Тарҷумаи русии Маснавии Мавлавӣ китоби баргузидаи сол шуд!

 Тарҷумаи дафтари чаҳоргонаи Маснавии Мавлавӣ ба русӣ, ки тайи чанд соли гузашта ба ҳиммати Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии исломии Ирон ва тавассути интишороти шарқшиносии Санпитрбург мунташир шудааст. Аз сeи анҷумани ноширони китоби Русия ба унвони беҳтарин тарҷумаи соли 2010 дар бахши адабиёти классик, баргузида шуд ва ба дарёфти нишони дипломи ифтихорӣ ноил омад. Истифодаи шадиди алоқамандон аз ин асри мондагори адабиёти ирфонии Ирон ба ҳадде будааст, ки дар фосилаи кeтоҳ таҷдиди чоп шудааст. Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Русия бо иноят ба истиқболу алоқаи шадиди ҷомеаи китобхони Русия ба адабиёти машриқзамин, ба вижа адабиёти куҳани порсӣ, тарҷумаи осори мондагори адабиёти Иронро дар дастури кори худ қарор додаст. Тарҷумаи Маснавӣ- ки аз замони масъулияти оқои Имонипур ройзани пешини фарҳанги Ҷумҳури исломии Ирон дар Русия, оuоз шуда тарҷумаи чаҳоруми дафтари он то кунун мунташир гашта ва то дафтари шашум тадовум хоҳад дошт-аз ҷумлаи ин барномаҳо ба шумор меравад. Continue reading

Мақоми зан дар назди Мавлоно

Муллои Румӣ, ба таъбири адабпажӯҳ ва нависандаи машҳури эронӣ Муҳаммадалии Исломӣ, ба рағми бархе намодсозиҳо ва тамсилгароиҳои манфияш аз занон, ҳомии воқеӣ ва пуштибони ростини онон буд, онҳоро соҳиби ҳақ медонист ва ҷавру ситам бар ононро нораво мепиндошт:
Модари фарзандро бас ҳаққҳост,

Ӯ на дар хӯри чунин ҷавру ҷафост.

Дар тариқат ва мароми Мавлоно, аҳамият ва эҳтироми зан аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор аст. Ҳамон гуна ки дуктур Ширини Баёнӣ, таърихнигори шаҳири муосир изъон доштааст, дар таърихи ислом, камтар адиб, ориф ва ё андешманд ва хирадварзеро метавон ёфт, ки басон Мавлоно дараҷаи эътибори занро дарёфта бошад.

Ба бовари Мавлоно, зан ҳеҷ гуна тафовуте бо мард надорад. Зан низ метавонад соҳиби ишқи илоҳӣ ва дорои руҳи худоӣ шавад, ва агар ин гуна набуд, ӯ ҳаргиз Лайлӣ маъшуқи Маҷнунро нури илоҳӣ наменомид. Continue reading

Мавлоно ва Икбол дар осори Шиммел

Профессор Онне Море Шиммел

Мавлоно Чалолиддин Мухаммади Руми ва аллома Мухаммад Икболи Лохури ду орифу мутафаккири барчастаи чахони Шарк, шахсиятхое хастанд, ки мавриди таваччух ва алокаи бисёри профессор Онне Море Шиммел карор доранд. Вай чанд асари мухиме аз осори манзум ва мансури ин ду хакими фарзонаро ба забонхои олмони, инглиси ва турки тарчума намудааст. Афзун бар ин дар миёни осори устод Шиммел тахкик ва таълифхои бисёре низ дар бораи шахсияти барчаста ва озори арзишманди Мавлави ва Икбол дида мешавад. Профессор Шимел яке аз  устодони мусаллами хавзаи мутолиоти “Мавлавишиноси” ва “Икболшиноси” аст. Continue reading

Хафт панди Мавлоно

Суханхои Мавлоно суфии покманиш хамвора аз аьмоки калбу чонаш маншаь мегирифт ва у дар баён намудани манзуру максуди хеш бехтарин вачхро истифода кардааст.Рости яке аз мухимтарин далоили чазобияти суханхои Мавлоно у олитарин ва зеботарин матолибу суханро бе хеч бузургнамоию худнамои бо соддаги баён мекунад ва ба осони ба калбу чон рох меёбад.Далели мондагории у низ хамин забони соддаи мардумфахми уст.Дар зер мутаваччех бошед ба хафт панди ин сохибсухан. Continue reading

Худо дар кучост?

Инчо мехохам чанд гуфтору сухани зебое аз Мавлоноро ки дар чустучуи Худо хаст, биоварам бо ин умед, ки мо хам уро дар калби хеш ошкор ва пайдо кунем. Бояд арз намоям, ки ин гуфтахоро аз забони инглиси тарчума кардаам, умедворам ин тарчума дархури Шумо дустони азиз карор хохад гирифт.

“Ман талош кардам Уро дар салиби масехи пайдо кунам,аммо У ончо набуд; Ман ба маьбади хиндухо рафтам ва инчунин ба парастишгоххо, аммо нишоне ва асаре аз у ба даст наовардам; Куххову даррахоро чустучу кардам, аммо на дар иртифо ва на дар аьмок нишоне аз уро наёфтам; Инчунин ба Каьба ба шахри Макка рафтам ,аммо ончо низ набуд; Хамчунин файласуфон ва олимону донишмандонро суол кардам, ки у кучост, аммо у фаротар аз маьрифату дарки онхо буд;” Continue reading

Марги ғурури Мавлоно

Мусоҳибаи Фирдавси Аъзам бо Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад

Мавлоно Ҷалолидини Балхи  солҳо ва карнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфони ва  иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳонии хеш таваҷҷуҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба суи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри у, андешаи у, пиндору гуфтору рафтори у  ин албатта бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз сину сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби дини. Осори  у лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумони дорои гуногунзаминаро ба самти худ мекашанд. Рости Мавлоноро чи чиз ё худ ки муҷиб гашта ба чунин як шахсияти ормони табдил ёбад? Шамси Табрези ки буд, ки инчунин Мавлоноро ошуфтаву шурида гардонда буд? Оё суфи кисту зоҳид кист? Ин ва дигар суолҳоро ин макола аз зовияи нависанда, рузноманигор, устод Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад накл мекунад. Мавсуф зода ва парваридаи рустои Худгифи Сояи ноҳияи Мастчоҳ буда, узви конфедератсияи байналхалкии журналистон, ҳамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (ҳамроҳ бо писараш Шоҳмансур) ва “Касидаи ҷавонмарди” (дар ҳамкори бо Мирзоҳамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” сеюмин  асари у мебошад. Бо манзури рушани андохтан бо чанд суоле, Continue reading

Рақс барои Худо

Ин навишта аз профессор Онне Море Шимел мебошад. Дар ин мақола профессор Онне Море Шимел мекушад то нишон бидиҳад, ки рақси суфиёна (самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтони ва гайриахлоқи дониста шуда, аммо назди бархе тариқаҳои асили суфия ҳамчун Тариқаи Мавлавия ва бархе машоихи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхи василае барои висоли ирфони,  шуҳуди худованд ва шури ирфони талақи шуда аст ва яксара аз таманниёти ҷисмони ори аст. Профессор Онне Мори Шиммел аз исломшиносон ва шарқшиносони ба ном рузгори муосир аст. Вай аз сари сидқу рости дар роҳи шинохти фарҳанг ва таърихи ислом гом ниҳода ва бо осораш на танҳо чашми гарбиёнро то андозае бар руи ҳақиқати фарҳанги машриқзамин гушуд, балки ба мо мусалмонон низ дар ошноии бештар ва беҳтар бо  мироси  илми ва фарҳангии ниёконамон ки ҳамон сунннати дини ва мазҳабии мусалмонон мебошад, ёри расонд. Continue reading

М.Ахмадинажод:Ошнои бо Шамси Табрези

Шамси Табрези кист , ки инчунин Мавлоноро ошуфта ва “бедилудастор” менамояд? Ва Мавлавиро бар он медорад,ки девони шеъри бисёр боарзишу  ва фохир ба номи Шамс бисарояд ва ба вай такдим намояд. (Девони Шамси Табрези). Дар вокеъ мо бештар Шамси Табрезиро бештар тарики Мавлоно ва аз панчараи сурудахо ва газалхои шурдиаи вай аст, ки мешиносем. Дар бораи Шам иттилоот ва огохии зиёде дар даст нест, бештар он чи ки дар мавриди у аст ба афсона табдил шудааст. Аммо он чи рушан аст, асарест, ки бар Мавлави мегузорад ва зиндагии Мавлавиро мамлу аз ишк,ирфон ва врастаги менамояд ва у хамчун суфии софшудае таваллуди дигар меёбад. Шамси Табрези ончунонн зербанои андешаи Мавлавиро тахти таъсири худ карор медихад, ки уро то поёни зиндаги масту саргаштаву девона мекунад. Continue reading

Маликнеъмат:Мавлоно бо адён аз нуқтаи назари демокросик менигарид!

Сухбат бо Маликнеъмат шоир, Узви ИН Точикистон, узви ИР Точикистон, номзади илмхои суханшиноси. Муаллифи китобхои «Нилуфари махтоб», «Одамасп», «Эхёи Мадрушкат»,«Ин дарахтон», «Маснавии нави» ва монографияи илмии «Рашахоту айнилхаёт»-и Фахруддин Алии Сафи ва мохияти адабию ирфонии он».

1)Ба назари Шумо чаро чахони имруз беш аз хар замони дигаре мухточи шунидану фахмидани паёми Мавлоност?

Гиёҳ бар адами аташ  тақозои об мекунад. Мо ҳама мардумгиёҳонем, ки ҳарчанд аз моъулҳаёти  Ҳазрати Мавлоно дур мегардем, ташнатар хохем буд. Continue reading

Инсони комил аз дидгоҳи Мавлоно.

Мусоҳибаи Фирдавси Аъзам бо Сайидюнуси Истаравшанӣ

Вожаи “инсони комил” ё худ “инсони ормонӣ”, аз дерзамон мавриди таваҷҷӯҳи ҳукамову урафову фузало ва ҳатто одамони оддӣ ҳам будааст, ва рӯйи ин ном, китобҳои зиёд навишта ва таҳқиқоти фаровон анҷом ёфта. Роқими сутур мехоҳам бо яке аз муҳаққиқони тоҷик ҷаноби Сайидюнуси Истаравшанӣ дар ҳамин замина; яъне дар заминаи инсони комил, аммо аз дидгоҳи Мавлоно сўҳбат биёроям, ки бо ҳам мурур мекунем.

Баъзе аз мутафаккирон ва аҳли тасаввуф, инсони комилро инсоне медонистанд, ки дар шариат, тариқат ва ҳақиқат ба камоли матлуб расида бошад. Дар биниши орифонаи Мавлоно, инсони комил ё худ инсони ормонӣ кист ва чӣ касе метавонад ба ин марҳила бирасад? Continue reading