Марги ғурури Мавлоно


Мусоҳибаи Фирдавси Аъзам бо Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад

Мавлоно Ҷалолидини Балхи  солҳо ва карнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфони ва  иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳонии хеш таваҷҷуҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри у, андешаи у, пиндору гуфтору рафтори у  ин албатта бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби дини. Осори  у лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумони дорои гуногунзаминаро ба самти худ мекашанд. Рости Мавлоноро чи чиз ё худ ки муҷиб гашта ба чунин як шахсияти ормони табдил ёбад? Шамси Табрези ки буд, ки инчунин Мавлоноро ошуфтаву шурида гардонда буд? Оё суфи кисту зоҳид кист? Ин ва дигар суолҳоро ин макола аз зовияи нависанда, рузноманигор, устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад накл мекунад. Мавсуф зода ва парваридаи рустои Худгифи Сояи ноҳияи Мастчоҳ буда, узви конфедератсияи байналхалкии журналистон, ҳамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (ҳамроҳ бо писараш Шоҳмансур) ва “Касидаи ҷавонмарди” (дар ҳамкори бо Мирзоҳамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” сеюмин  асари у мебошад. Бо манзури рушани андохтан бо чанд суоле, ки дар боло зикрашон рафт, рокими ин сутур суҳбате оростам, ки манзури шумо хонандаи арҷманд мегардонам.

Устод мехостам суоли нахустро аз чи гуна ва бо кадом далоил Мавлоно шудани Ҷалолиддин бидонам?

Сина хоҳам шарҳа – шарҳа аз фирок

То бигуям шарҳи дарди иштиёк

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон ва дуруд бар паёмбару оли у ва салом ба шумову хонандагони арҷманд. Ба ин суол аз ин ҷо ва аз ин нукта шуруъ мекунам. Ба иллати ваҳшонияти Чингиз, аз бими марг, аз бими он, ки таҷовуз ба номусу нанги аҳли хонавода нарасад, Ҷалолиддин дасти  хонаводаашро гирифта Балхро бо максади Куния тарк мекунад. Ва дар ин сафар уро ҷумла ёру дустон ҳамроҳи мекарданд ва тамоми балхиёнро барои ҳиҷрат даъват намуд. Дар ин сафар у бо  шайхи замон ва суфии шаҳири даврон Атторри Нишопури мулокот мекунад. Албатта дар аксари сарчашмаҳо чигуна сурат гирифтани бархурди ишон мазкур аст, инҷо тафсилоти нақли онро сарфи назар мекунам.

Вакте, ки Мавлоно дар шаҳри Куния машгули тадрису омузиш буд, дар шаҳри дур аз икоматгҳoи Мавлоно ҳотифе ба гуши шаҳсе бо инояти Худованд  башорат медиҳад, ки бархезу роҳ ҷониби Куния пеш гир ва Ҷалолиддинро Мавлоно гардон. Ин одам Тирмизро  бо максади  Куния тарк мекунад.

Маъзарат, устод, оё ин ҳотифро ном чи буда?

Ин  шахсро ном Саидбурҳониддини Сирдон буд.  Саидбурҳониддин муҳаккики Тирмизи муриди покдили падари Мавлоно буд ва нахустин касе буд, ки Мавлоноро ба водии тарикат роҳнамои кард. Бурҳониддин муҳаккики Тирмизи аз  иродатмандон ,шогирдон ва муҳиббону муридони содику устувори ҳазрати Султонулуламо мебошад. У бо истеъдод ва маърифате, ки соҳиб уд тавонист дар кучактарин замон ба дараҷоти болои сулук бирасад. Саидбурҳониддин Мавлоноро ба сулуки  бештар ва фаҳми беҳтари ҳакоики дину ирфон даъват намуд. Вай сафар кард то бо муршиди худ Султонулуламо дар Куния дидор намояд. Аммо чун ба Куния расид, мутавваҷеҳ шуд, ки у ҷон бохтааст. Пас назди Мавлоно рафт ва ба у гуфт: “Дар ботини ман улумест, ки аз падарат ба ман мерос монда. Ин маъониро аз ман биёмуз то халифи сидки падар шави”. Мавлоно сипас бо дастури у ба риёзат пардохт ва такрибан  9 сол бо у ҳамнишин буд.

Буд дар хидматаш ба ҳам нуҳ сол

То ки шуд мисли у ба колу ба ҳол

Бо омадани ин шайх омузишу тадриси Мавлоно ба зинаҳои болои роҳ ёфт. Бо таъкиду дархости пири худ Саидбурҳониддини Сирдон Ҷалолиддинро мебоист ба таври такрор китоби бузурги киблагоҳаш Султонулуламоро аз бар намояд. Баъд аз солҳо омузишу тадрис сипас пир ба мурид ру оварда башорат медиҳад, ки у аз илми имону зоҳир аз падари хеш пеш рафтааст, лекин дар илми асрор ҳануз зинаҳоеро мебоядаш  тай намояд. Яъне Мавлоноро лозим буд то ин ду илм асрору ҳолро аз пири худ Саидбурҳониддин биомузад. Ва ҳамчунин ҳам шуд. Аммо лозим ба ёворасит, ки Ҷалолиддин аз падари бузугвори хеш ба истилоҳ як чизеро ба мерос гирифта буд ва он гурур буд. Барои инсони комил шудан уро мебоист то гурури хешро курбон намояд. Саидбурҳониддин ин вижагиро дар у медид. Мавлоно билохира Саидбурҳониддинро ба масобаи пири хеш пазируфт. Бо дасти муриди додани Мавлоно ба муршиди хеш дигар ихтиёрро куллан ба пири худ бахшид.

Бояд гуфт ,ки дар он замонҳо   дар Куния чун боришот хеле зиёд шуда буд, ҷуйборе, ки аз паҳлуи масчид ё мадраса мегузашт хеле ифлосу касиф буд. Саидбурҳониддин Ҷалолиддинро мефармояд, то ин ҷойҳоро тамизу мураттаб намояд. Мавлоно шабона як чоҳро ки тозаву тамиз мекард ва чун саҳаргоҳон боз медид ки он чоҳ пур аз ифлосиву касифи шуда. Он ҳама бадбуиҳоро барканор мекард. Ҳатто ҷойҳое чун дастшуи (ҳоҷатхонаҳо)- ро тамизу мураттаб менамуд.

Сипас рузе Саидбурҳониддин ба дасти Ҷалолиддин кулборе дода аз у хост то ба бозор равад ва дарюза ҷамъ мекунад яъне каландари кунад барои аҳли мадраса, ин кор ва ин фармон бар шахсе чун Мавлоно хеле гарону сангин буд , аммо у ҳак надошт, ки аз ҳарфи пир ру тобад ва ногузир ба итоати фармони пири хеш буд.

Оё ин ҳама фармон аз тарафи Саибурҳониддинро ҳадаф чи буда?

Пир Саидбурҳониддин мекушид то Ҷалолиддинро гурусна гузорад, чун медонист, ки дар роҳи расидан ба илм гуруснаги асарбор аст. Мегуянд гуруснаги чун сарпушест, агар сарпушро бардорем, барои омузиши илм масири тозае боз мешавад. Саидбурҳониддини Сирдон то ба он ҳадде муриди хеш Ҷалолиддинро дар гояти гуруснагию камхурдан мегузорад, ки ҷисму тани у комилан барои дарки ҳакоику асрори Худованд омода мешавад. Асосан шабзиндадорию таҳаҷҷуд, кам хуфтану кам гуфтану, кам хурдан аз хасоисис аҳли ирфон мебошад,ки нисбати ин чиз хеле сахт мегиранд.Аз диди орифон онон,ки аз ин хусусиятҳо ба дуранд аз аҳли орифон нестанд.Ҳатто Мавлоно дар Маснави ҳикояте дорад,ки дар он ошики хоболудро чун кудаку хом мешуморад.

Баъд аз он, ки пир муриди хеш Ҷалолиддинро дар улуми зоҳир ба камол дид аз у мехоҳад то замонеро сарфи улуми ботин намояд, улуме ки аз хилват ҳосил мешавад. Сипас Мавлоно ба гушаи хилват мепардозад яъне чилла мешинад. Гуянд гайр аз обу чанд курси ҷавин ҳеч чизи дигаре дар он хилват набуд. Баъд аз он, ки чиҳил руз бигзашт Саидбурҳониддин дари хилватгоҳро бикшод ва Мавлоноро дид ба ҳузури тамом дар гушаи тафаккур сар ба гиребони таҳайюр фуру бурдааст, яъне  ба олами ботин роҳ ёфта. Мавлоно ба намоз истода ниёз мекард. Мавлоно дар ин хилват ба сад ҷилват  саропо нур шуда буд:

Дар ду чашмаш бин хаёли ёри мо

Ракс раксон дар саводи он басар.

Ё

Онон, ки талабгори Худоед, Худоед

Берун зи шумо нест шумоед, шумоед.

Баъдуҳу Саидбурҳониддин шогирди хеш Ҷалолиддинро огуш гирифта уро табрик мекунад ва дуо намуда башорат медиҳад, ки ба илми ҳолу асрор сазовор шудааст. Саидбурҳонидин саҷдаи шукр ба ҷой овард, ҳазратро дар канор бигрифт, бар руи муборакаш бусаҳо рехт. Бо гузоштани салла бар сари Ҷалолиддин уро имом мехонанд. Баъд пирро лозим мешавад то бо ирода ва инояти Худованд аз мурди хеш ҷудо шавад. Аммо Мавлоно намегузошт. Вале чун рафтани Саидбурҳониддин иродаи Худованд буд, ногузир Мавлоноро тарк мекунад. Меравад ба шаҳре сипас баъд аз чанде ба гуши Мавлоно хабари гамини реҳлати уро мешунавад ва сахт андуҳгин мешавад. Аммо лозим ба ёдоварсист, ки Саидбурҳониддин кабл аз рафтанаш ба Мавлоно таъкид мекунад, ки замони будани ман сар омад пас аз ман каси дигар меояд, ки туро иршод шавад. Инҷо Мавлоно аслан аз ки будани шахсияте чун Мавлоно иттилое надорад. Мавлоно дар 37 солаги орифу донишманди даврони худ шуд ва муридону мардумон аз вуҷудаш баҳраманд буданд, то ин , ки рузе аз рузҳо дарвеше дар зиндагии у падидор гашт ва ба гуфти худи Мавлоно оташе дар бешаи андешаҳои Мавлоно афрухт.

У ки буд, ки ин гуна Мавлоноро шефтаву савдоии хеш бинмуда?! Ва Мавлавиро бар он медорад, ки девони шеъри бисёр боарзиши худро ба номи Шамс бисарояд ва ба вай такдим намояд?

Ин орифу шайхро ном Шамси Табрези буд. Албатта мо Шамси Табрезиро бештар  аз панҷараи сурудаҳо ва газалҳои шурдиаи вай аст, ки мешиносем.Аммо бо вуҷуди он ки Шамси Табрезиро комилан намедонем, аммо   он чи рушан аст, асарест, ки бар Мавлави мегузорад ва зиндагии Мавлавиро мамлу аз ишк, ирфон, хилват ва ворастаги менамояд ва у ҳамчун суфии софшудае ба истилоҳ  таваллуди дигар меёбад. Шамси Табрези ончунонон зери таъсири  худ карор медиҳад, ки уро то поёни зиндаги масту саргаштаву девонаву шурдиа мекунад. Инҷо Мавлоно ҳоли худро чунин шарҳ медиҳад:

Зоҳид будам таронагуям карди

Сарҳалкаи базму бодаҷуям карди

Саҷҷоданишини бовикоре будам,

Бозичаи кудакони куям карди.

Рузе Мавлоно аз роҳи бозор ҳамроҳи шогирдону муридони хеш бо саллае дар сар ба хона бармегашт ки обире ношинос савори хирчине назди у омад ва густохона пурсид аз у: “Муҳаммад бартар буд ё Боязид” Мавлоно бо лаҳне холи аз хашм посух дод: “Муҳаммад (сс) сарҳалкаи анбиёст Боязиди Бастомиро бо у чи нисбат?”. Дарвеш бонг бардошт:” Пас чаро он як субҳонак мо арафнок гуфт ва ин як субҳони мо аъзам шони ба забон ронд? “Мавлоно андешиду гуфт: “Боязид тангҳавсала буд ва бо як ҷуръа арбада кард ва зарфияти хешро пур дид, аммо Муҳаммад дарёниуш буд бо як ҷом аклу сукуни худро аз даст надод. Боязид вакте, ки палидиҳову бадиҳову наҷосатҳоро аз вуҷуди худ  дур карду тоза намуд,ба зоти Ҳак таоло бирасид. Ин маънии он дорад,ки бо он чи ки дар талаб буд,ҳамин буд ва бо ҳамин зарфият конеъ шуд, аммо ҳазрати паёмбар ҳар руз 70 макомро тай мекард ва пушаймони мекард, ки ҳануз андар ин 70 маком чизи каме бардошт намудааст.”. Пас аз ин гуфтор Шамс аз ҳайбати посухи бисёр дакики Мавлоно, ки у аз каси дигаре нашунида буд, беҳуш мешавад ва баъди чанде ба ҳуш меояд ва бегонагии онон ба ошноии рафокат табдил ёфт. Ба истилоҳ нигоҳи Шамс гуфта буд аз дури дурҳо ба ҷустуҷуят омадам, аммо бо ин бори гарони илм ва пиндорат чи гуна ба мулокоти Оллоҳ метавони бираси? Ва нигоҳи Мавлоно ба у посух дода буд: “Маро тарк макун дарвеш ва ин бори музоҳимро аз шонаҳоям бардор” Пайдони шудану ворид шудани Шамс дар зиндагии Мавлоно тавониста таҳаввулоти амикеро дар афкору андешаи у эҷод намояд. У бо Мавлоно пайваст ва уро чунон шефта намуд, ки дарсу ваъзро канор гузошт ва ба шеъру тарона пайваст ва ракси самоъ пардохт ва шоира гашт бемонанд. Аммо касе намедонад ки Шамс бо Мавлоно чи гуфту чи омухт ва Мавлоно чи шуниду чи гирифт

Оё Шамс чи таҳаввулоте дар андешаву зеҳни Мавлоно тавлид кард ва онҳоро суҳбат аз чи буд?

Пас ин ду ба хилват менишинанд ва ҷамоати азиме дар интизори ин, ки пирашон Мавлоно ояду сухан аз ирфону  самоу имону зоҳиру нафсу ишку, гуяд, аммо Мавлоно гуи ҳамаро дар суҳбати Шамс омухт. Сипас  натоиҷи ин ҳама суҳбату гуфтугуҳо бо Шамс Мавлоноро билкул тагйир дод ва у дар чеҳраи Шамс Худоро дарёфт. Кулуби ишон он кадар бархурди ошикона намуд, ки дар суҳбати ишон ҷуз вожаҳои Ишк, Малак, Имон, Худо чизе намерехт. Ва дар хабар аст, ки Мавлоно аз бархурд бо Шамс сазовори инсони комил гашт. Аммо бояд мутазаккир шуд,ки ҳануз пас аз ҷилла нишастан пири нахустини Мавлоно Саидбурҳонидини Тирмизи хитоб ба Мавлоно чунин гуфта буд: “Муборакат бод, инсони комил шуди,акнун бирав роҳи башариятро ба суи худоои рушани бахш”.

Албатта муридони Мавлоно медиданд, ки пирашон муриди жандапуше гумномшуда ва таваҷҷуҳе ба ишон намекунад ба фитнаҷуиву бухл ру оварданд ва ба Шамс носазо мегуфтану мекарданд ва таҳкираш мекарданд. Шамс, албатта аз ин амалҳои ишон ранҷид ва дар ҳамон замоне,ки Мавлоно 39 сол дошт аз  Куния ба Димишк меравад. Албатта ин ба Мавлоно бетаъсир набуд, уро ором намегузошт дурии Шамс. Муридан чун мебинанд, ки рафтани Шамс рафтани Мавлоно ҳануз натавонист уро мутаваҷҷеҳи худашон кунад, пушаймон мешаванду аз пири худ пузиш металабанд:

Пеши шайх омаданд лобакунон

Ки бубахшо макун дигар ҳиҷрон

Тавбаи мо бикун аз лутф кабул,

Гарчи кардем ҷурмо аз фузул

Дар ин миён Мавлоно фарзанди худ Султон Валадро ба дунболи Шамс мефиристад, пайдо мекунаду меораду боз дубора ҳасодати муридон барангехта мешавад ва  таҳкир мекунад, боз меoварад, ва роҷеъ ба ин ҳолат дар хабар мазкур аст, ки ниёзе ба овардани онро ба таври муфассал намебинам. Аммо охирин маротибае, ки Шамс меравад ин бебозгашт буд ва гуруби ҳамешагии ин хуршеди тобноки ҷаҳони маърифат буд. Саранҷом бехабар аз Куния рафт ва нопадид шуд ва аз торихи сафар ва чигунагии он касе чизе намедонад. Мавлоно аз маргу реҳлати Шамс хабардор набуд ва ҳатто бовар ҳам намекард, ки Шамси у рафта бошад:

Ки гуфт, ки он зиндаи ҷовид бимурд?

Ки гуфт, ки офтоби уммед бимурд?

Он душмани хуршед баромад бар бом

Ду чашм бибасту гуфт: хуршед бимурд?

Ҳаминро бояд арз намоям, ки Мавлоно дар дуриву фироки ҷонсузи Шамс ноором буд ва рузу шаб ба самоъ пардохт ва ҳоли ошуфтааш дар ҳама ҷо бар сари зaбонҳо афтод:

Рузу шаб дар само раксон шуд

Бар замин ҳамчу чарх гардон шуд.

Мавлоно чун аз Шамс комилан маҳрум шуд, дур шуд ва чун дар ҳама ҷо уро меҷуст, аммо намеёфт. Аммо у ҳарчанд Шамсро пайдо накард, лек ҳакиакти Шамсро дар худ ёфт Яъне Мавлоно, ки дар пайи ҷустуҷӯи як нафар инсони ормонӣ буд ва дарёфт,ки он чи ки ба дунболаш аст, дар вуҷуди худаш ҳозир аст. У бо тамом ба ракси само мепардозад ва онро василае барои раҳои ва гурез  медид, ин василае буд,ки барои руҳи одами кумак мекунад то дуриҳоро фаромуш кунад ва пила пила ба боми олами кудсу малакути уруҷ кунад.

Пири ману муриди ман, дарди ману давои ман,

Фош бигуфтам ин сухан, Шамси ману  Худои ман

Устод бо як ҷумла бифармоед, ки Ишк аз дидгоҳи Мавлоно чист?

Танҳо ҳаминро мехоҳам зикр намоям, ки Ишки Мавлоно таърифбардор нест. У мефармояд

Дар нагунҷад ишк дар гуфтушунид

Ишк дарёест умкаш нопадид.

ё ҷои дигар мегуяд:

Шарҳи ишк ар ман биуям бар давом

Сад киёмат бигзарад в – он нотамом

Устод,  агар сухане чанд оиди вижагиҳо ва авомили башари шудани Мавлоно арз менамудед, хеле мамнун будаме?

Мавлоно чун дигар инсонҳо махлуки Худованд буд, у медонист, ки ҳама инсонҳо фарзандони Одаму Ҳаввоянд ва эҳтироми ҳамаро ба ҷой меовард. Мавлоно пас аз муддатҳо бемории дарднок чун ин ҷаҳонро матрук кард, дар он рузи пурсуз, Куния ранги сиёҳ бар тан дошт. Сели пурхуруши мардум, пиру ҷавон, мусалмону габр, масеҳию яҳуди, буддои, ҳамаги дар ин рузи пурсуз, дар ин мотам ширкат доштанд. Ҳама уро аз они худ медонистанд. Вижагии башари шудани Мавлоно низ ҳаминҷост, ки бо ҳар кадоме аз аҳли башар ҳамон тавр буд, ки буданд. Бо габр габр буду бо яҳуди аз руи суннатҳои Мусо амал мекард. Дар вокеъ ин донишу бинишу маърифати ирфонию суфиёнии Мавлоно муҷиб гашта то у ба унвони инсони комилу ормонии башари шинохта шавад. У шаҳрванди ҳамаи мамолики олам аст. У мутааллик ба тамоми башарият аст, бе нишону ломакон аст.Зовияи у тафрикахоҳ нест, худ мефармояд:

Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,

На тарсову яҳудиям, на габру на мусалмонам!

На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,

На аз хоки табииям, на аз афлоки гардонам!

Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад.

На тан бошад, на ҷон бошад , ки ман аз ҷони ҷононам.

Дигар вижагии Мавлоно дар он аст, ки тавониста дар осори хеш бо нодиртарин ва нозуктарин ва печидатарин мавзуот ва масоили марбут ба одмау табиату офариниш даст занад ва чун вакте як хонандаи масалан хориҷи ин осори уро мехонад дар он посухҳоеро, ки муддати тулони меҷуст,дармеёбад ва ниёзҳои хешро ба даст меорад. Дар ин бора яъне рузи даргузашти Мавлоно Афлоки мегуяд: ” Басе мустакбирон ва мункирон ки он руз, зуннор буриданд ва имон оварданд” ва 40 шабона ин азову суг бар по буд.

Баъди чиҳил руз суи хона шуданд,

Ҳама машгули ин фасона шуданд.

Рузу шаб буд гуфташон ҳама ин

Ки шуд он ганҷ зери хоки дафин.

Устод вокеан андешаи оли баён намудед ва чун Мавлоно суфии поксиришт буд, мехостам дидгоҳи шуморо оиди ки будани суфи ва тафовути у аз зоҳид бидонам?

Суфиён офаринандаи ҳастиро дорои ҳеч як аз сифоте, ки мо мешиносем намедонанд ва уро болотар аз ҳар пиндору андешае медонанд. Агар аз лиҳози зоҳири бингарем чи суфи ва чи зоҳид яъне ҳардуро як чиз номидан дуруст аст, аммо дар ҳар сурат тафовут мавҷуд аст, тафовут аз равишҳост, ки бояд ба инобат гирифта шавад. Зоҳид метавонад Мавлависон узлат ихтиёр кунад, суфи аммо дар миёни мардум бештар аст ба истилоҳ  дил ба ёру даст ба кор. Суфи метавонад муртакиби хатову иштибоҳ шавад яъне агар аз нафс пируз набошад. Аммо бояд кайд намуд, ки танҳо суфии мавлависрате метавонад он ҳама рисолати суфигариро ба ҷой оварад.

Аз таъсиргузортарин суфиён метавон  ба Боязиди Бастоми, Абусаиди Абулхайр, Ҷунайди Багдоди, Ҳофиз, Мавлоно, Саъди, Аттор, Ҷоми ва дигарон ишора намуд.

Бузургтарин ҳадафи як суфи он аст, ки то ҳадди тавон ба Худо наздик шуда ва хости худро курбони хости худованд намояд. Ва бинобарин ба иттилои суфиён худовандро дар тасаввуф “маъшук” ё “маҳбуб” мехонанд ва шахси суфи ки дар паи худост,дустору “ошик” аст. Бинобар ин ҳастии аслии тасавуф ин аст, ки суфи “ошик” ба Худованд “маъшук” бипайвандад. Аз тарики ин ишки илоҳи аст,ки солик (суфи) дар ниҳоят мемирад (фано мешавад) ва ҳакикати у низ дар ҳамин нукта нуҳуфтааст, ки бо марги ихтиёри,ки ба вай даст медиҳад,ба бако мерасад ва он чи ба у ваъда дода шудааст, дар ҳамин дунё дармеёбад на дар дунёи дигар. Аммо зоҳид онест, ки дар хилват аст ва танҳо Худост дар андешаи у ва ёри у ҷуз худо касе нест. Яъне у касест, ки кудрату неру дошта бошад то  ки аз сарватҳову муваффакиятҳои дунё истифода кунад, аммо накунад. Инчунин мегуянд зоҳид касест, ки вакте ин муваффакиятҳо ва омилҳо ба дасташ меоянд ҳамашро бари Худо вадар роҳи Худо кор барад.

Сухане чанд оиди инсондустии Мавлоно?

Албатта  инсондусти ва гуманистии Мавлономавзуест, ки  руи он бояд тадкикотҳо ва пажуҳишҳои густурдаи вижае бояд анҷом дод. Аммо агар Мавлоноро яке аз бунёдгузорони диди демократия номем, хато нахоҳад шуд, чун маънои демократия  аз ҳукуки мардум дифо кардан, эҳтиром гузоштан ва фармудаҳои худовандро ба ҷо овардан аст. Инчунин ба инсонхо арҷ гузоштан, кадр кардан яъне ба ин шомил мешавад эҳтироми ҳайвонот, наботот, хоку сайёра ва  муҳимтар аз ҳама худи Инсон. Мавлоно яке аз пойгузорони ин истилоҳ аст, ки тавониста онро дар зиндагии худ ва дигарон пиёда намояд. Ҳамин гуманистии уст, ки бо марги хеш ҳазорон нафарро муттаҳид сохт ва садҳо инсонҳои мухталфадёнро ба суи хеш хонд. Зеро, ки гавҳари у осмони аст на хоки ва аз арш аст на фарш. Худ ин идаоро тасдик мекунад:

Мо зи болоем,боло меравем,

Мо зи дарёем дарё меравем

Мо аз онҷову аз инҷо нестем

Мо зи беҷоему беҷо меравем.

Худованд, ки дин офаридааст ва ин дин маҷмуаи конунҳои ахлоки аст, ки инсонҳо бояд риоя кунанд,дар масири каломи худову аҳодиси набави. Мавлоно аз он суфиёне буд, ки ҳама адён ва намояндаҳои онҳоро эҳтиром мекард ва касе барои гаравидан ба ин ё он дине таргиб наменамуд. Аммо ҳазорон тан аз аҳли башарият ҳануз дар замони дар ҳаёт буданаш тавассути таълимоту андешаи у ба дини Ислом гаравиданд. Ва уро ба масобаи як паёмбари иршоддеҳ эҳтиром мекарданд.

Дар интиҳои суҳбат ташаккур мекунам аз ин, ки фурсати гаронмояи хешро барои мо армугон доштед. Агар паёме дошта бошед, бифармоед.?

Икдомоти раисҷумҳур, ки бузургони миллатро арҷу эҳтиром мегузорад, кобили дастгирист. Ҳадафи у албатта талкин кардан дар масири хештаншиносист яъне моро бо гузаштагони хеш шиносонда тарбияти хештаншиноси медиҳад. Хуб, миллати мо ки миллати соҳибтамаддуну тамаддунэҷод аст, орзу мекунам,ки ҳамон суннатҳои ниёкони фарҳангпарвари гузаштаи мо дар ҷомеаи имрузаи мо муҳтарам бошанд. Мардум масири Мавлоноро баргузинад. Устод Лоик чи хуб фармуда:

То чанд ту  бо гузаштагон менози

Бо Рудакию ба Ҳофизи Шерози

Вакт аст сари минбари озоди сухан

Хаёми дигар Ҳофизи дигар сози

Ин ҳама ишора мешавад ба  самти тарбияи насли имруз дар руҳияи ватандустиву фарҳангпарвари. Орзу мекунам, ки дар васати ҷомеаи ҷавонони мо  Мавлонову Ҳофизу Рудакиву Хаёму Аттору садҳои нобигагони дигар ба вуҷуд ояд.

Саломат бошед.


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s