Рақс барои Худо


Ин навишта аз профессор Онне Море Шимел мебошад. Дар ин мақола профессор Онне Море Шимел мекушад то нишон бидиҳад, ки рақси суфиёна (самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтони ва гайриахлоқи дониста шуда, аммо назди бархе тариқаҳои асили суфия ҳамчун Тариқаи Мавлавия ва бархе машоихи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхи василае барои висоли ирфони,  шуҳуди худованд ва шури ирфони талақи шуда аст ва яксара аз таманниёти ҷисмони ори аст. Профессор Онне Мори Шиммел аз исломшиносон ва шарқшиносони ба ном рузгори муосир аст. Вай аз сари сидқу рости дар роҳи шинохти фарҳанг ва таърихи ислом гом ниҳода ва бо осораш на танҳо чашми гарбиёнро то андозае бар руи ҳақиқати фарҳанги машриқзамин гушуд, балки ба мо мусалмонон низ дар ошноии бештар ва беҳтар бо  мироси  илми ва фарҳангии ниёконамон ки ҳамон сунннати дини ва мазҳабии мусалмонон мебошад, ёри расонд. Дар мақолае, ки дар пай меояд, Шимел мекушад то нишон бидиҳад, ки рақси суфиёна (самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтони ва гайриахлоқи дониста шуда, аммо назди баъзе тариқаҳои асили суфия ҳамчун тариқаи Мавлавия ва бархе машоиҳи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхи василае барои висоли ирфони шуҳуди Худованд ва шури ирфони талқи шуда аства яксара аз таманниёти ҷисмони ори аст.

Рақс барои Худо

Профессор Онне Море Шиммел.

Дар халоли даҳаҳои ахир гоҳе навиштаҳое дар рузномаҳои Амрико дар бораи омузиши “рақси суфиёна” мехондем ва рақси суфиёна ба шеваи марсум барои парвариши нафс бадал шуда аст. Аммо рақс дар силом қабеҳ шмурда шудааст, чаро,ки ба таври куллирақс дар таърихи адён бо ваҷду ҳол дар иртибот аст ва инсонро аз ҳолати одии худ хориҷ мекунад ва метавон гуфт уро бар гирди як меҳвари хос ба чархиш во медорад. бегумон дар давраҳои миёнии исломи зиёфатҳои мусалмонони мутамаккин аглаб бо мусиқи ва рақс ба поён мерасид. Лекин дар бистари дин рақс,ки асосан як пи- падидори мусиқи ва нагмаи хушоҳанг аст, бо хасисаи шариати меҳвари ислом дар таоруз қарор мегирад,зеро мумкин аст фардро аз роҳе,ки худованд муқарар дошта шариат-ба пайроҳа кашад. Аз ин ру ислом ба мухолифат бо рақс бархоста аст ва мутобиқи Қуръон (Фотр , ояи 8) бо каф задану умуре аз ин даст мухолиф аст. Таи чандин қарн мақолот ва рисолоте алайҳи масъалаи рақс ба иллати вуҷуди таъсироти шайтонии он нигошта шуда аст.

Бадин ҷиҳат хунёгарон ва рақосон ҳаққи шаҳодат додан дар додоҳро надоштанд, ба унвони намуна метавон аз рисолаи мансуб ба ин  дар мавриди рақс ва самоъ ёд қард.У ин ду мақуларо ба андозаи табиат аз мугулҳо барои муъминони хатарноқ ва зиёнбор мешуморад. Баъдҳо як пажуҳишгар таъсир ё радпои шумнонаро дар рақс суфиёна мушоҳида мекунад.

Ҳатто касоне, ки рақсро вижагии аслии тасаввуф мешуморанд ва ҳудро ба ин ҷараён мансуб медоранд, мавриди накуҳиш қарор додаанд, чаро, ки  ҳадафи ишон бузургнамоии чунин таҷоруби халасаовари будааст. Ишон дар ин маворид бо Ҳиҷвири (қарни 5 қамаи-11 милоди) мувофиқ меоянд. Вай дар Кашф-ал-маҳбуб баён медорад. “Тоифае дидам аз авом,ки мепиндоштанд мазҳаби тасаввуф худ ҳеч нест ҷуз тасаввуф. (Кашфулмаҳбуб саҳ416, тарҷумаи Николсон).

Аввалин самоъхонаи маъруф ё ҷое барои рақсидан ва навохтани мусиқии мазҳаби дар нимаи дувуми қарзи савуми ҳиҷри баробар бо нуҳуми милоди дар Багдод таъсис шуд, ҷое, ки суфиён маҷоли шунидани нагмаҳои оҳангинро меёфтанд ва бархе дар халоли он  ба чарх задан мепардохтанд. Гоҳе авқот ин ҳолати халаса ба ҷое мерасид, ки хирқаҳояшон-тика порчаҳое, ки  бо диққат ба яқдигар духта шуда буд-ро медариданд.

Ишон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳи ба суи осмон дароз мекунанд

Дар ин ҳангом чунин тасаввур мешуд, ки саршор аз баракати “неруи ҷодуи, муқаддас ва маънави” шудаанд. Масъалаи мавриди ихтилоф ин буд, ки оё мубтадиёни тариқат-чунон,ки шайх Абусаиди Абулхайр муътақид буд боиста аст,кид ар маросими рақс ва самоъ ширкат кунанд то муштаҳиёни нафсонии худро аз миён бардоранд ё ин ,ки аз шикрта дар ин гуна маҷолис бояд барҳазар бошанд.

Масъалаи дигар ба ин гуна буд, ки оё навомухтагони тариқат ба воситаи пойкубии сармастона ва гуш додан ба мусиқи метавонанд “аҳволи” ирфониашонро таоли бахшанд ё бояд аз намоиши чунин амале парҳез кунанд? Пойкуби ва дастафшони бахше аз чунин рақсҳое буд, ки мумкин буд ба чунун мунтаҳо шавад (чунон ки Ҷоми онро дар силисилатулазҳаб тавсиф мекунад) минётурҳое, ки умдатан аз ҳавзаи фарҳанги ирони бар ҷой мондааст, суфиёни чархзанро бо остинҳои баланде,ки парандагонро тадои мекунад ба тасвир мекашанд.

Истилоҳоте аз қабили “пойкуби” ва “дастафшони” ва назоири онҳо дар ашъори Ҷалолиднини Руми бахусус рубоиёт фаровон аст, чаро,ки рубои аглаб ба унвони қолаби манзум дар маҷолиси самоъ ба кор гирифта мешавад.Назди Мавлави тамоми ҷаҳон дар рақси шигифтовар дар ҳаракат аст. Аз замоне, ки адам, хитоби азалии Худованд: “Оё ман парвардигори шумо нестам”- ро шунид пойкубон по ба арсаи вуҷуд ниҳод. (Девони Шамс,шумораи 18365)

Ин ақида ба гуфтаҳои Ҷунайд ишора дорад. Рақс ва самоъ ду нардбон барои суъуд ба осмон- яъне меъроҷи ҳақиқи ҳастанд ва фариштагону чиниён низ дар ин уруҷ ширкат доранд. Рақси шохаҳои дарахтон ба воситаи вазиши насими баҳори мазҳаре аз он сарнамуни азали аст.

Фарзанди Мавлоно , Султон Валад, мусиқи ва рақсро, ки падараш бо илҳомоти худ онҳоро парваронда буд, сомон дод, ба ин маъно рақс дар назди Мавлавия як амали шурмандона энони гусехта нест, балки рақси манзуми “бола”аст, ки дар он як дарвеш метавонад шаъафи сармастонаро таҷриба кунад. Аммо ин шаъафи сармастона роҳе барои парастиши “У” ва дар ҳақиқат “рақс барои Худо” аст. Чарг задан аглаб ба ҳаракати ситорагон ба даври хуршед ё рақси парвона ба даври шамъ барои “фано”- и дар он ташбеҳ мешавад. Ин таҷрибаи фано аст.”Фано”-и дар Худо барои расидан ба сатҳи болотар аз басират.Шоирони баъди Мавлоно назири Галиб (мутавафи дар Истанбул ба соли 1213 қамари, 1799 м)ба монанди шоирони Ҳинд ва ирони албатта бо сароҳати бештареин симбулизмро дар ашъораш бо радифи рақс ба кор гирифт.

Дар миёни даровиш ба вижа Мавлавия маросими тадвин аглаб  бо пойкуби ҳамроҳ буд ва низ дар мавриди ҷашнҳое, ки барои накудошти як ориф мутавафи баргузор мешуд, вазъ бар ин минвол буд ва бинобар ин ҷои шигифте нест, ки аз рақси биҳишти сухан бамиён овардаанд. (Аз ин ру ёдовар бардошти гарби аз нақошиҳои Микеланжело аст) Ва Рузбаҳони Бакали , чунон,,ки иддао мекунад, худро дар рақс бо малоиқ ва паёмбар дид. Намоди поёни сафи сафари ирфонии у “рақс бо худо” аст.

Дар кишварҳои исломи маъмулан раксҳои маҳалли барои занон ва мардон ҷудогона тартиб меёфт ва чунон хи дар мавориди занон ва мардон бо ҳам дармеомеҳтанд ва ба пойкуби мепардохтанд ба монанди қабоили бар бар-ки тавассути аҳли зоҳир ва суфиёни мутанассик мавриди эътироз воқеъ мешуд. Ин амр,ки имруза ҳатто занон дар тариқаҳои “имрузи” ширкат меҷуянд бо тамоми суннати клосик дар тақобул аст. Чаро,ки самоъи суфиёна мутаваҷҷеҳи аҳдоми ҷисмони нест. Наққодони суннатии тасаввуф Ибни Ҷавзи рақсро ваҳъи шайтони ва феъли “хилофи ахлоқ” медонанд.

Наҳваи анҷоми рақси самоъ дар тариқаи Мавлавия

Дар ин маросим шайх дар васати доира меистад. Қоличаи сурхранг (намоди иттиҳод бо олами шуҳуд) ба суи Макка густаронида мешавад. Маросим бо тиловати Қуръон ва наът (шеъре, ки дар снаои наби суруда мешавад) огоз мешавад. Навозандагон ру ба руи  шайх менишинанд ва сукуте,ки дар паи тиловати Қуръон ва наъти наби дар маҷлис соя афланда бо садои табл шикаста мешавад.

Пас аз он такнавозии най шуруъ мешавад. Сипас дарвешон ба дунболи шайх дар доираи толор меистанд ва ба як дигар сар фуру меоваранд.  Рақс бо нахустин саломи як дарвеш огоз мешавад. Дарвеш бо бусае бар дасти шайх аз у барои самоъ рухсат металабд.Муршиди самоъ уро ба ҷои худ роҳнамои мекунад.

Навозандагон ва хонандагон шуруъ ба хондан  мекунанд. Шайх дар ҷои худ истода ва дарвешон бар гирди у боз мешаванд ва мечарханд ва оҳиста зикри Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ…ро зери лаб такрор мекунанд.

Ин бахш аз маросим тақрибан 10 дақиқа ба тул мекшад ва барои чаҳор бор такрор мешавад. Дар чаҳорумин саломи худ шайх низ ба рақс мулҳақ мешавад. Дар назми хуршедвори Мавлоно шайх намоди хуршед аст ва дарвешон ба монанди ситорагон ба даври худ ва ба даври шайх чарх мезананд.

Ишон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳи ба суи осмон дароз мекунанд то онро ба қалби худ мунтақил созанд ва аз қалб низ бо пойин овардани дасти чап ба суи замин онро аз раҳмати илоҳи сероб месозанд.

Ҳангоме, ки як нафар пои худро маҳкам ба замин мекубад, дигари дунболаи кори уро мегирад ва рақсро идома медиҳад. Фарозу фуруди пои рост доиман бо зикри оҳангини Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ… ҳамроҳ аст.

Бадин тартиб симбулузми (рамз) ниҳон дар рақсу самоъи тариқаи Мавлавия ба ишқи осмони ва шури ирфони ва низ иттиҳод бо Худо ишорат дорад. Дар поён , дарвешон ҳу-ҳукунон ба якдигар мулҳақ шуда ва бо зикри фотиҳа ва адои намоз барои Мавлонова Шамси Табрези маросимро ба поён мерасонанд.

Фароҳамсоз: Фирдавси Аъзам

One response to “Рақс барои Худо

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s