Маликнеъмат:Мавлоно бо адён аз нуқтаи назари демокросик менигарид!


Сухбат бо Маликнеъмат шоир, Узви ИН Точикистон, узви ИР Точикистон, номзади илмхои суханшиноси. Муаллифи китобхои «Нилуфари махтоб», «Одамасп», «Эхёи Мадрушкат»,«Ин дарахтон», «Маснавии нави» ва монографияи илмии «Рашахоту айнилхаёт»-и Фахруддин Алии Сафи ва мохияти адабию ирфонии он».

1)Ба назари Шумо чаро чахони имруз беш аз хар замони дигаре мухточи шунидану фахмидани паёми Мавлоност?

Гиёҳ бар адами аташ  тақозои об мекунад. Мо ҳама мардумгиёҳонем, ки ҳарчанд аз моъулҳаёти  Ҳазрати Мавлоно дур мегардем, ташнатар хохем буд.

2)Ба акидаи Мавлоно ошики хакики кист ва чи касе буда метавонад?

Ишқро Буҳанифа дарс нагуфт,

Шофеъиро дар ӯ ривоят нест.

Булаҷаб суратест  сурати ишқ,

Ки ба Куръон дар ӯ як оят нест.

Ба акидаи Мавлоно  тафсири вожаи малакутии «ишқ» чунинаст:

Эй бехабарон! Ишқ маварзед, ки айб аст,

Илло ба ҷамоле, ки паси пардаи ғайб аст.

3)Бар несту нобуд сохтани марзу худуди “худ” чи икдом бояд гирифт? Ба андешаи Шумо Мавлоно имкони дастёфтан ба вокеияти худро дар чи мебинад?

Миёни «худ» ва «Худо»  ҷуз ҳалқаи сарбаста  дигар чизе нест.Мавлоно дар ҳоли бехуди ба Худо мерасад ва мегӯяд:

Гӯ, намонад  зи ман  ин ном, чӯ хоҳад будан!?

Ё ҷои дигар,  дар ҳоли назъ мегӯяд:

Имшаб шаби он аст, ки бинам шоди,

Дарёбам аз худои худ озоди.

4)Устод,оё чи чиз мучиб гашта то Мавлоно як шахсияти чахони бигардад ва башариятро ба масобаи як кулл хитоб бикунад?

«Инно  лиллоҳи ва инно  илайҳи  роҷиъун». Мо аз Худо ҳастем ва ба сӯи Худо  боз  хоҳем гашт.  Яъне, Худо-акли  кулл ва башар акли ҷузъ аст ва ҳамеша бозгашт  ба  асли  худ аз ҳамин пайроҳа  шакл  хоҳад гирифт. Вакте  ки  Мавлоно ба мардум  сухан  мегуфт, худ дар миёна набуд, балки Худо буд, ки ба мардум сухан мегуфт. Вагарна як инсони хокиро ин ҳама мартабаву қурб аз куҷо?

5)Имруз дар чахони Гарб Мавлоно Чалолиддин саршиностарин шоири форсизабон махсуб меёбад ва мехостам бифахмам, ки оё бартарию маъруфии у дар баёни калом аст ё дар маънии калом ва ё дар андешаи уст ё дар чи гуна андешаии он?

Барҳақ, Мавлонои Рум Худовандгори  ҳамаи давру замонҳост. Бартарии ӯ дар он буд, ки  «устурлоби асрори Худо»- ишқро дар даст дошт.

Иллати ишқ аз ҳама иллат ҷудост,

Ишқ устурлоби асрори Худост

6) Мавлоно ишкро илочи худбинию такаббур ва онро “табиби чумла дардхо”  мешуморад. Оё ишке, ки у дар назар дорад, чи гуна аст? Бо суоли ин, ки чаро ишк “табиби чумла иллатхои” мо аст, Шумо аз зовияи Мавлоно чи назар доред?

Ин ҳамон ишқест, ки Мансурро зери дор овард, Айнулқуззотро  сар  бурид. Шишаи номуси  Робиаро  бишикаст…

Ишқро  андар  наёвардам ба банд,

Кушиши бисёр н-омад судманд

Ишқ дарёе   каронанопазир,

Бар канораш кай раси, эй ҳушманд!

Тавсани кардам надонистам ҳаме,

К-аз кашидан сахттар гардад каманд.

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хурду ангорид  қанд…

Ба қавли Ҳазрати Мавлоно…

Чунки шуд аз пеши дида васли ёр,

Ноибе бояд аз ӯ-мон ёдгор.

Чунки гул бигзашту гулшан шуд хароб,

Буи гулро аз чи ҷуем,  аз гулоб…

7) Бархе аз адибон ва Мавлонопажухон Маснавии Маънавиро китоби осмони хондаанд, бархеи дигар низ по фаротар нихода онро Куръон низ хондаанд. Чоми низ онро Куръон дар забони пахлави номид. Назари Шуморо дар ин бобат фахмидан мехостам.?

Бузургии  шахсияти Мавлоно  дар эҷодиёти ӯст. Маснави ҳам  Сомонист ва ҳам осмони, ҳам паҳлавонист ва ҳам Куръони, ҳам инҷаҳонист,  ҳам онҷаҳони, хулоса  ҷовидонист.

8) Устод, дидгохи Мавлоно ба адён чи гуна аст?

Ба андешаи мо, Мавлоно бо адён аз нуқтаи  назари демокросик менигарид. Яъне  онҳоро ҳама яксон медид. Охир он ҳама адён ва паёмбарони  як Худо буданд, ки сифаташ  «Ҳуваллоҳу аҳад» аст.

Эй номи ту сабт ҷумлагӯ дар афвоҳ,

В-аз номи ту бурданд забонҳо ба ту роҳ

Яздону Христосу Тенгриву Илоҳ,

« Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»

Мутшаккирам.

Саломат бошед.

4 responses to “Маликнеъмат:Мавлоно бо адён аз нуқтаи назари демокросик менигарид!

  1. Фирдавси гироми! Ин кушишхои шумо рухи Хазрати Мавлоноро шод мекунад. Худо ачре сазовор бароятон
    бидихад ва дар панохи офияташ нигах дорад.

  2. Саломат ва тандуруст бошед!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s