Рӯбоиҳо


Ҳон, эй сафарӣ, азми куҷо аст? Куҷо?
Ҳар ҷо ки равӣ, нишастаӣ дар дили мо.
Чандон ғами дарёст туро чун моҳӣ,
К-афшонд лаби хушки ту дурри дарё

Худро ба ҳиял дарафканам маст он ҷо,
То бингарам он ҷону ҷаҳон ҳаст он ҷо.
Ё пой расонадам ба мақсуду мурод,
Ё сар биниҳам ҳамчу дил аз даст он ҷо

Овози туро табъи дили мо бодо,
Андар шабу рӯз шоду гӯё бодо.
Овози ту гар хаста шавад, хаста шавем,
Овози ту чун ной шакархо бодо!

Ошиқ ҳамасола масту шайдо бодо,
Девонаву шӯридаву расво бодо!
Бо ҳушёрӣ ғуссаи ҳар чиз хӯрем,
Чун маст шудем, ҳарчӣ бодо, бодо!

Афсӯс, ки бегоҳ шуду мо танҳо,
Дар дарёе канорааш нопайдо.
Киштиву шабу ғумуму мо меронем
Дар баҳри худо ба фазлу тавфиқи худо.

Дидам дар хоб соқии зеборо,
Бар даст гирифта соғари саҳборо.
Гуфтам ба хаёлаш, ки: «Ғуломи ӯйӣ,
Шояд, ки ба ҷойи хоҷа бошӣ моро ».

Ин оташи ишқ мепазонад моро,
Ҳар шаб ба харобот кашонад моро.
Бо аҳли харобот нишонад моро,
То ғайри харобот надонад моро.

Эй боди саҳар, хабар бидеҳ мар моро,
Дар раҳ дидӣ он дили оташпоро?
Дидӣ дили пуроташи пурсавдоро,
К-аз оташи худ бисӯхт сад хороро?

Эй хоҷа, ба хоб дар, набинӣ моро,
То соли дигар, дигар набинӣ моро.
Эй шаб, ҳар дам, ки ҷониби мо нигарӣ,
Бе рӯшании саҳар набинӣ моро.

Эй он-к наёфт моҳи шаб, гарди туро,
Аз моҳи ту тӯҳфаҳост шабгарди туро.
Ҳарчанд, ки сурхрӯст атрофи шафақ,
Шаҳмот ҳамешаванд рухи зарди туро.

Умрест надидаем гулзори туро
В-он наргиси пурхумори хаммори туро.
Пинҳон шудайӣ зи халқ монанди вафо,
Дерест надидаем рухсори туро.

Эй дӯст, ба дӯстӣ қаринем туро,
Ҳар ҷо, ки қадам ниҳӣ, заминем туро.
Дар мазҳаби ошиқӣ раво кай бошад,
Олам ба ту бинему набинем туро?!

Якчанд ба тақлид гузидам худро,
Нодида ҳаме ном шунидам худро.
Дар худ будам, з-он насазидам худро,
Аз худ чу бурун шудам, бидидам худро.

Гаҳ мегуфтам, ки: «Ман амирам худро»,
Гаҳ наъразанон, ки ман асирам худро.
Он рафт, аз ин пас напазирам худро,
Магрифтам ин ки ман нагирам худро.

Бар раҳгузари бало ниҳодам дилро,
Хос аз пайи ту пой гушодам дилро.
Аз бод маро бӯйи ту омад имрӯз,
Шукронаи он ба бод додам дилро.

Он кас, ки бибастааст ӯ хоби маро,
Тар мехоҳад зи ашк меҳроби маро.
Хомӯш маро гирифту дар об афканд,
Обе, ки ҳаловате диҳад оби маро.

Он вақт, ки баҳри кулл шавад зоти маро,
Рӯшан гардад ҷамоли зарроти маро.
З-он месӯзам чу шамъ, то дар раҳи ишқ,
Як вақт шавад ҷумлаи авқоти маро.

Аввал ба ҳазор лутф бинвохт маро,
Охир ба ҳазор ғусса бигдохт маро.
Чун мӯҳраи меҳри хеш мебохт маро,
Чун ман ҳама ӯ шудам, барандохт маро.

Дастони касе дасти занон кард маро,
Беҳашмату беақл равон кард маро.
Ҳосил, дили ӯ дили маро гардонид,
Ҳар шакл, ки хост, ончунон кард маро.

Гӯям, ки: «Кист рӯҳафроз маро? »,
Он кас, ки бидод ҷон аз оғоз маро.
Гаҳ чашми маро чу боз бармебандад,
Гаҳ бигшояд ба сайд, чун боз маро.

Ҷуз ишқ набуд ҳеч дамсоз маро,
Не аввалу не охиру оғоз маро.
Ҷон медиҳад аз даруна овоз маро,
К-эй коҳили роҳи ишқ, дарбоз маро.

Лоҳавла ва ло, суд кунад он ғамро,
К-аз дев расад ҷон банӣ одамро.
Он к-аз дами лоҳавла ва ло, ғамгин шуд,
Лоҳавла ва ло, фузун кунад он дамро.

Зинҳор, дило, ба худ мадеҳ раҳ ғамро,
Магзин ба ҷаҳон суҳбати номаҳрамро.
Бо тарраву ноне чу қаноат кардӣ,
Чун тарра масанҷ сиблати оламро.

Ошиқ шаби хилват аз пайе пайгумро,
Бисёр бувад, ки каж ниҳад анҷумро.
Зеро, ки шаби висол заҳмат бошад,
Аз дидаи дида дидаи мардумро.

Ман зарраву хуршедлиқойӣ ту, маро,
Бемори ғамам айни давойӣ ту, маро.
Бе болу пар андар пайи ту мепаррам,
Ман каҳ шудаам, чу каҳрабойӣ ту, маро.

Эй ашки равон, бигӯ дилафзойи маро,
Он боғу баҳору в-он тамошойи маро.
«Чун ёд кунӣ шабе ту шабҳойи маро,
Андеша макун беадабиҳойи маро».

Ин рӯза чу ғарбел бибезад ҷонро,
Пайдо орад қурозайи пинҳонро.
Ҷоме, ки кунад тира маҳи тобонро,
Бе парда шавад, нур диҳад кайвонро.

Он асли сухан, ки ҷон диҳад мар ҷонро,
Бе ранг чу ранг бахшад ӯ марҷонро.
Моя бахшад машъалаи имонро,
Бисёр бигуфтему нагуфтем онро.

Эй дарёдил, ту гавҳару марҷонро
Дарбоз, ки роҳ нест камхарҷонро.
Тан ҳамчу садаф, даҳон кушодаст, ки: Оҳ,
Ман кай гунҷам, чу раҳ нашуд марҷонро?!

Дар ҷони ту ҷонест, биҷӯ он ҷонро,
Дар кӯҳи танат дурре биҷӯ он конро.
Сӯфийи раванда, гар ту он меҷӯйӣ,
Берун ту маҷӯ, зи худ биҷӯ ту, онро.

Бегоҳ шудаст, лек мар серонро,
Серӣ набувад ба ҷуз, ки идберонро.
Чӣ рӯзу чӣ шаб, чӣ субҳи далеронро,
Чӣ гургу чӣ мешу барра, мар шеронро

Аз хок надида тира айёмонро,
Аз дур надида дӯзахошомонро.
Даъво чӣ кунӣ ишқи дилоромонро?!
Бо ишқ чӣ кор аст накӯномонро?!

Дар чашм бубин ду чашм он мафтунро,
Некӯ бишунав ту нуктаи бечунро.
Ҳар хун, ки бихурдааст он наргиси ӯ,
Аз дидайи ман равона бин он хунро.

Ғам худ кӣ бувад, ки ёд орем ӯро?!
Дар дил чӣ, ки бар хок нигорем ӯро?!
Ғам бодом аст, лек бас бемағз аст,
Гар сар наниҳад мағз, барорем ӯро.

Ман таҷриба кардам санами хушхӯро,
Селоби сияҳ тира накард он ҷӯро.
Як рӯз гиреҳ набаст ӯ абрӯро,
Дорам пайи маргу зиндагонӣ ӯро.

Кӯтоҳ кунад замона ин дамдамаро
В-аз ҳам бидарад гурги фано ин рамаро.
Андар сари ҳар касе ғурурест, валек
Силии аҷал қафо занад ин ҳамаро.

Як турфа асост Мӯсии ин рамаро,
Як луқма кунад, чу бифканад ин ҳамаро.
Не сур гузорад ӯю не мулҳамаро,
Ҳар ақл накард фаҳм ин замзамаро.

Ишқи ту бикушт туркию тозиро,
Ман бандаи он шаҳид в-он ғозиро.
Ишқат мегуфт: «Кас зи ман ҷон набарад»,
Ҳақ гуфт, дило, раҳо кун ин бозиро.

Эй дода ба нон гавҳари имонеро,
Дода ба ҷаве қалб, яке конеро.
Намруд чу дилро ба Халиле насупурд,
Биспурд ба пашша лоҷарам ҷонеро.

2 responses to “Рӯбоиҳо

  1. Lazzate budast injo behtarin!
    Gar bikhohi biyo, tu niz bargir az in!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s