Мақоми зан дар назди Мавлоно


Муллои Румӣ, ба таъбири адабпажӯҳ ва нависандаи машҳури эронӣ Муҳаммадалии Исломӣ, ба рағми бархе намодсозиҳо ва тамсилгароиҳои манфияш аз занон, ҳомии воқеӣ ва пуштибони ростини онон буд, онҳоро соҳиби ҳақ медонист ва ҷавру ситам бар ононро нораво мепиндошт:
Модари фарзандро бас ҳаққҳост,

Ӯ на дар хӯри чунин ҷавру ҷафост.

Дар тариқат ва мароми Мавлоно, аҳамият ва эҳтироми зан аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор аст. Ҳамон гуна ки дуктур Ширини Баёнӣ, таърихнигори шаҳири муосир изъон доштааст, дар таърихи ислом, камтар адиб, ориф ва ё андешманд ва хирадварзеро метавон ёфт, ки басон Мавлоно дараҷаи эътибори занро дарёфта бошад.

Ба бовари Мавлоно, зан ҳеҷ гуна тафовуте бо мард надорад. Зан низ метавонад соҳиби ишқи илоҳӣ ва дорои руҳи худоӣ шавад, ва агар ин гуна набуд, ӯ ҳаргиз Лайлӣ маъшуқи Маҷнунро нури илоҳӣ наменомид.

Ба таъбири Гулпинорлӣ, мавлавишиноси номӣ, Мавлоно чун мақоме воло барои зан қоил буд, ҳамвора зиндагии солими хонаводагиро арҷ мениҳод ва бад-ин сабаб ҳеҷ гоҳ пойбанди шаҳват ва асири ҳавои нафс нашуд. Ӯ дар тӯли зиндагии пурталотуми хеш ҳамвора бар ин равиш буд ва дар рӯзгоре, ки чандҳамсарӣ бисёр маъмул ва роиҷ буд, ҳеҷ гоҳ бо ду ҳамсар назист ва танҳо пас аз марги ҳамсар, дигар бор издивоҷ кард. Шоёни таваҷҷӯҳ аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ каниз низ надошт. Дар ҳикоятҳо ва тамсилҳое ҳам, ки ӯ ба забони шеър баён доштааст, ҳамвора занон ва ҳамсарон нақше пурранг ифо намудаанд.

Мавлоно бо вуҷуди он ки басон Саъдӣ ва Авҳадӣ, занони порсо ва некӯманишро сутуда ва ононро ҷилваи ҷамоли илоҳӣ хондааст, бар хилофи онон, бовар ба гӯшанишинӣ ва кунҷи узлат ихтиёр кардани занон надошт. Ба таъбири дигар, аз манзари Мавлоно, ҳузури дунёии занро на танҳо мардуд ва нописанд баршумурд, балки бояд зарурӣ ва воҷиб пиндошт.

Зоҳиран, вай бештар бар он бовар буд, ки ҳар чи манъ шавад, майлу рағбат ба он афзуда мешавад. Ба ҳамин сабаб, ҳамвора баён медошт: “Агар зан нахоҳад кори ношоист кунад, агар манъ накунӣ, нахоҳад кард, ва агар баръакс бихоҳад, манъ ҷуз афзудани майли ӯ самари дигаре надорад”.

Дар воқеъ, пайрави чунин тарзи тафаккур ва паёмади чунин андешае буд, ки ӯ озодии занонро мӯҳтарам мешумурд ва бо заноне аз ғаниву фақир муошират ва муҷолисат менамуд. Мавлавӣ бад-он бовар буд, ки зан намоди офариниш аст ва на танҳо махлуқ, балки ҷилваи холиқ ҳаст:

Партави ҳақ аст он маъшуқ нест,
Холиқ аст он гӯйиё махлуқ нест.

Он чи аз манобеи таърихӣ, адабӣ ва бархе аз тазкираҳо бармеояд, занони бисёре буданд, ки муриди Мавлоно буданд. Илова бар ханони ашроф, занони табақаи мутавассит ва пойин аз ҳар синфу гурӯҳ, ки буданд, барои Мавлоно маҷлис тартиб медоданд ва аз ӯ даъват менамуданд.

Бар пояи ҳамин гузоришҳои таърихӣ ва ривоятҳои адабӣ, вақте Мавлоно дар чунин маҷолисе ҳозир мешуд, занон гулборонаш мекарданд ва онон, ки сарватманд ва доро буданд, ҷавоҳир нисори роҳаш мекарданд.

Ҳамсари Аминуддин Микоил, яке аз бузургони ҳукуматии он рӯзгор, аз муридони хосс ва мавриди эҳтироми фаровони Мавлоно буд, ки чун Мавлоно дар ӯ нури маърифате ёфта буд, Шайхи Хавотин (хотунҳо) лақабаш дода буд.

Бархе мавлавипажӯҳон ва аз ҷумла дуктур Суҳайло Салоҳии Муқаддам-ро эътиқод бар он аст, ки Мавлоно дорои ду дидгоҳи мусбат ва манфӣ нисбат ба зан буд, аммо он чи ҳувайдо менумояд он аст, ки дидгоҳи манфии ӯро низ бояд дидгоҳе мантиқӣ нисбат ба зан баршумурд.

Ишқи маҷозӣ ҳам аз назари Мавлоно ҷойгоҳи хоссе дорад, машрут бар ин ки бо ҳавову ҳавас олуда нашавад. Ба бовари ӯ, зан намоди ишқи илоҳӣ аст ва пиллае барои мулоқот бо Худо.

Марду зан чун як шавад, он як туӣ,

Чун ки якҳо маҳв шуд, онак туӣ.

Ба таъбири Ҷалолуддини Ҳумоӣ, нависандаи китоби Мавлавинома, зебоии маъшуқ дар назари Мавлавӣ, ҷилвае аз зебоии зотӣ ва ҷовидонии илоҳӣ аст ва ишқи маҷозӣ низ нардбоне барои расидан ба ишқи ҳақиқӣ.

Дар поён ва ба унвони бароянди он чи то акнун гуфта омад, метавон иқрор дошт, ки Мавлоно ба зан ба унвони мавҷуде ормонӣ наменигарист, аммо нигоҳу тафаккураш нисбат ба зан санҷида ва мутаолӣ буд. Ба таъбири дигар, метавон бар дурустии гуфтори Афлокӣ, нависандаи китоби Маноқибул-орифин, гувоҳӣ дод, ки шева ва тариқати Мавлавӣ “дар ҳеҷ аҳде ва дар ҳеҷ валие (ҳокиме) дида нашуд”.

Дуктур Амири Неъматии Лимоӣ

Кимиёи саодат

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s