Мавлоно устурлоби инсони ормонии башарист….


Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад…

Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоиддин маъруф ба Мавлавӣ ё Мавлонои Балхи аз бузургтарин чеҳраи саршиносу мушоҳири Ирон ва падари ирфону маърифати ҷаҳон ба шумор меравад. Инҷо тафсилоти бозгӯии тарҷумаи ҳоли ӯ фурӯгузорӣ мекунем ва танҳо ҳаминро хотирнишон месозем, ки хонаводаи ӯ аз дудмони мӯҳтарами Балх дар Хуросони бузурги Ирон буд ва тибқи баъзе манобеи таърихиву адабӣ гуё насабаш ба Абубакри Халифа мерасад ва падараш аз сӯи модар духтарзодаи Султон Алоиддини Муҳаммади Хоразмшоҳ буд ва ба ҳамин ҷиҳат ба Баҳоидини Валад маъруф шуд.

Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ, ки баъдҳо ба унвони Ҷалолиддини Румӣ иштиҳор ёфт, имрӯз яке аз бузургтарин шоирони ирфони машриқзамин ва суханпардози номвари ваҳдати вуҷудӣ дар  тамоми даврон эътироф гардидааст.Холиё ҷаҳон аз дидгоҳи Мавлоно ба шигифт омада ва ҳамин таҷдид дар маърифати афкору атвори Мавлоно муҷиби тағйири масири зиндагии садҳо одамони бо кешу мазҳабу адёни мухталиф гардидааст.

Муаллифи ин сутур бо устоди донишгоҳи Хуҷанд, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, дилбохтаву шефтаи шеъру шахсияти Мавлонои Рум адабпажӯҳ ва шоир устод Нурали Нурзод суҳбате ороста, ки дар зер фишурдаи онро манзури шумо хонандагони арҷманди нашрияи Вароруд мегардонем:

Имрӯз пас  аз гузашти ҳашт қарн ҳанӯз Мавлонову осору суҳани ӯ побарҷост.Чи сирре дар мондагориву бақои ӯву осораш нуфуҳта аст?

Ба номи он, ки дил кошонаи уст,

Нафас гарди матои хонаи уст.

Вақте исми Мавлоно ба сари забонҳо ҷорӣ мешавад, эҳсос мекунам, ки пушти ин вожа шахсияти як нафаре нуҳуфта аст, ки тавониста як ҷаҳонеро дар худ ғунҷоиш диҳад. Ба иттифоқи пажӯҳишгарон дар таърихи адабиёти форсу тоҷик беш аз 5000 шоирон қалам ба даст гирифтаву исми шоирро бар гардани  вуҷуди худ овехтаанд. Аммо инҷо суоле бармехезад, ки миёни ин анбӯҳи бузурги суханварон чаро Мавлоно? Мавлоное, ки мо 800 умин солгардашро таҷлил кардем ва тибқи амри Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон акнун ҳамасола 30 сентябр рӯзи Мавлоно дар тақвими миллати мо ҳак шудааст. Фикр мекунам, посухи аввалия ба ин суолро ҳанӯз ба рӯзгори хеш худи Мавлоно гуфта буд:

Офтоби маърифатро нақл нест,

Машриқи ӯ ғайри ҷону ақл нест.

Мавлоно барҳақ яке аз он ҷеҳраҳои беназиру соҳибном дар адабиёти оламшумули форсу тоҷик маҳсуб мегардад, ки бо анҷоми рисолати инсониву суханварии хеш исмашро дар саҳифаҳои абадият рақам зад ва фаротар аз ин тавонист бо хориқаи нотакрору фитрати мунаввараш оташе дар бешаи андешаҳои инсоният афрӯзад.

Дар як ҳадиси қудсӣ омадааст, ки «Худованд гуфт: ман ганҷе будам пинҳон, хостам шинохта шавам, биофаридам офардигонро то шинохта шавам». Бо мурур ба асолати маънии ин каломи  саршор аз маърифат ман яқин мешуморам,ки ваҷҳ ё худ санади мондагории исму амали Мавлоно пеш аз ҳама он аст, ки дар канори анҷоми рисолати худ аз ин роҳ ба қаламрави мамлакати қалбҳои инсоният новобаста аз маҳдудаҳои милливу мазҳабӣ ва дигар инҳисор раҳ ёфт.Агарчи то сини 38-солагӣ  ин рисолатро дар шахсият, андеша ва амали худ ба ҳайси як фақеҳ собит кард, баъдан  чароғонии вуҷуди Мавлоно аз оташи ишқе, ки бар асари бархурд бо Шамси Табрез таҷаллӣ кард, илали мондагории ҳазрати Мавлоноро боз ҳам буруз бахшид. Хамин ишқе, ки  фаротар аз ҳамаи таалуққот ва ҳар чӣ дар пиндору андешаи башарӣ буд,  тавонист бо ҳузури хеш дар оинаи ҷони Мавлоно тамоми қавонин ва меъёру марзҳоро бишкаста Худовандгори нардбони осмон – Маснавии маънавиро ба сурати як инсони ормонӣ дар пешоруи башарият мутаҷаллӣ созад. Шеъру андешаи Мавлоно мунҳасир ба як миллату халқият ва ё мактабу мазҳаб нест, балки  тафаккури посухгӯ ба ниёзҳои равонии башарӣ аст, ки ба масобаи ормони инсоният қарор гирифта, аз камолоти гӯяндаи худ паём расонидааст. Санади ин гуфтор тарҷумаи  осори Мавлоно ба соири забонҳост ва чун вақте ин кор анҷом ёфт, ҷомеаи башарӣ дар симои Мавлоно як мубаллиғи андешаву ормонҳои худро пайдо кард.Ба иттифоқи пажӯҳишгарон ҳатто ба рӯзгори хеш вақте Мавлоно даргузашт, пояи тобути ӯро ҳазорон нафар аз намояндагони адёни масеҳию насронӣ ва  намояндагони ақвоми мухталиф бардоштаву ба роҳи абадият гуселаш карданд. Ба назари ман, ҳамон Шайхе ҳам, ки дар оинаи пиндори Мавлоно ба ҷустуҷӯи инсон, пайдо кардани ончи нопайдост дар даст чароғ рӯзону шабон шаҳр ба шаҳр, русто ба русто мегардад, худи Мавлоност:

Дӣ Шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу Инсонам орзуст.

Яъне Мавлоно, ки дар пайи ҷустуҷӯи як нафар инсони ормонӣ буд ва тавонист, ки дар худаш ҳамон инсонро кашф намояд ва барои дигарон манзур созад. Агар он инсонро худи Мавлоно пайдо накард, башарият дар симои Мавлоно он ормони инсонро пайдо кард ва шеъру андешаи Мавлоноро меҳроби  саодати маънавии хеш мешуморад. Ламъаҳои ин оташи ҷонсӯзи беранг ва партави анвори ин офтоби беғуруби маърифат фосилаҳои қарнҳоро барҳам задаву имрӯз Шарқу Fарбро ба ҳам васлу карда… ҳарчанд худ:

На Шарқиям, на  Fарбиям, на барриям на баҳриям,

На аз кони табииям на аз афлоки гардонам.

На аз Хинду на аз Чинам, на аз Булғору Сиқсинам,

На аз мулки Ироқинам на аз хоки Хуросонам…

гуфта, ки тақвияти маҷмӯи ин андеша ба шинохти асолати Инсон ба дар ҷаҳоншиносии Румӣ ва барҳам задани ҳамаи авомили зоҳирии садҳои мазҳабиву динӣ дар андешаҳои Мавлоност. Маҳз, ҳамин оташи инсоншинохтӣ ва инсонгароии Мавлоност, ки дар бешаи андешаҳои Шарқу Fарб, Арабу Аҷам, Ислому моварои он оташи фурӯғи маърифат ва асолатшинохт афрӯхт ва номи Мавлоноро дар авроқи адабият ва равоқи синаҳои мардуми ориф- ҳар он нафаре, ки берун аз қаволибу қавонини тафаккур, мазҳаб ва дини худ ба ҷустуҷӯи ҳақиқат ва шинохти холиқи олам қадам бардошт, мунаққаш сохт.

Аз илали дигари мондагории Мавлоно осори ӯ маҳсуб мешавад, Мурур ба мӯҳтавои Қуръони паҳлавии ӯ ин амрро собит месозад, ки танҳо дар  ҳамин асар беш аз 1800 мавзӯъ матраҳ шудааст. Тафаккур дар ин нусрати маънавӣ ҳикматеро кашф менамояд, ки ҳаргиз як нафар инсон бидуни фоиз будан аз як нерӯи фавқутабии наметавонад ин шоҳкориро ихтироъ намояд ва ҷони башариятро тасхир намояд, ҳамин Мавлоно буд, ки бо инояти Худованд ва фаязони анвори ҳақ дар фитрату сиришти ӯ тавонист, ин нори ҷонсӯз ва созандаву офаринанда, на сӯзандаро  мувафаққона истифода намояд ва маҷмӯан чеҳраи ростини инсони ормониро дар симои худ нақш бандад.

Ба андешаи Шумо нигоҳи Мавлоно ба ишқ ин ҷавҳари ҳастӣ чи гуна аст? Ва мехостам дидгоҳи Шуморо оиди мулоқоти Мавлоно бо Шамс бидонам.Оё чи амр муҷиб гашта, ки Мавлонои фақеҳ ба як орифи шуридадил табдил ёбад?

Хақиқати таҷаллии ишқ дар ниҳоди Мавлонои фақеҳ танҳо баъд аз 38-солагӣ зуҳур кард ва метавон гуфт, ки каъбаву бутхонаву майхона ва хонақоҳи ишқи Мавлоно дар вуҷуди Шамси Табрезӣ ҷилва рехт. Дарси ишқ ё ба таъбири худ дарси  ваҷду ҳолро Мавлоно дар мактаби иродати Шамси Табрезӣ омӯхт. Ин аст, ки дар як ғазали хеш Мавлоно Шамси пиру муриду дарду давое ва раҳнаварди сӯи ҳақиқат медонад:

Пири ману муриди ман, дарди ману давои ман,

Фош бигуфтам ин сухан, Шамси ману  Худои манн.

Аз ту ба ҳақ расидаам, эй ҳақи ҳақгузори ман,

Лаҳзаҳои бархурди ӯ бо Шамси Табрезӣ дар аксари сарчашмаҳо ва кутуби пажӯҳишӣ мазкуранд, ки тафсилоти нақли онро сарфи назар мекунам.  Аммо нуктаи ҷолиб он аст, ки ин мулоқот ҷанбаи ғайбӣ дошта, то иттифоқ афтоданаш дар каломи пири Шамси Табрезӣ, бобо Камоли Ҷандӣ пешгӯӣ шуда буд. Мутобиқи нақли Абдураҳмони Ҷомӣ Рӯзе Бобо Камол вайро (яъне Шамси Табрезӣ)гуфт: «Фарзанд Шамсиддин аз он асрор ва ҳақоиқ, ки фарзанд Фахриддини Ироқиро зоҳир мекунад, бар ту ҳеҷ лоеҳ намешавад?» Гуфт: Беш аз он мушоҳида меафтад, аммо ба воситаи он, ки вай бо баъзе мусталаҳоти варзида метавонад, ки онҳоро дар либосе неку ҷилва диҳад ва маро он қувват нест. Бобо Камол фармуд,ки: ҳақ субҳона ва таъоло туро мусоҳибе рӯзӣ кунад, ки маъориф ва ҳақоиқи аввалин ва охиринро ба номи ту изҳор кунад ва йанобеъ ҳукм аз дили ӯ ба забонаш ҷорӣ шавад ва дар либоси ҳарфу савт дарояд. Тирози он либос номи ту бошад» ва ҳамин мусоҳиб Мавлоно буд. Нуктаи аслӣ аз таъкиди ин матлаб он аст, ки бархурди Мавлонову Шамс як воқеияти тасодуфӣ набуда, балки амри азалист,ки аз милоди Худовандгори Маснавӣ бо сурати нав башорат овард. ҳамин аст, ки асолати ишқ дар андешаи Мавлоно дар оинаи вуҷуди Шамси Табрезӣ таҷаллӣ дорад. Мавлоно бо ҳузури пайдо кардани ишқ дар ниҳодаш собит намуд, ки инсон метавонад садоқати олиро дар худаш нисбати инсон таҷассум намояд. Яъне ишқ аз нигоҳи ӯ воқеан як василаи камолоти рӯҳии инсон маҳсуб мегардад.Дар Маснави ишораҳоест дар бораи ишқ.

Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,

Ишқ устурлоби асрори Худост.

Дар канори ин ки ишқро Мавлоно устурлоби асрори Худо медонад, боз ҳам ҷойгоҳи мафоҳими ишқи маҷозӣ ва осмонӣ аз назар ӯ дур нест. Вақте Мавлоно

Ишӯҳое к-аз пайи ранге бувад,

Ишк наб-вад оқибат нанге бувад.

мегӯяд, ошкор мешавад, ки Шамси Табрезӣ барои Мавлоно мазҳарии таҷаллии Худовандӣ аст ва маъбади ишқу ирфон. Аз сӯи дигар ишқ аз нигоҳи Мавлоно василаи иртиботи инсон бо Худост.Ба қавли худи Мавлоно ишқ инсонро пила-пила то мулоқоти худо мебарад ва ин ишқ на ба ҳар дил фуруд меояд. Чун Мавлоно мегӯяд

Оташ аст ин бонги ною нест бод

Хар ки ин оташ надорад, нест бод.

Назари дигари Мавлоно роҷеъ ба ишқ ин ҳамон ҳолати авҷ ё ваҷдест, ки инсон бояд расад ба мисли Мансури ҳаллоҷ, ки бо садои “Аналҳақ” дар авҷи дарёи маввоҷи ишқ ғарқ гардид. Мавлоно ин асрорро дар бархурд бо Шамс тавонист кашф кунад. Ин ҷо танҳо ёдоварӣ аз як ҳолати бархурди Мавлоно бо Шамс кофист, ки румузи ишқ аз диди Мавлоно ҷилва пайдо кунад. Мутобиқи ривоёт вақте Мавлоно бо ҷамъе аз шогирдон машғули тадрис буд, иттифоқан дарвеше омаду китобашро гирифта аз ӯ пурсид ин чӣ китобест, ки мехони? Мавлоно гуфт “Ин дарси қилу қол аст, ки ту надонӣ” Дарвеш китобро ба оташ партоб намуд, ва чун Мавлоно ба хашм омад аз ин амали дарвеш, ӯ дасташро самандвор андаруни оташ бурд ва китобро берун овард бидуни ҳеҷ газанде. Ё тибқи ривояте, гуё дарвеш он китобро ба дарё мандозад ва чун Мавлоно ба хашм меояд онро аз об хушк берун меорад.Ва чун ҳазрати Мавлоно аз бархурд ба ин ҳолат ба ваҷд омад , суол кард, ки ин чӣ амал буд?, Он дарвеш, ки ҳамон Шамс буд, дар посух гуфт, “ин дарси ваҷду ҳол аст, ки ин ҳам ту надонӣ”. ҳамин як ҷумлае буд, ки ба қавли худи Мавлоно як оташе дар бешаи андешаҳои ӯ ангехт. Ба ин тариқ, Ишк аз диди Мавлоно як оташест, ки фурузон аст чун хуршед ва нардбонест пила –пила то мулоқоти Худо мебарад инсонро. ҳамин ишқ буд, ки дар саропои Шамси Табрези таҷаллӣ кардааст, ки Мавлоно дар мазоҳири маъбади ишқи ба ӯ ҷониби ҳақиқати кулл раҳ гирифтааст.

Имруз эронию афғонӣ, тоҷик ва ё дигар милал Мавлоноро аз худ медонанд.Оё шумо дар ин маврид чи андеша доред ва миллияти Мавлоноро чи мешуморед?

Албатта ҳар як шахсияти бузурге, ки метавонад дар доираи меъёрҳои башарӣ зиндагӣ кунад, барояш мазҳаб, забон, нажод меъёрҳои маснуӣ дониста мешавад. Мавлоно ҳам мегӯяд:

Ҷумла як зотанд, аммо мутасиф

Ҷумла як маъно иборат мухтлиф

Аз илали дигари шукӯҳи Мавлоно ин аст, ки Маснавии Маънавӣ ба соири забонҳо тарҷума шуд ва имрӯз вақте як нафар ин шоҳасарро бо забони олмонӣ ё инглисӣ ва дигар забон мехонад, фикр мекунад, ки дар доираи ниёзҳои рӯҳонии ӯ нигошта шудааст, яъне дархури ниёзҳои равонии ӯст. .Шоир, олим, нависандаи ростин  шахсиятҳоеянд,ки аслан бояд дар доираи қонунбандӣ ва инҳисори фикриву иҷтимоиву ҷуғрофӣ зиндагӣ накунанд.Хадафи аслии зиндагии эшон бозгӯӣ ва шарҳу тафсири авотифе мебошад, ки ба ниёзҳои тамоми ҷомеаҳо, ақвому милал посухгӯ бошад. Намоди ҳамин гуна шахсият барои мо Мавлоност.Бо ин ҳама  муштаракоти рӯҳонӣ, ки аз шеъру андешаи Мавлоно маншаъ мегирад ва ӯро шахсияти ормонии башарӣ муаррифӣ менамояд,  мо низ ифтихор намоем,ки Мавлоно фарзандест, ки аз дудмони миллати мо ва ин хоку оби ин макон бархоста. Аслан набояд мо рӯи масъалаҳои ҷуғрофиёи зиндагонии Мавлоно  баҳс кунем. Забону андешаи тоҷиконаи Мавлоно худ оинаи таҷаллии ин ҳақиқат аст. .Имруз бисёр калима ва вожаҳои дар Маснавию осори дигари Мавлоно ба кор рафта, бештар дар гӯиши мардуми Тоҷикистон маҳфуз мондаанд ва ҳанӯзам истифода мешаванд. Ин дар ҳолест, ки он калимот дар гӯишҳои дигари форсизабонони дигар камтар маъруфанд ё аслан истифода намешавад. Мисоли рӯшан барои исботи ин назар ин аст, ки агар мо ба як кӯдаки тоҷик пироҳанеро нишон бидиҳем ва аз ӯ номи онро пурсем, вай ба забони кӯдаконаи хеш “титӣ” мегӯяд.Мавлоно ин вожаро бо ҳамин маънӣ дар «Маснавӣ» истифода карда::

Пеши тифли нав падар тити кунад

Гарчи аклаш ҳандаса гети кунад.

Мисли ин вожаҳои зиёд аст, масалан вожаҳои дег, коса, кафлес,ё унвонии гулу гиёҳон. Як гиёҳе ҳаст, ки бештар дар минтақаҳои кӯҳистон мерӯяд, ва номаш карафс аст. Имрӯз  дар луғати адаби мустаъмал нест,аммо дар шеъри Мавлоно бо ҳамин ном ва маънӣ ба кор рафт. Ба ин монанд вожаҳои зиёде ҳаст, ки қисмате аз ононро дар мақолае баррасӣ кардаам. Аз сӯи дигар, ибораҳои маъмулӣ дар гӯйиши тоҷикон ва зарбулмасалҳои халқии тоҷикӣ низ фаровон истифода шудааст: амсоли «аз тарс мисли барги бед ларзидан», «заҳр даридан», «бо думи шер бозӣ кардан», «аз барои кайк пӯстин сӯхтан» ва монанди ин. Хамаи ин нукот ишорат бар он доранд, ки шеъри Мавлоно бо як тафаккури саршори тоҷикона бар авроқи таърихи нузул ёфта, худи шахсияти вай беш аз пеш намоди ифтихор ва хуршеди мутаҷаллии саодати маънавии миллати мост.

Нигоҳи Мавлоно ба падидаҳои табии чи гуна аст ?

Бояд гуфт, ки як вижагии аҳли ирфон ва меҳвари таълимоташон дар он таҷассум ёфта буд, ки онон бештар аз зовияи маънии ин ҳадиси шарифаи Расули акрам (с) амал мекарданд: «ҳар кӣ худро шинохт, Худоро шинохт» ва ин худшиносӣ дар таълимоти Мавлоно маҳдуд ба шинохти худи ӯ  набуд.Вакте инсон воқеаҳои зиндагияшро мебинад, зебоиҳои ҳар зарраро, ки таҷаллигариӣ анвори офтоби ҳақиқатанд, мушоҳида мекунад ва аз ин роҳ ҷодаи камолотро тай мекунад, дар ҳамин росто роҳи камолоти хешро мепӯяд. Аз ин рӯ, Мавлоно бар ҳар падидаи табии пеш аз ҳама аз равзанаи ҷанбаи рӯҳонии он менигарад  ва аз рӯи каломи Худованд амал мекунад, ки дар ояе омада: «ҳар чӣ дар олам ҳаст, тасбеҳгӯӣ ӯ ҳастанд» Масалан, ҷое Мавлоно мефармояд:

Чун дона шуд афканда баррусту дарахте шуд,

Ин  рамз чу дарёби афканда шавӣ бо мо.

Ба фалсафаи ин байт мурур мекунем. Мавлоно мегӯяд, ки  чун дона ба замин меафтад, мунтаҳо бо тай кардани роҳи камолот дарахт мешавад.  Афтодагӣ ва аҷз ҳамон мафҳуми фалсафӣ аст, ки тариқи он роҳи кибриёро ориф тай мекунад. Мавлоно барои ташреҳи ин андеша аз воқеияти зиндагӣ мисол мегирад.Яъне дона афтодагиро ба худ гирифт, то  ба авҷи камолот расид. Манзури Мавлонo пайдо кардани бузургӣ дар фурутанист.Бедил ҳам ба ин нукта ишора мекунад:

Ба пасти низ меъроҷест гар осудаи Бедил,

Забони об шав сози тараққӣ дон таназзулро.

Ман аз Бедил ба он хотир мисол овардам, ки ӯ дар воқеъ як шогирди вафодортарини мактаби Мавлоност.Яке аз иллатҳое, ки Бедилро шефтаи Мавлоно кард, ҳамин воқеиятгароӣ ва дар сувари авомили зоҳирӣ кашф кардани таҷаллии ботинӣ маҳсуб мешавад. Ҷои дигар Мавлоно мегӯяд:

Онон, ки талабгори Худоед, Худоед

Берун зи шумо нест шумоед, шумоед.

Яъне аз худ талаб кардан ва дар худ фуру рафтан бо ҳадафи пайдо кардани тамоми рамзу рози  ҳастӣ. Мусаллам аст, ки инсон ба ҳукми ҳулосаи офариниш шинохта шудааст. Дар ривоят ҳам омадааст, ки чун Худованд оламро аз шаш  рӯз биоварид, сипас Одамро халқ кард. Тамоми мавҷудоте, ки дар олам ҳастӣ пайдо кардаанд,  ба инсон як навъ рабте доранд..Масалан , дар кутуби ирфонӣ марвист, ки  қомати инсон аз кӯҳ, муйҳои дар бадани инсонбуда аз сабзаҳову растаҳо иқтибос шудаанд, яъне ҳар чизе дар олам ҳаст, як шабоҳате ба ягон ҷузъиёти суварии инсон дорад.

Тадқиқоти бисёр густурдае дар заминаи ҷойгоҳи аносири табиӣ дар андеша ва ашъори Мавлоно  аз ҷониби донишманди  маъруф ва  мавлавишиноси Олмонӣ Анне Мери  Шиммел дар китоби «Шукӯҳи Шамс» анҷом ёфтааст.Дар ин асар хеле амиқан бозтоби гулу гиёҳ, рустаниҳо ва масоили муҳити иҷтимое, ки дар зиндагӣ ҷилварезӣ кардаанд, дар шеъри Мавлоно матраҳ гардида. .

Дуюм нуктае, ки бояд дар ин росто таъкид шавад, ин аст, ки чун мо ба мутолиаи Маснавӣ мепардозем,  баъд аз қисмати найнома аввалин достоне, ки нақл шуда, “Шоҳ ва канизак” аст. Мавлоно бо он,ки як донишманди ориф ва ошиқи шурида аст, аммо аз воқеияти зиндагии худ низ сарфи назар намекунад. Аз ин рӯ, достони “Шоҳ ва канизак” –ро метавон як навъ бозгӯии ҳиҷрати ҷисмонии худи Мавлоно аз Балх то ба Куния номзад кард. Достон бо ин байт шурӯъ мешавад, ки таъкид ба ин нукта мекунад:

Бишнавед эй дӯстон ин достон

Дар ҳақиқат нақди ҳоли мост он.

Дар Маснави кам нест  шумори он қиссаҳое, ки ба рӯзгори худи Мавлоно марбутанд.Масалан дар достони “Шоҳ ва канизак” овардани асомии ҷуғрофии Самарқанд, Куҳи Ғотафар, Сари Пул, инчунин Бухороро маъбади ислому дин номзад кардан, ёдоварӣ аз шаҳри матруки Ҷанд дар як ғазали Мавлоно, ки ҳамагӣ аз маъруфтарин шаҳрҳои Фароруданд,  ба дилбастагии зоҳирии худи Мавлоно ба Ватани аслияш ишорат мекунад. Дар ҳадиси Расули Акрам (с)  ҳам омадааст, ки «дӯст доштани Ватан аз имон аст». Метавон гуфт, ки Мавлоно тамоми муҳаббати худро  ба муҳит, ба Ватан ба хешу пайвандону ақрабо дар устурлоби ишқи  Шамси Табрезӣ маҷмуъ намуд.

Аз назари дигар, чунонки гуфта омад, дар Маснавӣ баррасӣ шудани беш аз 1800 мавзуъ бозгуӣ ин  воқеият аст, ки Мавлоно ба ҷаҳону падидаҳои табиӣ ва тамоми ҷузиёти он бо диди амиқу орифона  менагирист ва онҳоро дар зеботарин ваҷҳ таҷаллӣ бахшидааст. Ин нукта ҳам дар Маснавӣ ва ҳам дар Девони Шамс бо беҳтарин ваҷҳ рӯнамоӣ шудааст, ки фикр мекунам, як мавзӯи ҷолибе барои таҳқиқ метавонад бошад.

Дар ҳоле, ки замири бузурги Мавлоно аз палидиҳову бадиҳо комилан пок аст ва аз ин ки Мавлоно орифи ба ҳақ расидае буд ва бо таваҷҷӯҳ ба андешаи волоӣ ӯ нисбат ба маорифи илоҳӣ, оё метавон ӯро дар қатори авлиёи ҳақ  Парвардигор ҷой дод?

Фикр мекунам аз назари он, ки чун дар ҷаҳоншиносии ирфонӣ Мавлоно як мартабаи комиле пайдо кард, метавонем ӯро дар мақоми як авлиё, роҳнамо, шахсияте ба камолоти рӯҳонӣ, ки онро дар истилоҳи худи орифон қутб, муршиди комил ҳам мегӯяед,  расида эътироф намоем. Ба иттифоқи пажӯҳишгарон ба рӯзгори хеш Мавлоно беш аз 14 ҳазор муриду шогирдон доштаст, ки аз суҳбату сухани ӯ файз гирифтанд. Дар канор ин, таъкиди фузун дар ҷаҳоншиносии ирфонӣ ба ворисии пайғамбарӣ доштани шоирон ишорат ба он ҳам дорад, ки Мавлоно аз табори ҳамин гунаҳост, ки ба ин манзалати равонӣ расида. Хазрати Имоми Аъзам ҳам фармудаанд, ки «Худованд гуфт, агар олимон дар рӯи замин дӯстони ман нестанд, пас ягон дӯст аз рӯи замин надорам». Ин ҳикмат ба Мавлоно ҳам пайванд мегирад, зеро Мавлоно нахуст ба ҳукми як олими ростин муаррифӣ шуда буд ва андешаҳои ҷаҳонсозаш дар васати нигоштаҳои ӯ чеҳраашро ба ҳукми як олими ба ин мақоми дӯстии Худованд расида, бозтоб бахшидаанд. Дар канори ин,  Мавлоно як паёмрасоне барои оламиён аз ҷаҳони моварост, ки тавонист бо сухану андешаи худ башариятро ҳидоят намояд.Масалан, воқеаҳое, ки 11 сентябри соли 2001 дар Амрико рух доданд,  як дидгоҳи бисёр шадид дар муносиботи байни ислом ва Ғарб эҷод намуданд. Бисёр пажӯҳишгарону муҳаққиқони муосири Амрико ба ин назар шуданд, ки танҳо тарҷумаи Маснавии Маънави ва муаррифии андешаву ормони Мавлоно тавонист,ки дидгоҳи Амрикоро ба олами ислом табдил диҳад. Яъне, маҷмӯи ин андешаҳои ғалату нобаҷоеро, ки ки дар ҷаҳони Ғарб нисбати ислом пайдо шуд, мутолиаи Маснавии Маънавӣ ва таълимоти ирфонии ин китоб тавонист бартараф намояд.

Ин иддаоро худи пажӯҳишгарон таъкид кардаанд, ки ҷаҳони Ғарб дубора ба шинохти воқеии ислом тавассути Мавлоно рӯ овард ва дар симои Мавлоно ҳақиқати исломро кашф намуд. Аз ин рӯ,  Мавлоно як мубашшири нур бар қулуби башарият аст ва ӯ паёми Машриқро ба Мағриб мерасонад ва дар мақоми башоваратофарин дар муколамаи фарҳангҳои Шарқу Fарб қарор мегирад..

Аз ин ки Мавлоно рӯҳе дошт чун оина, қалбе дошт чун дарё ва дидгоҳе дошт мутафовиттар аз дигарон оё мо чи гуна метавонем ба дарқи амики нигоҳи Мавлоно ба ин ҷаҳони ҳастӣ бирасем?

Мавлоно бо он, ки як шахсияти соҳибназар ва соҳибмактаб дар ҷаҳони ирфон шинохта шудааст, аммо мисли мо як инсон буд.  Бештару пештар аз мо фаротар рафтани Мавлоно дар он зуҳур карда, ки ӯ фурсатҳои зиндагии худро тавонист босамар ва дар фикри анҷоми рисолати худ масраф намояд. Ин амр боис гардид, ки Мавлоно қодир ба кашфи маърифати ин ҷаҳон шаавад ва назару дидгоҳи худро пайдо намояд. Баъзан ҳанӯз баҳсҳое рӯи андешаи он ки Мавлоно шоир будан ё на ҷорӣ мешавад.Аммо ӯ маҷмӯи андеша, дидгоҳ ва шинохтанҳои худро то 38 солагӣ хеле мукаммал сохт. Дар канори ин, хонаводаи бисёр арҷманду бомаърифате дошт.Падараш Баҳоиддин Валад муаллифи китоби “Маориф” аз нодиртарин шахсиятҳои замони худ  маҳсуб меёфт. Яъне барои он донишу биниши фаровони ирфоние, ки аз файзи сӯҳбати падар бардошт,фаӯат як муҳаррике лозим буд, то ҷамъи онро Мавлоно бозгӯӣ кунад.Ба ибораи дигар, ғалаёни маввоҷи тӯфони андешаи ӯро таъсире андак  лозим меомад, ки он дар бархурд бо Шамси Табрез буруз кард.. ҳамин тавр, бо эҷоди ин тӯфони фикрӣ ва инфиҷори рӯҳӣ шеър барои Мавлоно ёвар ё василаи бозгӯкунандаи андешаҳои ӯ гардид. Ва ин тӯфон масири ҳаёту андешаи ӯро дигаргун сохт. Мо чун Маснави ва ё Девони Кабирро мехонем , мушоҳида мекунем, ки забони шеъри Мавлоно хеле рушану равон аст, ки ҳатто як инсони одди метавонад онро бихонад ва дарк намояд. Бубинед, ӯ бо ҳамон тафакуру ва андешаи баландпарвоз тавонист чунин шеърҳои равону мутантан ва бо мусиқияти баланде  сарояд, ки барои ҳамагон аз аҳли мусиқиву  хонандаи оддиву дигар табақаҳои иҷтимоӣ  самимона ва гуворо садо диҳанд. .Мусиқият ва оҳанги шеъри Мавлоно бисёр таъсири равони расонд ба ҷомеаҳо. . Аз ин рӯ, ба истилоҳои адабӣ шеъри  Мавлоно метавон шеъри омада хонд на шеъри оварда. Масалан, ба ин мисраъҳо мурур мекунем:

Эй ёри камарсина эй мутриби шакарҳо

Овози ту ҷонафзо то руз машинам аз по.

ё

Хамаро биёзмудам, зи ту хуштарам наомад

Чу фуру шудам ба дарё чу ту гавҳарам наомад.

Вақте мардум шеъри Мавлоно мехонданд, набзу руҳашон ба таҳрик меомад. Аз сӯи дигар, бо ҳама равонӣ дар Маснавӣ як ҷаҳоншиносии қудратманде зуҳур карда, ки аз фарҳанги исломӣ, китоби муқаддаси Қуръон, соири андешаву афкори мактабу мазоҳиби мухталифи ақвом маншаъ мегирад. ҳамзамон, чун ҳадафи Мавлоно  офаридани як намоди инсони комил буд, тавонист, ки хулосаи афкор ва андешаи ҷаҳонсози инсони ормонии умумибашариро таҷаллӣ созад. Аз ин рӯ, барои шинохти амиқи ин афкори Мавлоно пеш аз ҳама бояд дар густураи муколамаи фарҳангҳо қарор бигирем ва огоҳии комиле аз андешаҳои фалсафии макотибу мазоҳиб ва ҳар сарчашмаи таълифи Маснавии Маънавӣ, ки ба он ишорат шуд, дошта бошем.

Ба назари Шумо ишқ аз нигоҳи Мавлоно бузургтар аз ақл аст ё баръакс?

Баҳси ақлу ишқ дар адабиёти ирфонии мо аз баррасиҳои меҳварӣ аст ва Мавлоно ҳам дар ин росто аз муридони мактаби ишқ аст, ки мефармояд:

Пас чи бошад ишқ дарёи адам,

Даршикаста ақлро онро қадам.

Мавлоно ҳам орифи ошиқ ва ҳам шоири ошиқ буд ва ӯ аз диди орифона бар ин назар аст, ки танҳо ишқ моро ба сӯи шинохти асолат раҳнамоӣ мекунад ва ақл подаргил дар ҷодаи маърифати Кирдугор аст

Тибқи назари Мавлоно  ки офаринишро аз адам медонад, оё ин адам ба маънои фано аст ё маънои жарфтаре низ дорад, ки воқеияти ин ҷаҳони ҳастиро ошкор бикунад?

Аслан маънои луғавии ин вожа нестист ва аксар донишмандон инро аз диди зоҳирӣ мефаҳманд,аммо дар фалсафаи Мавлоно адам оғоз аст ва фано саранҷом аст.Дар ирфон ин маънии нест шудан дар худ ва ҳаст шудан дар ҳақро дорад.Ин адам оғоз аст, яъне нестие, ки маншаъи вуҷуди инсон мебошад.Аҳли фалсафа ба ин назаранд, ки чун Худованд ин оламро меофарид сараввал дар андешаи худ тарҳи онро бирехт.Ва ин адами Мавлоно ҳам ҳамон нестиест, ҳаст рӯи лавҳи он пайдо мешавад ва дубора ба он бармегардад. Дар як мисраъ аз маснавӣ ҳам Мавлоно таъкид мекунад, ки мо адамҳоем ҳастиҳонамо….Дар фалсафаи Мавлоно адам ва фано ҳарду ду қутби ҳасана мебошанд, ки аз яке шурӯъ гардида ба дигаре анҷом меёбад.Албатта ин андешарониҳои Мавлоно маншаъ аз фалсафаи Қуръон дорад, ки Худованд инсонро аз ҳеҷ чиз ҳаст кард.

Дар охири сӯҳбат мехостам паёми Шуморо ба кулли ҷомеаи башари бидонам?

Боз ҳам беҳтар аст, ки аз каломи худи Мавлоно ин паёмро барои якояки мардуми кишвар ва ҳар ки рӯи ин сатрҳо ба хотири Мавлонои бузург ангушти андешаҳои худро мегузорад, бигӯяд:

Эй сарви равон, боди хазонат марасад,

Эй чашми ҷаҳон. чашми бадонат марасад.

Эй он ки ту ҷони осмониву замин,

Ҷуз раҳмату ҷуз роҳати ҷонат марасад

Ташаккур ва сипос аз ин , ки вақти гаронмояи хешро нисори мо намудед.

Суҳбаторо

Фирдавси Аъзам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s