Бархурди Ива Де Витрей Меэровитч бо Мавлоно


Хонум Ива 100-сола шуд

Хонум Ива 100-сола шуд

Бахшида ба 100-солагии Ива Де Витрей Меэровитч мавлонопажухи фаронсави

5 октябри соли равон Ива де Витрей Меэровитч ин ховаршинос ва мавлонопажухи фаронсави 100 сола мешавад.
Имруз ҷаҳони Гарб беш аз пеш ба фарҳангу тамаддуни Шарки кабир таваҷҷуҳ дорад. Ва ин эътиноро аз тарафи Гарб ба Шарк метавон аз бузургиву сутурги ва маънавияту ирфонии осори нобигагони Хуршедзамин унвон кард.Ва яке аз он нобигагони ин сарзамини хуршеди, ки имруз аксар ҷомеаи мутамаддин таваҷҷуҳ ба уву осораш дорад ва боис гашта, ки ҷаҳони Гарб шефтаи Шарк бигардад,бешак Мавлоно Ҷалолуддини Балхист,ки дар ҳоли ҳозир нафас ба нафас дар масири тасхиру забти миллион кулуби инсонҳо карор дорад. Имруз ҳануз дар гуши ман ак гуфтори зебои пажуҳишгари бузурги Мавлоно дар Гарб садо медиҳад, ки гуфта буд:”Мавлоно гуи аз кабри хеш бархоста то исломро ба мо биомузад ва у имруз исломро ба кулли ҷаҳониён муаррифи намуда истодааст.”

Шояд то солҳои на чандон дур уро танҳо бузургон медонистанд,аммо имруз ҳар инсони оддию хоки уро мешиносад ва Мавлоно чун як сарчашмаи илҳому умед баҳри адабиёти Гарб, хоса Амрико падидор гашта .Дар Нию Ёрке, ки ҳазорон нафар чеҳраҳои бузурги фарҳангиву адаби дорад, имруз дар калисову парастишгоҳҳо, дар марокизи илмию ҳунари ва толорҳои фарҳанги аз Мавлоно иктибос меоранд ва уро ба масобаи як инсони ормони ёд мекунанд.Магар ин боиси шарафмандию игфтихор нест? У чун як сафир ва намояндаи фарҳанги мо дар Гарб аст.
Пас аз таҷриба намудану пажуҳиш намудани осори Мавлоно муҳаккик, пажуҳишгар ва устоди фалсафа хонум Ива Де Витрей Меэровитч пас аз ошнои бо як марди насрони ва фуру рафтан дар умки дарёи маънавии Мавлоно ба дини ислом ру овард ва мусулмон гашту исмашро ба Ҳавво табдил намуд.
Дар давоми яке аз охирин маърузаҳояш ки 26 майи соли 1998 дар шаҳристони Куния, Онотолияи Маркази баргузор гашта буд, хитоб ба ҳозирини толор намуда, бо як самимияту тарзи гуфтори табии чунин гуфтааст: ” Аз шумо хоҳиш мекунам, ки чун дар гузарам , колбади маро дар назди мазори Мавлоно ҷой бидиҳед то ҷовидона дар партави сояи маънавии Мавлоно ором бигирам.” У инро гуфт ва пас аз 1 соли баъд дар сини 90-солаги ин ҷаҳонро дар таърихи 24 июли соли 1999 падруд намуду бо он ҳама хадамоту заҳамоту ташабусоте, ки у дар мавриди осору ҳаёти Мавлоно карда буд, ба кавли Мавлоно “оташе дар бешаи андешаҳо”-и кулли башарият афрухт.Ҷасади хонум Ҳавворо дар бешаи хомушони Тиазис вокеаъ дар Порис ҷой доданд. Ва албатта барои хоксупории мучаддад часади у баъдхо ба Куния мунтакил шуд.
Аз он ҷо, ки хонум Ива перомуни осори пургановату маънавиовари Мавлоно тадкикотҳо намудааст ва чандин маротиба ба Туркиё хоса ба Куния ва Истанбул сафарҳои хидматию тадкикоти анҷом додааст, бидуни шак метавон арзёби кард, ки Куния барои у дувумин Ватани мукаддас маҳсуб меёфт ва у чандин бор аз мазори мубораки Мавлоно дидан намудааст ва иштиёки амике нисбат ба Туркиё дошт. У чандин ҳикоёту достонҳо ва кутуби Мавлоноро бо забони модарияш, ки фаронсави буд тарҷума намудааст.У тавассути навиштораш тавонист ба ҷаҳон чеҳраи ҷадиди исломро ироа ва муаррифи намояд.Мазори хонум Ива дар Туркиё
Бисёре аз муҳаккикон ва мутарҷимони осори Мавлоно ошношави ва бархурдашон ба Мавлоноро як нав падидаи ногаҳони меноманд.Масалан барои бархурд ба Мавлоно Колман Баркс дар хоб мебинад, ки пире уро садо мезанад ва ба суи хеш мехонад ва ин Мавлоно будааст, ки ин сабаб гашт то ба тарҷумаи осори у бипардозад.Мисли ҳамин хонум Ива Де Витрей Меэровитч дар назди мазори Мавлоно ҷой гирифтанаш амри тасодуфи набуд.У шабе аз шабҳо дар олами хоб мебинад,ки ҷасадаш дар кавре ҷой гирифта, ки у чунин каври зеборо ҳаргиз надидааст, ки дар руи он кавр бо забони араби ва форси номи у ҳаккоки шудааст ва у хурсанд аз он буд, ки чун як нафар мусулмон аз ин дори фони реҳлат хоҳад кард ва ин хоб муҷиб гашт то у дар назди мазори Мавлоно ҷойгирии каври хешро такозо намояд.
Ива тавонист бо тарҷума ва пешкаши хонандаи фаронсави гардонидани осори гаронарзиши Мавлоно шоҳпуле миёни Шарку Гарб бунёд намояд ва занҷири таассубу хурофотро бишканад ва уфукҳои маънавию тозаи исломро барои кулли ҷомеаи башари ҳувайдо нам

ояд.
Дар ҳоле, ки тобути у тахти пушиш бо порчаи сабз бар души мардон ҷониби гуристон роҳи буд, ҳазорон нафар аз ошикони уву Мавлоно дар он маросими дафн ширкат доштан ва аз дидагон ашки талх мебориданд.Аз ҷудоии боз як нафар шефтаву дилбаставу шуридаи Мавлои Кабир ашки талх мебориданд. Тобути уро баъд аз даргузашташ ба Куниё кучонданд ва дар ҳамон гуристоне, ки Мавлоност, ҷой доданд.Ва ин ҳамон водию кабри зебое буд, ки чандин сол дар хоб дида буд.Пас аз кироат аз оёти каломуллоҳ ва дуоҳои марсуми Ива Де Витрей Меэровитч ба Мавлоно ва Куния супурда шуд.Дар ҳоле, ки маросими дафн иҷро мегашт як зани пири турки, ки ҳаргиз Иваро намешинохт аз дилсузиву муҳаббат ва меҳр яке аз дустони хонум Иваро, ки дар маросим иштирок дошт, ба огуши меҳр гирифтау дар охирин лаҳзаҳои ба хоксупории хонум Ива хитоб ба он зан карда, ашколуд мегуяд: “Ҳоло хонум Ива аз мост ва у хоҳари мо шуд, уро ҳамеша дар дуову муноҷотҳои хеш ёд хоҳем намуд”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s