МАВЛОНО:ТУРКУ ТОЧИКУ АРАБ ГАР ОШИКАНД…


MevlanaДустони азизу арчманд,инчо навиштаи хеле зебои рузноманигори шахир Нуъмон Рачабзодаро, ки перомуни Мавлоност, манзур мегардонем ва бо умеди он,ки шумо хонандаи азиз аз он бардоште муфид гирифта бошед.
(Истифодаи вожаи турку точик дар осори Мавлоно Чалолиддини Руми)
Дар адабиёти пургановати форсу точик, дар ашъори шоирони порсигўй вожаи «турку точик» хеле фаровон корбаст шудааст ва дар аксари маврид ин ду кавмро ахли калам дар мукобили хам гузошта, собит карданианд, ки хамеша мухолифату даргирихо миёни онхо мавчуд аст. Дар «Шохнома»-и безаволи хакими Тўси пеши назари мо сахнахои хунин миёни пахлавонон ва задухурди эрониёну турониён чилвагар мешавад. Аммо Афросиёб- шохи Турон, ки душмани оштинопазири Эрон аст, бо ифтихор ва гурури ватанхохи мегўяд:
Хама шахри Эрон сарои ман аст,
Ки Тури Фаридун ниёи ман аст.

Тадричан истилохи Эрону Турон дар мукобили хам карор гирифтанд ва як зумра ховаршиносон низ иддао ба он доранд, ки Турон макони туркхост. Онхо Туронро Туркистон каламдод кардаанд ва ба гузашти айём ин вожагон бо номхои турку точик бадал гашта, дар мукобили хам карор гирифтанд.
Дар бораи вожаи турку точик ва истифодаи он дар ашъори орифони порсигўй адибони номвар ва донишманде амсоли доктор Дабири Сиёки дар маколаи «Тоту точик, ва тозик» ва Мирзо Шукурзода дар китоби «Чонпайванд»-и хеш хеле маълумотхои зарури, хонданбоб ва арзишмандро чой додаанд. Таъкиди онхо бештар сари ин мавзўъ будааст, ки турку точик дар хар давру замон на бо мухолифату бадхохи, балки дасти хам бигрифта, зери ин осмони нили ахлонаву бародарвор зиндаги доштаанд.
Мирзо Шукурзода дар маколаи «Шабнами як субхи хандонем мо» (аз китоби «Чонпайванд», нашриёти «Адиб», Душанбе-2007,сах.135) ба ин мавзўъ таваччўхи хос зохир фармуда, афкори захрогини баъзе ховаршиносонро сахт мавриди накўхиш карор медихад:
«Баъзе ховаршиносони ватани ва ачнаби равобити таърихии турку точикро дар нихояти хушунату душмани чилва додаанд, ки то худуде игрокомез ва мугризона аст. Аз сўи дигар, решахои ин хусуматангорихо то ханўз ба тарики жарф ва мунсифона арзёби нагаштааст».
Устод Дабири Сиёки дар маколаи хеш «Тоту точик ва тозик» дар наваду хашт манбаъи форси ва туркию араби вожагони зикршударо дакиксанчона баён доштааст. Аз чумла, ў дар осори шоирони сохибдевоне чун Унсури, Шайх Аттор, Шайх Саъди, Анварии Абеварди, Шохнеъматуллохи Вали, Алишери Навои, Коъонии Шерози, Толиби Омули ва дигарон ба кор рафтани вожаи турку точикро бо мисол ва далелхои чолиб таснифу тасхех намудааст. Дар аксар маворид, хар чо ки вожаи точик омада бошад, калимаи турк низ пахлунишини ўст.
Бо истифода аз маколаи арзишманди устод Дабири Сиёки, (китоби «Точикон дар масири таърих», тахкик ва тадвини Мирзо Шукурзода, интишороти байналмилалии «Алхудо», Техрон-1384, сах.121) истифодаи вожаи турку точикро дар ашъори шоирони порсигўй мавриди таваччўх карор медихем.
Фаридуддини Аттор дар девони хеш байте дорад, бад-ин сурат:
Чу яксон аст он чо турку точик,
хам аз Эрон хам аз Турон дарего.
Хочаи лисонулгайби Шероз вожаи зикршударо чунин ба риштаи тасвир кашидааст:
Эй баста камар ба дуру наздик,
Бар хуни тамоми турку точик.
Калими Кошони низ бо истифодаи вожаи турку точик байте ба ин маъни суруда:
Тарики рахмати ў дуру наздик,
Fуломи химмати ў турку точик.
Шайх Саъдии Шерози сифати «точикона»-ро дар ашъори хеш ба кор бурдааст ва доктор Дабири Сиёки зимни тахлили ин байт чунин маъни бардоштааст: «мурод рухсори зебо ва хушобуранги шармолуд ва малех аст, дар баробари турке, ки он хам сохибманзар аст ва шодобию зебоии хоси худро дорад»:
Рўи точиконаат бинмой, то доги хабаш,
Осмон бар чехраи туркони ягмои кашад.
Дар катори дигар нобигагони адабиёти форс-точик Мавлоно Чалолиддини Балхи дар осори хеш бо истифода аз вожаи турку точик абёте офаридааст, ки намунаи чанде аз онхоро мавриди тахлил карор медихем.
Мавлоно дар байте аз ашъори дилпазири хеш ба оромишхохи ва амну саломатталабии точик ва ахволи зиндаги ва тозандагии туркон ишора карда, мефармояд:
Як хамлаву як хамла, к-омад шабу торики,
Чусти куну турки кун, не нармию точики.
Барои Мавлоно иттиходу хамбастаги маънии аслии зиндагист. Шоири ориф хама гуна мухолифату чудоиандозихоро намеписандад ва «оштии душманон»-ро асли зиндаги медонад. Дар дафтари аввали «Маснавии маънави» ба ин мазмун ишора карда, садо баланд мекунад:
Зиндагони оштии зидхост,
Марги он к-андар миёншон чанг хост.
Ишк ва вахдати кул бештар дар осори Мавлоно васф гардидааст. Барои ин орифи бузург ва нотакрор «хамдили аз хамзабони» хуштару болотар аст. Дар ин маврид Мавлоно фармуда:
Порси гў, гарчи този хуштар аст,
Ишкро худ сад забони дигар аст.
Бўи он дилбар чу паррон мешавад,
Ин забонхо чумла хайрон мешавад.
Дар чои дигаре Чалолиддини Руми вожаи турку точикро дар катори кавмхои курду зангу араб ба кор бурда, навиштааст:
Курду турку зангу точику араб,
Фахм карда, он садо бе гўшу лаб.
Дар чои дигар мехонем:
Худ чи чои турку точик асту занг,
Фахм кардаст он нидоро чубу санг.
Ё дар байти дигар овардааст:
Агар туркасту точик аст,
Бад-ў ин банда наздик аст.
Турку точик аз манзари андешахои Мавлоно шояд ба зохир як навъ тазоди кавмиро ифода кунанд. Мавлоно харгиз марди зохирбин нест ва мекўшад, ки бештар ба он сўи вожаву мафохим андеша кунад ва рах ба сўи асолат боз намояд. Аз ин рў, пеш аз хама дар саргахи андешахои вай тафрикаи миёни турку точик барои ў танхо зохири буду хаст ва онхо дар асл аз як маншаъ ва мабдаъ ибтидо мегиранд. Ин матлаб дар маснави дар хикояти «Мунозиати чахор кас чихати ангур, ки хар яке ба номи дигар фахм карда буд онро» ба таври барчаста ифода ёфтааст:
Чор касро дод марде як дирам,
Он яке гуфт: «Ин ба ангуре дихам».
Он яке дигар араб буд гуфт: «Ло,
Чан инаб хохам, на ангур, эй даго!»
Он яке турке буду гуфт: «Ин банум,
Ман намехохам инаб, хохам узум».
Он яке руми бигуфт: «Ин килро,
Тарк кун, хохем истофилро»…
Мушт бар хам мезаданд аз аблахи,
Пур буданд аз чахлу аз дониш тихи.
Сохиби сирре, азизе сад забон,
Гар буди, он чо бидоди сулхашон.
Пас бигуфти ў, ки ман з-ин як дирам,
Орзуи чумлатонро медихам…(209-210)
Дар катори дигар кавмхое чун арабу форс, турк хам як намояндаи башарият шинохта мешавад, ки аслу максади ягона бо дигарон дорад. Марди рўхони чун дармерасад, ин тафрикаи зохирии онхоро ошкор месозад ва мегўяд, ки Шумо хама як чиз мехохед ва танхо хадафи ягонаатонро тафрикаи зохири аз хамдигар фарк гузоштааст.
Бахсе хам шояд ба миён гузошт, ки чаро Мавлоно кавми туркро мепазирад ва чи махсусиятхое ба ў медихад:
Мусаллам аст, ки дар адабиёти форси вожаи турк ба ду маъни корбанди мешавад. Аввал, исми кавл ба маънии чаррор, госиб ва рабоянда. Сониян, хушрўй, зебочашм ва монанди ин ки намунаи барчастаи он истилохи «турки Шерозии» Хоча хофиз аст. Мавлоно хам аз ин мафохим берун нест ва зиёдтар аз хама он чи Мавлоноро бо турк наздик мекунад, мухити зиндагии вай аст. Мусаллам аст, ки Мавлоно рўзгори фаровоне аз умри худро дар минтакаи чугрофии Туркиё, яъне Куния сипари кардааст, ки имрўз хам мазораш он чо побарчост. Ин мухити чугрофи ва он ошнои бо мачмуи суннатхои ин кавм наметавонист, барои Мавлонои шоир ва ориф бетаъсир монад. Махсусан, дар он хол, ки Мовароуннахр дар коми оташи хамлаи мугулон месўхт ва теъдоди зиёди адибону зиёиёни минтака рў ба Туркиё оварда буданд, ки он чо яке аз манотики амн аз хамлаи мугул буд. хамин холати душвор ва хатто ниёзманди ба як мухити ором ва аммо бегона Мавлоноро хам ба ин минтака овард. Ин холати равони ба ниёзхои рўхии як нафар фарди шоир, бо бархурд ба фарханг ва тафаккури бегона хеле муассир омад. Аз ин рў, мухокоти турк хам дар таълифоти Мавлоно ба яке аз мухокоти маркази табдил ёфт. Ин аст, ки дар маснави бо хикоёте дучор меоем, ки кахрамони марказии онхо турк ё туркбача мебошанд.
Истифодаи вожаи турку точик дар осори дигари Мавлоно низ ба назар мерасад. «Фихо мо фихи» ё «Маколоти Мавлоно» аз бехтарин асари насрии Мавлоно ба хисоб меравад, ки онро донишманди маъруфи эрони Чаъфар Мударриси Содики ба нашр омода намудааст. Дар мукаддимаи китоби мазкур (нашри Техрон-1372) чунин омадааст:
«Дар «Фихи мо фихи» Мавлоноро бидуни хичоб мебинем. Ин шоири зидди шеър, ки борхо, чи дар маснави ва чи дар газалиёт, аз тангнои вазну кофия ба фарёд омадааст, дар мачолиси фихо мо фихи бо хаёли рохат дар миёни дўстону муридон нишастааст ва сухан мегўяд: гуфтори софу соддаву бетакаллуф, ки аз дил баромада то якрост, бидуни воситаи муфтаъилун-муфтаъилун ба дил биншинад». («Маколоти Мавлоно», Техрон-1372, мукаддимаи китоб).
Яке аз маколоти пурарзиши ин китоб «Асл максуд аст» ном дорад, ки бад-ин шаклу мазмун омадааст:
«Ин сухан барои он кас аст, ки ў ба сухан мухточ аст, ки идрок кунад. Аммо он ки бе сухан идрок кунад, бо вай чи хочати сухан аст? Охир осмонхо ва заминхо хама сухан аст, пеши он кас, ки идрок мекунад ва зоида аз сухан аст. Пас пеши он ки овози пастро мешунавад, машгалаву бонг чи хочат бошад?
Шоири тозигўй пеши подшохе омад ва он подшох турк буд, порси низ намедонист, шоир барои ў шеъри азими гарро ба този гуфт ва овард. Чун подшох ба тахт нишаста буд ва ахли девон чумла хозир, умарову вузаро, чунон ки тартиб аст, шоир ба пой истода ва шеърро огоз кард. Подшох, ки дар он маком, ки махалли тахсин буд, сар мечунбонид ва дар он маком, ки махалли тааччуб буд, хира мешуд ва дар он маком, ки махалли тавозуъ буд, илтифот мекард. Ахли девон хайрон шуданд, ки «подшохи мо калимае ба този намедонист. Ин чунин сар чунбонидани муносиб дар мачлис аз ў чун содир шуд? Магар ки този медонист, чандин сол аз мо пинхон дошт ва агар мо бо забони този беадабихо гуфта бошем, вой бар мо!»
Eро гуломе буд хос. Ахли девон чамъ шуданд ва ўро аспу астар ва мол доданду ва чандони дигар бар гардан гирифтанд, ки моро аз ин хол огох кун, ки подшох този медонад ё намедонад ва агар намедонад, дар махал сар чунбонидан чун бувад? Каромат буд ё илхом буд?
То рўзе гулом фурсат ёфт дар шикор ва подшохро дилхуш дид. Баъд аз он ки шикор бисёр гирифта буд, аз вай пурсид. Подшох бихандид. Гуфт: «Валлох, ман този намедонам, аммо он чи сар мечунбонидам, яъне медонистам, ки максуди ў аз ин шеър чист ва сар мечунбонидаму тахсин мекардам, ки маълум аст, ки максуди ў аз он шеър чист».
Мавлоно дар поёни ин хикоя чунин хулосабарори карда, менависад:
Пас маълум шуд, ки асл максуд аст. Он шеър фарри максуд аст, ки агар он максуд набуди, он шеър нагуфти. Пас агар ба максуд назар кунанд, дуи намонад, дуи дар фуруъ аст, асл яке аст. хамчунон, ки машоих, агарчи ба сурат гуногунанд ва ба холу афъолу ахвол ва аквол мубоинат аст, аммо аз рўи максуд як чиз аст ва он талаби хак аст. Чунон ки боде дар сарое бивазад, гўшаи коли баргирад, изтиробе ва чунбише дар гилемхо падид оварад, хасу хошокро бар хаво барад, оби хавзро зарра-зарра гардонад, дарахтону шохахову баргхоро дар ракс оварад: он хама ахвол мутафовит ва гуногун менамояд, аммо аз рўи максуд ва асл ва хакикат як чиз аст, зеро чунбидани хама аз як бод аст». («Маколоти Мавлоно», Техрон-1372, сах.6).
Бале, асл ва максуди инсоният новобаста аз кавмияту нажод як аст ва ин хам талаби хак аст, ки ишорашро дар боло овардем.
хадафи нихоии хешро Мавлоно дар байте чунин баён кардааст:
Турку точику араб гар ошиканд,
Хамраханд аз рўи маъни дар савоб.
Мавлоно хамеша бахри хамзистии мусолиатомези инсонхо талош меварзид ва чангу чидолу кударуту кинаварзиро намеписандад. Имрўз ахли башар ниёзе ба Мавлоно ва осори пурарзиши ў доранд ва барои рафъи хастагиву мушкилоти хеш аз осори орифи бузург мадад мечўянд. Ва хангоми марги Мавлоно кашиши Руми ба ин маъни ишора карда мегўяд: «мисоли Мавлоно хамчун нон аст ва хамагонро аз нон гурез нест. Ва хеч гуруснае дидаи, ки аз нон бигурезад?». («Манокибулорифин», 23/593). хамчунин, дар рўзи марги Мавлоно тибки навиштаи китоби зикршуда «хамагон гирён ва аглаб мардон урён, наъразанону чомадаррон мерафтанд ва хамчунон чамеъи миллал бо асхоби дин ва дувал хозир буданд, аз насоро ва яхуд ва румиён ва атрок ва гайрахум ва хар яке бар муктазои расми худ китобхоро бардошта пеш-пеш мерафтанд…»
Вакте ки аз кавми гайримуслим сабаби махбубияти Мавлоноро пурсон шуданд, онхо дар посух чунин гуфтанд:
«Мо хакикати Мўсо ва хакикати Исо ва чамеъи анбиёро дар баёни аёни ў фахм кардем, равиши анбиёи комилро, ки дар кутуби худ хонда будем, дар ў дидем». («Манокибулорифин», 23/592).
Ин тасвири маросими дафни Мавлоно нишон медихад, ки вокеан ин орифи бузург на танхо кавми турку точик, балки хама миллатхо ва намояндагони адёни илохиро ба хамзистии мусолиатомез фаро мехонад.
Шоир ва мутафаккири бузурги узбек Амир Алишери Навои дар «Насоимулмухаббат» ном асари хеш Чалолиддини Румиро дар сафи авлиё ва шоирони суфи каламдод карда, дар «Махбубулкулуб» менависад:
«Ба гаввоси бахри маони, офарандаи «Маснавии маънави» Мавлоно Чалолиддин, яъне Мавлавии Руми, ки максадаш назм ва адои асрори илохи, ифодаи маърифати номутанохи буд, коил шудан меарзад».
Доктор Саидмухаммад Дабири Сиёки дар маколаи хеш «Тоту точик ва тозик» хамзистии турку точикро дар даврахои гуногуни таърихи мавриди барраси карор дода, бо байте аз Мавлоно, ки нимтуркиву нимфорси эчод шуда ва он чо вожаи тот ё тат ва туркро ба кор бурдааст, ба поён мебарад:
Агар тот сан, агар рум сан, агар турк,
Забони безабононро биёмўз.

Нўъмони РАЧАБЗОДА

Bookmark and Share

One response to “МАВЛОНО:ТУРКУ ТОЧИКУ АРАБ ГАР ОШИКАНД…

  1. Ba muallifi in matn raxmati kalon!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s