Category Archives: Ахмадинажод

Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно

Имрӯзҳо таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни тасаввуф дар адабиётшиносии муосири тоҷику форс тавассути кӯшишу талоши пайгиронаи як гурӯҳ муҳаққиқон вусъати тоза гирифта аст. Дар мавриди омӯзиши тасаввуф ва таъсири он ба адабиёти точику форс зиёда корҳои шоистаи таваҷҷӯҳи олимонро метавон унвон гирифт. Воқеан, тасаввуф, ки бешак, фалсафа, афкори иҷтимоӣ ва адабии мо ба он пайванди қавӣ дорад, дар ҳама давру замон боиси таваҷҷӯҳи аҳли илму ҳунар будаву ҳаст.
Тасаввуф ҷараёни фалсафию ирфониест, ки бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Оламу одамро мароми худ қарор дода буд. Намояндагони барҷастаи ин ҷароён-Абӯбакри Шиблӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯсаиди Абӯхайр, Аҳмадии Ҷомӣ, Абӯҳомиди Ғизолӣ, Абулмаҷиди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон мебошанд. Continue reading

«Рақс» дар зиндаги ва осори Мавлоно

Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ солҳо ва қарнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфонӣ ва иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳониаш таваҷҷӯҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба сӯи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри ӯ, андешаи ӯ, пиндору гуфтору рафтори ӯ ин, албатта, бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз синну сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби динӣ. Осори ӯ лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумонро ба самти худ мекашанд. Ва солҳову қарнҳост, ки Мавлавихониву Маснавихонӣ аз суннатҳои дилписанди аҳли адаб ва шефтагони ашъори Мавлоно гашта, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.
Осори гаронмояи «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» аз ганҷинаҳои бебаҳои адабиёти тоҷику форс маҳсуб мешаванд. Беҳуда нест, ки бархе аз адибон ва Мавлонопажӯҳон Маснавии Маънавиро китоби осмонӣ хондаанд, бархеи дигар низ по фаротар ниҳода онро Қуръон низ хондаанд. Ҷомӣ низ онро Қуръон дар забони паҳлавӣ номидааст:
«Маснавии маънавӣ» – и Мавлавӣ
Ҳаст Куръон дар забони паҳлавӣ
Ман чи гуям васфи он Олиҷаноб?!
Нест Пайuамбар, вале дорад китоб! Continue reading

М.Ахмадинажод:Ошнои бо Шамси Табрези

Шамси Табрези кист , ки инчунин Мавлоноро ошуфта ва “бедилудастор” менамояд? Ва Мавлавиро бар он медорад,ки девони шеъри бисёр боарзишу  ва фохир ба номи Шамс бисарояд ва ба вай такдим намояд. (Девони Шамси Табрези). Дар вокеъ мо бештар Шамси Табрезиро бештар тарики Мавлоно ва аз панчараи сурудахо ва газалхои шурдиаи вай аст, ки мешиносем. Дар бораи Шам иттилоот ва огохии зиёде дар даст нест, бештар он чи ки дар мавриди у аст ба афсона табдил шудааст. Аммо он чи рушан аст, асарест, ки бар Мавлави мегузорад ва зиндагии Мавлавиро мамлу аз ишк,ирфон ва врастаги менамояд ва у хамчун суфии софшудае таваллуди дигар меёбад. Шамси Табрези ончунонн зербанои андешаи Мавлавиро тахти таъсири худ карор медихад, ки уро то поёни зиндаги масту саргаштаву девона мекунад. Continue reading