Чаро Ғарб ҳануз ба Мавлоно таваҷҷуҳ мекунад?


Муаллиф Иброҳим Оздемир

Мо огоҳ ҳастем, ки Мавлоно Муҳаммад Ҷалолиддини Руми яке аз серхонандатарин шоирони шарқ дар дунёи Ғарб махсуб меёбад.Тарҷумаҳои осори гаронбаҳои у дар мамолики Аврупо ва дунёи ғарб аз пурфуруштарин ва бестселертарин осори боарзиш ба шумор мераванд.

Ашъори ҷаҳонии Мавлоно дар расонаҳои электруники амсоли фиттаҳо ва DVD-ю CD-ҳо сабт гардида, дар дастраси умум қарор доранд.Машҳуртарин ва саршиностарин ситораҳо чун Мадона ва дигарон аз гулчини ашъори у шъерҳои ошиқонаро бо манзури такрим ва эҳтиром ба ақоиду низоми андешаронии Мавлоно ва инчунин ҳаводорони ин шоири шурида, месароянд.Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ақвоми муҳталифу гуногунмазҳабу гуногункеш ба уву осораш таваҷҷуҳу эътинои бештару беҳтар доранд.

Дар зарфи чанд муддати ахир , ҳануз уро танҳо соҳибназараону чеҳраҳои саршинос медонистанду халос.Аммо, имруз бошад уро ба унвони сарчашмаи устувори илҳом дар адабиёти Амрико медонанд.Муҳимтарин ҷанба ва манзари маъруфияту шиноҳти у ин қобилият ва салоҳияти у дар фаро гирифтани умум аст, ки Мавлоно бидуни он, ки ба касе озор ё шиканҷае бидаҳад,тавониста паёми хешро ба ҳама ироа намояд.Ва ба ҳамин далел Мавлоноро набояд ҳамчун як мусулмони одди, ҳинду,будист ё насрони хонд.У фаротар аз ин табақаҳост.У тавонист, ки талаботи потенсиали худро иҷро намуда ва ба як инсони комили ормони мубаддал гардад.Чунин инсонхо фарҳангу сарҳадоти хешро болотар мебаранд ва сабқат меҷуянд; онҳо ба кулли инсоният дастрас мешаванд.Ва ин худ далелу иллати он аст, ки чаро ашъори у дар калисою канисаю парастишгоҳҳои яҳуд ва дар марокизи ҳунарии шаҳри Ниё Ёрк қироат карда мешаванд.Ва бар ҳақ у воқеан Мавлоно яъне роҳнамою ҳодии кулли инсоният маҳсуб меёбад.

Хуб, чаро одамон ҳануз ба Мавлоно таваҷҷуҳ мекунанд?Онҳо чи чизе дар осори у пайдо намудаанд?Мавлоное, ки чандсад сол қабл дар қарни 13 милоди дар Куния зиндаги мекард, чи метавонад ба ин ҷаҳони куҳан ва  ба ин инсони модерн ироа намояд?

Ин суолот аз чандин нафар пурсида шуд; албатта посуҳи ин суолот дар асоси чанд далеле нишон дода мешавад.Онҳо муҳимтарин ақоиду назаротро пешниҳод карданд.Он зумра мусулмонҳое, ки дар Аврупо зиндаги мекунанд,эҳтимол аз ин посухҳо манфиате ба даст оранд.

Шаҳром Шиво мутарҷим,мавлонопажуҳ ва ҳунарманди ирони ки феълан дар Амрико кору зиндаги дорад,яке аз он нафаронест бо шигифт мепурсад, ки чаро амрикоиҳо ба Мавлоно  ва осори у таваҷҷуҳ доранд.Вақте,ки нахустин бор Шаҳром ашъори Мавлоноро мешунавад, ба ваҷд меояд ва дар натиҷа даст ба тарҷумаи шеърҳои у зада аксари ашъори уро ба инглиси тарҷума мекунад.У инчунин дар ҷаласаҳои манзуми ва барномаҳои фарҳанги аз ашъори Мавлоно шеърҳо мехонад.У инчунин ин гуна барномаҳояшро дар шакли фитта ва CD маншур кардааст.У як семинаре таҳти унвони чаро мардум Мавлоноро мехонанд,баргузор карда буд, ки аз ширкаткунандагон дархост намуд то инро рушанд намоянд, ки чаро ба Мавлоно таваҷҷуҳ доранд.Посухҳо сабт гардида ва бомулоҳизаву диққат аз назар гузаронида шудаанд.

Пас аз боздиду аз назаргузарони, Шаҳром мафрузоту иттилоотро ба 12 гуруҳ табақабанди мекунад.У 12 сабаб ва далели он ки чаро мардум ба Мавлоно таваҷҷуҳ мекунандро ба руйхат мегирад.

1.Мавлоно, шахси интелектуал набуд.

Дин риштаи  ҳавос ва эҳсосот аст. Ширкаткунандагон пай бурданд, ки Мавлоно мувофиқи  ҳавосу эҳсосот, ҷаҳони ботини ва қалби эшон ҳарф мезанад.

2.Сатҳҳои мухталифи маъно

Иштирокдорон ба дараҷаи мухталифи маъно дар осори Мавлоно руҷуъ карданд;онҳо дар шеъри у андозаи гуногунро кашф намуданд.Чун ба мутолиаи  бештари ашъори пардохтанд, бо умқи нигоҳи Мавлоно ошно гардиданд.Дар натиҷаи ин талошҳо эшон ба ваҷд омада бо дилгарми ба сарзамини андешаи Мавлоно сафари дури дурҳо намуданд.

3.Ваҳдат

Ваҳдат, иттиҳод,тамомият ва камолот дар осори мавлоно ба ширкаткварзидаҳо таъсири бориз бозид.

4.Дуст

Аксари ҳозирин Мавлоноро ба унвони дуст эътироф намуданд.

5.Иртиботи шахси ва муносибат.

Хондани осори Мавлоно раванд ва таҷоруби шахси мебошад. Ин таҷрибаи хастигароист.Ҳаводорони каломи у мекушанд то мафҳуми будани хеш ва кайҳонро иктишоф намоянд.Онҳо мекушанд, то ҳамроҳу ҳамкатори у бошанд.

6.Шавқат ва сулҳ

Мутолиагарони Мавлоно ҳини бархурд бо ашъори у оромию сулҳ ва марҳамату шавқатро пайдо карданд.

7.Майл ва ормон

Вақте, ки Мавлоноро мехонанд,дар шеъри у майлу хоҳиш, ормону ишқро мебинанд ва билофосила мекушанд, ки чунин эҳсоси румиёнаро дар худ таҷассум намоянд.

8.Ишқ

Баъзе аз аҳли ҳузаро тасдиқ намуданд, ки онҳо бо Мавлоно дилбастаанд.

9.Пуле миёни адён.

Теъдоди аъзами ширкаткунандаҳо иброз медоранд, ки Мавлоно пулест миёни муслимин ва ғайри муслимини муқими мамолики аврупои ва дигар кишварҳо. Бисёре аз мусулмонҳое, ки вориди Амрико мешаванд бино ба хотири шарифи Мавлоно аз эҳтироми вижае бархурдор мебошанд.Теъдоде аз ғарбиҳо, ки Мавлоноро мехонанд ва ошиқи у мешаванд, равобити ҳамаҷонибаи хешро бо мусулмонҳои кишвари хеш густариш медиҳанд.Ин ҳама бо шарофатии руҳи бузурги Мавлоност.Мавлоно ба андешаву дидгоҳи хеш тавониста гуруҳи гуногуни мардумро ба ҳам орад.У одамонро чунон бо ҳам қарин сохта, ки ҳама дар муҳити бисёрфарҳанги зиндаги бикунанд.

10.Онҳое, ки шеърро дуст намедоранд.

Баъзе аз ширкаткунандаҳо иброз намуданд, ки бо вуҷуди он, ки онҳо он қадар дустдори шеър нестанд, аммо қайд намуданд, ки мутолиаи шеъри Мавлоноро бениҳоят дуст медоранд.

11.Ширкат дар ҷараён.

Иштирокчиён ёдовар шуданд, ки Мавлоно дар ибрози ақида ва андешаи хеш бензаир аст,инчунин илова намуданд, ки онҳо маҳз дар ҳамин ҷараён ба у пайвастаанд.

12.Мавлоно-ҳидоятгари беҳамто.

Иштирокдорони ин маҳфил ибрози назар намуданд, ки онҳо Мавлоноро ҳамчун як нафар ҳидоятгару роҳбари маънавии хеш дарёфтанд.

Бо фаро хондан аз ин ки олами Ғарб дар дунболи чизе фаротар аз адёни расмии онҳост,Талет Ҳолмэн ин таваҷҷуҳро комилан ба таври оли хулоса мекунад ва ин эътиноиҳоро аз тарафи Ғарб  чун “Фасли Мавлоно” унвон мекунад”: “Аз он ки тасаввуф дар асоси равобити мустақими ишқ ва иртиботи маънави миёни Худо ва фард сурат мегирад, он тавониста шумораи зиёди тавачҷуҳи одамонро ҷалб намояд.Мо бояд одамгарои,ашъори шуридаги, бахшишу гузашт ва оини сулҳҷуии Мавлоноро ба назар бигирем, ки моро аз ин ҳаётии муқарарию одии хеш фаротар мебарад.Инчунин мо наметавонем ,ки қудрату азамати олии улавии Саморо (маросими рақси суфиёна) нодида бигирем. ”

Ин коршинос иддао дорад,аз тарафи мардум мутолиа гардидани Мавлоно далоили мухталиф дорад ва ин далоил моро бо муҳимтарин  пайгом таъмин мекунанд. Мо ба таври ошкоро метавонем ба ақоиду андешаҳои у ва осораш  бо мақсади нигоҳ доштан ва ҳимоят аз  муколамаи байнуладёни ва  пайвастагиву иттиҳоди тамаддунҳо умед бубандем.

Суханҳои Кабир Ҳелмински, коршноси барҷастаи Ғарб дар осори Мавлоно ҳануз дар гуши ман танинандоз аст: “Мавлоно гуи аз қабри хеш бархеста то ин ки исломро  ба мардум тавзеҳ бидиҳад ва мебинем, ки у Исломро ба кулли оламу одам муаррифи карда истодааст. ”

Аз инглиси тарҷумаи

Фирдавси Аъзам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s