Category Archives: Олмон

Ҷойгоҳи рубоиёти Мавлоно

Имрӯзҳо таҳқиқи мавзӯъҳои гуногуни тасаввуф дар адабиётшиносии муосири тоҷику форс тавассути кӯшишу талоши пайгиронаи як гурӯҳ муҳаққиқон вусъати тоза гирифта аст. Дар мавриди омӯзиши тасаввуф ва таъсири он ба адабиёти точику форс зиёда корҳои шоистаи таваҷҷӯҳи олимонро метавон унвон гирифт. Воқеан, тасаввуф, ки бешак, фалсафа, афкори иҷтимоӣ ва адабии мо ба он пайванди қавӣ дорад, дар ҳама давру замон боиси таваҷҷӯҳи аҳли илму ҳунар будаву ҳаст.
Тасаввуф ҷараёни фалсафию ирфониест, ки бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Оламу одамро мароми худ қарор дода буд. Намояндагони барҷастаи ин ҷароён-Абӯбакри Шиблӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Ҷунайди Бағдодӣ, Абӯсаиди Абӯхайр, Аҳмадии Ҷомӣ, Абӯҳомиди Ғизолӣ, Абулмаҷиди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон мебошанд. Continue reading

Мавлоно ва Икбол дар осори Шиммел

Профессор Онне Море Шиммел

Мавлоно Чалолиддин Мухаммади Руми ва аллома Мухаммад Икболи Лохури ду орифу мутафаккири барчастаи чахони Шарк, шахсиятхое хастанд, ки мавриди таваччух ва алокаи бисёри профессор Онне Море Шиммел карор доранд. Вай чанд асари мухиме аз осори манзум ва мансури ин ду хакими фарзонаро ба забонхои олмони, инглиси ва турки тарчума намудааст. Афзун бар ин дар миёни осори устод Шиммел тахкик ва таълифхои бисёре низ дар бораи шахсияти барчаста ва озори арзишманди Мавлави ва Икбол дида мешавад. Профессор Шимел яке аз  устодони мусаллами хавзаи мутолиоти “Мавлавишиноси” ва “Икболшиноси” аст. Continue reading

Рақс барои Худо

Ин навишта аз профессор Онне Море Шимел мебошад. Дар ин мақола профессор Онне Море Шимел мекушад то нишон бидиҳад, ки рақси суфиёна (самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтони ва гайриахлоқи дониста шуда, аммо назди бархе тариқаҳои асили суфия ҳамчун Тариқаи Мавлавия ва бархе машоихи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхи василае барои висоли ирфони,  шуҳуди худованд ва шури ирфони талақи шуда аст ва яксара аз таманниёти ҷисмони ори аст. Профессор Онне Мори Шиммел аз исломшиносон ва шарқшиносони ба ном рузгори муосир аст. Вай аз сари сидқу рости дар роҳи шинохти фарҳанг ва таърихи ислом гом ниҳода ва бо осораш на танҳо чашми гарбиёнро то андозае бар руи ҳақиқати фарҳанги машриқзамин гушуд, балки ба мо мусалмонон низ дар ошноии бештар ва беҳтар бо  мироси  илми ва фарҳангии ниёконамон ки ҳамон сунннати дини ва мазҳабии мусалмонон мебошад, ёри расонд. Continue reading

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм (2)


Сайидюнуси Истаравшанӣ

Васоили дарки ҳақоиқ аз дидгоҳи Мавлоно

Аз назари Мавлавӣ, васоили дарки воқеиятҳои олами ҳастӣ иборат ҳастанд аз: ҳисс, ақл ва дил. Инак, шарҳи мухатасаре аз ин абзор:[1]

1. Ҳисс: Мавлавӣ барои инсон ду навъ ҳис қоил аст: яке ҳисси зоҳирӣ ва дигаре ҳисси ботинӣ. Ҳисси зоҳирӣ дорои маҳдудиятҳое мебошад, аз ҷумла он ки фақат зоҳири ҳақоиқро дарк карда ва ба умқи ҳақиқат роҳ намеёбад. Ин ҷон ва ҳисси ботинӣ аст, ки ба аъмоқи ҳақоиқи ҳастӣ нуфуз мекунад. Continue reading

Мавлавӣ ва масъалаи фаҳм


Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин мақола саъйи роқими сутур бар он аст то нишон бидиҳад, ки Мавлавӣ аз пешгомони тарҳи масъалаи “ҳерменутики фалсафӣ” ё худ “фалсафаи фаҳм” аст, чаро ки ӯ дар Маснавӣ матолиби амиқеро перомуни фаҳм ва шароити ҳусули он дар зеҳни инсонҳо матраҳ карда аст, ва ба истилоҳи фалосифаи ҳерменутик, Мавлавӣ аз “ҳастишиносии фаҳм” сухан ба миён оварда ва нисбати он бо вуҷуди инсонро некӯ табйин намуда аст.

Муқаддима

Дар оғоз, лозим медонам таърихчаеро, ки огоҳӣ аз он барои фаҳми навиштори мазбур зарурист ёдовар шавам. Яке аз дағдағаҳое, ки аз қадим зеҳни андешмандон ва фалосифаро ба худ машғул карда буд, ин масъала буд, ки чаро инсонҳо аз як матн (чи матни динӣ бошад ва чи матни адабӣ) бардоштҳо ва тафсирҳои мухталифе менамоянд? Сабабаш чист? Continue reading