Мавлоно ва Икбол дар осори Шиммел


Профессор Онне Море Шиммел

Мавлоно Чалолиддин Мухаммади Руми ва аллома Мухаммад Икболи Лохури ду орифу мутафаккири барчастаи чахони Шарк, шахсиятхое хастанд, ки мавриди таваччух ва алокаи бисёри профессор Онне Море Шиммел карор доранд. Вай чанд асари мухиме аз осори манзум ва мансури ин ду хакими фарзонаро ба забонхои олмони, инглиси ва турки тарчума намудааст. Афзун бар ин дар миёни осори устод Шиммел тахкик ва таълифхои бисёре низ дар бораи шахсияти барчаста ва озори арзишманди Мавлави ва Икбол дида мешавад. Профессор Шимел яке аз  устодони мусаллами хавзаи мутолиоти “Мавлавишиноси” ва “Икболшиноси” аст.

“Забони тасовири Мавлоно Чалолиддини Руми” китобест, ки устод бо он дар давоми чихилу чанд сол пеш пажухиш дар бораи осори Мавлоноро огоз намуд. Аз он замон ба баъд Мавлави ва осораш яке аз мавзухои аслии тахкикоти бону Шиммелро ташкил дод. Тарчумаи китоби “Фихи мо фихи” ба забони олмони яке аз равшантарин ва зеботарин тарчумахоеаст, ки  то кунун аз мутуни клоссикии  форси мунтаншир шудааст. Дар ёддошти кутохи охари китоб мехонем ки тарчумаи олмонии китоб аз руи ду нусхаи чопи Техрон анчом гирифта,ки яке  хамон нусхаи маъруфи мархум Фурузонфар аст. Профессор Шиммел тасхехи Фурузонфарро бехтарин нусхаи чопии “Фихи мо фихи медонад ва аз он шодравон (Фурузонфар) ба унвони “мухаккики хастагинопазири осори Мавлоно ёд мекунад.

“Ман чу бодам ту чу оташ” (Ich bin wind und bist feuer) унвони китоби зиндагинома ва тахлили осори орифи бузург Мавлоно Чалолиддини Руми аст ва то кунун чандин маротиба тачдиди чоп шудааст. Дар ин китоб баъд аз шархи ахволи Мавлоно шахсияти вай азами шохкораш-Маснавии маънави мавриди барраси карор гирифтааст. Устод Шиммел дар ин китоб ишора мекунад: “Набояд аз ёд бурд,ки бузургтарин малхами Мавлоно дар Маснавии Маънави китоби Куръон будааст аз ин ба Абдурахмони Чоми бояд хак дод,ки Маснавии Мавлоноро “Куръон ба забони форси” мехонад. Бадехи аст,ки Мавлоно мутуни ирфонии пешиниёнро мутолиа карда буд: мутуне чун “Рисолаи кашрия” ва “Эхёи улуми дин” -и Имом Газзоли.

Китоби охар-Эхёи улуми дин-амин одоби ирфон аст ва чунин менамояд,ки Мавлави эхтиётан онро дар чанд маврид дакикан дунбол кардааст. У мебояд “хамрия”- и дилангези орифи мисрии хамасраш Умар ибни Форизро низ мешинохтааст, зеро базъе аз абёти Маснави хамчун  дуборанависи абёти “Хамрия” аст. Бад ин тарик шояд битавон манобеъи бисёри дигаре низ  барои шева ва сабки нигориши Мавлоно ёфт.(Гузашта аз суннатхои гуногуне,ки шеъри у бар онхо мутакки аст) Аммо он чи дар асоси кобили кабул аст,хамон аст,ки у дар бораи худаш мегуяд:

Фасонаи ошикон хондам шабу руз

Кунун дар ишки ту афсона гаштам.

 

“Назари Мавлоно дар бораи Худо ва чахон”, “Хубути одам“,”Уручи махлук“, “Муночот”, “Оташи ишк”, “Ракс ва самоъ“, ановини фаслхои дигари ин китобро ташкил меидханд.Дар таълифи ин китоб манобеъи бисёре  ба забони форси дар ихтиёри устод Шиммел карор дошта аст ки гузашта аз осори манзум ва мансури Мавлоно китоби “Рисола дар ахволи Чалолиддини Руми” ба калами Фаридун бини Ахмади Сипахсолор (Техрон 1325) ва китоби “Манокиб-бул-орифин” таълифи Ахмад ибни Ахмади Афлокиро метавон ном бурд. Афзун бар инхо китоби “Мактуботи Мавлоно” ки Абдулбокии  Гулпинори дар соли 1963 дар Истанбул ба забони турки тарчума ва мунтахшир кард, чузви манобеест,ки дар дастраси устод Шиммел буда аст. Аз миёни манобее,ки ба забонхои урупои барои таълифи ин китоб мавриди истифодаи  бону Шиммел карор гирифтааст,метавон чанч унвони зерро ном бурд;“Маснави ё дубайтхои шайх Мавлоно Чалолиддини Руми” навиштаи Георг Рузин (Олмони 1913), “Руми, шоир ва ориф” ба калами Ренолд Николсон (Англиси 1950), “Киссахои Маснави” навиштаи Артур Арбери (Инглиси, Лондон 1961) ва “Чалолиддин Руми хаким ва шоири бузурги ирони” навиштаи Саидхусайни Наср (Инглиси, Техрон 1974)

Яке  дигар аз китоби мухими бону Шиммел дар бораи Мавлоно китоби “Шукухи Шамс” (The Triumphal Sun )аст.Ин китоб сайре дар осор ва афкори Мавлоност ва хушбахтона ба химмати устод Хасани Лохути ва бо мукадимаи аллома Чалолиддини Оштиёни ба забони форси низ тарчума шудааст.Бону Шиммел дар китоби зиндагиномаи худ ки дар соли 2001 мунташшир шудааст, аз хотироти нахустини сафари худ ба Ирон баъд аз инкил;об дар соли 1995  ёд мекунад ва  аз дидори ин ду устод дар шахри Машхад , у меависад: “Барои ман ифтихори бузурге буд,кид ар фурудгохи Машхад на танхо Хасани Лохути,ки китоби пурхачми ман -“Шукухи Шамс” -ро ба форси тарчума кардааст, балки аллома Оштиёни низ ки муккадима бар тарчумаи форсии ин китоб нигошта, ба истикболи ман омада буданд.Аллома Оштиёни яке аз барчастатарин уламои рухонии Ирон аст,инсоне саршор аз хикмати жарфи ирфони”

Гузидаи Девони Шамс ба забони олмони мачмуае аст аз газалиёт ва рубоиёти Мавлоно Чалолиддин Мухаммади Руми ки нахуснтин бор дар соли 1964 милоди мунташир шуд ва токунун чандин бор тачдиди чоп шудааст.”Паёми Машрик” ва “Забури Ачам” ду мачмуаи дигар аз Икбол хастанд,ки устод Шиммел ба забони олмони ба назм даровардааст.Ин китоб дар соли 1957 мунташир шуд.

Аз дигар таълифоти ин бонуи гаронкадр китобе аст бо унвони “Мухаммад с/с”,ки мавриди истифодаи донишомузони дабиристони ва донишчуён карор мегирад.Устод Шиммел теъдоде аз газалиёти Мавлоноро ба анзм даровард ва ба хуби пайдост,ки  дар ин рох бо устоди сармашки худ Фридриш Рукрд хамовози мекунад.

Профессор Шиммел аз хамон огози фаолиятхои илмии худ ба мувозоти мутолиа ва барраси дар осори ва афкори Мавлави ба тахкикоти доманадоре низ дар мавриди шахсияти Икбол ва андешахои вай пардохт.Яке аз нахустин тарчумахои манзуми устод Шиммел ба забони олмони китоби “Човиднома“-и Аллома Мухаммад Икболи Лохури аст, бо мукаддимае аз Хирмон Хиссе ки шомили зиндагинома ва пажухиш дар осор ва андешаи ичтимои ва сиёси ва дини Икбол аст.Пажухиш дар “Човиднома” яке аз фаслхои мухиму арзишманди китоб аст.

 

Фарохамсоз: Фирдавси Аъзам

One response to “Мавлоно ва Икбол дар осори Шиммел

  1. Умари Хаём бо чихели касал вафот карда аст??

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s