Корбурди санъати такрор дар ғазалҳои Мавлоно


Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо ғазалҳои шӯрангези худ, ки қарнҳо инҷониб дар дили шефтагони назми форсӣ шӯру шарар ба по мекунад, дар ташаккули тасвирофаринии ғазал низ саҳми боризе дорад.

Борҳо гуфта шуда, ки ба рӯзгору осори Мавлоно донишмандони варзида андешаҳои зиёдеро баён доштаанду адабиётшиносони ҷаҳон таҳиқиқоти гаронвазнеро дар ин самт ба анҷом расонидаанд. Хоса, асари оламшумули ӯ «Маснавӣ» зиёд таҳқиқ шудаву нуфузаш ба адабиёт ва диди шуарои ҷаҳон бозгӯ шудааст.

Гузашта аз ин ҳунар ва истеъдоди Мавлоно дар офариниши ғазал бо зеботарин тахайюл ва маънисозиҳои ҷолиб ва корбурди ҳунармандонаи санъати бадеӣ ҷараён гирифта, аз оғоз миёни ҳаводорон ва пажӯҳишгарон маҳбубияти вижаеро дорост. Чунончи ба андешаи Алии Муҳамадии Хуросонӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ дар баробари шодоб гардидан аз андешаҳои ноби гузаштагони мутафаккирамон бо фарохии ҷаҳонбинии худ ҷозибаи оламиёнро ба худ кашида, андешаҳои амиқи зиндагисози фарҳангу маърифати мардуми Шарқро бештар аз пештар ба мардуми дигар, аз тариқи эҷоди асарҳои фалсафиву бадеӣ расонидааст. (1,114) Дар баробари ин адабиётшинос Абдуманнони Насриддин таъкид медорад, ки «барои Мавлоно ҷаҳоне фаротар аз воқеияти заминӣ писандида буд… ӯ ба моҳияти ашё нигоҳе ҳакимонаву орифона дӯхта, ба кашфи ҳақоиқи маънавӣ ноил гардид» (1,92).

Воқеан, андешаҳои зебои Мавлонои соҳибзавқ дар қолаби ғазал низ бо истифодаи дурусту ҳунарваронаи саноеии лафзиву маънавӣ ба дилҳои хонандагон менишинад ва зеҳнро завқи тоза мебахшад. Воқеан, бадеият аз вижагиҳои хоси осори адабӣ аст. Агар яке аз омили шӯҳрати беандозаи ғазалиёти Мавлоно дар маъниҳои бикр, мазмунҳои нозуку латифи он бошад, маъниофаринии Мавлоно ба василаи тасвирҳои дар хотир монданӣ ва ғайриинтизор дар ин росто шоиста ба таваҷҷӯҳ мебошанд. Зимнан бояд гуфт, истифодаи моҳирона аз санъатҳои адабӣ ҷониби ин шоири сухангустари форсу тоҷик хеле олӣ ҷараён гирифтааст.

Дар омӯзиши иҷмолии хеш пиромони тасвирофариниҳои осори Мавлоно, мо ба вижагии корбурди санъати такрор (такрир) таваҷҷӯҳ намуда, ба натиҷа расидем, ки ин санъат дар баробари таҷнис, тамсил талмеҳ дар тасовири ғазалҳои шоир мақоми хосаеро дорад.

Такрор аз ҷумлаи санъатҳои бадеие мебошад, ки дар каломи бадеъ барои дучанд намудани назокати гуфтор хидмат дорад. Такрор ғолибан суханро оростатар мекунад, сохтори манзумӣ ба шеър мебахшад ва мусиқии онро падид меоварад. Ҳамзамон барои оҳанги сухан аз такрор истифода мешавад.

Дар каломи бадеъ санъати такрор бар чанд гуна аст:

Содатарин навъи он шомили такрори як калима аст. Мавлоно аз чунин тарзи такрор хеле фаровон корбурд кардааст. Такрори дилкашу матлуби калима дар ғазалиёти Мавлоно мусиқияти баланди нигоштаро таъмин кардаааст.

Мушоҳида шуд, ки Мавлоно аксаран барои такрор калимоти «имрӯз», «чун», «биё», «гаҳе», «зи», «ман», «чӣ», нидоҳои «эй», «ё раб», «ало эй»-ро интихоб намуда, такрори ононро тавре ба ҷо овардааст, ки зеҳни хонанда аз такрори як калима дар саросари ғазал хаста намешавад, балки завқ мебарад. Тарзи офариниши такрорҳои гушнавоз аз маҳорати хоси гӯянда гувоҳӣ медиҳад. Такрори нидои «эй» дар ғазали «Эй ошиқон, эй ошиқон, ман хокро гавҳар кунам» ба ғазал дилрабоии вижа ва ҷаззобият ато намудааст. Дар ин ғазал мо нидои «эй» 22 маротиба такрор шудааст, аммо зиёд омаданаш ба ҳеч ваҷҳ мусиқии каломро вайрон накарда, зеҳни хонандаро навозиш мекунад. Дар як ғазал корбурди чанд навъи такрор низ шоистаи тавсиф аст:

Эй ошиқон,эй ошиқон, ман хокро гавҳар кунам,

Эй мутрибон, эй мутрбон, даффи шумо пурзар кунам.(4,94)

Ингуна такрорҳои ҷолиб дар ғазалҳои «Рав он рубобиро бигӯ, мастон саломат мекунанд», «Он нафасе, ки бо худӣ, ёр чу хор оядат», «Маро гӯи: киройӣ? Ман чӣ донам?», «Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад» мушоҳида мешаванд:

Эй ҷони мо, эй ҷони мо,эй куфру эй имони мо,

Хоҳам, ки ин хармӯҳраро гавҳар кунӣ дар кони мо (4,32)

Такрори вожаи «гоҳе» бар байти камоли ҳунарварӣ дар ҷодаи такрор аст,мутаваҷҷеҳ мешавем:

Гаҳе дар тахту гаҳ фавқам, гаҳе дар шавқу гаҳе завқам,

Гаҳе ларзону гаҳе нолонам, туро хона куҷо бошад? (4,69)

Гоҳе шоирон калимаҳоеро дар оғози ҳар мисраь такрор мекунад, ки Мавлоно низ аз ин навъи такрор корбурди зебо дорад:

Зинда кӯшам дар шикори зиндагӣ,

Зинда бошам чун зи ҷон нагрехтам.(108)

Намунаи зер низ аз маҳорати тасвирофаринии Мавлоно гувоҳанд:

Биё, биё, ки маро бе ту зиндагонӣ нест,

Бубин, бубин, ки маро бе ту чашм Ҷайҳу нест. (4,51)

Ҷои дигар санъати такрор бадингуна зебоиофаринӣ дорад:

Зарра ба зарра чун гуҳар аз тафи офтоби ту,

Дил шудаст сар ба сар обу гили гарони ман (4,117)

Ва низ:

Биё, биёву халосам деҳ аз биёву бирав,

Биё чунон ки раҳад ҷонам аз чунону чунин. (4,122)

Ҷои дигар Мавлона маъниро бо такрори зер ҷолиб ба ҷилва меорад ва мегӯяд:

Гуфто, ки зарра -заррайи ту ошиқи мананд,

Рав-рав, ки ин матоъ барои муҳаққар аст. (4,46)

Зимнан бояд ёдрас шавем, ки дар нигоштаҳои Мавлоно такрор ҳамзамон омили таъсиринок сохтани маънӣ аст. Дар мисраъҳои боло «зарра-зарра» ва «рав-рав» дараҷаи таъсири маънӣ ва баёни матлабро баланд сохтааст.

Гоҳе дигар калимае, ки дар миёни мисраи аввал омадааст, дар миёни мисраи сонӣ такрор мешавад, ки навъи такрор низ офариншҳои зеборо ба миён овардааст:

Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқи меҳри ёр на,

То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат. (4,59)

Ва низ

Ақл омад, ошиқо худро бипӯш,

Войимову войи мо аз ақлу ҳуш. (4,8)

Калимаи дар мисраи ҳампаҳлӯ овардашуда дар мисраи дигари байти ҳамчун тафсиру табъин такрор мегардад, ки ин тасовир ҷолибияти хосеро ба худ ихтисос додаанд. Чунончи:

Бода бинӯшу мот шав, ҷумлайи тан ҳаёт шав,

Бодайи чун ақиқ бин, ёди ақиқи кон макун.

Бодайи ом аз бурун бодайи хос аз дарун,

Бӯйи даҳон баён кунад, ту ба забон баён макун (4,14)

Дар такрорҳои силсилавор охарин калимаи мисраъ дар оғози мисраи баъдӣ оварда мешавад, ки гоҳо калимае ҳам дар оғоз ва ҳам дар поёни ҷумла меояд монандӣ:

Ба дарвешӣ биё андар миёна,

Макун шӯхӣ, магӯ к-андар миёнам.

Миёни хонаат ҳамчун сутунам,

Зи бомат сарфурӯ чун новадонам.(4,12)

Навъи дигари такрор такрори савтҳост ба шакли пажвок дар шеьр ва қофия дида мешавад. Гоҳе низ такрор бар асли ҳамсонӣ ё эьтиноб устувор аст, ки аз ин навъ низ Мавлоно корбурди шоистаи таҳсин намудааст.

Такрорҳои Мавлоно воқеан диланишин ва дилангез ҳастанд ва дар хеш як ҷаҳон маъниро нуҳуфта дар қолаби тозаву ноб ба хонанда мерасонад.

Шод омадӣ, эй маҳрӯ, эй шодии ҷон, шод о,

То буд, чунин будӣ, то бод чунин бодо .

Эй сурати ҳар шодӣ, андар дили мо ёдӣ,

Эй сурати ишқи кулл андар дили мо ёд о(37)

Ва ҳамчунин мегуяд:

Сазойи он кӣ зияд бе рухи ту, з-ин батар аст,

Сазои бандайи бад, гарчи ӯ сазойи ту нест. (4,54)

Ё ҷое дигар :

Ошиқи ҷаври ёр шав, ошиқимеҳри ёр на,

То ки нигори нозгар ошиқи зор оядат. (4,59)

Метавонем натиҷагирӣ кунем, ки ҷанбаи бадеии ашъори Мавлоно хеле пурқувват буда, шоир дар офариниши тасвир низ истеъдоди мунҳасир ба фардро дорад. Fазалҳои мондагораш ғояву мазмуни баландро дар перояи поэтикаи лоиқи таҳсин ба завқи хонандаи нозуктабъ мерасонад такрор дар тасвирҳояш мақоми садрнишиниро ихтиёр карда мӯъҷиби маъруфияти Мавлонои кабир гаштаанд.

Пайнавишт:
Маводи ҳамоиши байналмилалии «Румӣ-Гёте: Муколамаи фарҳангҳо».Хуҷанд, «Нури маърифат»,2007.-307 саҳ.
Румӣ, Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс ё Девони Кабир. Ҷузъи ҳаштум./ Бо тасҳиҳот ва ҳавошии Бадеуззамон Фурузонфар. – Теҳрон, 1342. – 333 с.
Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с
Ҷалолидин Балхии Румӣ. Тӯфони ишқ.Fазалиёт(Гулчин). Душанбе. «Деваштиҷ»,2007.162саҳ.

Фирдавси Аъзам

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s