БОЗТОБИ ЧУГРОФИЁИ ТАЪРИХИ ВА АНОСИРИ ФАРХАНГИ ТОЧИКИ ДАР ОСОРИ МАВЛОНО.


НУРАЛИ НУРЗОД

НОМЗАДИ ИЛМХОИ ФИЛОЛОГИ

Мавлоно Чалолуддини Руми дар таърихи адабиёти форси баробари хамчун орифи сохибназар ва суфии сохибмашраб эътироф гардидан, ба хайси шоири хаёлпардоз ва суханвари мумтоз шинохта шудааст, ки дар идомаи чодаи шуарои суфимашрабе чун Санойиву Аттор на танхо барои нубуги шеъри ирфони, балки дар равнаки адаби форси макоми вижае дарёфта ва ба кавли худаш оташе дар бешаи андешахои муридону мухлисони шеър афрухт.хатто ба рузгори хеш ин иродат ва идоматашро аз чодаи пешиниён ба гунаи зайл чилва рехта: Аттор рух буду Санойи ду чашми у, Мо аз пайи Санойиву Аттор омадем. Бахси шинохти хунари нигорандаги ва партави арзишхои бадеи дар осори Мавлоно дар пажухишоти зиёде аз донишмандони Шарку Гарб чойгохи чудогона дарёфтааст ва ин чо аз таълифоти мухаккиконе чун Риналд Николсон, Анна Мери Шимел, Бертелс, Абулхусайни Зарринкуб, Бадеъуззамони Фурузонфар, Сируси Шамисо, Шафеии Кадкани ва дигарон ёдовар метавон шуд, ки хар яке хунари Мавлоноро дар оинаи пиндору тафаккури хеш бозшиноси кардаанд. Мусаллам аст, ки бозтоби хунари шоирии Мавлоно чилвахои вижае дорад ва як буъди кашфи он дар корбандии аносири чугрофиёи таърихи ва фарханги точики дар осори шоир тазохур мекунад, ки дар мехвари баррасихои ин макола карор мегирад. хатто хадс хам метавон зад, ки ин мавзуъ аксаран аз марзи мабохиси донишмандони мавлавипажух то чое хам берун монда ё камтар ба он таваччух зохир гардидааст. Вобаста ба ин, тахкики матолиби аслии дар маърази баррасихои илмии ин нигошта карор дошта аз чанд тамоюл бархурдор мебошад, ки дар саргахи онхо корбандии мафохим ва матолиби марбут ба чугрофиёи таърихии мардуми точик ва бозтоби арзишхои хунарии шоирона дар зимни онхо карор мегирад. Равшан аст, ки дар осори Мавлоно, хоса дар «Маснавии Маънави»-и у ба вучуди шахру билод ва искону мавозеъи таърихие ишорат мешавад, ки ба гузаштаи аквоми форси, минчумла точикон пайванди кави доранд. Масалан, дар киссаи «Подшох ва канизак», ки аввалин хикояти маснави махсуб мешавад, дар канори зикри шахри Самарканд, ки искони мехвари накл ба шумор меравад, мавозеи Кухи Готифар ва Сари Пул ёд шудаанд, ки хар ду хам ба ин шахр муртабит хастанд. Аввали исми кухест дар шахри Самарканд ва сони номи гузар ё махалле аз махаллоти ин шахри кадима: Набзи у бар холи худ буд бегазанд, То бипурсид аз Самарканди чу канд. Набз часту руй сурху зард шуд, К-аз самаркандии заргар фард шуд. Чун зи ранчур он хаким ин роз ёфт, Асли он дарду балоро боз ёфт. Гуфт: Куйи у кадом аст дар гузар, У Сари пул гуфту куйи Готифар… (175) Харчанд хадафи аслии корбандии мафохими чугрофиёи дар ин киссаи Маснави бозтоби тафаккури ирфони аст ва Самарканд мазхари асолат ва тачалли махсуб мешавад, аммо дар зимни ин Мавлоно нозукона ба хичрати заминии худ аз искони асли зист- Фароруди кабир хам ишорате мефармояд, ки Самарканд дар он рузгор нигини ин мантакаи бузурги чугрофии форсинишин ба шумор меомад. Чунбиши набзи канизак бо шунидани номи Самарканд ва ду исми дигари чугрофии муртабит ба ин шахри азим ишорат ба расидан ба асл мекунад ва ин хуруф буи пирохани Юсуфи асолатро барои солики рохи тарикат меоварад. Мачмуи чусторхо дар шинохти огоз ва расидан ба кашфи рамзу рози асли эхтимоми соликро дар маърифати хак бозтоб мебахшанд. Аз назари дигар, рамзист, ки Мавлоно нахуст дар «Найнома» аз дурафтодагии худ аз асли рухонии хеш кисса мекунад ва тафсири ин чудойи аз васлу аслро бо хикояти «Шох ва канизак» огоз мекунад. Ин хадафи Мавлоно дар ду нукта чамъбаст мешавад: а) Мавлоно бо накли ин кисса ба тафсири найнома огоз мекунад ва ба ибораи дигар достони мазбур сарогози хатти хадафхои Худовандгори «Маснави»-ро рушан мекунад: б) Мавлоно дар канори накли чудоафтодагии рухонии худ аз хичрати чисмони ва дур мондан аз зодбуми аслии худ – Фарорудони бузург низ хикоят мекунад ва байти огози кисса санади мухкам бар ин гуфтор хохад буд: Бишнавед эй дустон, ин достон, Худ хакикат накди холи мост он. Нукоти дарунии достон хам рамзу роз ва падидахои фархангии точикиро ошкор месозанд, ки ташрехи бархе аз онхо ин чо амри зарури хохад буд. Мавлоно чаро самаркандии заргар мегуяд ва ё хатто ба чи сабаб заргарро кахрамони достони худ мепазирад? Ба ин суол танхо огохи аз фазилатхои вижаи шахри Самарканд ва суннатхои фархангии он посух мегуяд. Мусаллам аст, ки дар Самарканд аксаран ба касби заргари шугл меварзанд ё ба таъбире дигар мустаъмалтарин пеша дар Самарканд ин заргарист ва ба кавле дар аглаби хонаводахо ин касб ривочи тамом дорад. Мардумони ин махал пайваста дар сохили руди Зарафшон мераванд ва он чо зар мешуянд. Махз, хамин рабти мухками пешаи заргари бо шахри Самарканд Мавлоноро ба суи он мекашад, ки заргарро ба сифати кахрамон ва мушкилкушои рамзу роз бипазирад. Аз назари дигар, миёни табакоти мардум танхо заргар аст, ки Мавлоно онро ба масобаи мазхари ишки замини ва мухаббати дуняви мепазирад ва Пири Руми ин матлабро зимни висоли у бо канизак ин гуна тавзех медихад: Ишкхое к-аз пайи ранге бувад, Ишк набвад, окибат нанге бувад. Мешавад гуфт, ки заргар баробари тимсоли мухаббати мачози будан самбули нафси инсони аст, ки дар адами он ба амри илохи парда аз руи мачмуи мушкилот бардошта мешавад.Марги заргар кушта шудани нафси аммора аст, ки канизакро ба суи шох мехонад ва ин шох хам рамзе аз маъшуки абади бошад. Самбули дигари ин хикоят, ки пайванди онро ба фарханги мардумии точик таъмин мекунад, маншаъ дар адабиёти шифохии точикон дошитани он аст. Ин достон миёни точикон маъруф аст ва гохе ба номи Абуали ибни Сино ва гохи дигар ба номи хаким Барзуя ва мавриди дигар танхо бо номи хаким накл мешавад. Фаркият дар достони мавчуд дар «Маснави» ва киссаи омиёнаи точикии он дар он ифода шуда, ки дар Мавлоно то ба зикри асомии чугрофи мерасад ва бо хамин чузъиёти мазкури кисса ба поён расида, тибки дастури шох барои овардани заргар аз Самарканди косид ирсол мешавад. Дар нусхаи омиёнаи достон бошад фарорафта аз асомии чугрофи номи ашхос хам тазаккур меёбад то он мавкеъ, ки исми махбуби шахси бемор таъкид мешавад ва у бо шунидани ин ном ба худ меояд ва мардумон дармеёбанд, ки мавсуф гирифтори ишки хамин нафар аст. Дар ин хамин чо бо расидан ба висоли хамдигар киссаи омиёнаи точикии «Шох ва канизак» ба поён мерасад, аммо Мавлоно ин марзро убур мекунад ва киссае тамсиливу ирфони меоварад, ки чузъиёти иловашудаи он бештар ин тамсилоту чанбахои ирфониро таквият бахшидаанд. Хар ойина,метавон бар ин назар шуд, ки новобаста ба тахаввулоти маънавии кисса аз чониби Мавлоно накши сарчашмавии достони омиёнаи он, ки дар адабиёти шифохии точики мавчуд мебошад, ошкор мегардад.Баробар ба ин кисса дар «Маснави» як идда достонхои дигаре хам накл шудаанд, ки маншаъ дар фарханги мардумии точики доранд ва теъдоди онхо шояд аз 20 убур кунад. Тахмин хам меравад, ки бахше аз ин кисас танхо ба тавассути Мавлоно аз фарханги мардумии точикии форси ба назм кашида шуданд ва бад-ин васила дар пиндору андешахои мардуми точик боки мондаанд. хатто баъзе аз онхо минбаъд дар кутуби дигар ба шевахои мухталифе аз назму наср накл шудаанд, ки аслу маншаъашон китоби беназири Мавлонои Рум дониста мешавад, ки тахкику пажухиши ин масъала ниёзманд ба чусторхое чудона мебошад. Бухоро,ки аз огоз мазхари илму дониш ва фархангу дин шинохта шудааст ва хамин нигине дар ангуштарии таърихи аквоми форс дониста мешавад, он нуфузу нубуги маънавии худро дар тафаккур ва андешаи Мавлоно хифозат карда. Мавлоно аз Бухорои Шариф ёд мекунад ва онро пеш аз хама манбаи дониш мешуморад хамин партави маърифати худро дар киссаи «Азм кардани он вакил аз ишк,ки ручуъ кунад ба Бухоро лоуболивор» ингуна тафсир менамояд: Шамъи Марямро бихил афрухта, Ки Бухоро меравад он сухта… Ин Бухоро манбаи дониш бувад, Пас бухороист хар-к онаш бувад. Пеши шайхе дар Бухоро андари, То ба хори бар Бухоро нангари. Чуз ба хори дар Бухорои дилаш, Рох надхад чазру мадди мушкилаш… Дар канори ин ки Бухоро дар пиндори Мавлоно манбаи дониш аст ва мазхари илму ирфон, Пири Рум ин маскани азизро хубулватан, мазхари тачалли ва шахри шохи худ низ мехисобад, ки ин амр ба иродати тамоми Мавлавии бузург ба ин ангуштарии нигини фарханги форси ишорат дорад: Гарчи дил чун санги хоро мекунад, Чони ман азми Бухоро мекунад. Маскани ёр аст шахри шохи ман, Пеши ошик ин бувад хуббулватан. Ин киссаи дурударозе аст, ки мавзуи мехвари он сафари ошик ба чониби хуввулватан, яъне Бухоро аст ва ин чо низ Мавлоно то чое шабохате ба киссаи Шох ва канизак эчод мекунад. Дар идомаи накли худ зимни баёни «Ру ниходани он бандаи ошик ба Бухоро» чанде аз мавозеъи дигари мансуб ба ин минтака, чун Реги Ому, руди Чайхунро ёдовар мешавад, ки каблан хам дар адабиёти форсу точик бо махбубияти тамом зикр шудаанд: Ру ниход он ошики хунобрез, Дил тапон, суи Бухоро гарму тез. Реги Ому пеши у хамчун харир, Оби Чайхун пеши у чун обгир… Дар Самарканд аст канд, аммо лабаш, Аз Бухоро ёфт в-он шуд мазхабаш. Баъдан аз забони ошики содик Мавлоно ба сифати ин шахри азизон ва ба кавли худаш шахри шохи худ ва маскани ёраш мепардозад: Эй Бухоро, аклафзо будаи, Лекин аз ман аклу дин бирбудаи. Бадр мечуям, аз онам чун хилол, Садр мечуям дар ин саффи ниол. Мавриди дигар дар Куллиёти Шамс бошад аз шахри Чанд ёд мекунад, ки аз шахрхои Фароруд буда, замони хамлаи мугул ба коми адам фуру рафтааст. Эй табъи русиях, суи хинд бозрав, В-эй ишки турктоз, сафар суи Чанд кун. Дар манобеи таърихи дар тафсири чугрофиёи Чанд таъкид шуда, ки шахре аз шахрхои бузурги Мовароуннахр будааст, ки дар карни 7 – уми хичри хангоми хамлаи Мугул яксара вайрон ва нобуд гардид. Алиакбари Деххудо низ дар такя бар маводи осоре чун «Мунтахи ул-араб», «Муъчам ул-булдон», «худуд ул-олам», ин шаххро аз бузургшахрхои Мовароуннахр дониста, чугрофиёи онро дар канори руди Сайхун мукаррар мекунад, ки ба асари хамлаи мугул аз нишоне намонда . Дар канори руди Сайхун чугрофиёи таърихии ягона доштани шахрхои Хучанд ва Чанд гохо боис ба он хам гардидааст, ки онхо як шахр дониста шаванд. Аммо аз иттилои Атомалики Чувайни зимни баёни ходисаи хамлаи мугул вуруди лашкар ва асокири онро ба ин ду шахр паси хамдигар зикр мекунад, ки ин матлаб дар фосилаи кариби хамдигар макон доштани шахрхоро ба субут мерасонад Дар шеъри классик низ гохо ин ду шахр мисли шахрхои карине чун Самарканду Бухоро ёд шудаанд. Чунончи Анвари гуяд: Ту ки дар хифзи эзади чи куни, харзу таъвизи ахли Чанду Хучанд. Дар мачмуъ, Мавлоно хар чо рох ба Самарканду Бухорову Чанду Хучанд мечуяд ва пеш аз хама бо овардани асомии ин балдаву шахрхои бузургу азиз барояш ёде аз ватани обои худ мекунад ва хумори васл мешиканад. Аз дигар су, чун ин шахрхо хадиси ватани асливу ачдодии Мавлоноро мекунанд ва аз рузгори рафтаи вай хикоят мекунанд, у дар сувари ин амокин мазхарии тачаллии зоти хакики ва партавгохи мухаббати эзадиро кашф мекунад ва аз ин ёдмонгоххо рох ба суи асолат мечуяд. Ин аст, ки ин шахрхо баробари ифодаи вокеияти зиндагии Мавлоно самбулхои хакикатшиноси, ишку алока ба асли худ ва муфассири ростини ин байти худи Мавлоно ва накди холи вайанд: хар касе к-у дур монд аз асли хеш, Боз чуяд рузгори васли хеш. Бозшиносии суннатхои фархангии точики, ки басомадхое дар китоби безаволи Мавлоно доранд, бахсе доманадор аст ва имкон дорад, ки ин матлаб аз тарики равишхое муайян ва тамоюлхое чандгона матрах шавад. Усули аввал дар корбандии амсол ва хиками точики, корбурди вожаву таобире, ки аз фарханги шифохии мардуми ин мантака сарчашма мегиранд, ифода меёбад. Барои таъйини назари хеш метавон ба истифодаи масали «бо думи шер бози накардан» ишорат намуд, ки дар маснави ба кор рафта ва дергохест, ки дар фарханги шифохии мардуми точик истифода мешавад. Мавлоно дар зикри достони «Иброхими Адхам ва лаби дарё» аз дафтари дувуми Маснави фармуда: Бо думи шере ту бози мекуни, Бар малоик турктози мекуни. Чунонки гуфта омад, ин зарбулмасал миёни точикон маъруфияти зиёд дорад ва аммо нуктаи чолиб он аст, ки донишманди эрони Мухаммадали хакикати Симнони дар китоби «Зарбулмасалхои манзуми форси» асли зухури онро аз Маснави донистааст. Дар такя бар ин назар чунонки каблан хам таъкид шуд, худи «Маснавии маънави»-ро хамчун сарчашмаи тазохури амсолу хиками форси шинохтан мумкин аст, ки ин хам чанбае аз боргохи хунари шоирии худовандгори маснавиро ошкор месозад. Миёни точикон таъбири «тухм ё дона бар шура пошидан» хам маълум аст ва ин албатта масалест, ки дар адабиёти пешини форсу точик собикаи зиёд дорад ва шуаро онро бо шевахои мухталиф корбанди кардаанд. Аз чумлаи онхо «Оби хайвон бар замини шура пошидан», «донаи гавхар бар мурги арзанхора рехтан», «шакаристон ба коми магасон додан», «тухм бар шура рехтан» ва гайра махсуб мешаванд. хамаи ин таобири мушобех ба маколу масал маънии анчоми кори бехударо доранд ва чунонки гуфта омад, имруз хам дар фарханги шифохии мардумии точик истифода мешаванд. Махсусан, хамон таъбир, ки Мавлоно онро дар сурати «тухм бар шурахок рехтан» ба кор гирифтааст, дар гуйиши точикон маъмул аст: Панд гуфтан бар чахули хобнок, Тухм афкандан бувад бар шурахок. Вожаи шурахок хам бештар дар гуфтори точикон истифода мешавад ва дар манотики мухталифи Точикистон ба маънии хоки шура ё намакаш зиёд ба кор меравад, ки ба иллати нуфузи шура дар он чизе намеруяд. Таркиби «на сих сузад ва на кабоб», ки дар гуйиши точикон хамчун ибораи рехта ба маънии дар анчоми коре манфиати ду чонибро ба назар гирифтан маъруфият дорад, дар «Маснавии маънави» айни хамин маъни корбанди шудааст: Гуфта, ногуфта кунад аз фатхи боб, То аз он на сих сузад на кабоб. Муодили ин таъбир ё наздик ба он дар забони форсии точики таркибхои «хам лаъл ба даст ояду хам ёр наранчад», «бо як тир ду нишон» ва амсоли ин истифода мешаванд. Барои ифодаи холати тарс дар гуйиши точики аз таъбирхои монанди барги бед ларзидан ва ё ба чун барг ларзидан, инчунин ба мисли буз ларзидан истифода мешавад. Мавлоно хам дар «Маснави» ин таркибро ба сурати «бар мисоли барг ларзидан» ба кор гирифтааст, ки холати тарс ё вазъи инсони тарсуро ифода баён месозад. Бар мисоли барг меларзи, ки вой, Гар равад рузу нишон н-ояд ба чой. Дар баёни авчи холати тарс дар фарханги мардуми точикон таъбири «захра даридан», «захрадарид шудан», «захракаф шудан» ва амсоли ин ба кор гирифта мешавад. Бахусус, шакли «захра даридан», ки бештар дар шеваи гуфтори точикон ба кор гирифта мешавад, дар Маснави бо хамин сурат ва маъни истифода гардидааст: Он яке тути зи дардат буй бурд, Захрааш бидриду ларзиду бимурд. Дар хамин байт таркиби дигаре аз чунин тарокиб дар сурати «буй бурдан» истифода шудааст, ки дар фарханги оммаи точикон ба маънии огах шудан, хабар ёфтан ба касрат ба кор гирифта мешавад. Агар маркабе бештар хислати рамидаги ё шуху шанги дошта бошад ва идораи он аз чониби сохибаш мушкил гардад, точикон онро «чавмаст» мегуянд. Мавлоно хам ин таркибро дар «Маснави» ба сурат хар аз «чав маст шудан» истифода бурдааст: хин ба хар масте, дило гарра машав, хасти Исо масти хак, хар масти чав. Шеваи дигари партави суннатхои фархангии точики ба корбурди вожахое марбут аст, ки имруз дар гуфтори мардуми точик ва забони шифохии мантака ба касрат истифода мешавад ва иддае аз онхо ё забони адаби берун мондаанд ва ё чои худро ба муодилхои дигар иваз кардаанд. Чихати пажухиши бештари ин масъала зарурате пеш меояд, ки ин усули корбурди вожахо дар чанд даста барраси шавад: а) вожахои истилохи, ки падидахои фарханги хонаводаги ва мухити ичтимоии точикиро ифода мекунанд. Ба ин гурух анвоъи хурока, афзор ва ашёи хонаводаги, лузумоти зиндаги, суннатхои фарханги мардумии точикон шомил хастанд. Барои намуна аз Маснави чанд мисол зикр мешавад: анвоъи хурока: Тутмоч- навъе аз хурок аст, ки онро угро хам гуянд ва бештар бо фатир тановул кунанд. Фатир бошад нони равгание бошад, ки бештар дар шахрхои Мовароуннахр бо равган ва гузоштани донаи растании сияхдона дар руи он тахия кунанд. Ин вожа миёни точикон хеле мустаъмал аст: Оби тутмочаш дихад, к-инро бигир, Гар намехохи, ки нуши з-он фатир. Шурбо:- навъе аз хурок бошад, ки аз обу равгану гушту сабзи ва картошка тахия кунанд. Дар шархи ин калима дар Фарханги форси»-и Мухаммад Муин омадааст: «Шурбо ё шурбоч оши содда, ки бо биринч ва анвоъи сабзи пухта шавад. Аммо миёни точикон агар бо ин навъ хурок биринч хамрох намоянд, онро шурбои холис, яъне шурбо намегуянд. Шурбои асл танхо ба василаи истифодаи гушту сабзи ва пиёзу картошка тахия гардад ва дар фарханги хонаводагии точики агар иловатан бар ин лузумот чизе дигар хамрох кунанд, он гох номи он махсули илхоки ба калимаи шурбо илова мешавад. Масалан, агар карам хамрох кунанд, гуянд, карамшурбо, хатто агар бо гушти мург тахия шавад, онро мургшурбо меноманд. Аз газаб шурбои сузон бар сараш, Зан фуруш резад, шавад кал мигфараш. Залла- хуроки пасмонда ё исрофшударо гуянд: Боз густохон адаб бигзоштанд, Чун гадоён заллахо бардоштанд. Афзоре, ки дар фарханги хонаводагии мардуми точик барои анчоми корхои богдориву заминдори истифода мешавад, бо хамон номхои роич миёни точикон дар «Маснави» мавриди истифода шудаанд. Анвоъи зуруф: Аз номгуи афзоре, ки барои тахияи хурок истифода мешаванд ва бо ин номхо бештар миёни точикон роичанд, Мавлоно инхоро ба кор гирифтааст: Дег- зарфе, ки дар он хурок тахия шавад: Бингар андар наххуде, дар дег чун, Мечахад боло! Чу шуд оташ забун. Нахуд хам номи зироате аст, ки онро барои омода намудани хурокхои зиёде истифода кунанд ва точикон дар аксар анвоъи хурокашон, аз чумла оши точики аз он истифода мебаранд. хатто аз он хуроке чудогона хам омода мекунанд, ки миёни мардум ба таъбири «гармак» маъруф аст ва дар мантакахои чудогонаи Точикистон, аз чумла шахри Хучанд хонаводахое маъруф ба пазандагии ин навъи хурок ханузам маъруфият доранд. Кафлез- афзоре, ки барои тахияи хурок ва кашидани истифода мешавад. Чун хариди, чун нагунам мекуни, Мезанад кафлез кадбону, ки не. Миёни точикон бо истифода аз ин ду калима маколи маъруфе бад-ин шакл хам хаст: «Агар дар дег бошад, дар кафлез меояд»- ба маънии агар шахсе дар бисоташ андухтае ё донише дошта бошад, онро метавонад бемушкилот ба забон оварад. Дар байти боло калимаи кадбону хам истифода шудааст, ки бо вожахои кабли иртиботе дорад. Кадбону -сохибхонаеро гуянд, ки хурокро тахия намояд. Одатан точикон дар гуйиши худ кадбонуро нисбати бонувоне истифода мекунанд, ки дар тахияи анвоъи хурок махорати тамом доранд. Бел- афзоре, ки барои нарм кардани замин, кушодани об, бардоштани хок ва корхои дигаре истифода бурда мешавад ва бо хамин ном миёни мардуми точик роич аст. Мавлоно мегуяд: Мункатеъ шуд хону нон аз осмон, Монд ранчи заръу белу досамон. Дос бошад воситае аст, ки бо он мачмуи зуррот, чун гандуму чав, инчунин анвоъи алафро бидараванд. хамчун вожаи ифодагари ин маъни дар гуйиши точик мустаъмал аст. Либос ва пойафзол: Чорук- пойафзоле аст, ки бештар шубонон мепушанд ва худи дарзиёни махалли онро тахия мекунанд. Пустин- чомаи гафсе, ки хангоми сардихо ба бар кунанд ва инро хам бештар шубонон истифода кунанд. хар ду мафхум дар гуйиши точики басомади фаровон дорад: Чорукат рабъи кадоми Осаф аст, Пустин гуйи куртайи Юсуф аст. Муродифи дигари ин калима муза хаст, ки дар фарханги хонаводагии точикон роич аст ва Мавлоно ба ин шакл хам дар «Маснави» байте дорад бад-ин шакл: Зуд мехмон часту гуфт: «Эй зан бихил» Муза дорам, ман надорам бим зи гил. (541) Истилохоти дигари марбут ба фарханги хонаводаги ва баёнгари нукоти зиндагии точикона: хезум- чуби хушкро гуяд, ки асосан барои сухтан чихати тахияи хурок ё гарм кардани хонахо истифода баранд. Точикон ин вожаро дар гуйиши худ ба касрат истифода мебаранд: Ранчаш аз сафрову аз савдо набуд, Буйи хар хезум падид ояд зи дуд. Охур- калимаи маълум дар гуйиши точикон аст ва ба маънии чои бастани хайавони хонаги ва чойи рехтани хурок барои он хайвонот истифода шавад. Рустои гов дар охур бубаст, Шер говаш хурду бар чояш нишаст. (132) Новдон- чуб ё афзори охание, ки руи шифти хонахои гили гузоранд ва хангоми боридани борон оби болои хона тавассути вай ба кучахо бирезад. Миёни точикон бо истифода аз ин вожа як масале ба унвони «аз борон зери новдон» хам маъруф аст: Як зане омад ба пеши Муртазо, Гуфт: «Шуд бар новдон тифле маро». Гар-ш мехонам намеояд ба даст, В-ар хилам, тарсам, ки афтад у ба паст. Боми кахгилбаст- боми хонахоеро гуянд, ки ба гили онхо ках омезанд ва ин таъбир миёни точикон маълум аст, зеро ханузам дар кисмате аз минтакахои кухистон чунин усули бунёди сарой ё огилхоро барои нигахдории хайвоноти хонаги ба кор мегиранд: Аввали ин панд хам дар дасти ту, Сонияш бар боми кахгилбасти ту. Хатнасур- унвонии маросиме аст, ки бештар миёни ахли суннат роич аст ва тифлро хатна кунанд ва ба ин муносибат маросиме ороянд, ки онро хатнасур мегуянд: хар ду бистар густариду рафт зан, Суи хатнасур кард он чо ватан. Анвоъи рустани ва дарахтон: Карафс – дар лугатхо аслан ин калимахо хамчун номи гиёхе ташрех додаанд, ки онро истеъмол мекунанд. хатто дар «Фарханги забони точики» афзуда бар маънии боло тавзех шуда, ки агар онро инсони каждумгазида истеъмол кунад, мемирад. Аммо он чи имруз дар гуйиши точики аз ин калима боки мондааст, номи хамон гиёхе аст, ки бештар дар канори рудхонахо ва чойхои сероб дар манотики наздикухи меруяд ва онро медараванду хушк мекунанд то хурокаи хайвоноти хонаги хосил шавад. Бештар дар сурати хушкшуда ба сифати хурокаи хайавон ба кор мегиранд. Му ба муву зарра –зарра макри нафс, Мешиносиданд чун гул аз карафс. Мавлоно ба он хотир ба вачхи тамйизи гул аз карафс ишорат мекунад, ки карафс хам дар фарк ё шохахои чудогонаи худ гули сафед дорад, аммо харгиз гули он ба масобаи гули ороиши ё эхдои ба кор гирифта намешавад. харчанд ин рустани дорои гул аст, аммо ба силки гулхо ворид намешавад. Усули дигари корбандии унсурхои фарханги точики дар «Маснави» ба кор гирифтани калимахо тибки вижагихое мебошад, ки хоси гуйиши точики мебошанд ё ба таъбири дигар Мавлоно калимотеро истифода мекунад, ки холо бештар дар гуйишхои мухталифи забони точики махфуз мондаанд. Масалан, дар гуйиши точикон мулхак шудани пасванди –ак ба калимот бештар барои ифодаи поин овардани макому манзалати шахс ё сифати ашё, инчун тахкир ва каму нодида гирифтани он истифода мегардад. Ин равиш дар «Маснави» низ басомади зиёд дорад, ки овардани чанд намуна барои он санаде дар тасдики ин матлаб хохад буд: Он далел омад, ки он хуршед нест, Нафрати хаффошакон бошад далел. *** хам гувохи уст икрори малак, хам гувохи уст куфрони сагак. *** Чумла гуфтанд: «Эй шаголак хол чист» Ки туро дар сар нишоте мултавист. Гохо илхок шудани пасванди ак- ифодаи хурдиву кучаки ва навозишро хам дорад ва махсусан дар гуйиши марказии забони точики ин усули истифодаи пасванди мазкур роич аст. Мавлоно мушаххасан чое ин ба ин маъни истифода шудани пасванди мазкурро таъкид мекунад: Кофи рахмат гуфтамаш, тасгир нест, Чад гуяд «тифлакам» тахкир нест. Шеваи дигари мутобик ба гуйиши точики ба шаклхои зерин истифода бурдани калимахо махсуб мешавад, ки харчанд дар забони адаби низ басомади афзун дорад, аммо дар гуйишхои манотики мухталифи Точикистон низ он ба махсусияти чолиби забони бадал шудааст: Шиносанда- ишносанда: Саг шиносо шуд, ки мири сайд кист. Эй Худо он нури ишносанда чист, Сиголид – исголид Бо гил андоянда исголид гил, Даст коре мекунад пинход зи дил. Шикастакамон- ишкастакамон Акли даррок аз фироги дустон, хамчун тирандози ишкастакамон (310) Дар «Маснави» басомади он калимоте низ зиёд аст, ки имруз бештар дар гуйишхои мухталифи точики махфуз мондаанд ва ба назар хам мерасад, ки шояд то рузгори Мавлоно ин калимот аслан дар забони адабии форси чой доштанд ва ба иллати чойгузини онхо шудани муодилхои чадиди араби ё калимоти дигар танхо дар гуйишхо хифз шудаанд. Масалан, дар огози маснави мо ба таркиби «Шарха-шарха» дучор мешавем, ки ин калима дар гуйиши точики ба шакли «шалха- шалха» хам махфуз мондааст: Сина хохам шарха –шарха аз фирок, То бигуям рози дарди иштиёк. Дар байти зерин бошад, феъли амрии «мефути», ки масдари он футидан аст, ба маънии калавидан ё шакли дигари гуйишии гечидан истифода мешавад: Мефути ин суву он су маствор, Эй ту ин су! Нестат з-он су гузор. Гунудан ё шакли дигари он ганав рафтан- ба маънии хобидан, орамидан. Дар гуйиши точикон аслан ба маънии холате аз миёни хоб ва бедориро гуянд ва муодили ин калима ибораи «пинак рафтан»-ро хам истифода мебаранд: Он кароре, ки ба зан у дода буд, Гашт мубдал, в-он тараф мехмон гунуд. Дар шеъри классикии кабл аз Мавлоно хам чой дорад. Аз чумла, устод Рудаки фармуда: Турунчи бедор андар шуда ба хоби гарон, Гули гунуда барангехта сар аз болин. Масодири «тарошидан» ва «харошидан», ки дар шеваи гуфтори точикон мустаъмал мебошанд, дар мутобикат ба хамин маъонии роич дар гуйиши точики аз чониби Мавлоно ба истифода гирифта шудаанд: Андар ин рах метарошу мехарош, То дами охир даме фориг мабош. Вожаи «гурм» дар фархангхо ба маънии андух, гам тафсир шуда, дар таркиби калимаи мураккаби «гурмдор» ифодагари шахси андухзадаву гамгин аст. Аммо дар гуйиши точики калимаи мазкур бештар дар нисбати дарахтони бузург истифода мешавад ва агар дар танаи он дарахт нуксе ё ба таъбири дигар чурме вучуд дошта бошад, онро «гурм» гуянд. Тахмин метавон кард, ки вожаи «чурм» ба маънии айбу нуксон муарраби гурм аст, ки имруз танхо дар фарханги мардуми мавриди истифода карор дорад. Мавлоно ин калимаро ба шакли кухани он, яъне хамон «гурмдор» истифода кардааст, ки асли он дар забони гуфтугуии имрузаи точики хам мафхуз монда: Шаб дар он хучра нишаст он гурмдор, Бо умеди ваъдаи он ёри гор. Барои намунаи чунин калимот аз «Маснавии маънави» вожагони дигареро чун «полон», «берузи», «шистан», «гаркоб», «фурча», «потоба» ва гайра бо зикри абёти шохид метавон овард ва ин теъдодро зиёдатар аз ин хам афзуд, ки дар шеваи гуфтори мардуми точик бозтоби хоса доранд ва хатто миёни мардум бо хамон маъонии дар «Маснави» омада роич хастанд. Дар канори ин, Мавлоно зимни истифодаи онхо хамчун суханвари сохибхунар баромад кардааст, ки пажухиши амики масъала низ чанбаи мухими адабиро касб хохад кард. Теъдоде аз калимоти дигарро низ метавон дар матни «Маснавии маънави» дучор омад, ки имруз бештар дар гуйиши точики роичанд. Махсусан, гуише, ки хоси кудакон аст ва дар каломи ибтидоии онон чори мешавад. Кудакони хурдсоли точик пироханро ба шакли «тити» талаффуз мекунанд ва ин вожа дар аксари шевахои мустаъмали Точикистон ривочи афзун дорад. Мавлоно хам дар дафтари дувуми «Маснавии маънави» дар хикояти «Таън задани бегона дар шайх ва чавоб гуфтани муриди шайх уро» ин вожаи гуишии кудаконаро ба хамин шакл истифода кардааст: Пеши тифли нав падар тити кунад, Гарчи аклаш хандасай гети кунад. Хамин тавр, бознигари ва бозшиносии осори Мавлоно, хоса «Маснавии Маънави» дар робита ба пайванди он ба фархангу суннатхои точики аз он шаходат медихад, ки Мавлоно новобаста ба хичрати худ аз зодбуми аслиаш ва зиндаги дар мухити дур аз асолати забони точикии форси барои хифозати аносири хосаи он эхтимоми афзун варзидааст. Агар арчу эхтироми мантакахои чугрофи ва шахру амокини мухаббатрезу мухаббатхези марбут ба сарнавишти таърихии точикон Мавлоноро ба ёдмони Фарорудони азиз, он сарзамини асолат ва зухури хастии худ мебарад, нуфуз ва басомади касир пайдо кардани вожахое, ки ифодагари суннатхои фархангии точикон, падидахои хоси зиндагии мардумии ин кишвар мебошанд ва дар хавзахои дигари форсизабон истифода намешаванд, ба шинохти Мавлоно аз соири аносири фарханги точикон ва мутобикати сабки таълифи асар ба меъёрхои забони точикии имруз ишорат мекунанд. Пайнавишт:

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s