Муҳаққиқон: Мавлоно эҳтимол зодаи Вахш аст на Балх!


Хонум Аннемария Шиммел , Мавлоно ва Франклин Луиз

Бино бар акидаи як зумра олимону мухакикон Мавлоно эхтимол зодаи Балх набуда, балки дар кисми шарки водии рудхонаи Вахш, ки ба Аму Дарё резиш мекунад, мутаваллид шудааст.Аз он чое, ки ин минтака дар дигар тарафи Аму Дарё вокеь аст,инро метавон гуфт, ки хамон кисмат дар Точикистони имруза чойгир шудааст.Ин фазо аз нуктаи назари фарханги як кисми Балх аст ва ин хамон маконест, ки Бахоудин Валад падари Мавлоно воизу хукукдон буд.У солхои 1203-1211 дар ончo кору зиндаги намуда дар Самарканд низ дар соли 1912 умр ба сар бурдааст.Сипас у эхтимолан аз он чое, ки оилааш аз Вахш ба Анатолия дар соли 1216–1217 хичрат мекунанд, ба Балх бармегардад.

Инро хам бояд фаромуш накард, ки Бахоуддинро “Худовандгори Балх” мешумориданд ва  як тазкиранавси пештараи Мавлоно менависад, ки Балх танхо зодгохи оилаи Мавлоно ба шумор меравад.Бинобар ин,падари Мавлоно хеле як шахсияти фаолу воизу олиму факехи замони худ буд ва ин шухрат на танхо дар русто балки дар тамоми Балх васеь буд.Ва уро балхи мегуфтанд.

Кобил ба ёдоварист, ки Вахш дар Маснавии Маьнави чандин маротиб ёд шудааст.Инчунин дар китоби “Маьориф”-и падари Мавлоно ва дар китоби Афлоки низ ёд шудааст.

Аннемария Шиммел мутарчим,мавлонопажух ва ховаршиноси шахири Олмон дар асари хеш тахти унвони “Ман бодам, ту оташи” дар сахифаи 11 ишорае дорад ба як навиштаи (1989)  мансуб ба олими олмони Фритз Мейер ки мегуяд: “Ситоишгарони афгон ва форс хануз моиланд, ки Мавлоноро Балхи садо кунанд” чун, ки  хонаводаи у “Мавлоно” дар Балх зиндаги намудаанд кабл аз ин,ки ба тарафи гарб хичрат намоянд.Бо вучуди ин хонаи эшон дар шахри вокеии Балх набуд.Тарчехан, он гуна,ки олими олмони Фритз Мейер нишон медихад,маконе ё худ чое, ки Мавлоно хамрохи киблагохаш Бахоудин Валад хамчун хукукдон ва воиз бо инхирофи ирфони зиндаги мекард, ин хамон  шахри Вахш буд, ки дар кисмати шимоли Амударё вокеь мебошад.

Франклин Луиз дар асари худ “Мавлоно,гузашта, хозира, Шарк ва Гарб: Хаёт, таьлимот ва ашьори Чалолидини Руми” 2000 сол, китоби чилди когазии 2003 дар сахифахои 47–49 ёддоште дорад.Дар ин сахифахо профессор Лиуз ду сахифаи аз ин китоби бузурги хешро ба мавзуи Вахш бахшида аст, ки дар идома мегуяд:

“Бахоудин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад,аммо Мавлоно вакте, ки мутавваллид мешавад, такрибан дар миёнаи мохи июни соли 1204 ва 1210 дар ана хамин давра Бахоудин дар хонае аз шахри Вахш (китоби “Маьориф”-и Бахоудин)Вахш асосан пойгохи асоси ва доимии Бахоудин ва хондони у махсуб  меёфт, танхо то он замон, ки Мавлоно ханнуз дар овони 5 солаги буд.Дар хамон вакт пас аз гузашти чанде дар соли 1212 оилаи Валадхо ба Самарканд хичрат намуданд.Аммо онхо бидуни модари бахоудин рафтанд.Модари Бахоудин ки такрибан  75 сол дошт, дар хамончо яьне Вахш монд.”

Манбаь: “Интернет”

Аз инглиси тарчумаи

Фирдавси Аьзам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s