Мавлавинома


rumi3Чалолиддини Балхӣ
Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (форсӣ: مولانا جلال الدین محمد رومی ) ё Мавлоно, ориф ва шоири номдори тоҷику форс, дар соли 604 ҳиҷрӣ дар Балх зода шудаасст. Ӯ баъдҳо ба ҳамроҳи падараш ба Куния дар Руми шарқӣ муҳоҷират кард ва ба ин далел, дар бархе манобеъ, аз ҷумла Ғарб, “Мавлонои Рум” ё “Румӣ” ном гирифтааст

“Маснавии маънавӣ” ва “Девони ғазалиёти Шамс”, аз осори машҳури Мавлонои Балх аст, ки дар Шарқ ва Ғарб шинохта шудааст.

Мақбара ва осорхонаи Мавлоно дар Куния

Мавлоно дар соли 672 хиҷрӣ дар Куния (шаҳре дар Туркияи имрӯза) даргузашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.

Чалолиддини Румии соли 1207 дар оилаи рухони Бахоуддин – валад дар Кунияи Туркия ба Дуне омадааст. Чалолидини Румин аз нобегагони назми классиикии форс точик буда, дар арсаи суханвари хамчун Худованди бехамтои мамлакати ишку зебои шинохта шудааст. У инсонро бузургтарин муъчизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифок ва иттиходу хамбастагии онхоро талкин ва таргиб менамуд. Сулху ошти, ишку ошики, ба акидаи Мавлонон кодираст, заминро ба осмон хешу табор гардонид.

Мероси адабии Чалолиддини Руми хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он аз чихати нави Сухан назму насро ташкил медихад. Девони Шамси Табрези, ин дафтари ишк ва суруди озодии ботинии инсон аст, ин нахмаи эъчозхоест, ки сантанати инсонро бархасти, заминро бар коинот ишкро бар имон хаётро ба марг оштиро ба чанг тахким медихад. Шубхае нест ,ки бештар аз газалхои дилошуб ба дикатангези Мавлоно бештар дар мачлисхои раксу саноъ кафзанию пойкуби дар зери навхаи тарабангези дафу чангу рубоб дар сухбати муносибату дустони мувофик суруда шуданд. Аз ин чост ки аз онхо хамеша нагмаи зиндаги суруд ва тарабу хуши ба гуши хуш мерасад. Шояд аз хаминчост ки аксари газалхои у чамбаи ганои ва мусики доранд.

Аз вачхи мухтавиёт газалиёти Мавлоно дар ишку ошикист. Валекин мавзу дар газалиёти у ба таври махсус сурат гирифтааст. Ишки Руми асоси моди дошт ва аз моддиёти замини сарчашма мегирифт.

Мавлоно Чалолиддини Руми 18 декабири соли 1273 дар Куния вафод карда аст.

То накши висоли дуст бо мост, Моро хама умр худ тамошост. Он чо, ки висоли дустон аст, В- оллох, ки миёни хона сахрост. Он чо, ки муроди дил барояд, Як хор бех аз хазор хурмост.

Мавлоно Чалолиддини Руми тахминан соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгохаш гирифтааст. Номаш Ахмад Чалолиддин лакабаш бо Мавлави машхур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои хучуми мугулхо аз Балх ба Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онхо аз Нишопур ба Хичоз мекучанд. Соли 1232 дар назди Бурхониддини Тирмизи илми тасаруфро аз худ мекунад. Чалолиддини Руми соли 1273 дар Кунили Рум вафот мекунад. Бузургтарин асари у “Маснавии Мавлави”, ки соли 1259 ба ин асар навиштанро сар кардааст зиёда аз 10-сол ба эчоди ин асар машгул гаштааст. Мавзуи асосии ин асар масъалахои тасавуф мебошад.Аз шоир ба мо 50-хазор байт, 1600 рубои боки мондааст.
Макун эй дуст гарибам сари савдои ту дорам,
Ману болои манора, ки таманои ту дорам.
Зи ту сармасту хуморам хабар аз хеш надорам,
Сари худ низ нахорам, ки таманои ту дорам.
Дили ман равшану мукбил зи чи шуд, бо ту гуям,
Ки дар оинаи дил рухи зебои ту дорам.
Макун эй дуст маломат бинигар рузи киёмат,
Хама мавчам, хама чушам дури дарёи ту дорам.
[вироиш]
Панду андарз аз ашъори Мавлоно Чалолиддини Балхи

Панду андарз ташбехи одобу ахлок яке аз анъанахои хеле кадими форсу точик аст. Хануз аз асрхои 3 – 8 сарчашма гирифтааст.Аз он чумла омухтани эчодиёти яке аз бузургони гузаштаи асри 13 Мавлоно Чалолиддини Балхи кобили омузиш аст. Мавзуи инсон чи Юнону рум хам дар назми форсу араб зимнан дар осори нобигахои чахони мавзуи маркази махсуб меёбад ва Мавлоно низ дар тарбияи ватандусти ва ватанпарвари тарбияи инсон сахми бесазо гузоштааст ва у яке аз мумтози панду ахлок ба хисоб меравад. Зикр кардан ба маврид аст ки дар осори панду ахлоки Мавлоно Чалолиддин пеш аз хама тарбияи инсон падид меояд. Аз ин ру таълимоти ахлокии у Сар то сари андешахои инсондусти Буда дар он мавзуи захматхои инсон дар рохи такомули рухии худ макоми хос дорад. Мавлоно кушиш ба хайр додаст ки то макому мартабаи инсонро баланд бардошта, бештар маънавии вайро баланд бардорад. Ба кавли мавлоно холики афоли худи инсон ва ҳар феъле, ки аз у содир мешавад, марбут ба худи уст, яъне бовучуди овардаи рафтору кирдори худи инсон аст. Аз инчо орифи бузург мефармояд:
То ту торику маъмулу тираи,
Дон ки бо деву лаъин хамшираи.
Чун зи лукма ту хасад бини давом,
Чахлу гафлат зояд онро дон харом .
Ҳеч гандум кориву чав бар дихад,
Дидаи аспе ки курхар дихад.

Яъне дар мисраи авали ин газл устод мефармояд: то даме, ки дилсиёҳ, тираакл ҳасуд ва бадкирдор ҳасти дон, ки бо деву лаиън- иблис ҳамтан ҳамроҳ ва ҳамнишини.Дар мисраи дигар бошад у мегуяд, ки: Оё ҳеч дидаи, ки гандуми ба замин пошида хосил чав дода бошад? Оё ҳеч дидаи ки асп курхар зодааст? Чуноне ки дар бобати некию некноми бузургони фармудаанд:
Зиндаву човид гашт хар ки накуном зист,
К-аз акибаш зикри хайр зинда бувад номи у.

Дар ин мавзуъ инчунин устод Чалолиддини Руми низ дикати махсус тавачу намудааст. Чунонеки дар хикояи “Марди некукор аҳли Заврон” омадааст: Дар Заврон ном деҳа дар кишвари Яман марди накукоре зиндаги мекард, ки пайваста роҳе барои кумак ба дардмандону ниёзмандон пайдо мекард. Мекушид, ки дили онҳоро хуш кунад ва онҳоро аз ҳочатманди барорад.
Качбаи дарвеш буди куи у,
Омадани мустаманди суи у.

У хамеша, ки гандумро дарав мекард. Дахяки онро ба нодорон медод ва чун гандуми бокимондаро орд мекард, боз дахяки ордро ба хочатмандон медод. Хангоме, ки нон мепухт дахяки нонро ба дигаррон мебахшид. Рузе Фарзандони худро гирд оварда васият кард, ки мабодо хиссаи мискинон дармондагону бечорагонро фаромуш кунед. Агар хаки факиронро бидихед Худованд хам ба кишту меваи шумо меафзояд. Бо ин хама Худованд мукофоти некукоронро кафолат додаст ва агар кассе аз даромади худу моли хеш нодоронро шарик кунад шак нест ки хочатманду гиритори мушкили нахохад шуд.
Эй гирифтори сабаб берун мапар,
Лек азали он мусабаб зан мабар.
Харчи хохад он мусабаб оварад,
Кудрати мутлаксабабхо бардорад.

Бале чуноне ки мо дар боло кайд кардем “Зиндаву човид гашт хар ки наку ном зист” бале доштани номи нек ин обрую мартабаи инсонро баланд мебардорад ва номи шахси накукору некрафтор абадист…

Андешаи ман дар ин мавзуъ яъне тарбияи ахлокии инсон ин худ доштани одобу ахлоки хамидаи инсонист. Барои хамин хам ба мо чавонони содики ватан зарур аст ки хиси масъулиятшиносиро дар худ бештар чалб кунем ва бахри ободии ватани азизихуд самгузор бошему ватанро дуст дорем, яъне ба омузиши адабиёти ниёгони худ ин чунин ба омухтани илмхои дакик ва донистани забонхои хоричи майлу рагбати зиёд дошта бошем то Точикистони азизи худро бо дигар давлатхои мутаракии чахон баробар намоем.
Баргирифта аз Википедияи точики

One response to “Мавлавинома

  1. Pingback: М.Ахмадинажод:Ошнои бо Шамси Табрези « َМавлоно суфии покманиш

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s