Шеъри Мавлоно Амрикоро тасхир мекунад


Шухрати Руми дар Амрико

Шухрати Руми дар Амрико

Колман Баркс шоири Амрикои ва мутарчими маьруфи Мавлоно Чалолуддини Руми ва дигар рухониёни форс махсуб меёбад. Донишгохи Королинаи Чануби ва Калифорнияро хатм намудааст. У дар донишгохи Чеорчия муддати се дахсола аз адабиёт ба донишчуён дарс хондааст. Айни замон У дар Эссен , Чеорчия хамон чое , ки Мавлоноро тарчума карда ва ашъори худро эчод мекунад , зиндаги ба сар мебарад. Баркс дар сарто сари Шарки Миёна ва Амрико бо ичрои ин амалаш яъне тарчумаи ашъори Руми ва шоири бузург буданаш маъруфу номдор аст. Соли 2006 аз тарафи донишгохи Техрон (Эрон) унвони номзади дарачаи олиро касб кард.
Аз соли 1976 ин чониб Баркс як чанд чилдхо аз осори Мавлоно интишор намуд , аз чумла «Бунёди Руми» 1995 , «Дасти ашъор» , «Панч шоири рухонии форс», соли 1993 ва «Китоби ишк» соли 2003 .
Колман Баркс бо забони форси харф намезанад аммо дар кори тарчума забони хелло соддаи англисиро истифода намуда аст. Дар кори тарчума забоншинос Чон Майн ба у кумак расониддаст .Бо илова бар ин аз сабаби душворбудани тарчумааи аслии форсии шеъри Руми , Баркс асосан як шаклу ояти озоди хешро бунёд карда ки хело хуш садо медихад.

Эчодиёти Руми натанхо дар Шарк, балки дар Гарб низ мавриди тахкик карор гирифтаанд. Бисёр олимони Гарб- Герман Этс, А. Арбери, Винфелдт, Чоносон Стар, Колман Баркс, Р.Николсон ва дигарон ба тахкики эчодиёти у машгул буда, бештар чанбахои маърифативю мехнатдусти ва хештаншиносии таълимоти уро мавриди барраси карор додаанд.
У дар бораи дустоштанаш шеъри Румиро чунин мефармояд : «Ман навиштани шеъри худ ва тарчумаи шеъри Мавлоноро дуст медорам. Аммо дар яке бояд бо Руми нопадид шавам ва дар дигаре бояд шахсият кайфият ва нангу ори худро дар шеърам дарёбам». Ва чун нависандаи маьруфи Амрико Роберт Блай дар соли 1976 як мачмуаи тарчумаи илмми ашори румиро ба у дода гуфт: « Ин шеърхоро лозим аст то аз кафас рахо шаванд» . Баъд аз андешаву тасмим Баркс ин пешниходро ба ухда гирифт ва кори тарчумаро огоз намуд ва 15 мачмуаи ашъори Румиро интишор намуд, ки ин мувафакият уро дар Амрико сарватманданин шоир гардонд . Инчунин китоби Румиро бехтарин китоби ба фуруш раванда табдаил дод .
Шоир бо хохиши худ ба наздики аз донишгохи Чеорчия , ки си сол муаллими адабиёти муосир буд , ба нафака баромад .
Ба наздики мачмуаи 18 чилдаи Колман Баркс аз тарчумаи шеърхои Мавлоно беш аз 750 хазор чилд фуруш дошта ва чадидтарин китоби у бо номи «Мавлоно пуле ба суи чон» ба муносибати 800 –солагии ин шоиру орифи машрикзамин мунташир гашт .

К. Баркс

К. Баркс

Баркси хафтодсола дар гуфтугуе пиромуни чаззобияти Мавлоно ба рузномаи «Сан Франсиско Кроникл» гуфттаст : «Ман то кабл аз 39-солагиям Мавлоноро намешинохтам. Агар чи дар донишгохое чун Королинаи Шимоли тахсилоти адаби доштам , аммо харгиз номи бузургтарин шоири суфии таърихро нашунида будам». Дар идомаи ин сухбат у меафзояд : « Дар он сину сол ва бо таваччух ба танбал буданам , ёдгирии забони форси каме ноумедкунда буд , бинобар ин ба тарчумаи лугат ба лугат такя намудам ва аз тарики забони инглиси саъй намудам то хадди имкон амонтдори тасвире бошам , ки аз дили лугат ба зехнам хутур мекунад , то битавонам иттилооти маънавиро , ки аз тасвирхо мефахмам, интисол дихам, аммо кушиш накардаам, ки гавхари мусикоии забони форсиро биомузам ва шеъри Мавлоноро ба шеъри озоди амрикои тарчума кардам» .
Колман Баркс тарчумаи аз Мавлави ба даст додаро як навъе тарчумаи дувум меномад ва ба ин маъни аст , ки як нафар онро аз забони мубда ба тарчумаи лугат ба лугат баргардонад ва сипас фарди дигаре дар он мархила ба забони инглиси тарчума мекунад. Баркс дар мавриди ин масъала , ки чи кадар аз ин шеърхо аз у ва чи кадари дигар аз они Мавлоно хастанд , муътакид аст , ки тачрибаи у дар навъи нигохаш ба шеъхрхо таъсир доштааст , аммо Мавлоно инсони закиву бо дониш буд , ки у (Баркс) нест , барои хамин гуфтааст: «Дар тарчумаи асар шояд навъе тахриф эчод шуда бошад» .

Дар холи бурдани чаласоти манзуми

Дар холи бурдани чаласоти манзуми

Баркс имруз дар Амрико чаласоти манзуми баргузор мекунад, ки дар он ба хондани ашъори орифона ва ошиконаи Мавлоно мепардозад. У ин чаласотро омили мухиме дар шинохти бештари Мавлоно медонад ва дар мавриди иллати тадовуми он меафзояд: « Мавлоно дар замони хаёт инсони дилшоду сарзиндае буд. Хамин , ки дорои шуъуру бадани солим боши , барои шод будан кофист. Ба назари ман Волт Витман ва Эмили Дикинсон низ тафаккуре монанди Мавлоно доштанд».
Баркс чолиб будани ин масъаларо , ки бисёре аз мардум ба шоире алока доранд , ки ба 800- сол кабл тааллук дорад , тавачух карддаст ва дар ин бора тавзехоти муфассале додааст: «Ман дакикан иллати инро намефахмам. Мо мудатхои тулоние ба дунболи фарде бо нигохи шурангез ва инсони болик будем. Ба хамин далел аст , ки мардум иштиёки фаровоне ба шеърхои у доранд» .
Колман хамчунин дар бораи ин , ки тарафдорони Мавлоно аз адёни мухталиф хастанд , идома дода мефармояд: «Мавлоноро кушояндаи марз-хо миёни адён медонанд. У фаротар аз мактаби маз-хаби буд. Мегуяд агар фикр мекунед миёни ислом , масехият , яхудият , хиндуихо ё буддоихо шикофие хаст , пас миёни худатон , дилатон ва он гуна , ки дар чахон зиндагие мекунед , шикофие эъчод мекунед».
Имруз Мавлоно дар Гарб ба вижа дар Амрико як инкилоби рухи ба миён гузошттааст , ки мардумро ба суи равоншиносиву хештаншиноси даъват мекунад .
Ва имруз чи шаркиву чи гарби аз у ба унвони як шахсияти бузурги чахони ёд мекуннад.
Баркс дар тавзехи ин гуфтааш , ки шеърхои Руми гизои ру хастанд , мегуяд:
« Замоне , ки тарчумаи шеъохои Румиро шуруъ кардам соли 1976 килос хои дарси зиёде доштам. Се килос дар руз барои ман каме зиёд буд вактамро мегирифт. Аммо ба ресторани «Парандаи оби» (Чеорчия ) мерафтам то тарчумаи шеърхои Мавлоно (тарчумаи донишгохи) – ро бихонам . Кушиш мекардам ки онхоро бозннависи кунам ва ин оромиши амике ба ман медод , ки фаротар аз тасвир буд. Манзурам аз тачзияи рух хамин аст».
У ба василаи ошнои ва амик шудан дар муити мавлоно дустхои зиёде ба даст овардааст. Барои хамин мегуяд: « Агар тарчумаи шеърхои Мавлоно намебуд , харгиз ин иттифок намеуфтод ва ин ба ман кумак кард то оромитар шавам ва дигар эхсоси чунуну баладпардози надошта бошам. Эхсос мекунам навъе бахшиш ба ман дода шудааст».
Мавлоно имруз бехтарин шоир дар Амрикост, ки вокеан боиси ифтихори мо мардуми Шарк аст. Шухраташ то рафт густариш меёбад, ки гурухе аз ситорахои филму синамо ва навозандагони амрикои аз ашьораш албомхо баровардаанд.
Ёдовар мешавем,ки Чаллолуддин Румиро бо номи мухтасари Руми мешиносанд, ки ин як номи кучак имруз Амрикоро ба ларза даровардааст. Мувофики як манбаъ таи дах соли гузашта Мавлоно нисбати дигар шоирони Амрикои аз чихати гузашти (фуруш)-и китоб дар сафи пеш меистад. Ва як чустучуи интернетии номи у натичаи 800 000 сайтро нишон медихад.
Бояд тазаккур дод, ки макоми ин шоири ирфони ва олимакомтарин орифи чахони ислом он кадар баланд аст, ки Филис Тикл як сармухаррири хафтавори Амрико муътакид аст, ки шухрату маъруфияти Руми ин «масъалаи гуруснагии бузурги маънавиёт» аст. Имруз Руми чун пули(купрук) мухиме миёни Амрикоихо ва соири мусулмонон ва аквоми мухталиф хизмат мекунад. Ишки у рухияи чахони дорад, ки дар биниши ин ишк бани Одам мусовист. Дар боби укёнуси беором будани ишк чунин мкгуяд:

Ишк бахре, осмон бар вай кафе

Ишк бахре, осмон бар вай кафе

Ишк бахре, осмон бар вай кафе
Чун Зулайхо дар хавои Юсуфе
Даври гардунхо зи мавчи ишк дон
Гар набуди ишк бифсурди чахон.

Дар афзун намудани ин ишк, огохи, эхсоси дарккуниву хештаншиноси аз Руми ягон кас чун Колман Баркс кушишу захмат ба харч надода аст. Чемс Федиман як олими Амрикои мегуяд: «Асрори маъруфияти Руми дар Амрико- ин Колман Баркс аст» Он гуна, ки каблан зикр намудем, интишори соли –1995 –и-Баркс китоби «Бунёди Руми» бештар аз дигар руёдодхо таваччухи мардумро ба суи шоири форсизабон кашид ва хавасу рагбати эшонро барк занонд.
Китоби руми дар зарфи дахсол дар Амрико беш аз 500 000 нусха фурухта шуд, ки ин шаходати кадрдони ва яке аз мутолеътарин китоб дар Амрико махсуб меёбад.
Ишку мухаббати чахонии Мавлоно имруз олами Гарбро тасхир мекунад, дар холе, ки иддае дар Шарк нисбати ин ишк гунгу куру каронанд, Руми бонги хушдор медихад:
Ишк аст тарику роху пайгамбари мо
Мо зодаи ишку ишк шуд модари мо
Эй модари мо нухуфта дар чодари мо
Пинхон шуда аз табиати кофари мо

Шоир, прфессор, мутарчим ва собик муаллими адабиёти муосири Амрико айни замон бояк завку илхом ва вачду сурур сухбат мекунад ва дар доираву чаласоти манзумиву мансурии Руми фаъолона ширкаит меварзад ва сухане мегуяд аз табори Шарк ва харфе мезанад аз дахони Мавлоно ва мебарад умри шоиронаву ошиконаву олимонабу хоксоронаи хешро чониби фардохо.

Bookmark and Share

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s