Ишк дар андешаи Мавлоно


rumi-meditatinhg-kitШахнози Ашрафи

Ишк чони мурдаро мечон кунад,
Чон ки фони буд, човидон кунад

Бино ба акидаи Мавлави сокинини руи замин аз як сарзамини вохид омадаанд ва аз рохи таълимот митавонанд аз рохи дил ва бо дар назар гирифтани холати чадиде аз хамоханги ба унвони хадаф ба якдигар вобаста шаванд ва бадин тартиб чудои,чандхудои, дугонаги ва ифтирок аз байн меравад.:

Мунбасит будему як чавхар хама
Бесару бепо будем, он сар хама
Як гухар будем хамчун офтоб,
бегухар будему софе хамчу об
Чун ба сурат омад он нури сара
Шуд адад чун сояхои кунгара
Кунгара вайрон кунед аз мунчаник
То равад фарк аз миёни ин фарик

“Мавлави пас аз гуфтугу бо Шамс мутакоид шуд,ки дар зери шаклу колаб,дарёи хакикат вучуд дорад, ки хар инсони мукаддас,чомеъ ва паёмбарии онро кашф кардаст.Ин дарёи хакикатба таври мармузе сарчашмаи рушду такомули инсонро дар дохили замири ноогохпинхон кардааст.Мавлави муътакид аст, ки хештани вокеъии у яъне ончи падараш ва ё мухит дар у парвариш додааст,нест, балки он чизест, ки олам дар у офарида аст.Инсон пайваста дар бораи дунёи бузургва беинтихое, ки дар колаби тан чой хуш карда андешида аст.
Ишкро “падидаи нахуст” метавон хонд.хамон тавр ки медонем кадимдар баробари ходис ва ба маънии он чи ки барои падид омадани он натвон замоне таъин кард, гуфта мешавад ва ходиси тамоми падидахои хасти аст,ки барои падидойи ва зиндагии онон метавон огозе тайин кард.Ишк низ на ба мафхуми омиёна ва махдуде, ки хамагон аз фахм мекунанд, балки ба мафхуми бартар ва густардатар, он моя ва пояи устувори ва монагории чахони модди ва маънави аст ва неруе аст, ки хастиро ба камолчуи ва худуси тозатар ба комилтар аз нокис бармеангезад.
“Пас ишк нисбат ба зоти парвардигор ки онро кадими аввал бояд хонд ходис ва нисбат ба хар падидаи дигар кадим аст,зеро, ки ишк мояи ба вучуд омадани чахони хасти ва ичрои иродаи кадими аввал ва мабдаи кул аст.”
Дирангии ишк нисбат ба ирфон ин нуктаро ба исбот мерасонад, ки ирфон баромада аз ишк аст.Гуётарин гувохи ин маъниро дар хикмати Афлотун ва тафсири вай аз ишки маънави ва пайванди он бо хайру некуи ва чамол метавон ёфт.Аз диди ин файласуфи ориф одами дорои макоми улави буда ва чой дар малакути аъло дорад ва бар асари дилбастаги ба таъаллукхои дуняви ва сар ниходан бар хохишхои нафсони, ки хостгохи анвои олудагихо ва зиштихо ва балидихо аст, банузули арзишхо ва фуруафтодаги аз макоми инсони гирифтор омада ва аз асли хеш чудо мондааст.
Онон, ки аз ин чудои синаи шарха -шарха доранд ва орзуи пайвастан ба аслу мабдои кулро дар сар мепарваронанд, ногузир аз тазкияю тахзиби нафс ва пархез аз хавасхои нафс хастанд, то сабукболу сабукбор рохи водии дустро пеш бигиранд.
Мавлави низ дар Маснави маншаи аслии руху хубути он ба дунёи модда ва низ бозгашти дубора ба манзилгахи хакикиро матрах мекунад.Ба эътикоди у инсони боаёр ва тавозуъ имкони дастёфтан ба вокеъияти худро меёбад ва хамвора аз неруи дарунии инсон ва шукуху шагарфи он сухан гуфта аст.
Дафтари аввал ки бо шикояту хикояти най огоз мешавад, шикоят аз дури аст.Дури аз маъшуке, ки чони найро ба фигон водошта ва аз хасрати ин фироку сузу доги инчудои чунон менолад, ки хар сохибзавкро ба худ ва бо дарди худ хамрох мекунад.Тунуъ дар мубохиси гуногуни Маснави боис намешавад, ки хонандаи сохибдил пай ба ин мавзуъ набарад, ки заминаи аслии тамоми ин мубохиси ишк аст, ки монанди риштаи онхоро бо мум бипайваста аст.Харакат ба чихати мушаххасе, ки хамоно мабдаи хасти ва ишк аст, дар тамоми Маснави машхур аст.
Мавлави пас аз баёни шикояти най билофосила достони “Ишки канизак ва подшох”-ро овардааст.Дар ин хикоят низ хамонанди бакияи хикоятхои Маснави масоили бо рамз ва ишора баён шудааст ва сипас ба тафсири он пардохта шудаст.
Дар ин достон ба ишки инсон ба инсон дар навъи ибтидои ва мачозии он ишора шудааст, ки ин навъ ишк дар кулли падидахои хасти машхуд аст ва хамонанди кушиху майли дучонибае аст, ки хоку гиёху борону офтоб ва нару модаро дар тамоми олам ба суи хам мекашонад ва ишкро неруи мухаррики тамоми коинот месозад.Ин ишк ки конуни вучуд аст дар хамаи олам кохир аст ва ишки чисмонии инсон низ аз хамин маквала ва дар хин мархала аз ишк ки ба каламрави хаёти хайвони марбут аст бо соири анвои хайвон тафовут надорад.
Инчунин дар инсон ишки мум аст, ки ноши аз мохияти инсонии уст ва на факат дар киёс бо олами хайвони балки дар киёс бо олами малоик хам мояи имтиёз аст ва ноши аз навъе донишу шинохт аст, ки шояд онро маърифат бояд хонд.”

Аз форси баргардон ва тахияи
Фирдавси Аьзам

Bookmark and Share

One response to “Ишк дар андешаи Мавлоно

  1. Firdavs, man vokean shodam, ki shumo dar joddai Mavlavishinosi karor dored va dar in samt abroi shumo muvafakkiyat mehoham, bigzor ishku ruhi Mavlono hamvora bo shumovu bo kalami shumo bod.
    Bo yak dunyo muhabbatu rafokat
    Shahnoza

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s