Махбубияти Мавлоно дар Амрико (кисми 2)


rumi's booksАз у ба хуби ёд мекунанд. Уро бехтарин дусти хеш мехисобанд.У мехмони хар кошонаи Амрикоихост. Амрикоихо дар шеъри у сулху оромишро дарёфтанд. Васлкунандаи калбхо, пайвандагари тамаддунхо, купруке миёни миллатхост у. Китобаш дар руйхати пурфуруштарин- хост. Пас кист у ки чунин инкилобе дар Амрико бунёд намудааст? Кист у ки Амрикоро ба ларза даровардааст?
Ин инсони комил ва орифи тамаддуни чахони ислом Мавлоно Чалолиддини Балхи маъруф ба Мавлоно, Руми мебошад. Дар Иёлоти Муттахида ва умуман сартосари чахон тарчумахои чадиди пурхачми осори Мавлоно кариб хар руз дар холи ба дунё омадан хастанд ва инчунин тадкикотхои илми хам дар бораи уву осораш чараён доранд.Тарчумахои жопони, араби, итолиёви, руси, инглиси, фаронсави, узбеки, киргизи, урду, турки, лахистони… -осори Мавлоно имрузхо ба бозор меоянд ва мардумони дорои акоиду кешхои мухталифро ба самти худ мекашад. Имруз дидану мушохида кардани кутубу осори инглиситарчумашудаи Мавлоно дар хонаводахои амрикои имонпазир аст. Боре дар мехмонии як нафар дустам дар иёлати Нию Хемшеи Иёлати Муттахидаи Амрико карор доштам.
ид
ома… Иттифокан у маро дар хучрае нишонд, ки онро барои худ китобхонаи шахси унвон кард.Китобхо бо хар забон навишта шудаанд. Бо забонхои фаронсави, итолиёги, ва испониёги. Бред дусти амрикоиям чун медонист ман шефтаву шайдои Мавлоноям аз чояш буланд шуду аз васати кутуби шаркиёна китоберо бароям дод, ки такрибан аз 250–260 сахифа иборат буд.Забони китоб инглиси буд. Ин китоб “Дуохои замини ва осмони” унвон дошт. Сафхахои китоби мазкурро хадису гуфторхову шеъру фармудахои бузургону нобигагони Шарку гарб фаро мегирифт.Чун китобро варак задам, дидам, ки ашъори бузургтарин шоири орифи чахон Мавлоно дар катори даххо нобигагони назму наср чой дорад.Рости хеле мамнун гаштам ва нихоли эхсоси гуруру ифтихор дар мазраи замирам сабз шуд.Чун Бред донист, ки ман дар холати хурсандиву шоди карор дорам, нигохе ба ман андохт ва гуфт: “Фирдавс, Руми (дар Амрико Мавлоноро бо хамин номи кучак садо мекунанд)на танхо дар кишвари шумо шухрат дорад, ё у на танхо моли шумост, балки дар Амрико низ махбубияти бехадро дорост (бо ханда мегуяд хамсухбатам) ва кам нестанд шумори он нафароне, ки ин пири поксириштро надонанд ва нахонанд. Ман аслан аз мавзухое чун фалсафа, тасаввуф, мавзуъхои марбут ба табиату одам хушам меояд ва кутубе, ки ман бештар мехонам аз хамин мавзухост. Дар гуфтахои Руми ман ин мавзухоро мебинам ва посуххое дармеёбам ба хамаи суолхои ба худ додаам.” Вокеан Бред дуруст мегуяд, Мавлоно на танхо шоири мардумони форс аст, у мутааллик ба чахон аст.
У имрузхо бо гуфтору шеърхои нобаш намояндахои тамоми миллати дунёро ба суи хеш мехонад ва исбот карданист, ки у -Мавлоно моли хамаи халкхост, новобаста ба мазхабу кешу оину дин. Вокеан дар сухану харфи Мавлоно асроре нухуфта аст, ки чахону чахониёнро шефтаву шайдои худ кардааст. Басо таквимхову зарфхо ва пироханхоро метавон дид, ки бо номи бузурги у оро ёфтаанд. Гуи аср-асри Мавлоност.У шахрванди хамаи мамолики олам аст.У бе нишону ломакон аст.Худ инро фармудааст:

На шаркиям на гарбиям, на бариям на бахриям
На аз кони табииям на аз афлоки гардонам
На аз хокам , на аз обам,
На аз бодам на аз оташ
Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад.
На тан бошад, на чон бошад , ки ман аз чони чононам.

Мавлоно дар холи хозир лахза ба лахза, соат ба соат дар холи фатхи калбхову зехнхост, дар холи расидан ба хама мушкилоти инсонхост, у марзхоро гузашта то ба кулуби одамон мерасад. Рузе нест, ки чизи тозае аз у дарч нагардад. Дар чое боз мегуяд:

Боз омадам, боз омадам аз пеши он ёр омадам.
Дар ман нигар дар ман нигар бахри ту гамхор омадам.
Моро ба чашми сар мабин , моро ба чашми сар мабин
Ончо биё моро бубин, к-инчо сабуксор омадам

Мучиби ин гуна махбубияту шухрат ва шахиру номдор гардидани Мавлонову осораш дар соири мамолик ин албатта аз як тараф афлокиву малакути будани андешаи Мавлоно бошад, (андешаи у тавонист чахонро тагйир дихад ва самти зиндагии милионхо омдамонро дигар намояд. Ф.А) аз тарафи дигар у ба кавле орифест дилогох, шоирест дардшинос, пуршуру андешаварест беназир. Андешахои дурахшону ирфонию фалсафию афлокии баландеро сохиб аст.
Инчо боз ручуъ мекунем ба Амрико. Крис як нафар хонуми ахли иёлати Техас, ки бо хамрохии мо умр ба сар мебурд, Мавлоноро дуст медорад ва аз хондани ашъори у дар калби хеш оромиву сулхро эхсос мекунад: “Намедонам чи кувваест дар харфу хичои шеъри Руми, ки чун китобашро ба даст бигирам, худро осуда хис мекунам ва дар шеъри у як навъ даъват ба сулху вахдатро мебинам.У суханпардози бузургест. Агар ин тавр бузург намебуд, имруз китоби у дар дасти ман намебуд.” Иддаои хамсухбати ман комилан сахех аст, чаро , ки бузургии Мавлоност, ки имруз кутубаш мехмони хар кошонаи амрикоихост.
Рузи милодам наздик меомад, иттифокан Бред наздам омада чунин суол кард: “Фирдавс, чи чизро метавони аз ман дар рузи зодрузат интизор шави?” Ман пас аз ироаи сипосу лутф аз у, чавоб додам: “Чизе мехохам, ки на хурдани бошад на нушидани”. Бред лахзае мутахайир шуд, сипас “фахмо”-гуён аз наздам бирафт. Рузи 21 ноябр хам фаро расид.Дустону рафикон тухфаборонам намуданд, хадяхояшон шоколоту откриткахо буд. Аммо Бред, бехтарин тухфаро ба ман ироа намуд, ки хеле сарафроз гаштам.Тухфаи у иборат аз китоб буд.Як китоб бо номи “Руми-дар дастони маъшук”.Муаллифи китоби мазкур Чоносон Стар мебошад, ки шеърхои Мавлоноро хеле хуб тарчума намудааст. Ба калами у инчунин чандин шъерхои Мавлоно дар шакли китоб тарчума ва нашр шудаанд. Китоби “Тулуъи ду хуршед”, “Боге дар моварои бихишт”, “Ашъори орифонаи Руми” ва гайрахо.Китоби “Руми-дар дастони маъшук” аз 207 сахифа иборат буда,бо пешгуфтори худи муаллиф огоз мешавад. Пешгуфтор бо чунин харфхо шуруъ мешавад: “Дар вучуди мо садоест, ки хамеша оханги худро ба чахон месарояд.Ин садо, нафири рух аст ва сарояндаи ин садо худи Мавлоност.Шеъри у ба хама таълук дорад.Ишк дар ашъори у рухест фарогирандаи тамоми чахон”
Оливия зодаи Шведсария буда муддатест дар Амрико ба сар мебарад. Хар замон чун ман порае аз ашъори Мавлоноро бо инглиси барои у кироат мекардам, у аз ман хохиш мекард, ки идома бидихам. Ман соатхо ба у перомуни Мавлонову хаёти у ва мулокоти у бо Шамсу чудо шудани ин харду ва дигар хикоятхо кисса мекардам. Оливиа бо диккат ба он чи ман мегуфтам гуш медод. Соатхо пои компутер менишастем ва ман аз шабакаи чахонии интернет ба Оливия сомонахову навиштахо дар бораи Мавлоноро нишон медодам. Ин хама нишондодхову хикоятхо мучиб гашт, ки Оливия Мавлавихон шавад. Ба ман кавл дод, ки забони форсиро биомузад ва шеърхои аслии бо форси навиштаи Мавлоноро бихонаду аз бар кунад.Зиндаги рузеро насиб гардонд, ки ман аз Амрико ба Точикистон омадам ва у ба ватани хеш рафт. Рузе Оливия мактуб нигошт ва хабар дод, ки дар омузишгохе забони форсиро меомузад ва хурсанд аз он аст, ки онро ба зуди фаро мегирад.
Бубинед, Мавлоно чи кудрати азимеро сохиб аст, ки хатто як нафар духтари шведсариро хам ба суи худ хонд, гуи Мавлоно дар ашъораш як нав дуои чалб хонда бошад, ки хар касе, чун аз у шеъре хонд, хатман чун оханрабо ба он мепайвандад.Мавлоно худ инро тасдик мекунад ва тaъкид мекунад, “Мо барои васл кардан омадем”
Ба хар сурат Мавлоно яке аз бузургтарин донишмандону адибони тамаддуни исломи хамзамон махбубатраин шоир барои амрикоихо боки мемонад.Мавлоно фориг аз фархангу мазхабу марз шоири мачзубкунанда ба шумор меравад.Шеъри у кудраи тавонои дорад.Шеъри у оинаи ахволи одамон аст.

Bookmark and Share

2 responses to “Махбубияти Мавлоно дар Амрико (кисми 2)

  1. Zihi Mavlonovu ishki tu, ki jahonro in guna ba shigift andohtaastc

  2. Tashakkur shahnozi aziz baroi sar zadan ba in sahfai banda.
    Piruz bosh

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s