Солике дар тарики Мавлоно


Шохмансур шефта ва мухаккики Мавлонову Сухроби СипехрйШохмансури Шохмирзо
Ба муносибати 15 мехрмох(6 Октябр) таваллуди Сухроби Сипехрй

Махофили адабии чахон соли 2007-ум 800-умин солгарди таваллуди Мавлоно Чалолуддин Мухаммади Балхи -шоиру орифи вораставу шуридаро чашн гирифтанд ва имсол 80-солагии таваллуди Сухроби Сипехри -шоир ва наккоши забардаст тачлил мешавад. Бале, Мавлонои 800- сола ва Сипехрии 80- сола. Оё чи иртиботе, чи пайванде миёни ин ду вучуд дорад ва чаро ба баррасии ин мавзуъ мепардозем? Дар холе, ки даврони зиндагии Мавлоно ба пуршуртарину нооромтарин айёми таърихи Шарк -фитнаи мугул рост меояду даврони хаёти Сипехри ба замони нисбатан орому мухити солиме мувофик меояд ва аз лихози иктисодиву ич тимои ва сиёси тафовут аз само то самак аст. Мавлоноро бадахдии замона ба тарки Ватан водошт ва ба ночор дар мулки гайр зисту даъвати {акро дар хамон чо лаббайк гуфт, Сипехри ба касди ошнои бо фарханги аквоми мухталиф ва касби донишу хунар ба чандин кишвари олам сафар намуд ва билохира бар асари саратони хун даргузашт ва дар зодбумаш – Кошон мадфун шуд.

Мавлоно яке аз сермахсултарин адибони форсигуй аст:»Девони Шамс’ ва ё » Девони Кабир » яке аз бузургтарин девонхои шеърист , «Маснавии Маънави» иборат аз 25630 байт буда , «Фихи мо фихи»(китобе дар наср ) ва чанд асари дигар низ ба калами У тааллук дорад, Сипехри дар мач муъ сохиби «{ашт китоб»(134 шеър ва 2 манзума), «Утоки оби»(китоби андешахо дар колиби наср) ва такрибан 500 асари наккошист.

Мавлоно орифи барчаста буд, Сухроб хам гароиши орифона дошт. Мавлоно шуридаву маст, Сухроб навкадаму навсафар ва инзивоталаб, харду дар паи оромиши дарун ва мухити солиму босуботанд ва дар чустучуи ормоншахре, ки аз хушунату табъиду тафрика орист:

Эй офтоби хусн бурун о даме зи абр

К-он чехраи мушаъшаъи тобонам орзуст.

Дар дасти хар ки хаст зи хуби курозахост

Он маъдани малохату он конам орзуст.

Яъкубвор воасафохо хамезанам

Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст.

Ди шайх бо чарог хамегашт гирди шахр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст. 1

Сухроб низ дар орзуи расидан ба чунин сарзамини руъёист, ки обу хокашро аз мехру отифа сириштаанд ва аз низоъу нопоки хабаре нест ва ин хитта дар дурдастхост, дар пушти дарёхое, ки ба уфук доман мезанад:

Пушти дарёхо шахрест

Ки дар он панч арахо ру ба тач алли боз аст

Бомхо ч ои кабутархоест, ки ба фаввораи хуши башари менигаранд.

Дасти хар кудаки дахсолаи шахр шохаи маърифатест.

Мардуми шахр ба як чина* чунон менигаранд

Ки ба як шуъла, ба як хоби латиф. 2

Мавлоно вассофу маддохи ишку мухаббат аст, ки ба унвони намаки тинати дилхо эътироф гардида ва асли хастию буданро дар хамин гавхари ганч инаи вуч уд медонад ва ба пиндори орифи волоназар иксири зиндаги Ишк асту Мухаббат:

Аз мухаббат талххо ширин шавад,

Аз мухаббат мисхо заррин шавад.

Аз мухаббат дурдхо софи шавад,

Аз мухаббат дардхо шофи шавад.

Аз мухаббат мурда зинда мекунанд,

Аз мухаббат шох банда мекунанд. 3

Сипехри низ ишку мухаббатро гаронбахотарин неъмати харду олам медонад ва барояш киматтар аз он чизе нест, паёму пай гоми ч онбахш ва хадяи бехтарин ба хаводорону азизонаш ишк аст, ишке, ки бо мафхумхои мондагоре чун обу нуру хаво тавъаму хаммаънист:

Рузе

Хохам омад ва паёме хохам овард.

. . . Хохам омад гули ёсе ба гадо хохам дод.

. . . Ман гирах хохам зад чашмонро бо Хуршед, дилхоро бо Ишк, сояхоро бо об, шохахоро бо бод. 4

Мавлоно марбут ба шахру макони хосе нест, балки фаротар аз ин махдудаву мавзеъхост. Ч ое, ки мегуяд:

Гуфтам зи кучои ту? Тасхир заду гуфт:эй чон,

Нимем зи Туркистон, нимем зи Фаргона.

Нимем зи обу гил, нимем зи чону дил,

Нимем лаби дарё, ниме хама дурдона. 5

Сипехри низ бо лахни омехта бо ч идду хазл Механу зодгохашро махдуд ба минтакаи хоси ч у грофиёие намедонад ва муддаист, ки хорич аз ин чорчубхост ва дар ин колибхо барои у ч ой нест:

Ахли Кошонам,

Насабам шояд бирасад

Ба гиёхе дар {инд, ба сафолинае аз хоки Сиялк. . .

Ахли Кошонам , аммо

Шахри ман Кошон нест.

Шахри ман гумшудааст.

Мани бо тоб, мани бо таб

Хонае дар тарафи дигари шаб сохтаам. 6

Ин мисолхо шояд зохири казия бошад, лизо чанд намунаи дигар дар таквияти ин афкор такдим мегардад.

Сипехри дар 3 мач муаи аввали -»Марги ранг», «Зинадагии хобхо» ва » Овори офтоб» дар пайрави аз Нимо Юшич шеър месарояд ва аз мач муаи чоруми -»Шарки андух» ба баъд аст, ки дар хавои газалхои орифонаи Мавлоно та газзул мекунад ва дуруст замоне, ки ба нахустин тач рибахои динию ирфони даст мезанад. Хонанда дар хамон мутолиаи аввал ба чунин хулоса мерасад, ки Сипехри аз Мавлоно пайрави мекунад ва беихтиёр ва ёди газалиёти «Девони Шамс» меафтад:

Накше пайдо, ойина кучо? Ин лабханд, лабхо ку?

Мавч омад, дарё ку?

Мебуям, бу омад. Аз хар су, хой омад, ху омад.

Ман рафтам. У омад, У омад. 7

Сипехри вазну оханги газалхои шурангези Мавлоноро дар шеъри сапед ворид намуда ва дар илми шеър ба тачрибаи аввалин даст зад, ки бешак навовари буд , ки то хол мисдокаш дар адабиёти форси ба чашм нахурдааст. {амон холати навасон – болову поин омадани оханг ва тагири вазну хичо маонанди мадду чазри бахр дар зехни хонанда чакомахои ошиконаи Девон- Шамсро мутабодир мекунад ва ба кавли мухаккик Дориюши Ошури Сипехри /вазнхои раксон монанди вазнхои Девони Шамсро ба кор мегирад ва суханонаш ба шатххои суфиёна мемонад:/8

Ман созам:банде овозам. Баргирам, бинвозам. Бар торам захмаи «ло» мезан, рохи фано мезан.

Ман дудам:мепечам, мела гзам, нобудам.

Месузам, месузам:фонуси таманноям. Гул кун ту марову даро. 9

Сипехри хам ба зохир ва хам ба ботин пайрав и Мавлоност ва хам вазну кофияву охангу зарб ва хам маъниву мухтаворо аз Мавлоно вом мегирад ва дидгоху афкораш низ бо пири маънавиаш шабохат пайдо мекунад, монанди замзамахои у тараннум мекунад. Адабиётшиноси эрони Зиёуддини Туроби бар ин акида аст, ки «шеърхои ин китоб(Шарки андух. Ш. Ш. ) хосили чазабахои орифона ва холати дарунии хоси Сипехрист, ки дар вазне зарбию хамоханг бо холу вазъаш суруда шуда ва дар мавкеъи мутолиаи онхо низ бояд мавриди таваччух карор гирад. Вазне, ки дар нихоят латофати вижае ба каломи Сипехри дар ин дафтар бахшида, ки бешабохат ба шеърхои зарбии Мавлоно Мухаммад Чалолуддини Балхи нест, . . . Ва хамин назми охангин дар хамаи шеърхои мачмуаи «Шарки андух» вучуд дорад. Назме, ки на бар пояи аруз , балки бар пояи мусики ва таснифу тарона танзим шуда ва таъсире мусикиои дар гушу зехни мухотаб барчо мегузорад. «10

Шеъри зерин, ки аз хамин дафтар интихоб шудааст, дар назари аввал хонандаро ба иштибох меандозад, ки газали Мавлоноро мехонад ё газали мудерни Сипехриро:

Боло рав, боло рав. Банди нигах бишкан, вахми сиях бишкан.

-Омадаам, омадаам, буи дигар мешунавам, боди дигар мегузарад.

Руи сарам беди дигар, хуршеди дигар.

-Шахри ту не, шахри ту не,

Мешунави занги замон:катра чакид. Аз паи ту , соя давид. 11

Шеъри Сипехри, ки ба кавли мухаккик Фарачи Саркухи «дар камоли худ шеъри ирфонист» 12 аз мачмуаи «Шарки андух» ба баъд тобиши мазхабию ирфони пайдо мекунад ва шоир ба хамаи адёну мазохиб эхтиром дорад, хамонанди Мавлоно, ки табъизе миёни адёну аквому милал коил набуд(Пас забони хамдили худ дигар аст, {амдили аз хамзабони хуштар аст) ва омили дигар дар ин миён «ошноии бай бо абармарде, ки зери oсмон ва бар фарози замин касеро дар олами шеру ирфон баробар намешиносем , ошнои бо Мавлоно Чалолуддин аст». 13

Инчо пайванди мухтавоии афкори Сипехри бар Мавлоно бештар ба мушохида мерасад. Он чо, ки мегуяд:

Оина будам, аз рушану аз соя бари будам. Деву пари омад, деву пари будам. Дар бехабари будам.

куръон болои сарам, болиши ман Инчил, бистари ман Таврот ва забарпушам Авасто, мебинам хоб:Буддое дар нилуфари об. 14

Шеъри Сухроби Сипехри низ мисли ашъори Мавлоно бо хар забони дигаре, ки тарч ума шавад, кобили кабул хохад буд ва аз суи пайравони динхои мухталиф истикбол хохад ёфт , чун гуянда бар хамаи динхои илохи ва китобхои онон эхтиром дорад ва арзиш коил аст ва хеч якеро аз дигаре боло намегузорад, ба кавли худи Сухроб «аз паллаи мазхаб боло рафтааст». Гузашта аз ин, каломи хар ду шоири мавриди назари мо аз самимияту мехрубони саршор аст, ки мухотабро чазбу чалб мекунад. Далели мухими баргузида шудани «Мачмуаи ашъори Мавлоно» ба унвони китоби соли Амрико дар соли 1999 махз хамин вижагии осори уст, яъне сароянда пайравони хамаи дину оин, миллат, кавм, забонро. . . ба хамзистии мусолиматомез , зиндагии саъодатмандона ва дур аз чангу фиреб, низоъу тафрика фаро мехонад. Инсон, ки имруз аз сиёсатхои хасмона, бартаричуихои беш аз хад, табъизхои нажодиву кавмию забони хаста шудааст, ниёзи шадиде ба чунин харфу хичо дорад. Ин паёми Мавлоно низ ба Сипехри «сироят» кардааст ва аз замири калб ба кулли башар хитоб мекунад ва аз онхо сидкан мехохад, ки:

Обро гил накунем:

Дар фурудаст ангор кафтаре мехурад об.

Ё, ки дар бешаи дур сайрае пар мешуяд.

Ё дар ободи кузае пур мегардад,

. . . Чи дехе бояд бошад!

Кучабогаш пури мусики бод!

Мардумони сари руд обро мефахманд.

Гил накардандаш , мо низ

Обро гил накунем. 15

Сипехри, ки ирфонро дар шеъри нимои ворид намуд, дарвокеъ хидмати бузургеро анчом дод ва далели умдае, ки имруз шоирони зиёде дар гушаю канори чахон аз сабки у пайрави мекунанд, махз хамин хусусияти осори уст. Чунончи, мачмуаи ашъори уро Наргис Шохалиева бо забони узбаки дар Тошканд тарчума намуд ва «Бехтарин китоби сол» эътироф гардид. Ин вижагии сабку хунари Сипехриро хатто мухаккикони гайриэрони сутуда ва бахои баланд додаанд. Аз чумла, пажухишгарон Мухаммад Мухсинуддини Миё ва Торук Зиёуррахмони Серози , устодони Донишгохи Даккаи {индустон бар ахамияти ирфони Сипехри таъкид намуда , навиштаанд:»Сипехри аз ч ихати андеша шефтаи як навъ ирфони хоси худ аст, ки бад-он метавон «ирфони табиъи»ном дод. Ирфони пешини мо дар такопуи ирфонияти хеш саъй дорад Худоро бевосита бингарад, чашм ба чашмаи аслии нур, ба хонаи хуршед духтаанд. Аммо Сипехри дар ирфони вижаи хеш баландпарвозии урафои фахли * таърихи исломии моро надорад ва Худоро аз тарики табиат ба чустучу менишинад»16.

Бале, муроди Сипехри дар шеъри фавк факат «об» ба мафхуми модда нест, балки манзураш хифзи арзишхои мукаддас, отифахо, зебои ва калбу эътикодоти ботинии хамаи инсонхост, ки муроди Мавлоно низ хамин будааст. Ин маъниро мухаккик кадамалии Сарроми низ тасдик мекунад:»ин шигифтиофарин дар чашми шоир касе чуз рухи ирфони Эрон – ошики Шамси Табрези нест»17

Бешубха, сабаби махбубияти ашъори ду шоири мавриди назари мо хамоно ирфон ва андешахои орифона аст. Инсони имруз дигар ба шиору ашъору даъватхои сиёси гуш намедихад ва ташнаи паёмест, ки ба калбаш ороми бубахшад ва аз гав гою хаёхуи дунёи серташвиш нач оташ дихад ва ин чуз ирфони Мавлавивор нест , ки Сипехри дар хамин чода гом менихад. Доктор Сируси Шамисо бар ин назар мувофик аст:»Ирфони Сухроби Сипехри идомаи хамон ирфони мактаби асили эрони, яъне мактаби машоихи Хуросон(дар мукобили мактаби машоихи Ирок) аст ва орои у ба орои бузургоне аз кабили Абусаиди Абулхайр ва махсусан Мавлоно шабех аст. «18

Сухроби Сипехри факат мукаллиди махз нест, балки ба кавли Мавлоно мухаккик хам хаст(Аз мухаккик то мукаллид фаркхост, К-ин чу Довуд асту он дигар садост) 19, равиши Мавлоноро огохона ва дониста дунбол мекунад, рамзхои ирфониро хубу амик дарк менамояд ва онхоро дар шеър ба кор мегирад ва гохо ба кавли ховаршинос В. Б. Кляшторина «дар мавриди онхо тачдиди назар мекунад»20

Далели дигаре, ки нуфузи осори Мавлоноро бар эчодиёти Сипехри тасбит месозад, хамчунонки гуфта шуд, алокаи шадиди у ба табиат аст, ки мисдокашро дар ашъори Мавлоно зиёд метавон дид. Мавлоно «Маснавии маънави»-ро бо най огоз мекунад:

Бишнав аз най чун хикоят мекунад,

Аз чудоихо шикоят мекунад.

ва аксари достонхо, бал тамоми Маснави дар атрофи ин мавзуъ -нолаю нафири най хулоса мешавад ва ин най чуз рухи одами нест, ки аз дарди фироку чудои нолаи чонкох дорад. Сипехри низ табиатро мисли Мавлоно ошикона меситояд ва барояш гули сурх, ки рамзе аз табиату зебоист, ба нахве хукми кибларо дорад, яъне хамон хикмати машхури Худованд зебост ва зебоиро дуст дорад:

Ман мусалмонам.

киблаам як гули сурх.

Чонамозам чашма , мухрам нур.

Дашт саччодаи ман

Ман вузу бо тапиши панчарахо мегирам.

Дар намозам чараён дорад мох, чараён дорад тайф. 22

Сухробшиноси машхур Сируси Шамисо дар асараш -»Нигохе ба Сипехри» ин таъсири афкору андешаи Мавлоноро бар Сипехри инкор намекунад ва менависад:»орифони гушаву канори дунё бидуни ошнои бо афкори якдигар суханони шабех ба хам доранд. {ессе ва Кришномурти ва Сухробу Мавлави ва Юнгу Шайх Абусаиди Абулхайр ва. . . суханоне доранд, ки мабнои хама якест. Суханони Сипехри бо суханони Мавлоно низ бисёр шабех аст, хол онки ба назар намерасад у масалан солиёни дарозеро вакфи мутолиаи » Газалиёт» ва «Маснави»-ву дигар осори Мавлоно карда бошад, махсусан мутолиаи дакики «Маснави» , ки пур аз ишороту дакоики мушкил ва борик аст». 23

Доктор Шамисо дар идомаи хамин матлаб мисоле аз Сухроб меоварад:

Ва дахонро бигушоем агар мох даромад. –

ки баргирифта аз манзумаи «Садои пои об» мебошад. Мухаккик дар шархи ин мисраъ ингуна изхори назар мекунад:»То нури он дар дахани мо бияфтад ва рушаниро бичашем ва нур чазби бадани мо шавад, чунонки {азрати Мавлоно нур мехурд(на каллапоча):

Ман сар нахурам, ки сар гарон аст,

Поча нахурам, ки устухон аст.

Бирён нахурам, ки хам зиён аст,

Ман нур хурам, ки кути чон аст.

Ва мефармуд:агар хохи, ки дар зери хок нарави, дар нур гурез, ки нур зери хок наравад(аз «Манокиб -ул-орифайн», с. 282)24

Дар таквияти суханони ин донишманди арчманд факат метавон афзуд, ки Сипехри бо он ишку мухаббате, ки ба осори Мавлонову афкору акоиди у дошт, баъид аст мутолиае дар осори у надошта ва аз эхтимол дур нест лоакал «Девон»- и Шамсро мурур нанамуда бошад.

Сипехри, ки ташнагиаш комилан нашикастааст, дар шеъри «Ва паёме дар рох» бори дигар нур мехурад», нуре, ки ба он сачда мекард(Чонамозам чашма, мухрам нур) ва ин алокаи шадиду кавии уро ба маъшуки азали нишон медихад, ки тибки бархе назарияхо Худованд ба сурати нур хохад омад:

Хохам омад сари хар деворе мехаке хохам кошт.

Морро хохам гуфт:чи шукухе дорад гук!

Ошти хохам дод.

Ошно хохам кард

Рох хохам рафт.

Нур хохам хурд.

Дуст хохам дошт. 25

Ин шеър низ дар идомаи афкори зиндагидустона ва ошиконаи Сипехрист, ки хаёти аънавию оштиборро ситоиш мекунад.

Нуктаи дигаре, ки ба унвони поёнбахши ин матлаб метавон афзуд , баррасии мавзуъи арг аз дидгохи ду шоири мавриди назар аст. Маълум аст, ки Мавлоно дар миёни шоирони ориф аз андак суханваронест, ки ба ин мавзуъ таваччух зохир намудааст ва дар ин боб намунахои зиёде аз ашъораш хам аз «Маснави» ва хам аз «Девон»-и Шамс метавон овард. Чунончи:

Ба рузи марг чу тобути ман равон бошад

Гумон мабар, ки маро дарди ин чахон бошад.

Барои ман магирю магу:дарег, дарег

Ба юг дев дарафти, дарег он бошад.

Чанозаам чу бини, магу:фирок, фирок

Маро висолу мулокот он замон бошад.

Маро ба гур супори, магу:видоъ, видоъ

Ки гур пардаи чамъияти чинон бошад.

Фуру шудан чу бидиди, баромадан бингар

Гуруби шамсу камарро чаро забон бошад?

Туро гуруб намояд, вале шурук бувад

Лахад чу хабс намояд халоси чон бошад.

Кадом дона фуру рафт дар замин, ки наруст,

Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад. .

Ё:

Марг агар мард аст ояд пеши ман

То кашам хуш дар канораш танг-танг.

Мавлоно маргро чун як падидаи табиъи, ки аз суи Худо меояд, мeдонад ва ба стикболаш, ки дарвокеъ о гози зиндагии хакикист, бо о гуши кушодаю боз ва болупарзанон меравад. Хондани ин гуна ашъор тарсу вахшатро аз афроди ноогох, ки умре аз марг харос доранд, кохиш медихад. . . Ба пиндори Мавлоно марги ростин вучуд надорад, балки та гири холате ба холати дигар тавассути марг фарохам мешавад ва дар хакикат марг – рахои аз зиндони тан ва озодии рух аст, ки дар достони «Бозаргон ва тути» ин мавзуъ ба таври муфассал бозтоб ёфтааст.

Сипехри низ ба ин мавзуъ борхо дахл намудааст, махсусан, дар «Садои пои об» пиромуни ин мавзуъ ба вуфур изхори назар мекунад ва таъкид дорад, ки аз марг набояд тарсид ва набояд бо чашми карохат ба он нигарист:

Ва натарсем аз марг

Марг поёни кабутар нест.

Марг ворунаи як занчара нест.

Марг дар зехни акоки* чорист

Марг дар обу хавои хуши андеша нишеман дорад

. . . Марг масъули кашангии пари шопарак* аст. 26

Ба хар сурат, Сипехри ошики андешахои Мавлоност ва уро чун Шамси Табрези рухаш мепарастад. Зарбхои суфиёнаи газалиёти «Девон»- Шамс, замзамаю тараннумхои орифона ва афкору андешахои Мавлоноро дар осори Сухроб ба таври ичмоли барраси намудем ва ба унвони мухри таъиди ин харфхо барчову мувофик аст назари худи Сипехриро дар бораи Мавлоно бидонем, ки хохараш -Паридухт дар китоби «Сухроб -мур ги мухочир» овардааст:»У(Сипехри. Ш. Ш) Мавлавиро бузургтарин шоиру орифи тамоми давронхои таърихи Шарк мешинохт ва шефтаи шеърхои шурангези «Девон»- Шамс буд». 27

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s