Мафхуми Ватан назди Мавлоно


Чалолиддин Мухаммад Мавлави дар Балх (Хуросони бузург) ба дунё омад ва ба хамрохи хонаводаи худ ба Куния (Осиёи Сагир ё Туркиёи имрузи) мухочират намуд.

Шоири бузурги Ирон дар солхои миёни зиндаги чанд соле низ дар Шом зист аммо бештар зиндагии худро дар Куния гузаронд ва аз хаминчо нисбати “Руми” гирифт.

Имруз милал ва аквоме чанд аз Осиёи Миёна то Осиёи Сагир Мавлоноро аз худ медонанд ва ин тафохур гох то марзи таассуб ва хусумат низ пеш меравад.

Ин дар холе аст, ки Мавлоно тааллук ба сарзамин ё зоду бумро амре фарьи ё хатто беахамият медониста ва бо мафхуми “Ватан” ба маьноии имрузини он яксара бегона будааст.

Мафохими тоза ва кухна

Дар гузашта ва дар даврони тасаллут сохторхои феодали ва ашираи, подшоххон , хакком ё руассои кабоил дар каламравхои кучак ва бузург хукумат меронданд, ки марзхои пойдори надоштанд.

Ин вохидхои чугрофиёии нопойдор дар рузгори пешин, хитта, мулк ё диёр хонда мешуданд, ки  таьрифи  чомеь ва монеьа аз онхо набуд, сокинони ин сарзаминхо низ  чамье “шиновар” ё нопойдор буданд ки беш аз хар чиз ботааллук ё вобастаги ба сохторхои кабилае ё мучтамаьхои дехкони шинохта мешуданд ва  на ба вохидхои хоси сиёси.

Пеш аз садахои миёна ва дар остонаи асри чадид буд, ки аквом ва кабоили пароканда бар пояи улфахои фарханги ва пешина таьрихи ба хам пайвастанд ва бо такя ба хуввияти муштарак вохиди сиёсии миллатро поя гузоштанд.Ин раванд бо таьсиси давлатхои милли шакли нихои ва пойдори худро пайдо кард.

Миллат дар таьбири имрузин вохиди бузурги инсони аст, ки чамоатхо ва аквоми инсониро бо фархангу огохии муштарак ба хам пайванд медхихад.Ин мафхум дар раванди тулони ба чои мафохими  кухна ва суннати монанди халку уммат ва раьият нишаст.

Кишвар ва ё мамлакат ба маьное, ки мо мешиносем бар пояи ду мафхуми дигар дар чахонбинии мудерн яьне давлату миллат кавом гирифтааст.

Ватан ё михан дар дунёи имруз бар кишваре далолат дорад, ки аз назари чугрофиёи сиёси дорои марзхои мушаххасси байнулмилали бошад ва тавассути хайати хокимаи муайян идора шавад.

Метавон натича гирифт, ки Ватан бо бори сиёсии кунунии он наметавониста барои шоирони гузаштаи Ирон монанди Мавлави шинохта шуда бошад.Хатто барои шоири ирондусти монанди Фирдавси, Ватан бештар бору арзиши фарханги дошта аст то сиёси.

Албатта аброи мардуми форсизабон Ватан (ё Михан) вожае ошно буд аммо маьмулан фаротар аз марзхои махдуди шахри зодгох ё икоматгохи онхо далолате надошт.

Дар Ирон дар нимаи карни нуздахум (19) ва дар руёруи бо чахонгушоии Гарб буд, ки мафхуми Ватан ба маьни вохиди сиёси дар баробари мамолик ё кишвархои хоричи шакл гирифт.

Дар авоили карни чахордахум (хичри камари) ва остонаи нахзати машрута буд, ки дар Ирон хисси хамбастагии милли зода шуд ва бар пояи он ишк ба Ватан ба масобаи тааллук ба сарзамин ё кишвари вохид барои миллати хамеша ва бегона дар огохи ё вичдони мардум шакл гирифт.

Ватан барои Мавлоно

Мавлоно шоири бузурги Ирон наметавониста бо мафхуми имрузини ватан ошно бошад ва аз он бештар нисбат ба он таассуб дошта бошад.Вожаи ватан борхо ва ба маьнои гуногун дар шеьри Мавлоно такрор шудааст аммо хамвора  мадлул  ё маьное бас хурдтар ва махдудтар аз маьнои ошнои имрузин дорад.

Дар бисёре аз ашьори Мавлоно ватан танхо ба маьнои чойгох аст, монанди байти зер:

Булбулонро чой мезебад чаман,

Мар чаьалро дар чаман хуштар ватан

Дар бархе аз абёт Ватан ба маьнои лона ва кошона аст ё маскану маьво.

Хам найи худ худ, ки пайки хо куни,

На чу лак-лак, ки ватан боло куни.

ё:

Ман насозам чуз ба дарёи ватан

Обгиреро насозам ман сакан.

ё:

Хар киро гулшан бувад базму Ватан

Кай хурад у бода андар гулхан?

Дар мавориди дигар ватан муродифи хону мону сарой ё ба таври содда ба маьнои хона ё махалли сукунат омадааст.

Ёд омад дар замон занро ки ман

Чун фиристодам варо суи Ватан?

ё

Дидаам худ борхо ин хоб ман,

Ки ба Багдод аст ганче дар Ватан

ё

Гуфт: Бисмиллох машраф кун ватан

То ки Фирдавси шавад ин анчуман.

Дар вачхи феьли “Ватан” бо муваттан кардан ба маьнои чой гирифтан ва икомат кардан аст:

Хар хаёле ки кунад дар дил ватан,

Рузи махшар сурате хохад шудан.

Хар ду бистар гузтуриду рафт зан,

Суи хатна сур карда ончо ватан

Кавли пайгамбар шунав эй мучтабо,

Гур акл омад, Ватан дар русто.

Дар шеьри форси низ роичтарин маьнои ватан шахри зодгох ё икоматгохи доимии инсон аст чунончи Саьди гуфтааст:

Саьдиё хубби Ватан гарчи хадисест шариф,

Натавон мурд ба сахти ,ки ман ончо зодам

Ё ончо ки мегуяд:

Хушо тафарручи Навруз хоса дар Шероз

Ки барканд дили марди мусофир аз ватанаш

Ва хоча Хофиз ба зодгох ё муваттани худ “Широз” назар дорад, ончо ки мегуяд:

Ман к-аз ватан сафара нагузидам ба умри хеш

Дар ишки диднаи ту хавохохи гурбатам.

Ватан бо ин бардошт низ борхо дар шеьри Мавлоно такрор шуда ва бештар дар баробари сафар бо гурбат омада аст.

Иштихои гул гарди омадат

Бо мулулии ватан голиб шудат?

Хештан макшид ай мургон, ки ман

Намукимам, меравам суи ватан

Мавлоно ва “Ватани дусти”

Ишк ва алока ба Ватан дар гузаштахои дур низ ривоч дошта аст,аммо бегумон ба маьно ва мафхуми дигар.Бисёре аз пайравони ислом барои ишки табии худ ба зоду бум ё сарзамини ниёкон ба хадиси маьруф истинод мекунанд, ки накл шудааст: “Хубул ватан минал имон”

Гуфтаанд, ки ин хадис дар даврони шаклгирии хуввияти милли дар авохири карни нуздахум хам дар Ирон ва хам дар соири билоди исломи накши бориз дошт ва нахустон насли миллигароёни мусалмон аз хадиси набави  пуштивонае сохтанд барои пешбурди нахзатхои милли.

Аммо равшан аст, ки пешравони асри  равшангари дар мамолики исломи (бо чо ба чои мафхуми) бардошти муосир ва модерн аз ватан ироа карданд,ки бар пояи мафхуми торихии миллат устувор буд.

Мавлоно дар бархурд бо мафхуми ватан хатто аз бинсихи динии суннати низ фаротар меравад.У нахуст ба унвони мусалмони усули дилбастаги ба зоду бумро  ба хотири эьтикод ба уммати исломи рад мекунад ва сипас ба унвони орифе нисбат ба бардошти зохири ва сатхи аз мафхуми ватан дар хадиси набави хушдор медихад.

Хамчунин хубулватан бошад дуруст,

Ту ватан бишнос ай хоча нахуст.

Ва дар ин абёти зер бо равшании бештаре бардошти зохири ва айни аз хадиси набавиро рад мекунад.

Аз дами хубул ватан бигзар моист,

Ки ватан он суст чон ин суи нест

Гар ватан хохи гузар он суи шат

Ин хадиси ростро кам хон галат.

Бинобар ин ватан барои Мавлоно маьнои ботини ё кудси дорад, у ватанро чойгох ва макони хоричи намедонад балки ломаконе, ки дар у нури Худост. Аз ин дидгох ватан манзили азали ё хостгохи лохутии навьи башар аст, ки одами аз он чудо афтодааст, хамон найистонест, ки най аз дурии он нола сар медихад ва хамон Хиндустоне, ки тути аз дурии он ба сузу гудоз меафтад ва…

Бо ин руйкарди ирфони аст, ки Мавлоно мехру дилбастаги ба ин дунёи нопойдор ё олами фониро накухиш мекунад.

Дар “Мантики имони” у танхо олами боки ё ё он ватани човид аст, ки шоистаи ситиш ва парастиш аст, танхо бо дури аз ин ватани зохири (олами фони.Ф.А) ва пайвастан ба он ватани хакики (ватангохи бако) аст, ки инсон ба зоти Хак наздик мешавад.

Мавлоно дар газале тамоизи ин ду ватанро ба рушани тавзех додааст:

Сар зи кафан бар зану моро магу,

К-аз ватани хеш чаро мерави?

Не галатам ория буд ин ватан,

Суи ватангохи бако мерави.

Дар достоне аз Маснави марде дар бистари марг меафтад ва чун зан дар андухи аз даст додани у нола сар медихад,мард бо у итоб мекунад:

Гуфт чуфт:Имшаб гариби мерави,

Аз табору хеш гоиб мешави.

Гуфт:На, на балки имшаб чони ман,

Мерасад худ аз гариби дар ватан

Ин бардошти орифона аз ватан барои Хофиз низ шинохта буд, чунон чи дар газали зер ба хамин нукта назар дорад ва расидан ба онро охирин манзил дар сайру сулуки ирфони медонад:

З-ин сафар гар ба саломат ба ватан боз расам,

Назар кардам ки хам аз рох ба майхона равам.

То бигуям, ки чи кашфам шуд аз ин сайру сулук,

Ба дари савмаьа бо барбату паймона равам.

Ва боз дар идома хамин суннати ирфони аст, ки шайх Бахои таи абёти тавзехи хадиси Хубулватан (дар манзумаи нон ва халво) бардошти замини ё носавти аз ватанро накд кардааст.

Дар ин шеьр хариф меуяд:Аз имон буд хубулватан, ва шайх ба у посух медихад:

Ин ватан Мисру Ироку Шом нест.

Ин ватан шахрест, к-онро ном нест.

З-он, ки аз дунёст ин утон тамом,

Мадхи дунё мекунад “хайруланом”

Хуби дунё хаст роис хар хато,

Аз хато кай мешавад имон ато.

Эй хуш он ку ёбад аз тавфик бахр,

К-оварад ру суи он беном шахр.

Ту дар ин утон гариби эй писар,

Ху ба гурбат кардаи хокат ба сар.

Он кадар дар шахри тан монди асир,

К-он ватан якбора рафтат аз замир.

Ру битоб аз чисму чонро шод кун,

Мутани аслии худро ёд кун.

З-ин чахон то он чахон бисёр нест,

Дар миён чуз як нафас дар кор нест.

Охирин нуктаи кобили зикр дар даври Мавлоно аз тааллукоти замини он аст, ки у ба забони форси низ ки бегумон худ дар шукуфои ва борварии он накши барчаста дошта,алокаи хосе надорад.

Устод ва муроди Мавлоно яьне Шамси Табрези ба забони форси дилбастаги ва  улфати вижае дошт:”Забони порсиро чи шуда, бадин латифи ва хуби…. он маьони ва латоифе, ки дар порси омадаст, дар този наёмадааст”(маколоти Шамс)Аммо Мавлоно ошкоро забони умматро бар забони худ бартар медонад:

Порси гу гарчи този хуштар аст…

Аз форси баргардони Фирдавси Аьзам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s