Фирдавси Аъзам (Хӯҷаев),
Тарҷума чист ва ин вожа чӣ маҳфуме дорад?
Тарҷумаҳои мисраъи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»
Тарҷумаи Ҷонатон ва Гомард
Тарҷумаи В. Ҷонес ва Редҳавс
Охирсухан
Тарҷума чист ва ин вожа чӣ маҳфуме дорад?
Агар ба тарзи содда ва диди аввалин хулосае дар мавриди тарҷума бигӯем тарҷума ин баргардонидани матлаб аз як забон ба забони дигар аст. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ низ ин вожа ба маънии гардонидани мазмуне аз як забон ба забони дигар маънӣ шудааст. Доктор Фулодонӣ муҳаққиқи риштаи тарҷума омӯзишҳои хешро чунин хулоса карда, мегӯяд: «Тарҷума интиқоли паёме аз як забон ба забони дигар аст. Бо ҳифзи рӯҳи матни аслӣ ва эҷод таъсири ҳамарз дар хонандаи забони мақсад». Ин муҳаққиқ илова мекунад, ки бояд тарҷума илова бар сатҳу амонат ба рӯҳ ва эҳсоси мутуни аслӣ вафодор бимонад ва онро ба хонандаи забони мақсад (Забони мақсад истилоҳест, ки дар риштари тарҷумашиносӣ забони ба он тарҷумашаванда фаҳмида мешавад, Ф.А. ) илқо кунад.
Хамзамон аҳли таҳқиқ барон назаранд, ки тарҷумае, ки мутарҷим наздиктарин модули забони мақсадро ба матни забони мабдаъ пайдо мекунад беҳтарин тарҷума аст. Дар чунин тарҷумаҳо дурустии маъно муҳимтарин омил мебошад ва риояи сабк дуввумин унсурест, ки баъди тарҷума ба инобат гирифта мешавад. Воқеан, ба таърихи таҳаввули тарҷума назари иҷмолӣ намоем мувоҷеҳ мешавем, риояи сабк ва шеваи баёни матни мабдаъ душвор аст. Риояи сабк низ дар тарҷума омили муҳим аст, аммо на бар он андоза, ки ба хотири сабк маъно фидо шавад.
Адабиётшиносони муосир тақсимбандии унвони тарҷумаро ба се даста саҳеҳ шуморида, тарҷумаи озод, тарҷумаи вожа ба вожа ва тарҷумаи таҳтуллафзиро аз ҳам фарқ мекунанд. Албатта, тарҷумаи мавриди назари мо тарҷумаи адабӣ- бадеӣ аст. Тараҷумаи адабӣ ё бадеӣ маълум аст, ки тарҷумаи асарҳои адабие чун новел, ашъор, намоишномаҳо ва китобҳо мебошанд.
Як мутарҷими осори адабиро лозим аст, то ин иқтидорро дошта бошад, ки битавонад эҳсос, арзишҳои фарҳангӣ, ҳиссӣ юмор ва дигар элементҳои асарро тарҷума кунанд. Ба таври куллӣ, чунон ки зиёди олимон бар ин ақида мӯътақиданд, ба тарҷумаи осори Мавлоно дар Амрико аз се зовия метавон нигоҳ кард, яке ваҷҳи илмӣ, ки тавассути мутахассисон ва адибон ва шоирон сурат мегирад ва дигаре пажӯҳишҳое, ки тавассути гурӯҳҳои маънавӣ сурат гирифта аст. Гурӯҳҳои дигар бархурди умдатан тиҷорӣ бо осори Мавлоно доштаанд, ки ин гурӯҳҳо низ аз мақбулияти бисёр боло бархурдор ҳастанд.
Ин ҷо таваҷҷӯҳ мекунем ба тарҷумаҳое, ки аз ваҷҳи илмӣ тавассути аҳли адаб ва шоирон сурат гирифтааст. То имрӯз азалу рубоиҳо ва Маснавии Мавлоно аз ҷониби зиёда мутарҷимон ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума гаштаанд. Бешубҳа, тарҷумаҳо ба забони англисӣ дар ин миён хеле зиёд аст:
Тарҷумаҳои мисраъи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»
Воқеан, вақте тарҷумаҳои Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣ, ки хеле фаровон ба чашм мерасанд, аз назар гузаронидем, мушоҳида намудем, ки ин тарҷумаҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
Зимнан барои он ки тафовути тарҷумаҳои Маснавӣ то андозае рӯшан гардад барои бори нахуст бо қиёси фақат як байти ин осори ҷаҳонии Мавлоно иктифо намудем, ки ин ҳам мисраи машҳуртарини Маснавӣ, «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад» мебошад.
Зикр гардид, ки беш аз 20 мутарҷим Маснавиро ба забони англисӣ тарҷума намудаанд. Яқинан чигунагии ин тарҷумаҳо ва то ба кадом андоза ба забони мабдаъ наздик будани он, риоя шудан ва ё нашудани сабки нигориши муаллиф, ҳузури воқеии андешаҳои Мавлоно дар тарҷумаҳои мазкур аз муҳимтарин нукоте буданд, ки зимни омӯзиш ва қиёс мавриди назари мо буданд.
Тарҷумаи Ҷонатон
Listen to the song of the reed,
How it wails with the pain of separation: (Ҷонатон Стар)
***
Бишнав ба оҳанги най,
Чигуна он аз дарди ҷудоӣ менолад, (Ф.А.).
Тарҷумаи мазкур муталлиқ ба Ҷонатон Стар аст. Ва хонандаи англисзабон ба ҳангоми мутоилаи ин байт ҳамин маъниро, ки дар тарҷумаи хеш овардем пайдо мекунад. Мебинем, ки дар тарҷумаи Ҷ. Стар дар маҷмӯъ маънии байти Мавлавиро додаст, аммо ҳамон латофат ва ҷозибияти забони мабдаъ дар забони мақсад эҳсос намешавад. Сабки нигориш низ риоя нашудааст.
Тарҷумаи Гомард
Дар тарҷумаи дигар, ки ба қалами Иброҳим Гомард муталлиқ аст, тамоман намуди дигари баёни маънии ин байти Маснавиро мушоҳида мекунем.
Listen* to the reed (flute),* how it is complaining!*
It is telling about separations,* ( Иброҳим Гомард)
****
Бишнав аз най, ки чи гуна шикоят мекунад
Он достони ҷудоиро мегӯяд (Ф.А)
Тарҷумаи мазкур аз тарҷумаи Стар ба куллӣ фарқ мекунад. Дуруст аст, ки ҳамон маънӣ аст, аммо чигунагии баёни маънӣ хеле аз ҳам тафовут доранд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки тарҷумаи мазкур то андозае ба рӯҳи Маснавӣ наздикӣ пайдо кардааст, албатта нисбат ба байти тарҷума шудаи Ҷонатон Стар. Аммо дар ин тарҷума ҳам, рӯҳи маснавӣ ва андешаи воқеии Мавлоно, дар забони форсӣ, ки забони асли мабдаъ аст ба таври бояду шояд эҳсос намешавад. Яъне, мутарҷим фақат вожаҳоро тарҷума кардааст ва ба риояи сабку рӯҳ аҳаммияти дуввумдараҷа додааст. Дуруст аст, ки дар тарҷума ҳадафи аслӣ ин расонидани маънӣ аст ва набояд мутарҷим ба хотири сабк ва риояи он маъниро ноқис баён созад. Дар ин ду тарҷима низ мутарҷимон бештар ба расонидани матлаби ин мисраъҳо диққат додаанд.
Тарҷумаи В. Ҷонес
Hear, how yon reed in sadly pleasing tales,
Departed bliss and present woe bewails! (Вилям Ҷонес)
(Translated by Sir William Jones (1746-1794). Quoted in A. J. Arberry, “Persian Poems,” London, 1954, pp. 118-119. (Perhaps from “Poems, Consisting Chiefly of Translations from the Asiatick Languages,” 1772.)
***
Гуш кунед, ки най чи гуна аз достонҳои дилангези ғамгин мегӯяд,
Аз маҳрумии саодат ва ҷудоию сӯгворӣ. (Ф. А.)
Бо баробари хондани ин мисраъҳо хонандаи нуктасанҷ эҳсос мекунад, ки дар ин тарҷума маънӣ бо тарз ва услуби дигар баён шудааст, дар ин ҷо мутарҷим маънии нусхаи аслро ба тарзи нисбатан дигар баён кардааст. Дар ин мисраъҳо мо мушоҳида мекунем, ки мутарҷим мехоҳад рӯҳ ва салосат ва зебогии баёни байти Мавлоноро ба хонандаи англис расонад. Аммо мутарҷим дунболи вожаҳои зебо рафта, маъниро муғлақ баён кардааст. Дар баробари баёни зебои байти мазкур, Ҷонес рӯҳи байтро нигоҳ дошта натавонистааст. Метавонем гӯем, ки ба ин байт таъсири андеша ва қабули фаҳмиши мутарҷим бештар дида мешавад. Сабки баён низ душвор аст.
Тарҷумаи Редҳавс
Редҳавс дигар аз тарҷумони машҳури осори Мавлоно бошад ин байтро ба гунаи зер тарҷума кардааст.
From ed-flute hear what tale it tells;
What plaint it makes of absence’ ills. (Ред ҳавс)
(Translated by James W. Redhouse. From “The Mesnevi of Mevlânâ Jelâlu’d-dîn Muhammed ӯқ-Rûmî. book the First” (London, 1881).
***
Аз най бишнав ки чи ҳикоят мекунад,
Чи шиква аз маразҳои ҷудоӣ мекунад (Ф. А.)
Мебинем, ки тарҷумаи Редҳавс низ аз кулли дигар тарҷумаҳо тафовут дорад.
Охирсухан
Албатта, ин муқоисаҳо ва хулосаҳое, ки дар омӯзиши кӯчаку шогирдонаи мо сурат гирифт дар ҳошияи тарҷмуаи ҳамин як байти Маснавии Мавлоно буд. Яъне, андешаҳои мо пиромуни чигунагии тарҷума ва бурду бохти мутарҷимон фақат мансубият ба як байт дорад, ҳоло он ки аз ҷониби ин мутарҷимон садҳо ва ҳазорҳо байти Маснавӣ тарҷума гаштааст. Ба ҳар ҳол, муқоисоти тарҷумаи ин мисраъҳо ба мо имкон фароҳам меорад то самт ва сабки мутарҷимонро ташхис диҳем. Ва даричаи дунёи беканори ҷараёни омӯзиши тарҷумаи осори Мавлоноро боз намоем.
Пайнавишт:
- Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавиӣ (Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар) таҳти назари Муҳаммади Борӣ : Нашри замон: Теҳрон, 2001.-728
- Ва Румӣ, Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс ё Девони Кабир. Љузъи Ҳаштум./ Бо тасҳиҳот ва ҳавошии Бадеуззамон Фурузонфар. – Теҳрон, 1342. – 333 с.
- http://www.iranian.com/Arts/rumi.html
- http://rumi.tribe.net/thread/9c10d572-585f-407b-822b-6a6047a2d7c3
- http://www.dakhme.mihanblog.com/post/338
- http://soxan.blogfa.com/post-11.aspx
- http://blog.sepehreftekhari.com/?p=771
- http://www.nooronar.com/besmellah/archives/others/83/11/000247.php