Маъруфияти рубоиёти Мавлоно


Агар Девони кабири Мавлоноро ба даст гирифта бошед, хоҳед дид, ки дар охири ин Девон-маҷмуаи ашъори комили Мавлоно  такрибан ду ҳазор рубоиёти Мавлоно мавҷуд аст, ки ба иттифоки Арберри (соли 1950) онҳо шояд “ҳудуди 1.600 рубоиро”  саҳеҳан дар бар бигирад. Ин рубоиёт такрибан 4 фисади тамоми ашъори Девони кабирро фаро мегирад.Онҳо оятҳои ҷаҳоргона буда,бо вуҷуди кутоҳию мухтасарияшон фарогири маонии муфиду муассири пандию ахлоки ва каломи муваҷизу мавъиза ва ирфонию осмони маҳсуб мешаванд. Вироиши форсии рубоиёт Як вироиши  соли 1896, ки дар шаҳри Истанбули Туркиё маншур гашта буд фароги 1646 рубои буд. Дар соли 1941  дар шаҳри Исфаҳони Ирон нашри дигаре аз рубоиёт тавассути донишманд Муҳаммад Бокир Улфат ба вуҷуд омад, ки шомили 1994 рубои буд. Аммо мегуянд, ки беҳтарин вироиши рубоиёт дар шакли 8 ҷилд тавассути олими Ирони устод Бадеъузамон Фурузонфар таҳия шуда, ки фарогири 1983 рубои мебошад.У тамоми дастнавиштҳо ва нусхаҳои кадимии тарикаи Мавлавия дар Туркиёро мутобик намуда ва инчунин як дастнавишти 50 сол кабл аз вафоти Мавлоноро дар китобхонаи Истанбул бо  теъдоди 1937 рубои ва як дастнавишти дигаре аз рубоиётро дар шаҳри Лондон бо теъдоди 1870 рубои таҳия ва ҷамъ намудааст.

Футур ё нукси усули тадоруки устод Фурузонфар ин буд, ки у дар китоби 8 ҷилдааш ҷумла дастнавиштҳои каблии рубоиётро ҷой додааст, ки кисме аз ин рубоиёт на ин ки тавассути Мавлоно, балки аз суи дигар шуарои давр эҷод шудаанд ва ин олим ҷумла рубоиётро ба Мавлоно мансуб хондааст.Мутарҷимони мудерн ё худ имруза дар вироиши Фурузонфар такрибан 70 рубоиро пайдо намудаанд, ки мансуби Мавлоно набуда балки тавассути шоирони пеш аз Мавлоно суруда шудаанд. Инчунин як вироиши густурдаи як ҷилдаи тавассути Амир Кабир нашр гардида (дар соли 1957)  ҳамон мундариҷаи галатии Фурузонфарро дар бар мегирад.Яъне нашри Фурузонфар тавонист муҷиб шавад то соири мутарҷимону олимон низ иштибоҳан ба куи галат роҳ ёбанд.

Тарҷумаи инглисии рубоиёт.

Мавлоношинос А.Ҷ.Арберри  дар соли 1949 “Рубоиёти Ҷалолиддини Руми”, гузидаи тарҷумаи инглисии рубоиётро  дар асоси вироиши Исфаҳон  (соли 1941) нашр намуд , ки фарогири 359 рубои мебошад.Бояд кайд намуд, ки 12 фисад аз рубоиёти тарҷума намудаи Арбери дар нашри огои Фурузонфар пайдо нагардидааст. Арберри талош намудааст, ки дар кори тарҷумааш ба иштибоҳ мувоҷҷеҳ нашавад ва дакик тарҷума намояд.Аммо мутаассифона ин олим усулу кофия ва шакли шеъри кадимии инглисиро истифода намудааст. Аннемария Шиммел мавлонопажуҳи олмони якчанд рубоити Мавлоноро дар асоси вироиши саҳеҳи Фурузонфар дар шакли гулчин тарҷума намудааст. Уилиям Читтик низ дар асоси ҳамин нашри Фурузонфар дар китоби худ  “Масири ишки аҳли тарикат” ва “Таълимоти ирфонии Руми” (соли 1983) мисли Аннемария Шиммел гузидаи  7 рубоии Мавлоноро дар мавзуъоти бисёр ирфонию осмони тарҷума намудааст. Ризо Собири дар китоби ба ду забон нашршудаи “Ҳазор соли рубоиёти форси” (с2000)  120 рубоиёти Мавлоноро бо истифода аз вироиши иштибоҳии Фурузонфар тарҷума намудааст, ки чаҳор рубоии тарҷуманамудаи у дар нашри Фурузонфар пайдо нашудааст. Франклин Луиз ҳамаги 11 рубоии Мавлоноро тарҷума намудааст.( китоб: Руми-ҳозира ва гузашта,Шарк ва Гарб: Ҳаёт ва ашъори Ҷалолиддини Руми с 2000)У низ аз вироиши Фурузонфар корбурд намудааст, ки ду то аз рубоии тарҷуманамудау у дар нашри Фурузонфар мавҷуд нест.

Тарҷумаи маъруфи рубоиёт.

Шаҳром Шиво мавлошиноси ирони, ки феълан дар Омрико сукунат дорад 252 рубоиёти Мавлоноро тарҷума намудааст. (китобҳо: “Пора кардани ҳиҷоб”-ашъори таҳтуллафзии Руми  соли 1995).У хеле дакикан ва бадеан тарҷума намудааст.Мутаасифона фокиду касри будани фаҳмиши у дар бораи шеъри клоссики ва асримиёнагии форси ва ибораҳои хоси дини ба чанд иштибҳот роҳ додааст.Бисёре аз рубоиёти тарҷуманамудау у дар асоси нашри Фурузонфар мебошанд.Ва такрибан теъдоди аз 8 рубоии тарҷуманамудаи Шаҳром дар вироиши Фурузонфар мавҷуд нест. Мустафо Вазири 28 аддад аз рубоиёти Мавлоноро тарҷума намудааст. (китоб:”Дар моварои тасаввуф ва  кудсият”, Инсбрук, Острия, 1998).Аммо ин тарҷума дар рутбаи поёни карор дорад.Дар натиҷа дар чанд кутуби ин олим, ки фарогири рубоиёт мебошанд, дар нашри огои Фурузонфар мушохида намешаванд. Невит Эрҷин низ тарҷумаи хеле зебои 128 рубоиро анҷом додааст.(Китоб:”Шуридае чун мо” 1992)У аз як асари бо забони турки навиштаи рубоиҳо истифода намудааст.Албатта мутаассифона аз форси ба турки ва аз турки ба инглиси тарҷума намудани рубоиҳо муаллиф ба коста гардидани маъонии  аслии рубоиёти форсинавишташуда роҳ медиҳад

Шарҳи вижаи рубоиёт

Албатта бояд мутаззакир шуд, ки он тарҷумаҳое, ки аз тарафи мутарҷимони ба истиллоҳ форсинадонон ё гайрифорси сурат мегиранд, ки тарҷумаи таҳтулафзи истифода мекунанд, тафовут мекунанд аз тарҷумаи аслии рубоиёт.Баъзе аз тарҷумаҳо ба вижа тарҷумаҳои Колман Боркс хеле моҳирона ва дакикона тарҷума шудаанд, ки маъруфияти содаю равони касб кардаанд ва дар шинохту шуҳрати Мавлоно дар Омрико мусоидат кардаанд. Такрибан тамоми тарҷумаҳои нашргардидаи рубоиёти Мавлоно дар асоси  вироиши Фурузонфар сурат гирифтаанд.Дар натиҷаи тадкикотҳо маълум гашт ки такрибан 60 рубоии ин вироиш мансуби Мавлоно нест ва 40 рубоии дигар кабл аз Мавлоно навишта шудаанд. Тарҷума ё худ шарҳи вижае аз рубоиёти Мавлоно имруз макбули аҳли сухану шеър гардидаанд,аммо бояд гуфт, ки ин тарҷумаҳо бе нуксу иштибоҳот буда наметавонанд, ки аз асли ҷанбаҳо ва мундариҷаи ирфонию осмони каме дуранд. Бо боварии комил метавон кайд кард, ки  беҳтарин тарҷумаҳо ва шарҳи вижаи рубоиёти Мавлоно аз тарафи мутарҷимони зер сурат гирифтааст: Колман Боркс (дар асоси тарҷумаи илмии Ҷон Мойн), А, Ҷ, Арберри ва Невит Эрҷин, Андрей Ҳарвей (дар асоси тарҷумаҳои фаронсавии Ива Де Витрей Меэеровитч),Ҷонасан Стар (дар асоси тарҷумаҳои Шаҳром Шиво),Мюриел Мофрой (дар асоси тарҷумаҳои Ива Де ВитрейМеэровитч),Дипак Чопра (дар асоси тарҷумаҳои Фаридун Киё),Азима Мелита Колин (дар асоси тарҷумаҳои Марям Мофи),Рафик Абдулло (дар асоси тарҷумаҳои беманбаъ),Кабир ва Самила Ҳелминский ( дар асоси тарҷумаи Лидо Саёдиён)

Манбаъ:Интернет Аз инглиси тарҷумаи Фирдавси Аъзам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s