Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (3-4-5-6-7)


Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ақл, василае дигар барои дарки ҳақоиқ[1]

Яке дигар аз абзорҳои фаҳм ва маърифати инсон, ақл аст. Ақл дарёи бекарон аст. Бо шино дар ин дарёи паҳновар метавон ба азамати он пай бурд.

То чӣ оламҳост дар савдои ақл,

То чӣ бопаҳност ин дарёи ақл.

Баҳр бепоён бувад, ақли башар!

Баҳрро ғаввос бояд, эй башар!

Сурати мо андар-ин баҳри азоб,

Медавад чун косаҳо бар рӯйи об.

То нашуд пур, бар сари дарё чу ташт,

Чун-ки пур шуд ташт, дар вай ғарқ гашт.

Ақл пинҳон асту зоҳир оламе,

Сурати мо мавҷ ё аз вай наме.

Мавлоно, инсонро ба шутур ва ақлро ба шутурбон ташбеҳ мекунад, чаро ки ақл ҳодии инсон аст.

Ақли ту ҳамчун шутурбон, ту шутур,

Мекашонад ҳар тараф дар ҳукми мур.

Мавлавӣ ақлро бар ду қисм: ақли ҷузъӣ ва ақли куллӣ тақсим мекунад. Ақли ҷузъиро мазаммат ва ақли куллиро таъкид мекунад. Ақли ҷузъӣ, ки ҳамон ақли маошандеш ва ҳисобгар аст, ҳамвора саргардону ҳайрон аст:

Ақли ҷузвӣ, гоҳ чира, гаҳ нигун,

Ақли куллӣ, эман аз райбул-манун.

Ақле, ки Мавлавӣ мазаммат мекунад, ақли ҳисобгарест, ки фақат ба масолеҳи шахсии фард таваҷҷӯҳ дошта ва аз маслиҳати куллӣ ва пойдори инсон ғофил аст. Ин ақл “умури нописанд ва номашрӯъро барои найл ба ҳадаф, қобили қабул талаққӣ мекунад”.[2]

Баҳси ақл аст ин. Чӣ ақл? Он ҳилагар

То заифе раҳ барад он ҷо магар.

Баҳси ақлӣ гар дуру марҷон бувад,

Он дигар бошад, ки баҳси ҷон бувад.

Баҳси ҷон андар мақоме дигар аст,

Бодаи ҷонро қивоме дигар аст.

Уфуқи диди ақли ҷузъӣ маҳдуд ба ин дунё аст ва ба моварои ин олам таваҷҷӯҳе надорад.

Пешбини (-и) ин хирад то гӯр бувад,

В-они соҳибдил ба нафъи сур бувад.

Ин хирад аз гӯру хоке нагзарад,

В-ин қадам арса (-и) аҷоиб наспарад.

Ақли ҷузъӣ монеи сайри инсон ба сӯйи камол ва лиқои Ҳақ аст. Ақли ҷузъӣ чун пойбанди шутур (ақила) ва мору каждум аст.

Чун-ки ақли ту ақила (-и) мардум аст,

Он на ақл аст, ки мору каждум аст.

Ва ё:

Хасми зулму макри ту Аллоҳ бод!

Макри ақли ту зи мо кӯтоҳ бод!

Ақли ҷузъӣ садди роҳи фаъолияти ақли куллӣ аст.

Ақли ҷузвӣ, ақлро бадном кард,

Коми дунё мардро беком кард.

Ақли ҷузъӣ ҳақиқати ишқро дарк намекунад. Ин ақл наметавонад ҳолоти ошиқонеро, ки аз бодаи илоҳӣ сармаст шудаанд, дарк кунад.

Ақли ҷузвӣ ишқро мункир бувад,

Гар чи бинмояд, ки соҳиб (-и) сар бувад.

Ҳарчанд ақли ҷузъӣ иддаои зиракӣ мекунад, аммо аз он ҷо ки монанди фаришта дар Ҳақ фонӣ нашуда, аз ин рӯ, монанди Аҳриман дар мақоми худбинӣ аст.

Зираку доност, аммо нести нест,

То фаришта “ло” нашуд, аҳриманест.

Ақли ҷузъӣ наметавонад мақоми фаноро дарк кунад, аз ин рӯ, ба водии гумроҳӣ меафтад. Мавлоно бузургоне чун Фахри Розиро, ки асири ақли ҷузъӣ ҳастанд, роздорони дин ба шумор намеоварад.[3]

Андар-ин баҳс ар хирад раҳбин будӣ

Фахри Розӣ роздони дин будӣ

Лек чун “ман лам язуқ лам ядри”[4] буд,

Ақлу тахййилоти ӯ ҳайрат фузуд.

Кай шавад кашф аз тафаккур ин “ано”?

Он “ана” макшуф шуд баъд аз фано.

Мефитад ин ақлҳо дар ифтиқод,

Дар муғокии ҳулулу иттиҳод.

Мавлоно ақли ҷузъиро ақли фалсафӣ; ақли банди маъқулот ва қишри ақл медонад, аммо ақли куллиро ақли ақлу нуру моҳу шаби қадр ба шумор меоварад.

Банди маъқулот омад фалсафӣ,

Шаҳсавори ақли ақл омад сафӣ.

Ақли ақлат мағзу ақли туст пӯст,

Меъдаи ҳайвон ҳамеша пӯстҷӯст.

Мағзҷӯй аз пӯст дорад сад малол,

Мағз, нағзонро ҳалол омад, ҳалол.

Чун-ки қишри ақл сад бурҳон диҳад,

Ақли куллӣ кай гом бе иқон занад?

Агар одамӣ аз ақли куллӣ дурӣ ҷӯяд, ба марҳалаи ҳайвоният суқут хоҳад кард.

Боз ақле, к-ӯ рамад аз ақли ақл,

Кард аз ақле ба ҳайвонот нақл.

Ақли куллӣ аст, ки сайди Ҳақ мекунад, дар ҳоле ки ақли ҷузъӣ ҳарчанд худро сайёд фарз мекунад, аммо сайди худ шуда аст. Ақли ҷузъӣ чун Фиръавн аст, ки аз аноният раҳо нашуда аст.

Ақли ҷузвӣ ақлро бадном кард,

Коми дунё мардро беком кард.

Он зи сайде ҳусни сайёдӣ бидид,

В-ин зи сайёдӣ ғами сайде кашид.

Он зи фиръавнӣ асири об шуд,

В-аз асирӣ, сибт сад Сӯҳроб шуд.

Мавлоно, дар як тақсимбандии дигаре, ақлро бар ду қисм: ақли касбӣ ва ақли мавҳубӣ тақсим мекунад. Ақли касбӣ, ҳамон ақли ҷузъӣ аст, ки бо ҳусули маълумот ҳосил мешавад, аммо ақли мавҳубӣ, ҳамон ақли шуҳудӣ аст, ки бо файзу инояти илоҳӣ шҳнасиби инсон мешавад.

Ақл, ду ақл аст, аввал максабӣ,

Ки даромӯзӣ чу дар мактаб сабӣ.

Аз китобу устоду фикру зикр,

Аз маонӣ ва-з улуми хубу бикр.

Ақли дигар, бахшиши Яздон бувад,

Чашмаи он дар миёни ҷон бувад.

Чун зи сина оби дониш ҷӯш кард,

На шавад ганда, на дерина, на зард.

В-ар раҳи набъаш бувад баста чӣ ғам?

К-ӯ ҳамеҷӯшад зи хона дам ба дам.

Ақли таҳсилӣ мисоли ҷӯйҳо,

К-он равад дар хонае аз кӯйҳо.

Роҳи обаш баста шуд, шуд бенаво,

Аз даруни хештан ҷӯ чашмаро.

Ҳамнишинӣ бо авлиёи Худо, ки ақли ақланд, метавонад ақли ҷузъии инсонҳоро ба сӯйи ақли куллӣ роҳнамоӣ кунад.

Ақли ақланд авлиёву анбиё,

Бар мисоли уштурон то интиҳо.

Андар-эшон бингар охир з-эътибор,

Як қаловуз аст ҷони сад ҳазор.

Қисмати чоруми мақола

Қисмати панҷуми мақола

Қисмати шишуми мақола

Қисмати ҳафтум ва поёнии мақола

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s