Category Archives: Инсони комил

Ғарб бо Мавлоно

Фирдавси АЪЗАМ (Хуҷаев)

nahzat.tj

Ба ифтихори мавлуди Мавлоно суфии покманиш

Вақте ки Созмони миллали муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлонои кабир ихтисос дод, кишварҳои ҷаҳон мисли Туркиё, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса, Итолиё ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти ҳаштсадумин солгарди милоди суфии покманиш баргузор намуданд. Хурсандиовар аст, ки ин барномаҳо то ба ҳол идома доранд ва ин силсилабарномаҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои фарҳангию адабии ҷаҳон доир мешаванд.

Дар ин навиштаи кучак нигоҳи иҷмолие ба шуҳрати Мавлонои кабир дар бархе аз манотиқи ҷаҳон меандозем ва ба хадамоти пажуҳишгарони ғарбӣ, ки роҷеъ ба таьлимот ва осори Мавлоно анҷом додаанд, таваҷҷӯҳ мекунем. Дар ин навишта аз бархе манобеи интернетӣ бо забонҳои инглисӣ, русӣ ва форсӣ истифода шудааст. Имрӯз дар тамоми манотиқи ҷаҳон дар кишварҳое ки ҳазорон чеҳраҳои бузурги фарҳангию адабӣ дорад, дар ҳамаи марокизи илмию пажуҳишӣ ва ҳунарӣ аз осори Мавлонои кабир иқтибос меоранд ва ӯро ба масобаи як инсони ормонӣ ва идеол ёд мекунанд.

Мавлоно ва Русия

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамон гуна ки дар Аврупо ва Амрико аз шуҳрати волое бархурдор аст, дар Русия низ аз муддатҳо замон дорoи шуҳрату эътибор аст. Шарқшиносони барҷастаи русӣ чун Бартелс, Гордовский ва дигарон ин шоир ва андешаманди бузурги ҷаҳони Исломро дар осори худ муаррифӣ ва ёд кардаанд. Ин ёдкуниҳо ҳокӣ бар таъсиргузор будани Мавлоност.

Бояд арз шавад он асаре, ки муҷиб бар муаррифии осор ва таьлимоти Мавлоно дар маҳофили адабӣ ва доираи хонандагони рус гардидааст, асари “Ҷалолиддин Руми” нависандааш Радий Фиш мебошад.

Китоби мазкур дар силсилаи китобҳои “Зиндагии бузургон” тавассути Максим Горки дар соли 1934 эҳё гардидааст. Воқеан ҷолиб аст, вақте мебинӣ, ки чунин асаре бо он ҳама таълимоти ирфонӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ дар чунин муҳити коммунистии Русия нашр гардад. Ин амр далел бар пайванди инсон ба руҳоният ва маънавияти фитрист, ки муҷиб бар чунин иттифоқе шудааст. Мавлоно дар ҳақиқат тавассути таълимот ва осораш бузургтарин муъҷизаи маънавиро эҷод кардааст, ки инсони тамоми минтақаи оламро ба сӯи хеш мехонад ва ин муъҷиза барои қарнҳо мондагор хоҳад монд.

Николсон ва Мавлоно

Рейнолд Николсон аз мусаҳҳеҳ ва муфассири бузурги Маснавии шариф умри гаронмояи хешро сарфи таҳқиқ ва пажуҳиш дар мутуни куҳани исломӣ ва ирфонӣ намуд, вале он чи ки ӯ анҷом дод ва солиёни сол ва қарнҳо бегазанд хоҳад монд, ин вироиш ва таҳқиқи Маснавии шариф буд, ки имрӯз аз муътабартарин нусхаи Маснавии Маънавӣ мебошад. Маснавиро ба забони модарияш (англисӣ) тарҷума намуд ва онро дар 8 ҷилд тафсир кард. Ба ҳар ҳол, агар аз зовияи таърих ба тарҷума бингарем, хоҳем дид, ки Николсон хадамоти бузурге барои ғарбиён кардааст. Ҳудуди 50 сол пеш Маснавиро бо диққати тамом ва жарфнигарӣ ба инглиси тарҷума намудааст.

Ҳамин дилбастагию алоқамандаии Николсон ба забон ва адабиёти бузурги исломӣ буд, ки муҷиб гашт то баргузидаи ашъори “Девони Шамс”- ро ба дасти чоп диҳад. Профессор Николсон дар соли 1901 ҳангоме, ки 33 сол дошт, ҷонишини Эдвард Браун дар Донишгоҳи Кембрич шуд ва ҳамонҷо курси забони форсиро дар ихтиёр гирифт ва узви расмии акодемии забони форсӣ шуд. Пас, мусалламан метавонем бигӯем, ки чун ӯ донандаи забони форсӣ буд барояш таҳқиқ ва омузиши осори бузургоне чун Мавлоно он қадар душвор набуд.

Николсон аз нахустин шарқшиносонест, ки осори Аттор ва бахусус Мавлоноро ба сурати густурда ва амиқ ба ҷаҳони Ғарб муаррифӣ намуд. Ҳамчунин ӯ барои нахустин бор дар маҷалаи Салтанати осиёӣ даст ба муаррифии китоби “Фиҳи мо фиҳи” зад, то аз ин роҳ он китоби арзишмандро ба пажуҳишгарони ғарбӣ бишоносонад. Рейлонд, ки худ ба тарҷумаи бахшҳое аз он ҳиммат гумошта буд, тарҷумаи комили онро ба шогирди худ Арберӣ тавсия кард. Хадамоте, ки ин абармард анҷом дода, кам пажуҳишгарон анҷом додаанд. Албатта, қабл аз Николсон мутарҷимоне чун Ҷемс Редхаус ва Винфилд ба тартиби дафтари аввал ва кулли Маснавиро бо забони инглисӣ дар солҳои 1881 то 1887 милодӣ мунташир карда буданд, аммо он чи Николсон анҷом дод, фарқкунанда буд. Ӯ бо диди ноқидона ва олимона ва риояти лозима ба заъфҳо ва камбудиҳои эшон ишора кард. Ин боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз дар кулли ҷаҳон Маснавии Мавлоно ба беш аз 40 забони дунё тарҷума шуда ва дар ихтиёри ҷомеаи башарӣ қарор гирифтааст. Инро ҳам бояд бигӯем, ки ҳарчанд аз кори анҷомдодаи Николсон ба Маснавӣ чандин сол мегузарад, аммо ҳануз эътибори он аз байн нарафтааст ва аҳли таҳқиқ бо истинод ва иқтибос аз он ба таври густурда истифода мекунанд. Ин албатта, ҳокӣ бар бузургии дасти пажуҳишии Николсон аст.

Мавлоно ва Фаронса

Ҳамин бузургманишии Мавлоност, ки бо қудрати ҷозибаи осораш аз тамоми нуқоти олами беканору бекарон донишмандон, мутафаккирон ва файласуфонро ба сӯи хеш мехонанд. Марзҳоро убур карда ва тамаддунҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Фаронса ҳам ин даъватро аз хоки гуҳаррези Туркиё мешунавад.

Лозим ба ёдоварист, ки профессор Ива ду Витрей Меэерович (1909–2001)-ро бояд бузургтарин мавлоношиноси фаронсавӣ донист. Чанд нукта роҷеъ ба фаолияти ин пажуҳишгар гуфтанӣ ҳастем.

Ӯ бештари осори Мавлоноро ба забони фаронсавӣ тарҷума карда ва дар китобҳои таьлифии худ низ осори Мавлоноро мавриди баррасии коршиносона қарор дода аст. Ӯ дар мавриди чигунагии ошноӣ бо Мавлоно мегуяд: “Рузе як дусти мусалмон китобе аз Иқболи Лоҳурӣ пеши рӯям ниҳод. Ҳангоме ки онро мутолиа кардам, маро бисёр маҷзуб кард ва ман бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд тасмим гирифтам китобро аз инглисӣ ба фаронсавӣ тарҷума кунам. Бо мутолиаи осор ва ашъори Иқболи Лоҳурӣ медидам, ки Иқбол пайваста аз Мавлоно ба унвони муаллиму муроди хеш ёд мекунад. Кунҷков шудам ва хостам бидонам чаро ӯ то ба ин ҳад нисбат ба Мавлоно иродат дорад. Бадин тартиб ҳангоме, ки мутолиаи осори Мавлоноро шурӯь кардам, ба забони фаронсавӣ чизи каме ёфтам ва маҷбур будам ба осори тарҷумашуда ба забонҳои инглисӣ ва олмонӣ муроҷиат намоям.”

Меэерович ба тадриҷ Мавлоноро дарк мекунад ва ҳар қадар, ки Мавлоноро бештар мешиносад, ҳамон қадар алоқамандтару муштоқтар мешавад. Ива 15 сол барои тарҷумаи Маснавӣ вақт гузошт ва бо ҳамкории як муҳаққиқи эронӣ ба номи Ҷамшеди Муртазавӣ ин китоби арзишмандро ба таври комил тарҷума кард. Тарҷумаи ин китоб дар соли 1990 милоди дар 1705 саҳфа ба инзимоми як муқаддимаи 40 сафҳаӣ аз суи интишороти “Руше” дар Фаронса мунташир гардид. Ӯ ҳамчунин “Фиҳи мо фиҳи”, “Рубоиёт”, “Мукотибот” ва низ гузидае аз Девони Шамсро тарҷума кард. “Рубоиёти Мавлоно” маҷмуае аз 1000 рубоӣ аст, ки хонуми Меэерович аз миёни 2000 рубоӣ ба Мавлоно нисбатдодашуда интихоб ва тарҷума кард. Ин хадамоте, ки хонум Меэерович анҷом дода, шоистаи таҳсину такдир ва ситоиш аст.

Борес ва Мавлоно

Дар Фаронса танҳо хонуми Меэрович набуд, ки ба тарҷума, пажуҳиш ва омузиши осори Мавлоно даст зада буд, балки дигар донишмандон ва муҳаққиқон низ дар ин амр ҳиммат мегумориданд. Яке аз ин навсиандагон Мурис Борес (1862—1923), сиёсатмадори фаронсавӣ, буд, ки ба хотири алоқаи шадиде ба Мавлоно ва маросими самои фирқаи Мавлоно ба Куния сафар мекунад. Рақси самои дарвешон, ки таваҷҷӯҳи муҳаққиқони кишвари Фаронсаро ба худ ҷалб карда буд, аммо дар миёни онҳо ҳеч як ба андозаи Борес ба омузиши Мавлоно ва самои мавлавия напардохтааст. Он чи ки Бoрес анҷом дод, нахуст Маснавӣ ва бархе дигар аз ашъори Мавлоноро аз рӯи тарҷумаи пароканда ва низ аз рӯи он чи дар “Маноқиб-ул-орифин” хонда буд, ба забони фаронсавӣ дармеоварад ва мушоҳидоташ низ дар Куния ӯро ба таамулоте дар бораи “Ирфон дар ҳамаи адён” барангехта ва андешаҳои пешини ӯро дигаргун карда аст.

Ӯ дар 17 июни 1914 милодӣ ба Куния маҳалли зиндагии Мавлоно ва оромгоҳи ӯ сафар кард. Дар онҷо бо ҳамроҳӣ дар рақси оҳангини мавлавиҳо “дарвешони муриди Мавлоно” ба руёи худ таҳаққуқ бахшид. Вай ин мавзуъро дар осори худ “Таҳкике дар кишварҳои шарқӣ” (Enquête aux pays du Levant) ва “Дафтарҷаи Хойм” (Mes Cahiers) ташреҳ карда аст.

Шиммел ва Мавлоно

Ҳамчунин Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ ва аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ду орифу мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Шарқ, шахсиятҳое ҳастанд, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи бисёри профессор Онне Море Шиммел қарор доранд. Ин донишманд чанд асари муҳимеро аз осори манзум ва мансури ин ду ҳакими фарзона ба забонҳои олмонӣ, инглисӣ ва туркӣ тарҷума намудааст. Афзун бар ин, дар миёни осори устод Шиммел таҳқиқ ва таълифҳои бисёре низ дар бораи шахсияти барҷаста ва осори арзишманди Мавлавӣ ва Иқбол дида мешавад.

Профессор Шимел яке аз устодони шинохтаи ҳавзаи мутолиоти “Мавлавишиносӣ” ва “Иқболшиносӣ” аст. Ин пажуҳишгар миёни Шарқ ва Ғарб ба масобаи пулест, ки тамаддунҳо ва фаргҳангҳоро ба ҳам мепайвандад ва паёми Шарқро ба Ғарб мерасонад. Хадамоти эшон низ дар муаррифӣ ва таҳқиқи ин ду чеҳраи бузурги ҷаҳони исломӣ бисёр бузург аст. “Ман чу бодам, ту чу оташ” (Ich bin wind und bist feuer) унвони китоби зиндагинома ва таҳлили осори орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст ва то кунун чандин маротиба таҷдиди чоп шудааст. Дар ин китоб баъд аз шарҳи аҳволи Мавлоно шахсияти вай ва асари шоҳкораш – Маснавии Маънавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Устод Шиммел дар ин китоб ишора мекунад: “Набояд аз ёд бурд, ки бузургтарин малҳами Мавлоно дар Маснавии Маънавӣ китоби Куръон будааст, аз ин ба Абдураҳмони Ҷомӣ бояд ҳақ дод, ки Маснавии Мавлоноро “Куръон ба забони форсӣ” мехонад. Бадеҳӣ аст, ки Мавлоно мутуни ирфонии пешиниёнро мутолиа карда буд: мутуне чун “Рисолаи қашрия” ва “Эҳёи улуми дин” -и Имом Ғаззолӣ. Яке дигар аз китоби муҳими хонум Шиммел дар бораи Мавлоно китоби “Шукуҳи Шамс” (The Triumphal Sun) аст. Ин китоб сайре дар осор ва афкори Мавлоност ва хушбахтона ба ҳиммати устод Ҳасани Лоҳутӣ ва бо муқаддимаи аллома Ҷалолиддини Оштиёнӣ ба забони форсӣ низ тарҷума шудааст. Профессор Шиммел аз ҳамон оғози фаолиятҳои илмии худ ба мутолиа ва баррасӣ дар осор ва афкори Мавлоно ба таҳқиқоти доманадоре даст мезанад ва Мавлонои кабирро ба муҳити Аврупо мешиносонад.

Читик ва Мавлоно

Ҳамчунин, Вилиям Читик аз пажуҳишгарони номдори олами Ғарб бо таьлифи асаре тахти унвони “Ман ва Мавлоно” достони шурангези зиндагии Мавлоно ва ба вижа моҷарои ишқи афсонавиро, ки ӯро бо Шамси Табрезӣ пайванд дод, ба қалам мекашад. Дар боби он чи ба Мавлоно марбут мешавад, осор ва таьлифоти бисёре ба забонҳои форсӣ, туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ғайра ба чашм мехурад.

Лозим ба ёдоварист, ки Фронклин Луис дар китоби арзишманди “Мавлоно, дирӯз то имрӯз, Шарқ то Ғарб” нахустин пажуҳандаи амрикоист, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣ ва андешаҳои Шамси Табрезӣ пардохтааст. Аммо ин Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами Мақолоти Шамси Табрезиро ба англисӣ тарҷума ва дар соли 2004 мунташир кард.

Лозим ба зикр аст, ки ба эьтикоди Читик мутолиаи осори класик беҳтарин роҳ барои вуруд ба дунёи дарунии соҳибони асар аст. Ва ҳамчунин аз ҳамин рӯст, ки тарҷумаи осори класик ва дастабандии онҳо яке аз боризтарин бахшҳои фаъолияти илмии ӯ маҳсуб мешавад.

Ин нуктаро ҳам бояд арз намоем, ки профессор хонуми Ива ду Витрей Меэрович барои мутолиаи осори Мавлоно ва фирқаи Мавлавия борҳо ба Куния сафар кард ва бо пайравони Мавлоно гуфтугуву баҳсҳо анҷом додааст. Ӯ Мавлоноро орифи ҷомеь ва комил медонист, ки андешаи ҳамаи урафоро дар худ соҳиб аст. Барои Меэерович ирфони Мавлоно, ки ба шеър шакл гирифтааст, метавонад тамоми афродро бо хостгоҳҳои мухталифи динӣ ва маънавӣ гирд овард, ҳамон тавр ки рӯзи хоксупории Мавлоно, масеҳиён ва яҳудиёни Куния ба андозаи мусалмонон мутаассир буданд ва шеван мекарданд.

Хулоса

Бо дар назардошти он чи, ки изҳор кардем ва он чи мавлоношиносон анҷом додаанд, метавон ба чунин хулоса расид, ки Мавлоно аз ҷумлаи бузургони ирфон ва адаби исломист, ки мансуб ба як кишвар, миллат, маҳдудаи ҷуғрофиёӣ набуда, бо баҳрагирӣ аз манобеи шариат ва тариқат ҳамвора руй бар сӯи ҳақиқати илоҳӣ оварда ва ойину адёну мазоҳиби дигар миллалро ситоиш, эҳтиром ва такдир кардааст ва дарк намудааст.

Таҳқиқи тарҷумаҳои мисраъи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»

Фирдавси Аъзам (Хӯҷаев),

Тарҷума чист ва ин вожа чӣ маҳфуме дорад?

Тарҷумаҳои мисраъи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»

Тарҷумаи Ҷонатон ва Гомард

Тарҷумаи В. Ҷонес ва Редҳавс

Охирсухан

Тарҷума чист ва ин вожа чӣ маҳфуме дорад?

Агар ба тарзи содда ва диди аввалин хулосае дар мавриди тарҷума бигӯем тарҷума ин баргардонидани матлаб аз як забон ба забони дигар аст. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ низ ин вожа ба маънии гардонидани мазмуне аз як забон ба забони дигар маънӣ шудааст. Доктор Фулодонӣ муҳаққиқи риштаи тарҷума омӯзишҳои хешро чунин хулоса карда, мегӯяд: «Тарҷума интиқоли паёме аз як забон ба забони дигар аст. Бо ҳифзи рӯҳи матни аслӣ ва эҷод таъсири ҳамарз дар хонандаи забони мақсад». Ин муҳаққиқ илова мекунад, ки  бояд тарҷума  илова бар сатҳу амонат ба рӯҳ ва эҳсоси мутуни аслӣ вафодор бимонад ва онро ба хонандаи забони мақсад (Забони мақсад истилоҳест, ки дар риштари тарҷумашиносӣ  забони ба он тарҷумашаванда фаҳмида мешавад, Ф.А. ) илқо кунад.

Хамзамон аҳли таҳқиқ барон назаранд, ки тарҷумае, ки мутарҷим наздиктарин модули забони мақсадро ба матни забони мабдаъ пайдо мекунад беҳтарин тарҷума аст. Дар чунин тарҷумаҳо дурустии маъно муҳимтарин омил мебошад ва риояи сабк дуввумин унсурест, ки баъди тарҷума ба инобат гирифта мешавад.  Воқеан, ба таърихи таҳаввули тарҷума назари иҷмолӣ намоем мувоҷеҳ мешавем, риояи сабк ва шеваи баёни матни мабдаъ душвор аст. Риояи сабк низ дар тарҷума омили муҳим аст, аммо на бар он андоза, ки ба хотири сабк  маъно фидо шавад.

Адабиётшиносони муосир тақсимбандии унвони тарҷумаро ба се даста саҳеҳ шуморида, тарҷумаи озод, тарҷумаи вожа ба вожа ва тарҷумаи таҳтуллафзиро аз ҳам фарқ мекунанд. Албатта, тарҷумаи мавриди назари мо тарҷумаи адабӣ- бадеӣ аст. Тараҷумаи адабӣ ё бадеӣ маълум аст, ки тарҷумаи асарҳои адабие чун новел, ашъор, намоишномаҳо ва китобҳо мебошанд.

Як мутарҷими осори адабиро лозим аст, то ин иқтидорро дошта бошад, ки битавонад эҳсос, арзишҳои фарҳангӣ, ҳиссӣ юмор ва дигар элементҳои асарро тарҷума кунанд. Ба таври куллӣ, чунон ки зиёди олимон бар ин ақида мӯътақиданд, ба тарҷумаи осори Мавлоно дар Амрико аз се зовия метавон нигоҳ кард, яке ваҷҳи илмӣ, ки тавассути мутахассисон ва адибон ва шоирон сурат мегирад ва дигаре пажӯҳишҳое, ки тавассути гурӯҳҳои маънавӣ сурат гирифта аст. Гурӯҳҳои дигар бархурди умдатан тиҷорӣ бо осори Мавлоно доштаанд, ки ин гурӯҳҳо низ аз мақбулияти бисёр боло бархурдор ҳастанд.

Ин ҷо таваҷҷӯҳ мекунем ба тарҷумаҳое, ки аз ваҷҳи илмӣ тавассути аҳли адаб ва шоирон сурат гирифтааст. То имрӯз азалу рубоиҳо ва Маснавии Мавлоно аз ҷониби зиёда мутарҷимон ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума гаштаанд. Бешубҳа, тарҷумаҳо ба забони англисӣ дар ин миён хеле зиёд аст:

Тарҷумаҳои мисраъи «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»

Воқеан, вақте тарҷумаҳои Маснавии Мавлоноро ба забони англисӣ, ки хеле фаровон ба чашм мерасанд, аз назар гузаронидем, мушоҳида намудем, ки ин тарҷумаҳо  аз ҳам фарқ мекунанд.

Зимнан барои он ки тафовути тарҷумаҳои Маснавӣ  то андозае рӯшан гардад барои бори нахуст бо қиёси фақат як байти ин осори ҷаҳонии Мавлоно иктифо намудем, ки ин ҳам мисраи машҳуртарини Маснавӣ, «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад» мебошад.

Зикр гардид, ки беш аз 20 мутарҷим Маснавиро ба забони англисӣ тарҷума намудаанд. Яқинан чигунагии ин тарҷумаҳо ва то ба кадом андоза ба забони мабдаъ наздик будани он, риоя шудан ва ё нашудани сабки нигориши муаллиф, ҳузури воқеии андешаҳои Мавлоно дар тарҷумаҳои мазкур аз муҳимтарин нукоте буданд, ки зимни омӯзиш ва қиёс мавриди назари мо буданд.

Тарҷумаи Ҷонатон

Listen to the song of the reed,

How it wails with the pain of separation:  (Ҷонатон Стар)

***

Бишнав ба оҳанги най,

Чигуна он аз дарди ҷудоӣ менолад, (Ф.А.).

Тарҷумаи мазкур муталлиқ ба Ҷонатон Стар аст. Ва хонандаи англисзабон ба ҳангоми мутоилаи ин байт ҳамин маъниро, ки дар тарҷумаи  хеш овардем пайдо мекунад. Мебинем, ки дар тарҷумаи Ҷ. Стар дар маҷмӯъ маънии байти Мавлавиро додаст, аммо ҳамон латофат ва ҷозибияти забони мабдаъ дар забони мақсад эҳсос намешавад. Сабки нигориш низ риоя нашудааст.

Тарҷумаи Гомард

Дар тарҷумаи дигар, ки ба қалами Иброҳим Гомард муталлиқ аст, тамоман намуди дигари баёни маънии ин байти  Маснавиро мушоҳида мекунем.

Listen* to the reed (flute),* how it is complaining!*

It is telling about separations,* ( Иброҳим Гомард)

****

Бишнав аз най, ки чи гуна шикоят мекунад

Он достони ҷудоиро мегӯяд (Ф.А)

Тарҷумаи мазкур аз тарҷумаи Стар ба куллӣ фарқ мекунад. Дуруст аст, ки ҳамон маънӣ аст, аммо чигунагии баёни маънӣ хеле аз ҳам тафовут доранд. Ҳамзамон  бояд гуфт, ки тарҷумаи мазкур то андозае ба рӯҳи Маснавӣ наздикӣ пайдо кардааст, албатта нисбат ба байти тарҷума шудаи Ҷонатон Стар. Аммо дар ин тарҷума ҳам, рӯҳи маснавӣ ва андешаи воқеии Мавлоно, дар забони форсӣ, ки забони асли мабдаъ аст ба таври бояду шояд эҳсос намешавад. Яъне, мутарҷим фақат вожаҳоро тарҷума кардааст ва ба риояи сабку рӯҳ аҳаммияти дуввумдараҷа додааст. Дуруст аст, ки дар тарҷума ҳадафи аслӣ ин расонидани маънӣ аст ва набояд мутарҷим ба хотири сабк ва риояи он маъниро ноқис баён созад. Дар ин ду тарҷима низ мутарҷимон  бештар ба расонидани матлаби ин мисраъҳо диққат додаанд.

Тарҷумаи В. Ҷонес

Hear, how yon reed in sadly pleasing tales,

Departed bliss and present woe bewails!  (Вилям Ҷонес)

(Translated by Sir William Jones (1746-1794). Quoted in A. J. Arberry, “Persian Poems,” London, 1954, pp. 118-119. (Perhaps from “Poems, Consisting Chiefly of Translations from the Asiatick Languages,” 1772.)

***

Гуш кунед, ки най чи гуна аз достонҳои дилангези ғамгин мегӯяд,

Аз маҳрумии саодат ва ҷудоию сӯгворӣ. (Ф. А.)

Бо баробари хондани ин мисраъҳо хонандаи нуктасанҷ эҳсос мекунад, ки дар ин тарҷума маънӣ бо тарз ва услуби дигар баён шудааст, дар ин ҷо мутарҷим маънии  нусхаи аслро ба тарзи нисбатан дигар баён кардааст. Дар ин мисраъҳо мо мушоҳида мекунем, ки мутарҷим мехоҳад рӯҳ ва салосат ва зебогии баёни байти Мавлоноро ба хонандаи англис расонад. Аммо мутарҷим дунболи вожаҳои зебо рафта, маъниро муғлақ баён кардааст. Дар баробари баёни зебои байти мазкур,  Ҷонес рӯҳи байтро нигоҳ дошта натавонистааст. Метавонем гӯем, ки ба ин байт таъсири андеша ва қабули фаҳмиши мутарҷим бештар дида мешавад. Сабки баён низ душвор аст.

Тарҷумаи Редҳавс

Редҳавс дигар аз тарҷумони машҳури осори Мавлоно бошад ин байтро ба гунаи зер тарҷума кардааст.

From ed-flute hear what tale it tells;

What plaint it makes of absence’ ills. (Ред ҳавс)

(Translated by James W. Redhouse. From “The Mesnevi of Mevlânâ Jelâlu’d-dîn Muhammed ӯқ-Rûmî. book the First”  (London, 1881).

***

Аз най бишнав ки чи ҳикоят мекунад,

Чи шиква аз маразҳои ҷудоӣ мекунад (Ф. А.)

Мебинем, ки тарҷумаи Редҳавс низ аз кулли дигар тарҷумаҳо тафовут дорад.

Охирсухан

Албатта, ин муқоисаҳо ва хулосаҳое, ки дар омӯзиши кӯчаку шогирдонаи мо сурат гирифт дар ҳошияи тарҷмуаи ҳамин як байти Маснавии Мавлоно буд. Яъне, андешаҳои мо пиромуни чигунагии тарҷума ва бурду бохти мутарҷимон фақат мансубият ба як байт дорад, ҳоло он ки аз ҷониби ин мутарҷимон садҳо ва ҳазорҳо байти Маснавӣ тарҷума гаштааст. Ба ҳар ҳол, муқоисоти тарҷумаи ин мисраъҳо ба мо имкон фароҳам меорад то самт ва сабки мутарҷимонро ташхис диҳем. Ва даричаи дунёи беканори ҷараёни омӯзиши тарҷумаи осори Мавлоноро боз намоем.

Пайнавишт:

  1. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавиӣ (Бар асоси матни Р.Николсон  ва муқобила бо нусхаҳои дигар) таҳти назари Муҳаммади Борӣ : Нашри замон: Теҳрон, 2001.-728
  2. Ва Румӣ, Ҷалолуддин. Куллиёти Шамс ё Девони Кабир. Љузъи Ҳаштум./ Бо тасҳиҳот ва ҳавошии Бадеуззамон Фурузонфар. –  Теҳрон, 1342. – 333 с.
  3. http://www.iranian.com/Arts/rumi.html
  4. http://rumi.tribe.net/thread/9c10d572-585f-407b-822b-6a6047a2d7c3
  5. http://www.dakhme.mihanblog.com/post/338
  6. http://soxan.blogfa.com/post-11.aspx
  7. http://blog.sepehreftekhari.com/?p=771
  8. http://www.nooronar.com/besmellah/archives/others/83/11/000247.php

МАВЛОНО ҲУНАРМАНДТАРИН ШОИР

(Корбурди анвои тамсил ва ирсои масал дар ғазалиёти Мавлоно)

Дар қатори муҳақиққони варзидаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавлавишиносони маъруфи эронӣ Бадеузаммони Фурузонфар, Зарринкӯб,  муҳаққиқи шинохтаи турк Абдулбоқии Гулпинорлӣ, донишманди бузурги олмони Аннемария Шимел, нависандагони амрикоӣ Франклин Луис, Колман Баркс, адабиётшиносони муосири мо низ дар шинохт ва таҳқиққи осори Мавлоно пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд ва дар ин самти илмӣ пажӯҳишҳо ҳанӯзам идома дорад.  Чуночи адабиётшиносон Расул Ҳодизода, Абдулманнони Насриддин, Сафар Абдулло, Алии Муҳаммади  Хуросонӣ, Тоҷибой Султонӣ аз муҳаққиқони муосиранд, ки ба Мавлоно зиёд таваҷҷӯҳ кардаанд. Пажӯҳиши эшон дар заминаҳои гуногуни осори мондагори Мавлоно сурат гирифта, ба ҷанбаи мухталифи ашъораш, минҷумла воситаҳои тасвирсози шеър таваҷҷӯҳ кадаанд. Continue reading

Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно

Имрӯзҳо таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни тасаввуф дар адабиётшиносии муосири тоҷику форс тавассути кӯшишу талоши пайгиронаи як гурӯҳ муҳаққиқон вусъати тоза гирифта аст. Дар мавриди омӯзиши тасаввуф ва таъсири он ба адабиёти точику форс зиёда корҳои шоистаи таваҷҷӯҳи олимонро метавон унвон гирифт. Воқеан, тасаввуф, ки бешак, фалсафа, афкори иҷтимоӣ ва адабии мо ба он пайванди қавӣ дорад, дар ҳама давру замон боиси таваҷҷӯҳи аҳли илму ҳунар будаву ҳаст.
Тасаввуф ҷараёни фалсафию ирфониест, ки бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Оламу одамро мароми худ қарор дода буд. Намояндагони барҷастаи ин ҷароён-Абӯбакри Шиблӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯсаиди Абӯхайр, Аҳмадии Ҷомӣ, Абӯҳомиди Ғизолӣ, Абулмаҷиди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон мебошанд. Continue reading

«Рақс» дар зиндаги ва осори Мавлоно

Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ солҳо ва қарнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфонӣ ва иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳониаш таваҷҷӯҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба сӯи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри ӯ, андешаи ӯ, пиндору гуфтору рафтори ӯ ин, албатта, бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз синну сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби динӣ. Осори ӯ лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумонро ба самти худ мекашанд. Ва солҳову қарнҳост, ки Мавлавихониву Маснавихонӣ аз суннатҳои дилписанди аҳли адаб ва шефтагони ашъори Мавлоно гашта, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.
Осори гаронмояи «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» аз ганҷинаҳои бебаҳои адабиёти тоҷику форс маҳсуб мешаванд. Беҳуда нест, ки бархе аз адибон ва Мавлонопажӯҳон Маснавии Маънавиро китоби осмонӣ хондаанд, бархеи дигар низ по фаротар ниҳода онро Қуръон низ хондаанд. Ҷомӣ низ онро Қуръон дар забони паҳлавӣ номидааст:
«Маснавии маънавӣ» – и Мавлавӣ
Ҳаст Куръон дар забони паҳлавӣ
Ман чи гуям васфи он Олиҷаноб?!
Нест Пайuамбар, вале дорад китоб! Continue reading

Бозсозии музейи Мавлоно огоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории донишҷуёни Ирон , ИСНО музейи Мавлоно саввумин расадхонаи пурбинандаи Туркиё дар минтақаи Куня дар маркази ин кишвар аст ва аз муддати пеш шохиди иҷрои бузургтарин пружаи бозсозии иҷрошуда дар ин музей аст.
Расадхонаи Мавлоно дарбаргирандаи мақбараи Мавлоност, солона ду милиён бозндидкунанда дорад. Continue reading

10000 ирони аз расадхонаи Мавлоно дидан карданд.

Бино ба гузориши хабаргузории ИСНО дар Техрон, ба накл аз очонси иттилоотии Озоднигор, муовини мудири расадхонаи Мавлоно дар Куня, Носи Бакири дар мохи гузашта беш аз 10000 ирони аз расадхона ва харами Мавлоно Чалолиддини Балхи дар Куня боздид кардаанд.

Бино ба иттилои Носи Бакири беш аз 185000 боздидкунанда аз ин харам боздид ба амал овардаанд,ки аз миёни онхо 10000-ашон ирони будааст. Continue reading

Тарҷумаи русии Маснавии Мавлавӣ китоби баргузидаи сол шуд!

 Тарҷумаи дафтари чаҳоргонаи Маснавии Мавлавӣ ба русӣ, ки тайи чанд соли гузашта ба ҳиммати Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии исломии Ирон ва тавассути интишороти шарқшиносии Санпитрбург мунташир шудааст. Аз сeи анҷумани ноширони китоби Русия ба унвони беҳтарин тарҷумаи соли 2010 дар бахши адабиёти классик, баргузида шуд ва ба дарёфти нишони дипломи ифтихорӣ ноил омад. Истифодаи шадиди алоқамандон аз ин асри мондагори адабиёти ирфонии Ирон ба ҳадде будааст, ки дар фосилаи кeтоҳ таҷдиди чоп шудааст. Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Русия бо иноят ба истиқболу алоқаи шадиди ҷомеаи китобхони Русия ба адабиёти машриқзамин, ба вижа адабиёти куҳани порсӣ, тарҷумаи осори мондагори адабиёти Иронро дар дастури кори худ қарор додаст. Тарҷумаи Маснавӣ- ки аз замони масъулияти оқои Имонипур ройзани пешини фарҳанги Ҷумҳури исломии Ирон дар Русия, оuоз шуда тарҷумаи чаҳоруми дафтари он то кунун мунташир гашта ва то дафтари шашум тадовум хоҳад дошт-аз ҷумлаи ин барномаҳо ба шумор меравад. Continue reading

Хафт панди Мавлоно

Суханхои Мавлоно суфии покманиш хамвора аз аьмоки калбу чонаш маншаь мегирифт ва у дар баён намудани манзуру максуди хеш бехтарин вачхро истифода кардааст.Рости яке аз мухимтарин далоили чазобияти суханхои Мавлоно у олитарин ва зеботарин матолибу суханро бе хеч бузургнамоию худнамои бо соддаги баён мекунад ва ба осони ба калбу чон рох меёбад.Далели мондагории у низ хамин забони соддаи мардумфахми уст.Дар зер мутаваччех бошед ба хафт панди ин сохибсухан. Continue reading

Марги ғурури Мавлоно

Мусоҳибаи Фирдавси Аъзам бо Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад

Мавлоно Ҷалолидини Балхи  солҳо ва карнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфони ва  иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳонии хеш таваҷҷуҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри у, андешаи у, пиндору гуфтору рафтори у  ин албатта бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби дини. Осори  у лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумони дорои гуногунзаминаро ба самти худ мекашанд. Рости Мавлоноро чи чиз ё худ ки муҷиб гашта ба чунин як шахсияти ормони табдил ёбад? Шамси Табрези ки буд, ки инчунин Мавлоноро ошуфтаву шурида гардонда буд? Оё суфи кисту зоҳид кист? Ин ва дигар суолҳоро ин макола аз зовияи нависанда, рузноманигор, устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад накл мекунад. Мавсуф зода ва парваридаи рустои Худгифи Сояи ноҳияи Мастчоҳ буда, узви конфедератсияи байналхалкии журналистон, ҳамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (ҳамроҳ бо писараш Шоҳмансур) ва “Касидаи ҷавонмарди” (дар ҳамкори бо Мирзоҳамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” сеюмин  асари у мебошад. Бо манзури рушани андохтан бо чанд суоле, Continue reading