Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (2)



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Васоили дарки ҳақоиқ аз дидгоҳи Мавлоно

Аз назари Мавлавӣ, васоили дарки воқеиятҳои олами ҳастӣ иборат ҳастанд аз: ҳисс, ақл ва дил. Инак, шарҳи мухатасаре аз ин абзор:[1]

1. Ҳисс: Мавлавӣ барои инсон ду навъ ҳис қоил аст: яке ҳисси зоҳирӣ ва дигаре ҳисси ботинӣ. Ҳисси зоҳирӣ дорои маҳдудиятҳое мебошад, аз ҷумла он ки фақат зоҳири ҳақоиқро дарк карда ва ба умқи ҳақиқат роҳ намеёбад. Ин ҷон ва ҳисси ботинӣ аст, ки ба аъмоқи ҳақоиқи ҳастӣ нуфуз мекунад.

Ҳисс хушкӣ дид, к-аз хушкӣ бизод,

Мусаи ҷон пой бар дарё ниҳод.

Чун ки умр андар раҳи хушкӣ гузашт,

Гоҳ кӯҳу гоҳ саҳро, гоҳ дашт.

Сайри ҷисми хушк бар хушкӣ фитод,

Сайри ҷон по дар дили дарё ниҳод.

Оби ҳайвонро куҷо хоҳӣ ту ёфт,

Мавҷи дарёро куҷо хоҳӣ шикофт.

Мавҷи хоке, ваҳму фаҳму фикри мост,

Мавҷи обе, саҳву сукр асту фаност.

То дар ин фикрӣ, аз он сукрӣ ту дур,

То аз ин мастӣ, аз он ҷомӣ нуфур.

Агар одамӣ фақат ба ҳавосси зоҳирӣ таваҷҷӯҳ кунад, яъне асолатро азони ҳисс бидонад, тавони дарки бисёре аз ҳақоиқро аз даст хоҳад дод. Ба ақидаи Мавлоно, мухолифати бисёре аз мардум бо паёмбарон ба ин ҷиҳат буда, ки фақат ба ҳисси зоҳирии худ таваҷҷӯҳ карда, ҳисси даруниро аз кор андохта буданд.

Кофирон диданд Аҳмадро башар,

Чун надиданд аз вай иншаққал-қамар.

Хок зан дар дидаи ҳисбини хеш,

Дидаи ҳис душмани ақл асту кеш.

Дидаи ҳисро Худо аъмо-ш хонд,

Бутпарасташ гуфту зидди мо-ш хонд.

З-он ки ӯ каф диду дарёро надид,

З-он ки ҳолӣ диду фардоро надид.

Илми ношӣ аз ҳавосси зоҳирӣ ноқис буда ва инсонро ба иштибоҳ меандозад.

Илмҳои аҳли ҳис шуд пӯзбанд,

То нагирад шир аз он илми баланд.

Мавлоно барои баёни маҳдудияти ҳавосси зоҳирии инсон ташбеҳеро баён мекунад. Вай аҳволи инсонҳои зоҳирбинро ба магасе ташбеҳ мекунад, ки умуре чун дарё, киштӣ ва киштибонро бар худ татбиқ мекунад.

Монд аҳволат бад-он турфа магас,

К-ӯ ҳамепиндошт худро ҳаст кас.

Аз худӣ сармаст гашта бе шароб,

Заррае худро шумурда офтоб.

Васфи бозонро шунида дар замон,

Гуфта ман анқои вақтам бе гумон.

Он магас бар баргу коҳу бавли хар,

Ҳамчу киштибон ҳамеафрошт сар.

Гуфт: Ман дарёву киштӣ хондаам,

Муддате дар фикри он мемондаам.

Мавлоно ҳисси зоҳириро нафй намекунад, балки ҳудуду суғури онро нишон медиҳад, ва дар айни ҳол, бар ин нукта пой меафшорад, ки ҳисси ботинӣ ё ҳисси дил, арзишу азамати бисёр дорад.

Дар ҳазорон луқма як хошоки хурд,

Чун даромад, ҳисси зинда пай бибурд.

Ҳисси дунё нардбони ин ҷаҳон,

Ҳисси уқбо нардбони осмон.

Сиҳҳати ин ҳис биҷӯед аз табиб,

Сиҳҳати он ҳис биҷӯед аз ҳабиб.

Сиҳҳати ин ҳис зи маъмурии тан,

Сиҳҳати он ҳис зи тахриби бадан.

Лозимаи ба кор афтодани ҳисси дил, бе таваҷҷӯҳӣ ба ҳисси зоҳирӣ аст.

Пунбаи он гӯши сир гӯши сар аст,

То нагардад ин кар, он ботин кар аст.

Ва ё:

Нашнавад он нағмаҳоро гӯши ҳисс,

К-аз ситамҳо гӯши ҳисс бошад наҷис.

Ва ё:

Чашми ҳисс ҳамчун кафи даст асту бас,

Нест кафро бар ҳама ӯ дастрас.

Ва ё:

Чанбара диди ҷаҳон идроки туст,

Пардаи покон, ҳисси нопоки туст.

Аз он ҷо ки одамӣ дар ҳавосси зоҳирӣ бо ҳайвонот муштарак аст, агар фақат ба ин ҳавосс таваҷҷӯҳ карда ва ба ҳавосси ботинии худ бе эътино бошад, роҳи ҳайвонотро пеша карда аст.

Роҳи ҳисс, роҳи харон аст эй савор,

Эй харонро ту музоҳим шарм дор.

Ва ё:

Гӯши хар бифрӯшу дигар гӯш хар,

К-ин суханро дарнаёбад гӯши хар.

“Гӯши хар, гӯшест, ки ба маҳсусот қаноат кунад ва сухани ғайб нашнавад ва ё гӯше, ки аз улуми нақлӣ ва аз тақлид нагзашта бошад”.[2]

Ҳисси абдон қути зулмат мехӯрад,

Ҳисси ҷон аз офтобе мечарад.

Бо ҳисси дил аст, ки инсон ишроф бар олами ҳастӣ пайдо карда ва оҳанги ҳастиро ба гӯши ҷон мешунавад.

Мар диламро панҷ ҳисси дигар аст,

Ҳисси дилро ҳар ду олам манзар аст.

Ва ё:

Панҷ ҳиссе ҳаст ҷуз ин панҷ ҳисс,

Он чу зарри сурх в-ин ҳиссҳо чу мис.

Андар он бозор к-эшон моҳиранд,

Ҳисси мисро чун ҳисси зарр кай харанд.

Арзиши инсон ба ҳавосси зоҳирии ӯ нест. Ин ҳисси дил аст, ки инсонро аз мақоми ҳайвонӣ болотар бурда ва ӯро соҳиби каромат месозад ва ҳам-ӯст, ки инсонро ба итоати Худо вомедорад.

Гар бидидӣ ҳисси ҳайвон шоҳро,

Пас бидидӣ гову хар Аллоҳро.

Гар набудӣ ҳисси дигар мар туро,

Ҷуз ҳиси ҳайвон, зи беруни ҳаво.

Пас банӣ Одам мукаррам кай будӣ?

Кай ба ҳисси муштарак маҳрам шудӣ?

Агар ҳисси дил дар инсон бедор шавад, ҳавосси зоҳирӣ низ дар дарёфти ҳақоиқ фаъолиятҳои беҳтаре аз худ буруз хоҳад дод, чаро ки ҳамин ҳисси зоҳирӣ, ранги илоҳӣ ба худ хоҳад гирифт.

Пойгохи Кимёи Саодат

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s