Девони Кабир


Дар ин сахифа шеьрхо аз Мавлонои кабирро манзури хаводорони сухану шеьри у мегардонем.Ва умедворем ки ин сахфа макбули ахли фазл бигардад.
Рав сар бинех ба болин

Рав сар бинех ба болин танхо маро рахо кун,
Тарки мани хароби шабгарди мубтало кун.
Моему мавчи савдо шаб то ба руз танхо
Хохи биё бубахшо, хохи бирав вафо кун.
Аз ман гурез то ту хам дар бало наафти
Бигзин рахи саломат, тарки рахи бало кун.
Моему оби дида дар кунчи гам хазида,
Бар оби дидаи мо сад чойи осиё кун.
Хиракушист моро , дорад диле чу дарё,
Бикшуд касаш нагуяд тадбири хунбахо кун.
Бар шохи хубруён вочиб вафо набошад,
Эй зардруи ошик ту сабр кун, вафо кун.
Дардест гайри мурдан, онро даво набошад,
Пас ман чи гуна гуям к-ин дардро даво кун.
Дар хоб душ пире дар куи ишк дидам,
Бо даст ишоратам кард, ки азм суи мо кун.
Гар аждахост бар рах ишкаст чун зумуррад,
Аз барки ин зумуррад хей дафьи аждахо кун.
Бас кун, ки бехудам ман, вар ту хунарфизои,
Таьрихи буали кун,танбехи буаьло кун.

Эй растахези ногахон

Эй растахези ногахон в-эй рахмати бемунтахо,
Эй оташе афрухта дар бешаи андешахо.
Имруз хандон омади , мифтохи зиндон омади,
Бар мустамандон омади чун бахшишу фазли Худо.
Хуршедро хочиб туи, уммедро вочиб туи,
Матлаб туи, толиб туи, хам мунтахо хам ибтидо.
Дар синахо бархоста , андешаро ороста,
Хам хеш хочат хоста, хам хештан карда раво.
Эй рухбахши бебадал в-эй лаззати илму амал,
Боки бахонасту дагал, к-ин иллат омад в-он даво
Мо з-он дагал кажбин шуда бо бегунах дар кин шуда,
Гах масти нуралайн шуда , гах масти нону шурбо.
Ин сакр бин хал ахклро,в-ин накл бин хал наклро,
К-аз бахри нону баклро,чандин нашояд мочаро.
Тадбир сад рангафкани,бар Руму бар занг афкани,
В-андар миён чанг афкани,фи истиноьи лояро.
Мимол пинхон гуши чон,минах бахона бар касон,
Чон раби хулсани занон,валлах, ки логаст эй киё.
Хомуш ки бас мустаьчилам,рафтам суи пои алам,
Когаз бинех бишкан калам соки биомад алсало.

Эй дил чи андешидаи

Эй дил чи андешидаи дар узри он таксирхо
З-он суи у чандон вафо,з-ин суи ту чандин чафо.
З-он суи у чандон карам,з-ин су хилофу бешу кам,
З-он суи у чандон наьам, з-ин суи ту чандин хато.
З-ин суи ту чандин хасад,чандин хаёлу занну бад,
З-он суи у чандон кашиш, чандон чашиш, чандон ато.
Чандин чашиш аз бахри чи,то чони талхат хуш шавад,
Чандин кашиш аз бахри чи то дарраси дар авлиё.
Аз бад пушаймон мешави, аллохгуён мешави,
Он гах туро у мекашад то ворахнад мар туро.
Аз чурм тарсон мешави в-аз чора пурсон мешави,
Он гах тарсонандаро бо худ намебини чаро.
Гар чашми ту барбаст у, чун мухрае дар дасти у,
Гохе бигалтонад чунин, гохебибозад дар хаво.
Гохе дихад дар табьи ту савдои симу зарру зан,
Гохе нихад дар чони ту нуру хаёли Мустафо.
Ин сукашон суи хушон, в-он сукашон бо нохушон,
Ё бигзарад ё бишканад кишти дар ин гирдобхо.
Чандон дуо кун дар нихон, чандон бинол андар шабон,
К-аз гунбади хафт осмон, дар гуши ту ояд садо.
Бонги Шуайбу нолааш в-он ашк хамчун нолааш,
Чун шуд зи хад аз осмон омад сахаргохаш нидо.
Гар мучрими бахшидамат в-аз чурм омурзидамат,
Фирдавс хохи додамат хомуш рахо кун ин дуо.
Гуфто на ин хохам на он, дидори хак хохам аён,
Гар хафт бахр оташ шавад ман дарравам бахри лако.
Гар рондаи он манзарам, бастаст аз у чашми тарам,
Ман дар чахим авлитарам, чаннат нашояд мар маро.
Чаннат маро бе руи у хам дузах асту хам аду,
Ман сухтам з-ин рангу бу ку фарри анвори бако.
Гуфтанд боре кам гири то кам нагардад мубсари,
Ки чашм нобино шавад чун бигзарадаз хад бако.
Гуфт ар ду чашмам окибат хоханд дидан он сифат,
Хар узви ман чашме шавад ки гам хурам ман аз амо.
Вар окибат ин чашми ман махрум хохад мондан,
То кур гардад он басар к-у нест лоик дустро
Андар чахон хар одаме бошад фидои ёри худ,
Ёри яке анбони хун, ёри яке Шамси зиё.
Чун хар касе дархурди худ ёре гузид аз неку бад,
Моро дарег ояд, ки худ фони кунем аз бахри ло.
Рузе яке хамрох шуд бо Боязид андар рахе,
Пас Боязидаш гуфт, чи пеша гузиди эй даго?
Гуфто, ки ман харбандаам пас Боязидаш гуфт рав,
Ё раб харашро марг дех то у шавад бандахудо

Эй Юсуфи хушноми мо

Эй Юсуфи хушноми мо хуш мерави бар боми мо,
Эй даршикаста чоми мо эй бардарида доми мо.
Эй нури мо эй сури мо эй давлати мансури мо,
Чуше бизан дар шури мо то май шавад ангури мо
Эй дилбару максуди мо эй киблаву маьбуди мо,
Оташ зади дар уди мо наззора кун дар дуди мо.
Эй ёри мо аёри мо доми дили хаммори мо,
По вомакаш аз кори мо бистон гуру дастори мо.
Дар гил бимонда чои дил чон медихам чи чои дил,
В-аз оташи савдои дил эй вои дил эй вои мо.

Бигрез эй мири ачал

Бигрез эй мири ачал аз танги мо аз танги мо,
Зеро намеодни шудан хамранги мо хамранги мо.
Аз хамлахои чанди у в-аз захмхои тунди у,
Солим намонад як рагат,бар чанги мо бар чанги мо.
Аввал шаробе даркаши сармаст гарди аз хуши,
Бехуд шави он гах куни оханги мо оханги мо.
З-ин бода мехохи бирав аввал тунук чун шиша шав,
Чун шиша гашти бар шикан бар санги мо бар санги мо.
Хар к-он майи ахмар хурад, бо барг гардад бархурад,
Аз дил фарохихо барад дилтанги мо, дилтанги мо.
Бас чурьахо дар чу занад,бас бар бути шаш ту занад,
Бас бо шахон пахлу занад сарханги мо, сарханги мо.
Гар тег хохи ту зи хавр,аз бадри барсози сипар,
Гар кайсари андар гузар,аз занги мо аз занги мо.
Исхок шав дар нахри мо, хомуш шав дар бахри мо,
То нашканад киштии ту дар ганги мо, дар ганги мо.

Биншастаам ман дар дарат

Биншастаам ман дар дарат то бук барчушад вафо,
Бошад ки бигшои даре, гуи ки бархез андаро.]
Гаркаст чонам бар дарат дар буи мушку анбарат,
Эй сад хазорон мархамат бар руи хубат доимо.
Моем масту саргарон фориг зи кори дигарон,
Олам агар бархам равад ишки туро бодо бако.
Ишки ту каф бар хам занад сад олами дигар кунад,
Сад карни нав пайдо шавад берун зи афлоку хало.
Эй ишки хандон хамчу гул в-эй хушназар чун акли кулл,
Хуршедро даркаш ба чул эй шахсавори халато.
Имруз мо мехмони ту масти рухи хандони ту,
Чун номи руят мебарам дил меравад валлох зи чо.
Афгону хуни дида бин,сад пирахам бидрида бин,
Хуни чигар печида бин бар гардану рую кафо.
Он кас чу бинад руи ту мачнун нагардад к-у бигу,
Сангу кулухе бошад у, уро чаро хохам бало.
Ранчу балое з-ин батар, к-аз ту бувад чон бихабар,
Эй шохи султони башар ло табла нафсо биламо.
Чонхо чу силобе равон то сохили дарёи чон,
Аз ошноён мункатеь бо бахр гашта ошно.
Сели равон андар вала, селе дигар гум карда рах,
Алхамдуллилах гуяд он в-ин оху ло хавлу вало.
Ку боми гайри боми ту ку номи гайри номи ту?
Ку чоми гайри чоми ту эй сокии ширинадо?.
Гар зинда чоне ёбаме,ман доманаш бартобаме,
Эй кошки дар хобаме, дар хоб бинмуди лико.
Эй дар дарат хайлу хашам, берун хиром эй мухташам,
Зеро, ки сармасту хушам з-он чашми масти дилрабо.
Эй офтобе омада бар муфлисон соки шуда,
Бар бандагон худро зада, бори карам, бори ато.
Гул дида ногах мар туро, бидрида чону чомаро,
В-он чанги зор аз чанги ту афканда сар пеш аз хаё.
Макбултарину некпай дар бурчи зухра кист, най,
Зеро нихад лаб бар лабат то аз ту омузад наво.
Найхову хоса найшакар,бар тамьи ин баста камар,
Раксон шуда дар найистон яьне таьзу ман ташо.
Буд бе ту чангу най хазин,бурд он канору буса ин,
Даф гуфт мезан бар рухам то руи ман ёбад бахо.
Ин чони пора-пораро хуш пора пора маст кун,
То он чи душаш фавт шуд онро кунад ин дам казо.
Хайф аст эй шохи махин хушёр кардан инчунин,
Валлах нагуям баьд аз ин хушёр шархат эй Худо.
Ё бода дех хуччат мачу,ё худ ту бархезу буру,
Ё бандаро бо лутфи ту шуд суфиёна мочаро.

Бичушид , бичушид

Бичушид , бичушид, ки мо ахли шиорем
Ба чуз ишк ба чуз ишк дигар надорем.
Дар ин хок, дар ин хок дар ин мазраьаи пок
Ба чуз мехр, ба чуз ишк дигар тухм накорем.
Чи мастем, чи мастем аз он шох, ки хастем,
Биёед, биёед ки то даст барорем.
Чи донем, чи донем, ки мо душ чи хурдем,
Ки имруз хама руз хамирему хуморем.
Мапурсид мапурсид зи ахволи хакикат,
Ки мо бодапарастем на паймонашуморем.
Шумо маст нагаштед в-аз он бода нахурдед,
Чи донед, чи донед ки мо дар чи шикорем.

5 responses to “Девони Кабир

  1. Ayo nameshavad, ki tamomi ejodiyotu she’rhoi adibonu shoironi guzashtaro (az jumla Rudaki, Firdavsi, Sa’dii Sherozi, Hofizi Sherozi, Abdurrahmoni Jomi, Alisheri Navoi, Sadriddini Ayni, Mirzo Tursunzoda va ghayraho) dar shakli .pdf ba internet UPLOAD kuned, to ki baroi ghariboni dur az vatan ham dastras shavand. Yo yagon site-e guyed, ki dar on tayyor boshand.
    Yak gharibi dur az VATAN
    Sadi

  2. Барои маълумот гирифтан аз вожаофаринихои Мавлоно кумак кунед………….

  3. Satrhoe ki sui hakikat mebarad!

  4. Man dar justujui yak she’ri Mavlono dorad hastam, va on bo chunin misra ogoz meshavad.

    Chun dill jono binshin binshin,
    Chu jon bejon binshin binshin
    Iltimos az shumo , kasi hast ki metavonad tamomi in she’rro dar in jo guzored.
    Bo salomho az USA

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s