Чароғи Мавлавй


Мавлои манКиблагохи арчмандам, Аьзам Хучаста ,ки аз шефтагони калому сухани Мавлоноянд, шеьре бинвиштаанд бо номи Чароги Мавлави ,ки оварданашро ба ин сахфа ногузир медонам.

Чароги Мавлави.…Ки тахти каёнро кунад орзу
Ман чароғи Мавлавиро шамьи раҳ кардам
То талоше карда бошам дар масири рушани додан ба зулмат
Зулмати ғафлат,чаҳолат,
Дур рафтан аз худу гум намудан хештанро.
Зулмате зоидаи ваҳми ҳубобй,
Зулмате ё манчалобе….
Он чунон танҳо шудам дар зулматистон
Гум намудам ман худамро ҳамчу инсон,
Дар хами куҳпораҳои Точикистон,
Дар дили вайронаҳои мулки Афғон,
Дар масири марзи Ирон.
Аз чи бошад?
Зулмате андар вучуди ман камин бигрифтааст
То маро дар коми худ чун нур балъад,
То маро дар ман кафанпечи адам созад
То адамро соябоне дар Хуросон барзанад,
Лаьлро аз ҳалқуми санги Бадахшон барканад,
Аз каёну родмардони Самангон пок созад ҳастии манро абад.
…..Зулмате аз моварои обҳо
Тирагун,олуда бо мурдобҳо,
Чодари дарюзаги бар Ховарон овардааст,
Чун шағоли пири гушна
Орзуи хочаги бар хитаи номоварон овардааст.
Ин шағоли пир,
Табли чанг бар мулки Рустам мезанад,
Дасти хунолуди худ бар ганчаи Чам мезанад…
Ҳаббазо!
Пардаи зулмат ҳамебояд дарид,
Бо шуьойе аз чароғи човидони Мавлавй,
То бимонад човидон ин ормони Мавлавй:
Ҳар касе к-у дур монд аз асли хеш,
Боз чуяд рузгори васли хеш.
Ин чароғи Мавлави акнун ғанисозй шуда,
Офтобе дар масири ишқу навсозй шуда.
Пас:
Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун,
Дустонро шод гардон, душманонро кур кун!!
Аъзам Хучаста

2 responses to “Чароғи Мавлавй

  1. Chun Mavlavi yak shakhsiyati notakror ast boyasti peromuni u chize nigosht yo chize guft.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s