Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин мақола саъйи роқими сутур бар он аст то нишон бидиҳад, ки Мавлавӣ аз пешгомони тарҳи масъалаи “ҳерменутики фалсафӣ” ё худ “фалсафаи фаҳм” аст, чаро ки ӯ дар Маснавӣ матолиби амиқеро перомуни фаҳм ва шароити ҳусули он дар зеҳни инсонҳо матраҳ карда аст, ва ба истилоҳи фалосифаи ҳерменутик, Мавлавӣ аз “ҳастишиносии фаҳм” сухан ба миён оварда ва нисбати он бо вуҷуди инсонро некӯ табйин намуда аст.

Муқаддима

Дар оғоз, лозим медонам таърихчаеро, ки огоҳӣ аз он барои фаҳми навиштори мазбур зарурист ёдовар шавам. Яке аз дағдағаҳое, ки аз қадим зеҳни андешмандон ва фалосифаро ба худ машғул карда буд, ин масъала буд, ки чаро инсонҳо аз як матн (чи матни динӣ бошад ва чи матни адабӣ) бардоштҳо ва тафсирҳои мухталифе менамоянд? Сабабаш чист?

То сад соли пеш, дидгоҳҳои тақрибан наздик ба ҳам дар ин замина аз сӯйи андешмандон матраҳ мешуд, аммо дар оғозҳои қарни бистум, андешманде ба номи Ҳойдеггер ва шогирдаш Гадамер дар Олмон зуҳур карданд, ки дидгоҳи қобили таваҷҷӯҳе дар ин замина матраҳ намуданд. Ин ду файласуф, ба ҷои ин ки ба равиш ва методи фаҳми матн таваҷҷӯҳ кунанд (ҳамон чизе ки мавриди таваҷҷӯҳи пешиниён буд), омаданд ва гуфтанд, аслан чаро худи падидаи “фаҳм”-ро мавриди таваҷҷӯҳ қарор надиҳем? Ба баёни дигар, барои ин ду файласуф, “чистии фаҳм” ва “шароити ҳосилёбии фаҳм” ва ин ки “фаҳм дар назди як инсон чӣ гуна ҳосил мешавад”, бештар матраҳ шуд то ин ки матнро чӣ гуна ва бо чӣ равише фаҳмпазир созем.

Он гоҳ масоили қобили таваҷҷӯҳеро дар ин мавзӯъ матраҳ карданд, ки дар маҷмӯъ як дониши мустақилле ба номи Ҳерменутик (Hermeneutics) ба вуҷуд омад. Гадамер тасреҳ мекунад, ки Ҳерменутики вай “як равишшиносӣ ё равише ҷиҳати ҳунари фаҳмидан нест, балки навъе фалсафидан аст”.[1] Ба иборати дигар, ӯ мегӯяд, Ҳерменутики ман дар садади ироаи равиши фаҳми матн нест, балки дар садади баёни ин аст, ки “фаҳм” дар назди инсон чӣ гуна ҳосил мешавад?

Мавлавӣ, аз пешгомони тарҳи масъалаи фаҳм

Ҳол, ба асли масъала мепардозем. Аз он ҷо ки Мавлавӣ ба унвони як шоир дар ҷомеаи мо матраҳ аст, мутаассифона камтар ба зовияҳои мухталифи андеша ва тафаккуроти амиқи ӯ таваҷҷӯҳ шуда аст.

Дар ин мақола саъйи мо ин аст то нишон бидиҳем, ки ин Ҳойдеггер ва Гадамер ва ё пеш аз ин ду Шлейермахер нестанд, ки барои нахустин бор ин масъаларо дар арсаи андешаи инсонӣ матраҳ карда бошанд, балки ин Мавлавӣ аст, ки аз пешгомони тарҳи масъалаи “ҳерменутики фалсафӣ” ё худ “фалсафаи фаҳм” аст. Албатта Мавлавӣ ин масъаларо дар чорчӯби як дониши мустақил матраҳ накарда аст, балки ба сурати пароканда ва дар лобалои Маснавӣ матолиби амиқеро перомуни фаҳм ва шароит ва мавонеи таҳаққуқи он матраҳ карда.

Нуктаи дигар он ки Ҳерменутики он ду олмонӣ аз нақду интиқод барӣ нестанд, балки костиҳои зиёде доранд, дар сурате ки дар тарҳи Мавлавӣ он маойиб камтар ба чашм мехӯранд.

Мутолеаи китоби Маснавӣ нишонгари он аст, ки барои Мавлоно масъалаи фаҳм, як амри ҷиддӣ аст ва дар ҷой-ҷойи ин асар ҷанбаҳои гуногуни онро мавриди баҳс қарор дода аст. Ин ки инсон чӣ абзору васоиле барои фаҳм дорад? Чӣ авомил ва аносуре дар фаҳми ӯ дахолат доранд? Чӣ мавонее садди роҳи фаҳми ӯ мешаванд ва решаи ихтилофи фаҳмҳо дар чист?.., аз ҷумла баҳсҳоест, ки метавон онҳоро аз дидгоҳи Мавлавӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Барои Мавлавӣ, кулли олами ҳастӣ як матн аст

Барои Мавлавӣ, матн, фақат як асари навишторӣ ё гуфторӣ нест, балки кулли олами ҳастӣ як матн аст, ки бояд ба тафсиру фаҳми он ноил шуд. Ба баёни дигар, ҳамаи мавҷудоти ҷаҳони офариниш; аз Худо ва ҷаҳон гирифта то ҳаёти инсон, ба унвони як матн барои Мавлоно қобили мутолеа ва тафсиру таъвил аст.

Ихтилофи фаҳмҳо[2]

Аз назари Мавлавӣ, ихтилофи инсонҳо дар фаҳми ҳақоиқ, як амри табиист, чаро ки решаи бисёре аз ихтилофи фаҳмҳоро бояд дар ихтилофи инсонҳо дар истеъдодҳо ва зарфиятҳои идрокии эшон ҷустуҷӯ кард.

Он тафовут ҳаст дар ақли башар,

Ки миёни шоҳидон андар сувар.

З-ин қибал фармуд Аҳмад дар мақол:

«Дар забон пинҳон бувад ҳусни риҷол».

Ихтилофи ақлҳо дар асл буд,

Бар вифоқи сунниён бояд шунуд.

Бар хилофи қавли аҳли эътизол,

«Ки уқул аз асл доранд эътидол».

Дар ин абёт, Мавлоно ишора ба ихтилофи муътазила бо ашоира дорад. Муътазила бар хилофи ашоира, эътиқод доштанд, ки адли илоҳӣ иқтизо мекунад, ки ҳамаи инсонҳо аз ақлҳои яксон бархӯрдор бошанд.[3]

Бо таваҷҷӯҳ ба маҳдудияти зарфияти ашхос аст, ки Мавлоно бархе аз ҳақоиқро ба мухотабони худ намегӯяд.

Он чи мегӯям ба қадри фаҳми туст,

Мардум андар ҳасрати фаҳми дуруст.

Ҳамаи афрод набояд ба дунболи ҳамаи масоили маърифатӣ бираванд. Барои дарки бархе аз ҳақоиқи илмӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ, бояд истеъдоди лозимро доро буд, чаро ки дар ғайри ин сурат, касби маърифат на танҳо муфид нест, балки зараровар ҳам хоҳад буд.

Нуктаҳо чун теғи пӯлод аст тез,

Гар надорӣ ту сипар, вопас гурез.

Ҳар фарде мутобиқ бо зарфияти вуҷудии худ метавонад ҳақоиқи оламро дарк кунад. Набояд интизор дошт, ки ҳамаи инсонҳо ҳақоиқро дарк кунанд.

Олам аз ҳаждаҳ ҳазор асту фузун,

Ҳар назарро нест ин ҳаждаҳ забун.

Дар мавориде, ки одамӣ тавоноии дарки бархе аз ҳақоиқи олиро надорад, бояд аз вуруд ба онҳо худдорӣ кунад. Афрод бояд мутобиқ бо ҳушу истеъдоди худ ба шикори ҳақоиқ бираванд.

Эҳтимо кун эҳтимо кун з-андешаҳо

З-он ки шеронанд дар ин бешаҳо

Аз он ҷо ки ҳамаи афрод тавоноии дарки ҳақоиқи олиро надоранд, аз ин рӯ, лозим нест, ки онҳоро барои ҳамагон иброз кард. Агар гӯянда дарёбад, ки мухотаб тавоноии дарки бархе аз ҳақоиқро надорад, бояд аз ибрози он худдорӣ кунад. Ба таъбири Мавлавӣ, он матолибро ба манбаи аслии худ бозгардонад.

Рафтани ин об фавқи осиёст

Рафтанаш дар осиё баҳри шумост

Чун шуморо ҳоҷати тоҳун намонд

Обро дар ҷӯйи аслӣ бозронд

Бархе аз бузургон ҳақоиқи бисёре барои гуфтан доранд, вале чун афроди шоистаеро намеёбанд, аз ин рӯ, онҳоро изҳор намекунанд.

Сирр пинҳон аст андар зеру бум

Фош агар гӯям ҷаҳон барҳам занам

Ва ё:

Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме,

Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме.

Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,

Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.

Чунки гул рафту гулистон даргузашт,

Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.

Идома дорад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s