруштарин- хост. Пас кист у ки чунин инкилобе дар Амрико бунёд намудааст? Кист у ки Амрикоро ба ларза даровардааст?
Ин инсони комил ва орифи тамаддуни чахони ислом Мавлоно Чалолиддини Балхи маъруф ба Мавлоно, Руми мебошад. Дар Иёлоти Муттахида ва умуман сартосари чахон тарчумахои чадиди пурхачми осори Мавлоно кариб хар руз дар холи ба дунё омадан хастанд ва инчунин тадкикотхои илми хам дар бораи уву осораш чараён доранд.Тарчумахои жопони, араби, итолиёви, руси, инглиси, фаронсави, узбеки, киргизи, урду, турки, лахистони… -осори Мавлоно имрузхо ба бозор меоянд ва мардумони дорои акоиду кешхои мухталифро ба самти худ мекашад. Имруз дидану мушохида кардани кутубу осори инглиситарчумашудаи Мавлоно дар хонаводахои амрикои имонпазир аст. Боре дар мехмонии як нафар дустам дар иёлати Нию Хемшеи Иёлати Муттахидаи Амрико карор доштам.
Continue reading

Ишки оламгири Мавлоно чахонро забт кард.

Гуи гарбихо (албатта ин тафрикаандози нест) уро аз мо бештар дуст медоранд.Уро аз мо бештар медонанд? Чахон ба у ниёз дорад на у ба чахон ниёз дошт.Чахон уро шоири ошики дарачаи 1 мехисобад.Шеьри уро хатто дар дастраси афроди одди метавон дид.Ишки у дар заминаи гаравидан ба дини мубини ислом тавонист мусоидат намояд.Пас у кист хануз чахонро ба тахлука даровардааст? Посух кутох ва мухтасар.Руми,Мавлоно, Мавлави,Чалолиддин,Маснавива … бале ин номхоянд, ки чахонро мафтуну чунуни хеш кардаанд.Ин номхоянд, ки имруз дар хамагуна умри ичтимоии инсонхо мусодаткунанда мебошанд.
Мавлоно Чалолидини Руми солхост, ки бо осору ашьори нобу ичтимоии хеш таваччухи одамони дорои мазхабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагихову хусусиятхои шеьри у ин албатта тааллукият ба хама инсонхост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазохиби дини. Уро хама эьтироф мекунанд, чаро ки сухани у, харфу ояти у моли хамaаст ва барои хама нигошта шуда аст. Мувофики баьзе сарчашмахо Мавлоно то соли 1920 дар Амрико ва умуман Гарб он кадар шухрат надошт, аммо дар Шарк бошад уро чун як орифу шоири суфи ва олим мешинохтанд. Шуруь аз солхои 1920 устоди Донишгохи бонуфузи Кембрич профессор Рейнолд Николсон ба тарчумаи инглисии осори Мавлоно мепардозад ва яке аз нахустин муаррификунандахои Мавлоно дар Гарб мегардад.Сипас баьди солхои 1970 дубора гунчаи шухрату махбуияти Мавлоно дар Гарб, хоса дар Амрико бишкуфт. Continue reading

Ива Де-витрей Мейэровитч- шефтаи Мавлоно балхи!

123Барои мутолиагарони кишвари Фаронса исми бузурги Ива Де-витрей Мейэровитч чун номи Мавлоно карнхо дар ёдхо хохад монд. Ива Де-витрей Мейэровитч соли 1909 дар оилаи ашрофзода ва порсову ворастаи насронии фаронсави мутаваллид шудааст. Дар тули даврони бачагияш дар Фаронса Ива шуруъ ба мубориза бурдан ба фарзияхои мухити атрофаш намуд ва дар мактаби бахши католикии худ, ки дар ончо вогузории гайрифаолро голибан метавон чашм дошт, мавриди тадкику пурсучу карор медод.У модарбузурги хешро ки узви фиркаи масехиёни протестон буд, барои поквичдонию покдин буданаш тахсин менмауд, инчунин пофишориву исрори уро дар мавриди хакгуию ростгуи, ки ин метавонист мучиби хабс гардиданаш гардад хамду офарин мехонд.Ин модарбузург ба усули мазхаби котоликии руми мубаддал гашт то ки бо хамсари ояндааш издивоч намояд. Модарбузуги Ива дар масире карор дошт, ки у ногузир ба пайрави аз он гомхо кард. Ива дудилаги ва диранг накрд , барои мисол дар издивоч бо як руси фаронсавии аслаш яхуди , чаро, ки у аз иртиботу алокаи маънави доштани байни адён огохии комил дошт. Пас аз издивоч бо ин чаноби Мейэровитч, уро зарур буд то Порисро, ки тавассути кушунхои Нозии хитлери ишгол гардида буд, соли 1940 тарк намояд. Continue reading