М.Ахмадинажод:Ошнои бо Шамси Табрези


Шамси Табрези кист , ки инчунин Мавлоноро ошуфта ва “бедилудастор” менамояд? Ва Мавлавиро бар он медорад,ки девони шеъри бисёр боарзишу  ва фохир ба номи Шамс бисарояд ва ба вай такдим намояд. (Девони Шамси Табрези). Дар вокеъ мо бештар Шамси Табрезиро бештар тарики Мавлоно ва аз панчараи сурудахо ва газалхои шурдиаи вай аст, ки мешиносем. Дар бораи Шам иттилоот ва огохии зиёде дар даст нест, бештар он чи ки дар мавриди у аст ба афсона табдил шудааст. Аммо он чи рушан аст, асарест, ки бар Мавлави мегузорад ва зиндагии Мавлавиро мамлу аз ишк,ирфон ва врастаги менамояд ва у хамчун суфии софшудае таваллуди дигар меёбад. Шамси Табрези ончунонн зербанои андешаи Мавлавиро тахти таъсири худ карор медихад, ки уро то поёни зиндаги масту саргаштаву девона мекунад.

Барои бисёре аз мо, ки “Газалиёти Шамси Табрези”-ро хондаем ин нукта дар радифи ибтидоитарин омузахои адаби аст, ки шахсияти арчманд дар хайати китоби “Газалиёти Шамси Табрези” ба чушу хуруш даровардааст. Мо дар мактабу мадраса, дар махфилхои адаби ва донишгох чуз ин чехраи эхтиром барангез камтар нуктаи дигаре дар мавриди зиндагии Шамси Табрези шунидаем.

Пардохт ба гушае аз зиндагии  Шамси Табрези на танхо ба маънии фаромуш кардани Мавлоно нест,  балки ин пардохт чароге бар мачмуъаи зиндагии Мавлои Рум метобонад, ки яке аз чехрахои амики адабиёти мост. Пурвозех аст,ки гараз аз ин навиштор губоролуд кардани чехраи Шамси Табрези ва ба дунболи он чехраи Мавлоно кид ар бурише аз зиндагии худ, шефтаи андешахо ва гуфтахои у шуда буд, нест. А чунин андеша дарз ехни касе рох ёбад, дуруст ба масобаи он аст, ки инсон бар хилофи мантику шуруи инсони бихохад аз инон чехрахои беайбу нукс, комил ва осмони ироа намояд.

Бузургии Мавлоно ва муроди у Шамси Табрези аз он аст, ки бо вучуди замини будан ва  бо вучуди доштани хамаи заъфхои инсони чунон бузурганд, ки торихи фикру адаби Ирон ва чахон наметавонад зояндагихо ва таъсири жарфи андешахои онхоро бар наслхои инсони нодида бигирад.

Аз ин ру вакте дар хабархо мехонем,ки китобе бо номи “Кимёхотун” ба калами Саидаи Кудс мунташир мешавад , ки ба баъди зиндагии Шамс мепардозад, ки чуз он чизе аст, ки  то ба хол шунидаем, сахт дучори тардид мешавем. Он чи дар ин китоб меояд,  на танхо уро ба арш намебарад, балки ба сахти уро аз чойгохи фарознишинонае, ки дорад дар зехни инсон баробари талаби имруз фуру мекашад.

Нависандаи китоби “Кимёхотун” Саида Кудс аст, ки  ин китобро дар колаби румон ироа додааст. Ман хануз ба ин ин китоб дастраси наёфтаам, аммо чунон чи дар хабархо омада, китоб бар асоси матнхои муътабари тоърихи навишта шуда ва ба зиндагии Кимёхотун духтари Мухаммадшох ва Карохотун мепардозад. Карохотун модари Кимёхотун пас аз марги шавхари худ Мухаммадшох ба унвони хамсари дувум Мавлоно ба акди у дар меояд.

Он чи дар хабархо дар иртибот бо матолиби китоб омада буд,барои ман ангезае шуд то дар ин замина дар чустучуи манобеи дигаре бароям ва аз тарики тачзия ва тахлили бархе аз пажухишгарони муътабар ва номовари кишварамон чанду чун мавзуъро дар перомуни рафтори Шамси Табрези  бо хамсараш Кимёхотун барои огохии худам бештар рушан кунам. Ин ду китоб яке асарест аз дуктур Абдулхусайни Зарринкуб бо номи “Пилла пилла то мулокоти Худо” ва дигаре “Боги сабзи ишк” аз дуктур Мухаммадали Исломи Надушан.

Пас аз хондани ду навиштор аз ду нависандаи  огох ва шинохташудаи кишварамон ки дар мавриди робитаи Шамс бо хамсараш навишта шуда абъоди дигаре аз шахсияти  афроде хамчун Шамси Табреззи ва Мавлоно бар мо рушан мешавад. Агар бархурди шитобомез ва эхсоси ба ин шахсиятхо ки дар зехни мо дар авч хастанд, дошта бошем, ба сахти афсурда ва сархурда мешавем. Аммо агар аз дидгохи инсони замини ба он вижагихо бингарем ба ин падида нигохи табиитаре хохем дошт.

Нахуст бояд бар ин нукта бовар дошт,ки аз чахорчуби шахсияти ин афрод низ хамон буруд таровад, ки дар даруни онхост. Дар он сурат кабул хохем кард ки инсонхое чун Шамси Табрези ва Мавлоно низ дорои хислатхои хамчун хасад, хашм, тундхуи, ва озоу азият нисбат ба зердастони худ будаанд. Чунон, ки  бо вучуди  тафовути суни бисёр зиёд миёни Шамс ва духтараки чавони Кимёхотунро ба хамсари мегирад ва онгох  пас аз муддате кутох ба далели бадбини ва хасад уро озор медихад ва бино ба ривояте боиси марги у мешавад.

Макбараи Шамси Табрези дар шахри Доруласфо ва Дорулмуъминин вокеъ шуда аст,бурче хам,ки дар матлаби боло мушохида менамоед,бурчи маъруфи Шамси Табрези аст,ки дар канори кабри он орифи шахир дар махаллаи Имомзода Хави карор дорад.

Аз форси баргардони Фирдавси Аъзам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s