МАВЛОНО ҲУНАРМАНДТАРИН ШОИР


(Корбурди анвои тамсил ва ирсои масал дар ғазалиёти Мавлоно)

Дар қатори муҳақиққони варзидаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавлавишиносони маъруфи эронӣ Бадеузаммони Фурузонфар, Зарринкӯб,  муҳаққиқи шинохтаи турк Абдулбоқии Гулпинорлӣ, донишманди бузурги олмони Аннемария Шимел, нависандагони амрикоӣ Франклин Луис, Колман Баркс, адабиётшиносони муосири мо низ дар шинохт ва таҳқиққи осори Мавлоно пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд ва дар ин самти илмӣ пажӯҳишҳо ҳанӯзам идома дорад.  Чуночи адабиётшиносон Расул Ҳодизода, Абдулманнони Насриддин, Сафар Абдулло, Алии Муҳаммади  Хуросонӣ, Тоҷибой Султонӣ аз муҳаққиқони муосиранд, ки ба Мавлоно зиёд таваҷҷӯҳ кардаанд. Пажӯҳиши эшон дар заминаҳои гуногуни осори мондагори Мавлоно сурат гирифта, ба ҷанбаи мухталифи ашъораш, минҷумла воситаҳои тасвирсози шеър таваҷҷӯҳ кадаанд.

Мусаллам аст, ки санъатҳои бадеӣ аз муҳимтарин воситаҳои тасвирсоз дар шеър аст, зеро ҳунари шоир дар маҳорати тасвиргарӣ ҳувайдо мешавад ва ҷозибаи шеър  новобаста аз он,  ки дар кадом қолаби шеърӣ гуфта мешавад, дар тозагии тасвир ва эҳсос қобили таваҷҷӯҳ аст.

 Донишварони клласик чун Шамси Қайси Розӣ, Унсуралмаолии Кайковус, Рашиди Ватвот, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва кулли муҳаққиқони муосир низ  ҳузури санъати бадеиро манфиат ва асолати шеър муаррифӣкардаанд.
То имрӯз аз ҷониби пажӯҳишгарон мушаххас шудааст, ки ду навъ- санъатҳои бадеии лафзӣ ва маънавиро аз ҳам фарқ мекунанд. Омӯзиши аҳли назар низ дар заминаи ҳамин ду навъи санъати бадеӣ сурат гирифтааст.

Тасвирро шоир дар аксар маврид  ба василаи  истифодаи ҳунармандона аз санъати бадеӣ  ҷолиб месозад, ки мероси гаронвазну боарзиши адбиёти клоссикии мо ва нигоштаҳои ҳунармандони муосир далели раднопазир бар ин андеша ва хулосаҳост.

Дар ғазалҳову Маснавии Мавлоно низ ҷанбаи ҳунарии сурудаҳояшро истифодаи фаровону ҳунармандона аз саноеии бадеӣ таъмин намудааст. Роҷеъ ба ин вижагиҳои ҳунарии абёти Мавлоно теъдоди зиёде аз муҳиққиқон ибрози назар кардаанд.  (Қаҳрамони Сулаймонӣ, Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ,  А.Ҳасанов, Мавҷуда Урунова, Шоира Пӯлотова).

Дар мавриди ҷозибаҳои ҳунарии шеъри ӯ ва маҳорати шоирии Мавлоно таҳиққиқоти  комилу ҷолиб  сурат гирифтааст ва омӯзиши аҳли таҳиқиқ дар ин росто ҳанӯзам идома дорад, зеро осори Мавлоно укёнуси  бекарону бепаҳноест, ки саршор аз гавхару садафҳои маънист.

Дар заминаи омӯзиши мақолоту таҳқиқоти илмии муҳаққиқони номбурда ва омӯзиши бевоситаи осори гаронвазни Мавлоно, ба вижа куллиёни ғазалиёт «Девони кабир» мо низ ба хулоса расидем, ки  вақеан, Мавлоно дар истифодаи санъатҳои бадеӣ ҳунар ва истеъдоди фавқуллода дорад.

Ба назари мо, дар осори ӯ тамоми навъи санъое бадеии ҳузури фаъол доранд. Дар ин баробар  мушоҳида шуд, ки Мавлоно аз санъати такрор, талмеҳ, таҷнис ва тамсил барои офариниши тасвирҳои мондагораш зиёд истифода кардааст.  Пуркорбурдтарин нави санъат дар ғазалиёти «Девони кабир» санъати такрор ва талмеҳ аст:

Талмеҳ – Дар адабиёти бадеӣ  ишора кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ қиссаву афсонаҳо ва ба ягон шеъри маъруфи саромадони сухан (2,107) аст:

Ай фитнаи Руму Ҳабаш, ҳайрон шудам ч-ин  бӯйи х(в)аш

Пироҳани Юсуф бувад ё худ ридои Муставо?! (8,32)

***

Ин абр чун Яъқуби ман в-он гул чу Юсуф дар чаман,

Бишкуфта рӯи Юсуфон аз ашки афшорони мо!(8,35)

***

Аҷоиб Юсуфӣ чун мАҳ, ки акси ӯст дар сад чаҳ,

Аз ӯ афтода Яъкубон ба дому чоҳи миллатҳо. (8,43)

Такрор (Такрир)- мусиқии каломро ба вуҷуд меорад ва ё афзун мекунад, такрор аст- такрори ҳиҷо, вожа, иборот ё ҷумла ё мисра (4,60):

Хоча биё, хоҷа биё, хоҷа дигарбор биё,

Дафъ мадеҳ, дафъ мадеҳ, эй маҳи айёр биё!

***

Чӣ гармем, чӣ гармем аз ин ишқ чу хуршед,

Чӣ пинҳону чӣ пинҳону, чӣ пайдост худоё.(8,52)

Аммо дар ин мақолаи кӯчак  мехоҳем роҷеъ ба санъати ирсолу масъал ё  тамсил ва истифодаи ҳунармандонаи он дар ғазалҳои Мавлоно, ки таваҷҷӯҳи моро бештар ба худ ҷалб кард, чанд сухани шогирдона гуфта бошем.

Санъати ирсоли масъал ё тамсил  –шоир барои тақвияти даъвои худ баъзан аз зиндагии иҷтимоӣ, аз таҷриба ва амалиёти ҳаёти шахсӣ мисоле мегирад. Ҳамин мисол овардани шоир  ирсоли масал ё тамсил номида мешавад. (2,110-111)

Муҳаққиқ Ғуломризои Ҳотифӣ тамсилро бадин гуна шарҳ медиҳад «Тамсил дар луғат ба маьнои масал овардан, ташбеҳ кардани чизе ба чизи дигар. Вақте гӯяндае барои мақсуди худ матлаби ҳакимонае ба кор барад, ки иддаои ӯро исбот кунад ӯ аз тамсил баҳра меҷӯяд. : Мисол ” Олими беамал ба занбури беасал монанд”

Сирус Шамисо бошад, қайд кардааст, ки «тамсил ҳам ҳосили як иртиботи дугонае байни  мушобеҳ ва мушобаба аст. Дар тамисл ҳам асл бар ин аст, ки  фақат мушобаба (ки ҷумлаву  каломи тӯлоние ва масалан ҳикояте аст на калима) зикр шавад ва аз он мутаваҷҷеҳи  мушобеҳ шавем».

 Бино ба хулосаҳои Ғуломризои Ҳотифӣ ваҷҳи шабоҳати тамсил ва ташбеҳ дар он аст, ки ҳар ду байни ду чиз муқоисавӣ ва шабоҳат сурат мегирад.( 9)

 Зимнан бояд гуфт, ки  ташбеҳ ин шабоҳати тахаюлӣ аст, аммо дар тамсил ин муқоиса бар асоси истидлоли (далел, бурҳон) хаёлӣ аз ҷониби гӯянда сурат мегирад.

Сабукмагзе, ки аз асбоби чахон бар хеш мебозад,

Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад (Соиб)

Дар назари аввал мисраи дувуми ин байт санъати ташбеҳро ба зеҳн наздик мекунад, аммо дар ин мисраъ шоир аз санъати тамсил корбурди ҳунармандона кардааст ва барои далели андешаҳои хеш таҷрибаи иҷтимоиро, ки байни мардум маъруф шудааст ба назм меорад ва мегӯяд //Чу ҳаммолест к-аз бори гарон бар хеш меболад// равшан аст, ки Соиб мисраи дувуми ин байтро ба хотири тақвияти мисраи аввал овардааст.

Ғуломризои Ҳотифӣ  бар акси андешаҳои Турақул Зеҳнӣ иртиботи тамсил ва ирсолу масал маҳалли баҳс ва мавриди ихтилоф  медонад.

Шамси  Қайси Розӣ  дар «Алмуачам» тамсилро аз шохаи истиора донистааст.

Аммо метавон гуфт, ирсоли масал ё тамсил як саньати бадеӣ аст ва аз ташбеҳу истиора ҷудост. Ин андеша аз ҷониби паӯҳишгарони варзидаи каломи бадеъ Сирус Шамисо, Ғуломризои Ҳотифӣ. Турақул Зеҳнӣ ва бисёр дигарон  тасдиқи хешро пайдо кардааст.

Ирсоли масал ва тамсил аз ҷумлаи санъатҳое шеърие ба шумор меояд, ки дар осори адибони классикии форсу тоҷик бо касрати истифода имтиёз дорад.

Дар эҷоди шеър шоирони муосир низ аз масалу мақолҳо зиёд, гоҳе  айнан ва гоҳе мазмунан истифода мекарданд, ки ин амал дар баробари вусъати ҷанбаи ҳунарии шеър бар муассирии мӯҳтаво бетаъсир набудааст.

Корбурди ҳунармандонаи анвои  тамсил ва ирсоли масал аз ҷониби Мавлонои кабир, ки, бешак, ҳунар ва истеъдои шоириаш мунфсир ба фард аст, шоиста ба  таваҷҷӯҳ, омӯзиш ва таҳсин аст.

Дар Маснавӣ  ҳама намуди тамсил фаровон ба чашм мерасад. Зимнан  бояд кайд намуд, ки қиссаҳои тамсилиро  муҳаққиқон ба ду қисамт бахш кардаанд.Тамсилҳои инсонӣ ва тамсилҳои ҳайвонӣ.  Қиссаҳое, ки  аз забони ҳайвонот гуфта мешаванд, тамсилҳои ҳайвонӣ ҳастанд, «Мантиқ ут тайр»-и Аттор шӯҳратмандтарин  намунаи ин санъати бадеӣ мебошад.

Дар Маснавии маънавии хеш Мавлоно аз услуби ҳикоя андар ҳикоя  истифода кардааст.  Мушоҳида мешавад,  ки шоир барои тақвияти маънии як байт ҳикоятеро нақл мекунад ва ба риштаи тасвир мекашад ва гоҳе ҳам дар дохили ин ҳикоят ҳикояти дигаре меорад, зеботарин ва чолибтарин намунаҳои тамсилро метавон дар  шаш дафтари Маснавӣ пайдо кард.

Муҳаққиқи варзидаи эронӣ, устод Дастғайб низ ба  вижагии корбурди тамсил дар ашъори Мавлоно ишора дорад ва мефармояд « Яке аз вижагиҳои шеъри Мавлоно тамсил аст, ки ба сурати ҳикояҳои мухталиф дар  Маснавӣ дида мешаванд». Рости Мавлоно ба василаи тамсил бисёр маҳфумҳои  ахлоқиву адабиро ба самъи ҷаҳониён мерасонад.

 Пас, бешак,  метавон гуфт дар корбурди санъати тамсил ва ирсоли масал Мавлоно аз нафарони пешгом ва ҳунарманди иситисноӣ буд ва ба шеваи фавкулода ин санъатро корбурд кардааст.

Абдулҷаббори Кокоӣ бар ин андеша мӯътақид аст, ки «Мавлоно дар ҳавзаи тамсил истисноитарин шоир ва дар ҳавзаи  маориф ва андеша  рӯшанфикртарин ориф аст» (9). Кокоӣ бо ишора ба забони ҷаззоби Мавлоно идао дорад, ки  «Мавлоно дарёи азиме аст, ки  инсон аз ҳар гӯшае, ки ба самти он ҳаракат кунад масоил ва дастуроти боистидол, мантиқ ва тамсил метавонад биёбад.» ( 9 )

     Дуруст аст, ки муассирии мӯҳтавои ашъори шоир ба василаи анвои тамсил ва ирсоли масал  таъмин ва бозгӯ шудааст. Мавлоно мегӯяд:

Хираву саргаштаву бекор кун

Ин хиради пири ҳамакораро!

 Тифли дурӯза чу зи ту бу барад,

Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро.

Тарк кунад дояву сад ширро,

Ай бадали равгану кунҷораро!(8,90)

Дар ин мисраъҳо Мавлоно барои тақвияти фикр ва муассири маъниву тасвири ғазал  масали « Тифли дурӯза чу зи ту бу барад, Мекашад ӯ сӯи ту гавҳораро» -ро чун истидлоли хаёлӣ ба риштаи тасвир мекашад. Агар мутаваҷҷеҳ шавем, воқеан,  дар зиндагӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ ин масъал вирди забонҳост, ки мегӯянд «мабодо, ки кӯдак бӯи бағал гирад». Фикр мекунем, ҳочат ба шарҳ ва тавзеҳи маънии абёти фавқ нест, зеро шоир хеле соддаву пурмӯҳтаво маъниро ба хонанда мерасонад.

Дар ғазали дигар Мавлоно масали маъмули ва хулосаҳои гузаштагон «ҳар оғозеро анҷомест»-ро баҳри тақвияти баёни андеша меорад ва мегӯяд:

Дилшикаста, ҳин чаройӣ, баршикан

Қалбҳову қалбҳову қалбҳо!

Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро

Мунаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! (8,68)

Дар ин суруда Мавлоно  хоста аст то бо   баҳарагирӣ аз  ибороти мавриди қабули омма, таьсири суханашро дучандон кунад.// Охир, ай ҷон, аввали ҳар чизро, Мунтаҳойӣ, мунтаҳойӣ, мунтаҳо! //

Ин ҳама ҳунару маҳорат аз ҷониби Мавлоно бозгӯи истеъдоди фавкуллодаи ӯст.

Гар ту удӣ, сӯйи ин миҷмар биё,

В-ар бирондӣ зи бом, аз дар биё! (8,69)

***

Фош шуд он роз, ки дар нимашаб,

Зери забон гуфта будам паст- паст.

Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб

Ишқ зи ман русту маро хаст, хаст.

Мавлоно барои тақвияти андешаҳояш ин ҷо низ аз санаьти тамсил корбурди ҳунармандона кардааст. Мисраи “Кирм бихӯрад чӯбу бирӯяд зи чӯб» ки маънии он аз таҷрибаи ҳазорсолаҳо андӯхтаи инсоният ва масали халқи об мехӯрад  барои муассририи байти боло //Фош шуд он роз, ки дар нимашаб, Зери забон гуфта будам паст- паст// хизмат кардааст.

 ***

Мани зорам асири нолаи зер,

Напурсад рӯаке, к-он зор чун аст?

Дилам дузди назар, ӯ дузди ин дузд

Аҷаб он дузди дуздафшор чу наст. (8,131)

***

З-ин қибла ба ёд орӣ, чун рӯба лаҳад орӣ,

Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад (8,254)

Ҳамон тур, ки  ишора фармудем, Мавлоно дар кулли ашъор ва осораш  ва барои тақвият бахшидани маънӣ ва мӯҳтавои онҳо аз саноии бадеӣ корбурди зиёде намдуааст.Дар ин мисраи Мавлоно мусалламан масали маьруф “Пушаймони надорад окибат суд”  ба зеҳн мерасад, ки шоир  онро барои таьсирнокии каломаш зебову хотирмон ба тасвир мекашд. Мавлоно  мегӯяд, ки инсон ҳамвора вақте бо мушкилие ё ба сарҳади марг мерасад он гоҳ рӯ ба суи Худо меорад ва ба илтиҷову зорӣ меафтад, дар ҳоле, ки дигар дер шуд. Мавлоно ҳушдор медиҳад ва мегӯяд // Судат накунд ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад//.

***

Ҳама асбоби ишқ ин ҷо ҳаст,

Лек бе ӯ тараб намешояд!

Модари фитнаҳо, ки май бошад,

 Тарабе бе рухаш намезояд! (8,386)

Дар ин мисраъҳо бошад Мавлоно бо истифода аз санъати тамсилро хеле моҳирона мавриди корбурд қарор додааст. Ҳадиси Расули Акрам, фармуда “Шароб модари ҳамаи гуноҳост” (Алхамру уми хабоис) ва ин гуфтаҳо миёни мардум низ маъруф аст.  Шоир бо истифода аз ин натиҷагириҳо тасиврро ҷолиб месозад .

 Дар зимн бояд таъкид дошт, ки ин ҷо манзур аз май  шароби ишқи илоҳист, ки рӯҳу равону андешаи Мавлоноро масту ҷунуномез кардааст. Яьне,  Мавлоно МАЙ – ишқ ба Худовандро мояи тарабу шодмонӣ унвон мекунад.

Нуктаи ҷолиби бардошти мо аз ин омузиши кучаку шогирдона ин аст, ки мушоҳида намудем на танҳо Мавлоно аз масал ва қисаву таҷрибаҳои иҷтимоии замон истифода кардааст, балки иддае аз абёти Мавлоно ончунон ба зиндагӣ ва ҷаҳони иҷтимоъ пайванд хурдааст, ки мардум аз он чун масалҳои халқӣ истифода мекунанд.

Мутаваҷчеҳ мешавем:

Зи ҳамроҳон ҷудои маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшнои маслиҳат нест.

Чу мулки подшоҳи дида бош,

Пас аз шоҳи гадоӣ маслиҳат нест(8,123)

 Ва ё

Дӣ шайх ба чароғ ҳамешгаш гирди шаҳр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст (8,164)

Ва низ

Тадир кунад бандаву тақдир надонад

Тадбир ба тақдири Худованд чӣ монад? (8,169)

 Ин байти Мавлоно низ вирди забонҳост:

Дили ман чун садаф бошад, хаёли дӯст дурр пошад

Кунун ман ҳам намгунҷам, к-аз ӯ хона пур бошад. (8, 43)

 Пас, бо итминони комил метавон гуфт, Мавлнои кабир аз зумраи шоири номвар аст, ки қарнҳо дилбохтагони шеъру суханро шефтаву шайдои каломи сеҳрогини хеш месозад ва дар ин росто ҳунари шоирӣ ва андешаҳои хирадмандонааш муқаддаму муқаддастарин ҷанбаи маъруфияти шоир аст.

Воқеан, Мавлоно аз бузургтарин шоирони клоссики мост, ки ба шевае ҳунармандона афкору ақоиду андешаҳояшро дар тамоми қолабҳо ва саноии бадеь ғунҷоиш додаст.Ва дар хеч колабе ё шевае махдуд нашудааст. Ин аст, каломаш то ҷовидона пойдор хоҳад буд.

Пайнавишт:

1. Абдулманнони Насриддин. Бо корвони нур.-Хуҷанд: «Ганҷи сухан».-138 саҳ.

 2. Зеҳнӣ Т. Санъати Сухан. Илми бадеъ ва мухтасари арӯз.-Душанбе: «Ирфон»,1978.-328 саҳ.

4. Сирус Шамисо. Нигоҳи  тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.

 5. Сирус Шамисо. Баён ва маънӣ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс,1383.-254 саҳ.

6. Точибой Султонӣ. Калъаи Ҳушрабо.-Хуҷанд: Ношир,2011.144 саҳ.

7. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

8. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб.-Душанбе: Адиб, 2007.-856 саҳ.

9 http://www.aftabir.com/

 Фирдавси Аъзам (ХӯҶАЕВ)

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s