Ива Де-витрей Мейэровитч- шефтаи Мавлоно балхи!


123Барои мутолиагарони кишвари Фаронса исми бузурги Ива Де-витрей Мейэровитч чун номи Мавлоно карнхо дар ёдхо хохад монд. Ива Де-витрей Мейэровитч соли 1909 дар оилаи ашрофзода ва порсову ворастаи насронии фаронсави мутаваллид шудааст. Дар тули даврони бачагияш дар Фаронса Ива шуруъ ба мубориза бурдан ба фарзияхои мухити атрофаш намуд ва дар мактаби бахши католикии худ, ки дар ончо вогузории гайрифаолро голибан метавон чашм дошт, мавриди тадкику пурсучу карор медод.У модарбузурги хешро ки узви фиркаи масехиёни протестон буд, барои поквичдонию покдин буданаш тахсин менмауд, инчунин пофишориву исрори уро дар мавриди хакгуию ростгуи, ки ин метавонист мучиби хабс гардиданаш гардад хамду офарин мехонд.Ин модарбузург ба усули мазхаби котоликии руми мубаддал гашт то ки бо хамсари ояндааш издивоч намояд. Модарбузуги Ива дар масире карор дошт, ки у ногузир ба пайрави аз он гомхо кард. Ива дудилаги ва диранг накрд , барои мисол дар издивоч бо як руси фаронсавии аслаш яхуди , чаро, ки у аз иртиботу алокаи маънави доштани байни адён огохии комил дошт. Пас аз издивоч бо ин чаноби Мейэровитч, уро зарур буд то Порисро, ки тавассути кушунхои Нозии хитлери ишгол гардида буд, соли 1940 тарк намояд.
Пас аз поёни чанг дар авоили солхои 1950-юм, хаёти у, ки вазифаи мудири бахши пажухишу тадкикотро ба ухда дошт, бо ба даст гирифтани хадяе аз собик хамсабаки хиндустонияш, ки аз Покистон ба Фаронса меомад, куллан ва ба таври ногахони иваз шуд.Ин хадя китобе буд навиштаи файласуфи исломи карни 20-ум ва шоири бузурги чахони ислом Мухаммад Икбол ва он китоб «Тачдиди андешаи дини дар ислом» ном дошт. Сухани мансури Икбол ки дорои рушаниву вахйи беандоза буд ба калби поки ин бонуи хирадманду хассос таъсири бузург расонид.
Дар китоби мазкур аллома Икбол аз Мавлонои кабир бисёр иктибос меорад.Ива ба таври фаври мафтуну шайдо ва шефтаи ин рухи бузург( манзур Мавлави) гардид. У даст ба тарчумаи китоби Икбол «Тачдиди андешаи дини дар ислом» зад ва онро аз инглиси ба фаронсави баргардон намуд ва чун гаввосе дар дарёи омузиши забони форси гута зад, то инки форсиро аз худ намуда осори гаронбахои Мавлонои бузургро дар забони аслашон бихонад.Аввалхо у аз ин, ки худро ба Мавлоно ва осори у мебахшад,огохи надошт…
Он замон, ки у Икбол ва Мавлоноро макшуф сохт, Ива Де-витрей Мейэровитч хамчун як нафар муриду пайрави вокеъи омода гашт то таълимоти онхоро бипазирад. Дар хакикат у зехне тез чун шамшер дошт , ки ин самараи солхо омузишу тадкикотхои у оиди мавзуъхои мухталиф мебошад. Ива дар як донишгохи бонуфузи Фаронсави муддати се сол илми Илохиётро мехонд (рисолаи номзадии у дар бораи Плато буд) ва инчунин забони бостонии Юнон, забони лотини, таърих, хукук ва равонпизишкиро меомухт. Таваччуху дилбастагии у дар сохоти мухталифи илм,рещахои мухталифи илми ва усули у бо сару кор кардан ба мавзуъхои мухталифи илми мачзубкунандаву оли буд.
Ива Де-витрей Мейэровитч шахсе буд барои вокеият ба чустучуи ботини шомил мегашт ва ончи ки дар сафарномаи у кобили таваччух аст, ин аст, ки хаёти шахсии у ва сарсупурдагиву тааххуди у бо тахкики хирадмандонаи у сахт пайванд дорад. Албатта, Мавлоно носеху муршиди у гашт, мисли ин ки Мавлоно дасти уро гирифта ба масири Ислому муслимин хидоят намуд. Хуб, омузишу таълимоти Мавлоно мучиб гашт, то у ба ислом бигаравад ва то хомуш гаштани чароги умраш бо шуру шааф тамоми аркони дини мубини ислом ва тасаввуфро риоя ва тамрин намуд. У хамоно олимаи дини котоликии румии Фаронса ва яке аз дусторони ирфону тасаввуфи Ислом боки хохад монд. Дар Алчериа,як бахши кучаки истеъморчиёни Аврупои ахолии ру ба афзоиши муслиминро рад менамуданд,бо иддаои ин ки гуё онхо як бахши комили Фаронсаро ташкил мекунанд. Пас аз фавти шавхараш, Ива масири душвору мушкили мусулмон шуданро бармегузинад. У ба ин сафари , ки меоднист серталаб мебошад, бархост. У , аммо яхудият ва насрониятро, ки решахои фархнгии худро дар онхо мебинад, инкор намекунад,аммо у дар ислом масиреро пайдо намуд, ки ин анъанаву фархангхоро дарбар мегирад. У ба исло тарзе ворид гашт, ки на чизе аз замони мозии хешро инкор кард чизеро муттахам кард ва у мегуяд, ки вакте исломро кашф намудааст, ин мисли «баргашт ба ватани худ» будааст. Хаминтавр у шахсан исломро хамчун дини поку озода ва асли табиати инсоният тамрин намуда ва тачриба кард. Мушобех ба хамин дигар ахли тарикати фаронсави нависанда ва донишманди улуми мовароутабии Рене Гуенон (вафот 1951) гуфта буд, ки ба хеч чизе наметавонад гаравад, чун, ки исломро бояд хамчун шохид ва ёдоварикунандаи ошкорзосии гузашта бишмурд. Аммо Ива бошад, мо бояд илова намоем, ки гузори у аз насрони ба Ислом бояд тавассути накши бузурги Исо дар акидаи ислом ва махсусан тасаввуф дарк карда шавад.У номи хешро тагйир дод.Номи исломии у Хавво мебошад, ки ин дакикан дуруст бо номи насронии уст.Аз табдил ба ислом Ива арзиши мардудсозиро дар дохили чомеаи худ ба чо овард. rumi3
Бо ба шуру шавк ва иштиёки беандоза пайдо кардани Ива ба зебоии осори Мавлоно, у ба омузиш ва тарчумаи осори у ба забони фаронсави икдом намуд.Тасаввуф дар чомеаи муосири Гарб тавонист мукаддима ва ошносозии васеъу густурдаеро тавассути таълимоти ногахонии Мавлоно пайдо намояд. Шумори зиёде аз нависандагон ва шоирони муосир дар ифода намудани амики хадафу назару дидгохи Мавлоно ба онхое, ки бахту икболи хондани осори уро бо забони форси надоранд муваффак шуданд,то осори уро тарчума намуда , пешкаши ахли завк намоянд, инчунин дар нерумандии ишки у ба Худову ба инсоният. Тарчумахои инглисии муосири Колман Баркс, тарчумахои хонум Ива ба забони фаронсави,корхои Анемария Шиммел дар Олмон ва талошу кушиши дигарон тавонистанд, ки истиншоку илхому маъруфияти уро ба миллионхо одамон дастрас намояд.Айни замон дар Фаронса нафаре бо номи Лайли Анвар Чендероф бо тарчума ашъори Мавлоно ба сахна омадааст.Ива такрибан 30 китобхо дар бораи тасаввуф ва Мавлоно навиштааст, инчунин 50.000 мисраи Маснавиро ба фаронсави тарчума намудааст, ки ин махсли захмати чандин солаи уро нишон медихад. «Хеле шуд, ки кор мекунам!», гуфта буд у.Китоби охирини у «Дуо дар Ислом». мебошад;у ин китобро дикта мекрад, чаро, ки аброи навистан хеле заиф шуда буд.
У инчунин рочеъ ба шахри Мавлоно-Куния ,ки дар ончо хеле вакт будааст (худи Ива)як китоби бисёр мухиму иттилоъдех таълиф намудааст.Ин хоки аз он аст, ки Туркия барои Ива дуюмин ватан махсуб меёбад.Макомоти баланпояи Туркия хатто уро чун «Шахрванди ифтихори»-и хеш эълон намуданд, инчунин унвонхои баландеро аз тарафи донишгохи Туркиё аброи корхои боарзишаш рочеъ ба Мавлоно сохиб гаштааст.Дар як гуфтугуе Ива иброз доштааст, ки чи дар Порис ва чи дар Туркиё у эхсоси ватан мекардааст. Дар назар аст, ки тарчумаи инглиси ин китоб дар рузхои наздик тавассути Фонс Витае дар Амрико бо сарлавхаи «Ба суи калби Ислом» аз чоп барояд. Ива инчунин дар Миср ба муддати 6 сол зиндагони намудааст, хамчун проффесор ва намояндаи Маркази илмии тадкикоти Фаронса аз фалсафа дар Донишгохи Ал-ахзар дарс додааст. У инчунин ба бисёр манотики олам сафар намуда аз ислом ва тасаввуф лексияхо хонда аст. ‎ Ива Де-витрей моро водор мекунад то иртиботу пайвастагии дохилиро, ки дар ахёти маънави ошкор мешавад, эхсос намоем тавассути бисёр хикоёту киссахояш аз сафархо ба Макка. У инчунин ба мо перомуни фидо намудану бахшидани хаёти хеш барои фахмонидани андешаи Мавлоно ва тарчумаи осори у ба чахон сухан мекунад. Ба акидаи Ива интикол ё расонидани пайгоми оламгири Мавлоно дар хакикат зарури ва мубрам буд. Дар давоми карнхо Мавлоно пири маънавии вокеъии Ива будааст, аммо у масири тасаввуфро аз шайхи Морокои Хамза Бучичи, ки хануз дар кайди хаёт аст, гирифтааст. Дар нахустон мулокоти ин ду, Хамза ба Ива бо нагушт калби хешро нишон дода гуфтааст, ки «Мавлоно инчост» ва хамон замон Ива якбора аз дидагонаш марвориди ашк чори мешавад. Ива Де-витрей Мейэровитч аз он нафаронест, ки дар миёни Шарку Гарб бо як хушбахти зистааст ва чун пуле миёни фархангхо ва тамаддунхои харду кишвар хизмат намудааст. Кутуб ва маколахое, ки хонум Ива таълиф намудааст, имруз баори чун мерос боки хоханд монд. У, ба вижа дар мамолики фаронсави-забон хеле шахиру номдор аст. Рохи у, масири як зан ба калб сафари хамосаи кахрамонро ба сарзаминхои дурдаст тачассум мекунад,ки бо мушкилихои дохили ва беруни мувочех гашта.Аз муборизаву талошхояш у ба мо тухфахое чун фаросату биниши тоза ,ганчинахо аз хирмани Шарк бозовард. Мухаккик, пажухишгар, проффесор ва мавлавишиноси Фаронсави Ива Де-витрей Мейэровитч дар таърихи 24 июли соли 1999 дар Пориси Фаронса чахонро падруд гуфт.
Аз инглиси тарчумаи
Фирдавси Аъзам

One response to “Ива Де-витрей Мейэровитч- шефтаи Мавлоно балхи!

  1. in ham navishtai khele khub ast.Hargiz dast az chunin ikdom bar nadored.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s