Ишки оламгири Мавлоно чахонро забт кард.


Гуи гарбихо (албатта ин тафрикаандози нест) уро аз мо бештар дуст медоранд.Уро аз мо бештар медонанд? Чахон ба у ниёз дорад на у ба чахон ниёз дошт.Чахон уро шоири ошики дарачаи 1 мехисобад.Шеьри уро хатто дар дастраси афроди одди метавон дид.Ишки у дар заминаи гаравидан ба дини мубини ислом тавонист мусоидат намояд.Пас у кист хануз чахонро ба тахлука даровардааст? Посух кутох ва мухтасар.Руми,Мавлоно, Мавлави,Чалолиддин,Маснавива … бале ин номхоянд, ки чахонро мафтуну чунуни хеш кардаанд.Ин номхоянд, ки имруз дар хамагуна умри ичтимоии инсонхо мусодаткунанда мебошанд.
Мавлоно Чалолидини Руми солхост, ки бо осору ашьори нобу ичтимоии хеш таваччухи одамони дорои мазхабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагихову хусусиятхои шеьри у ин албатта тааллукият ба хама инсонхост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазохиби дини. Уро хама эьтироф мекунанд, чаро ки сухани у, харфу ояти у моли хамaаст ва барои хама нигошта шуда аст. Мувофики баьзе сарчашмахо Мавлоно то соли 1920 дар Амрико ва умуман Гарб он кадар шухрат надошт, аммо дар Шарк бошад уро чун як орифу шоири суфи ва олим мешинохтанд. Шуруь аз солхои 1920 устоди Донишгохи бонуфузи Кембрич профессор Рейнолд Николсон ба тарчумаи инглисии осори Мавлоно мепардозад ва яке аз нахустин муаррификунандахои Мавлоно дар Гарб мегардад.Сипас баьди солхои 1970 дубора гунчаи шухрату махбуияти Мавлоно дар Гарб, хоса дар Амрико бишкуфт.Да
р ин замон мутарчими бузурги дигари Мавлоно дар Амрико профессор Колман Баркс ба кори тарчумаи шеьри Мавлоно пардохт, ки онро дар як шакли ояти чадиде эчод намуд, ки макбули ахли шеьру сухан гардид.Ва ин икдоми Баркс, инчунин ба фуруш рафтани садхо нусхахои тарчумакардааш ба у миллионхо даромади моли овард.Лозим ба ёдоварист, ки то даст задан ба кору осору хаёти Мавлоно Колман Баркс устоди донишгохи Чеорчиё буд ва то ин андоза шухрате ки имруз дорадро надошт.Ва метавон иддао намуд, ки ин Мавлонои кабир буд, ки уро(Барксро) сохибному шахир гардонд дар чомеаи Амрикову берун аз он. У мегуяд “Ашьори у аз огохии амики бахамваслии хаёту тамоми инсонхову адён мебошад.Шухрати Мавлоно на кам аз Шекспир дар аксои олам аст.”

Шахром Шиво, шоир, олим, мутарчими кутуби Мавлоно дар Амрико бар он назар аст, ки шухрати Мавлоно беинтихост.У худ дар ин маврид мефармояд:”Шухрати Мавлоно лахза ба лахза ру ба афзоиш аст.У бо масоили ичтимоии марбут ба инсону хаёти у сару кор дорад ва ин масоил метавонад ба 5000 сол кабл нисбат дода шавад ва инчунин метавонад ба 5000 соли дар пеш истода нисбат дода шавад.Харфу сухану шухрати у беинтхост”
Беси Сен Миллан як нафар сокини иёлати Королинаи Шимолии ИМА дар мавриди шинос шудан бо Мавлонову номи у чунин мегуяд: “Номи у ба ман шинос буд, аммо ман харгиз порае ас шеьри уро нахонда будам то он замон ки рузе аз чониби дустам ба ман даьватнома ба манзури ширкат дар як маросими издивоч расид. Онро боз кардам, дар дохилаш як парри ранорангу чаззоби товус дидам,ки хамрох бо баргае навиштаи шеьри Руми. “Чунбиши мухаббатомизро дар атрофи хеш эхсос кун…-шодобии рухро навишта буд. “Дигар мулокоте ки ман бо Руми доштам ин дар Калисо буд, ки хонумеро чашмам уфтод, ки дар даст китоби шеьри Румиро дошт. Аз он замон ман дарк намудам, ки Мавлоно бо хама кас дуст будааст.”
Навиштаву осори Мавлонои кабир дар тули таьрих кодир ба ру овардани бисёре аз одамон ба дини мубини ислом будааст. Мавлоно хамчун як купруке миёни давлатхову миллатхову кавмият хисобида мешавад.Ба унвони мисол профессор, хонуми Фаронсави Ива Де-витрей Меэровитч соли 1964 пас аз ошноиву карини бо Мавлонову осори гаронбахои у ба дини мубини Ислом руй ниходааст ва тамоми умр кушида то Мавлоноро ба миллату давлати хеш муаррифи намояд.У инчунин номи хешро иваз намуда онро ба “Хавво” табдил додааст. Хонум Хавво соли 1999 аз олам чашм мепушад. Ормони у ин буда, ки дар Куния назди мазори Мавлоно ба хок супурда шавад. Ва чунин хам шуда.
Як мучиби асосии махбубияту макбулияти Мавлоно аз суи табааи мухталиф ин аст, ки у хешро моли хама медонад ва инчоиву ончоигаро нест. Инчунин хамаро ба суи вахдату сулх даьват мекунад. Мазхабу оини касеро маломат намекунад. Хама кешро эьтироф мекунад.Дар чое хеле зебо фармуда: “Ман ба парастишгохи яхудон рафтам,ба калисо хам рафтам инчунин ба масчид хам рафтам,амммо хамоно як хел мехроб дидам, ки дар хер се парастишгох вучуд дорад ва ман хам якхел рухия доштам.”Бубинед,ин тачассумгару тараннумгари рухи оламгир аст, ки бидуни ин рух мо хечем.
Албатта Мавлоно бо ишки хеш тавонист теьдоди аьзами одмаонро чуфт гардонад. У тавонист дили миллионхо одамони мачруху хичрондидаро мудово кунад.У тавонист калби хазорон касро бо ишку сухани мехрбори хеш шодоб намояд.У тавонист одамонро сохибном кунад.Инчунин тавонист худро ба хама курбон кунад.
Миша Рутенберг хунёгари ботачриба ахли Сан Франсискои иёлати Калифорня бар ин бовар аст, ки махз сурудахои Мавлоно буда, ки уро шухрат додааст.
“Нахустин маротиба хамчун як хонум, ки ман бо Мавлоно бархурд намудам ин дар соли 1968 дар Мексико буд. Гаркоби дарёи андешаву хаёлот кад-кади рох кадам мезадам, ки иттифокан нигохам ба китоб-фурушгохе бархурд, ки лифофаи китобе бо накшу нигори мохирона тасвиршуда таваччухамро ба худ кашид.Рафтам вориди он гахстам.Китоби Мавлоноро дарётам, ки саршор аз таронаву шеьрхои ноб буд.Китобро харидам, сиапс аз хамон руз баьд шуруь кардам ба тадкикоту такопу дар мавриди уву хаёташ.Ман инчунин бо Аттор ва Хофиз хам тавассути Мавлоно шинос шудаам.Тули 30 соле, ки банда хамчун хунёгау нагмапардоз фаолият бурдаам, садхо оханго эчод кардаам.Дар соли 2000 мачмуи охангои чамьнамудаамро дар шакли фита манзури хаводорони шеьру оханг намудам, ки унвони олбум “Вакте рузхо шабхо надоранд” буд, ки пур аз шеьрхои Мавлоно буд ва ин олбум маро дар арсаи кишварам номдод.Албатта тарчумаи инглисии шеьрхои Румиро дусти бегарази ирониям менамуд, ки оиди шеьри суфиёна маьрифати хубе дошт”
“Ман хеле кучакам.Чи гуна ин ишки бузург дар замири ман чо гирифта?Ба чашмонат назар кун,онхо хеле кучаканд,аммо метавонанд хеле чизхои бузргро бубинанд” -мегуяд Мавлонои кабир. Бале, дар вокеь ин ишки бузурги Мавлоно имруз дар дунё гунчоиш надорад ва хешро ба хар синаву дил , ба хар гушаву канор хаме занад. Ин ишк пайвасткунандаву васлкунанда,бохамсозиву бохамбудан аст.Пас месазад,ки аз ин ишк бахра бурд.Ин ишк касро ба чониби чоддахои камолот мебарад то ки кас худии хешро дарёбад.Чаро, ки хамин ишк мучиб ба офариниши ин олам гардидааст. Пас биёед хама ошику бедили ин ишк бошем,чаро, ки бузургтарин унвонро дар назди Худованд ошикон низ сохибанд.

Ишк аз азал аст то абад хохад буд
Чуяндаи ишк беадад хохад буд
Фардо , ки киёмат ошкоро гардад
Хар кас ки на ошик аст, рад хохад шуд.

Bookmark and Share

2 responses to “Ишки оламгири Мавлоно чахонро забт кард.

  1. Durud bar dusti zahmatkashi mo Firdavsi Azam!
    Az in ki chunin ikdomi khele khubro pesh giriftaed, arzi sipos mekunam.Baduhu inro meguyam, ki vokean imruz dar in jahoni beshu kam Mavlonoi buzurg mehmoni har yak honadon ast va in shahodat az mahbubiyatu makbuliyati u meboshad va imruz payomi Mavlono ba hama olamu odam taaaluk dorad.
    Piruz boshed.

  2. Mavloi Рум ошик буд,ошики худ,У худро бишнохт барои шинохти Худо)))Мавлои Рум одами олам буд.афроде ки на милат дошту на мазхаб,у худ сутун буд байни само ва замин) сутун,ки сахт бигрифт олами улвиро.Пур зи нур ботин буд, Ошики Шамс гашт,шамс ин нури Худо дар замин буд,.Ман Мавлои Румро мепарастам)))

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s