Рухе саршор аз маънавият


Ива Де Витрей Меэровитч пас аз дарёфти номзадии дарачаи оли аз илми Хукук ва Фалсафа тамоми омузишу такопу ва умуман метавон гуфт, ки самти куллии омузишашро  ба масоили марбут ба адабиёт, фалсафа ва тасаввуф равона намуд.У такрибан тамоми осори пургановати ду чехраи эътирофшудаи Шарк яъне Мавлоно ва Икболро ба забони модарии хеш -фаронсави тарчума намуда, пешкаши мардум намудааст.Ин корхои мухими тарчумахояш, маърузахои зиндаву радиоияш имкон дод то кисми аъзами сохибназарону мутаффакирони фаронсави як фахмишу идроки бехтар чадидеро дар мавриди Ислом ба даст оранд ва ин хадамоти беназири у дар ру ноходани бисёре аз одамон ба дини мубораки Ислом мусоидат кард. Хонум Ива дар сартосари чахон силсилаи маърузаву конфронсхо ва нишастхои илмию исломи гузаронидааст ва дар муаррифи намудани Мавлонову Икболу ислом накши бенихоят боризро ичро кардааст. У инчунин дар Донишгохи Ал-ахзари Миср маърузахо додааст.У Мавлоноро чун як рохбаладу рохнамо ва пири маънавии хеш мехонд.Ва дар хар кучое, ки сафар мекард аз у ба унвони ак рохбалад ва мурабию муршид ёд мекард.Чаро, ки рухи хонум Ива саршор аз шинохти маърифату маънавияти Мавлоно буд. Ва аз хамин ру худи  Ива де Витрей замоне гуфта буд: “Чи кадр хуб аст шогирди пире чун Мавлоно будан ва дар сояи маънавияту маърифати у панох бурдан”. Вокеан хар кас, ки ба у (Мавлоно) мурочиат мекунад, хатман аз укёнуси пургановати у бахрахо мебардорад.

Дар мавриди бархурдаш Ива бо Мавлоно чунин мефармояд:

“Замоне, ки ман пас аз хондани китоби Икбол барои нахустин бор суи Ислом кадам ниходам, медонед, ин албатта барои чун мане осон набуд ворид шудан ба дунёи ислом, чунки ман парвардаи хони оилаи насрони будам. Шавхарам яхуд буд. Маро эхсосхои девонае фаро мегирифт ва баъзан хеле ноумед мешудам, чаро , ки касе набуд то маро ташвику рухбаланд  намояд, сипас ман аз дуохоям гуфтам: Худоё ба ман бигу чи кор кунам, бароям аломате, ишорате бифирст”

Ва пас аз ин мушкилихову пас аз ин муночотхо, Ива посухи ин ниёишу дархосташро дар хоб мебинад ва кабул мекунад.Дар хоб мебинад,  дар кабре чой дорад, ки руи санги мазораш бо хуруфи араби ва форси номаш навишта шуда буд. Худи Ива мегуяд: “Хуб, ман аз худо талаби аломату ишорат кардам ва худо хам онро дар хоб ба ман эхдо намуд. Ва гуфт, ки ман бояд чун мусалмон ин чахонро матрук намоям.”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s