«Рақс» дар зиндаги ва осори Мавлоно


Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ солҳо ва қарнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфонӣ ва иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳониаш таваҷҷӯҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллият ва нажоди мухталифро ба сӯи хеш мехонад. Яке аз вижагиҳову хусусиятҳои шеъри ӯ, андешаи ӯ, пиндору гуфтору рафтори ӯ ин, албатта, бидуни тардид тааллуқият ба ҳама инсонҳост, новобаста аз синну сол ва новобаста аз адёну мазоҳиби динӣ. Осори ӯ лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумонро ба самти худ мекашанд. Ва солҳову қарнҳост, ки Мавлавихониву Маснавихонӣ аз суннатҳои дилписанди аҳли адаб ва шефтагони ашъори Мавлоно гашта, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.
Осори гаронмояи «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси сабъа», «Мактубот», «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир» аз ганҷинаҳои бебаҳои адабиёти тоҷику форс маҳсуб мешаванд. Беҳуда нест, ки бархе аз адибон ва Мавлонопажӯҳон Маснавии Маънавиро китоби осмонӣ хондаанд, бархеи дигар низ по фаротар ниҳода онро Қуръон низ хондаанд. Ҷомӣ низ онро Қуръон дар забони паҳлавӣ номидааст:
«Маснавии маънавӣ» – и Мавлавӣ
Ҳаст Куръон дар забони паҳлавӣ
Ман чи гуям васфи он Олиҷаноб?!
Нест Пайuамбар, вале дорад китоб!
Бузургии шахсияти Мавлоно дар эҷодиёти ӯст. Маснавӣ ҳам Сомонист ва ҳам осмонӣ, ҳам паҳлавист ва ҳам Куръонӣ, ҳам инҷаҳонист, ҳам он ҷаҳонӣ. Бар ҳак ӯро бузургтарин шоири орифи ислом шинохтаанд.
Бузургиву сутурги Мавлоно ва мондагории осори ӯро зиёда олимону орифони ҷаҳонӣ, муҳаққиқони жарфнигар қоил гаштаанд, аз ҷумла профессор Риналд Николсон, Онне Море Шиммел, Ева Ду Витре Мейерович, Атоуллоҳи Тадайюн, Муҳаммадалии Исломии Нудушан, Амири Неъматии Лимоӣ, Ҷалолуддини Ҳумоӣ, Муҳаммади, Алии Даштӣ, Бадеузамони Фурузонфар, Расул Ҳодизода, Абдуманнони Насриддин, Алии Муҳаммади Хуросонӣ, Асрори Раҳмонфар, Саҳобиддин Сиддиқов, Аскар Раҷабов аз муҳаққиқини муосиранд, ки ба зиндагӣ ва осори Мавлоно таваxxӯҳ намудаанд.
Пас чӣ омилу далоил боиси ин ҳама маҳбубияти Мавлоно гашта аст?
Ба андешаи мо, маҳбубияту мақбулияти Мавлоно аз сӯи табақаи мухталиф ин аст, ки ӯ хешро моли ҳама медонад ва инҷоиву онҷоигаро нест. Мардумро ба сӯи ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Мазҳабу оини касеро маломат намекунад. Ҳама кешро эътироф мекунад.
Мавлоно мегӯяд: “Ман ба парастишгоҳи яҳудон рафтам, ба калисо ҳам рафтам инчунин ба масҷид ҳам рафтам, аммо ҳамоно як хел меҳроб дидам, ки дар ҳер се парастишгоҳ вуҷуд дорад ва ман ҳам якхел руҳия доштам.” Бубинед, ин таҷассумгару тараннумгари руҳи оламгир аст, ки бидуни ин руҳ мо ҳечем.
Албатта, Мавлоно бо ишқи хеш тавонист теъдоди аъзами одамонро ҷуфт гардонад. ӯ тавонист дили миллионҳо одамони маҷруҳу ҳиҷрондидаро мудово кунад. ӯ тавонист қалби ҳазорон касро бо ишқу сухани меҳрбори хеш шодоб намояд.
Муҳимтарин нукот дар зиндагиномаи Мавлавӣ ин асос гузоштани тариқати тасаввуфии «Мавлавия» аст, ки бино ба иттилои дар даст доштаи мо тақрибан соли 1240 асос гузошта шудааст. Ва «аъзои фирқа чунин меҳисобиданд, ки зарраи «Руҳи мутлақ», ки барои идроку ишрок дар дили инсон ҷойгузин шудааст, беҳтар аз ҳама дар давоми раксу танини мусики поку муҷалло мегардад», ( 3.7) яъне Мавлавиён бар он бовар буданд, ки барои якшави бо нахустасоси худ, барои баёни ишку алока ба Худо мусики ва ракс кумак мерасонад.
«Рақси Мавлавия» бо унвони Самоъ бештар маъруф шуда ва чунон ки профессор Онне Море Шимел мегуяд «рақси суфиёна (Самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтонӣ ва uайриахлоқӣ дониста шуда, аммо назди бархе тариқаҳои асили Суфия ҳамчун Тариқаи Мавлавия ва бархе машоихи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ василае барои висоли ирфонӣ, шуҳуди Худованд ва шури ирфонӣ талақӣ шуда аст ва яксара аз таманниёти ҷисмонӣ орӣ аст».
Асрори Раҳмонфар низ мӯътақиди ҳамин андеша буда, таъкид мекунад, ки «аҳли Мавлавия дар ҷараёни самои Суфиён ва зикри орифона ба ширкати мусиқиву суруду рақс аҳамияти фавқуллода медоданд, ки чунин иктизо дар дигар ахавот ба мушоҳида намерасид ва аз талаботу мукаррароти урфиву одатии шариати анъанави ба кулли фарк мекард» (3.7).
Мусиқӣ ва рақси Самоъ ду унсури асосии ин тариқат мебошанд. Ин вижагии хосе аст, ки пайравони “Мавлавигари”-ро аз шарри уюн ҷудо месозад. Яке аз вқеаҳое, ки дар ин замина ривоят мегардад чунин аст, замоне, ки тобути шайхи бузурги Мавлоно аз муридонаш бар дӯш гирифта шуд, дар ҳоле, ки дар сӯе Қуръон тиловат мешуд, дар тарафи дигар низ садои мусиқи ба гӯш мерасид.
Яке аз уламои дин бо дидани ин мавқеият гуфт: “Ман ба андозаи як бори хар китоб хондам, вале дар мавриди ҳалол будани мусиқӣ калимае нахондам” Яке аз муридони Мавлави посух дод: ” Чӣ кунем, ки ҳамчун хар китоб хондаӣ”.
Бино ба нигоштаҳо ва иттилооте, ки ба даст дорем, рақс ва самоъ ду нардбон барои суъуд ба осмон, яъне меъроҷи ҳақиқӣ ҳастанд ва фариштагону ҷиниён низ дар ин уруҷ ширкат доранд. Рақси шохаҳои дарахтон ба воситаи вазиши насими баҳори мазҳаре аз он сарнамуни азалӣ аст.
Аввалин самоъхонаи маъруф ё ҷое барои рақсидан ва навохтани мусиқии мазҳабӣ дар нимаи дувуми қарни савуми ҳиҷрӣ баробар бо нуҳуми милодӣ дар Баuдод таъсис шуд, ҷое, ки суфиён маҷоли шунидани наuмаҳои оҳангинро меёфтанд ва бархе дар ҳалоли он ба чарх задан мепардохтанд. Гоҳе авқот ин ҳолати xаласа ба ҷое мерасид, ки хирқаҳояшонро,тика порчаҳое, ки бо диққат ба яқдигар дӯхта шуда буд, медариданд.
Ишон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳӣ ба сӯи осмон дароз мекунанд.
Дар ин ҳангом чунин тасаввур мешуд, ки саршор аз баракати “нерӯи ҷодуӣ, муқаддас ва маънавӣ” шудаанд. Масъалаи мавриди ихтилоф ин буд, ки оё мубтадиёни тариқат-чунон, ки шайх Абусаиди Абулхайр муътақид буд боиста аст, ки дар маросими рақс ва самоъ ширкат кунанд, то муштаҳиёни нафсонии худро аз миён бардоранд ё ин, ки аз шикрт дар ин гуна маҷолис бояд барҳазар бошанд.
Масъалаи дигар ба ин гуна буд, ки оё навомухтагони тариқат ба воситаи пойкубии сармастона ва гӯш додан ба мусиқӣ метавонанд “аҳволи” ирфониашонро таолӣ бахшанд ё бояд аз намоиши чунин амале парҳез кунанд? Пойкубӣ ва дастафшони бахше аз чунин рақсҳое буд, ки мумкин буд ба чунун мунтаҳо шавад (чунон ки Xомӣ онро дар Силисилатулазҳаб тавсиф мекунад) минётурҳое, ки умдатан аз ҳавзаи фарҳанги эронӣ бар ҷой мондааст, суфиёни чархзанро бо остинҳои баланде, ки парандагонро тадои мекунад ба тасвир мекашанд. Рақс дар назди Мавлавия як амали шурмандона энони гусехта нест, балки рақси манзуми “бола” аст, ки дар он як дарвеш метавонад шаъафи сармастонаро таҷриба кунад. Аммо ин шаъафи сармастона роҳе барои парастиши “ӯ” ва дар ҳақиқат “рақс барои Худо” аст. Чарх задан ағлаб ба ҳаракати ситорагон ба даври хуршед ё рақси парвона ба даври шамъ барои “фано”- и дар он ташбеҳ мешавад. Ин таҷрибаи фано аст. ”Фано”-и дар Худо барои расидан ба сатҳи болотар аз басират.
Бояд зикр кард, ки самоъи суфиёна мутаваҷҷеҳи аҳдоми ҷисмонӣ нест, балки дар ин маросим шайх дар васати доира меистад. Қоличаи сурхранг (намоди иттиҳод бо олами шуҳуд) ба сӯи Макка густаронида мешавад. Маросим бо тиловати Қуръон ва наът (шеъре, ки дар санои наби суруда мешавад) огоз мешавад. Навозандагон рӯ ба рӯи шайх менишинанд ва сукуте, ки дар паи тиловати Қуръон ва наъти набӣ дар маҷлис соя афканда бо садои табл шикаста мешавад.
Пас аз он такнавозии най шурӯъ мешавад. Сипас, дарвешон ба дунболи шайх дар доираи толор меистанд ва ба як дигар сар фурӯ меоваранд. Рақс бо нахустин саломи як дарвеш оuоз мешавад. Дарвеш бо бӯсае бар дасти шайх аз ӯ барои самоъ рухсат металабд. Муршиди самоъ ӯро ба ҷои худ роҳнамоӣ мекунад.
Навозандагон ва хонандагон шурӯъ ба хондан мекунанд. Шайх дар ҷои худ истода ва дарвешон бар гирди ӯ боз мешаванд ва мечарханд ва оҳиста зикри Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ…ро зери лаб такрор мекунанд.
Ин бахш аз маросим тақрибан 10 дақиқа тӯл мекшад ва барои чаҳор бор такрор мешавад. Дар чаҳорумин саломи худ шайх низ ба рақс мулҳақ мешавад. Дар назми хуршедвори Мавлоно шайх намоди хуршед аст ва дарвешон ба монанди ситорагон ба даври худ ва ба даври шайх чарх мезананд.
Эшон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳӣ ба суи осмон дароз мекунанд то онро ба қалби худ мунтақил созанд ва аз қалб низ бо пойин овардани дасти чап ба суи замин онро аз раҳмати илоҳи сероб месозанд.
Ҳангоме, ки як нафар пои худро маҳкам ба замин мекубад, дигари дунболаи кори уро мегирад ва рақсро идома медиҳад. Фарозу фуруди пои рост доиман бо зикри оҳангини Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ… ҳамроҳ аст.
Дар поён , дарвешон ҳу-ҳукунон ба якдигар мулҳақ шуда ва бо зикри фотиҳа ва адои намоз барои Мавлоно ва Шамси Табрезӣ маросимро ба поён мерасонанд.
Чун мебинем рақс дар зиндагӣ ва тариқати Мавлоно мавқеи муҳиму боризро соҳиб буд, бегумон ба зеҳн ин андеша мерасад, ки оё ин маросим (самоъ) ба ашъори шоири шаҳири мо таъсиргузор буда ва ё на? Ва чӣ гуна таъсиргузор буд, зеро гуфта мешавад, ки Мавлоно дар зиёда маврид дар ҳолати самоъ шеър мегуфт.
Дар ҷустуxӯи посухи ин пурсиш сайре ба олами розу маънии Мавлоно доштем. Воқеан, самоъву рақс ба осори Мавлоно таъсири беҳудуд доштааст.
Муҳаққиқи шинохтаи Эрон Зиёи Муваҳҳид низ таъсири рақс ва самоъ ба осори Мавлавиро бозгӯ шудааст, ин муҳаққиқ ба натиҷа мерасад, ки «дар шеъри Мавлоно, бахусус, дар uазалҳояш зарбоҳанг ва шеъру самоъ аз ҳам қобили тафкик нестанд». Зиёи Муваҳҳид мегӯяд, ки ҳар кадом uазалҳои Мавлоно як маҷлиси самоъ аст, гуё он ки барои маҷлиси самоъ суруда шудааст.
Аввалин таваxxӯҳӣи мо ба вожаи «рақс» буд. Мусаллам аст, ки ҳар вожа дорои сурат ва маънӣ аст, яъне ба унвони сурат вижагиҳои савтиву лавзӣ фаҳмида мешавад ва ба унвони маънӣ бошад, ҳақиқате аст, ки тавассути вожа дарк карда мешавад.
Сурат ва маънии ҳар калима ба ҳам сахт марбутанд ва вожаи РАҚС. رقص дар фарҳанги забони тоҷикӣ мувофиқи оҳанги мусиқӣ иҷро кардани ҳаракати мавзун, дастафшонию пойкўбӣ, усул; рақс кардан мувофиқи оҳанг дастафшонию пойкўбӣ кардан маънӣ шудааст.
Калимаи РАҚСИДАН رقصيدن иҷро кардани ҳаракати мавзуни даст, по ва бадан мувофиқи оҳанги мусиқӣ ва суруд, пой куфтан, бозӣ кардан бо оҳанги мусиқӣ; ба доираи касе рақсидан маҷ. тобеи касе будан, бо нишондоди касе амал кардан мебошад.
Барои мо ҷолиб он буд, ки вожаи рақс дар ашъори Мавлоно аз калимоти серистифода аст ва воқеан Мавлоно бо истифодаи касрат бар ин вожа имтиёз додааст.
Чунончӣ Мавлоно мегӯяд:
Чу хаёли ту дарояд ба дилам рақскунон,
Чи хаёлоти дигар низ сар орад зи миён!
Гирд ба гирд, хаёлот хама дар рақс шаванд,
В-он хаёли чу мАҳи ту ба миён рақскунон.(5.760)

Мушоҳида шуд, ки дар ашъори Мавлоно вожаи «рақс» ба ду гуна тасвиркорӣ мешавад.
Аввалан ин ки шоир дар тасвирҳои хеш ба ин вожа бо касрати истифода симбулузми (рамз) ниҳон дар рақсу самоъи тариқаи Мавлавия ба ишқи осмонӣ ва шуури ирфонӣ ва ба иттиҳод бо Худо ишорат дорад. Ин гуна тасвирҳо дар uазалҳои ирфонии шоир зиёд ба чашм мехӯранд:

Рақсе кунед эй орифон, чархе занед эй мунсифон,
Дар давлати шоҳи ҷаҳон он шохи ҷонафзои мо (5.62)

Равшан аст, ки дар ин байт Мавлоно чӣ мегӯяд ва ба чӣ ишора дорад. Агар мутаваxxеҳ шавем, бармало аст, ки шоир инҷо ба рақси Самоъ даъват мекунад. Чунон ки ёдрас шудем, тариқати Мавлавия пайвасти комилро бо Худо тавассути рақс медонад, яъне инҷо шоир ҳамин uояи тариқатро тарuиб дорад. Шоҳи ҷахон ҳам ишора бар Худо аст.
Мавлоно рақсу самоъро аз натиҷаи зуҳури вуҷуд медонист. Ва зиёданд ривоят ва наклҳое, ки дар ин маврид гуфта мешаванд. Дар сарчашмаву навишторҳое, ки дар бораи зиндагӣ ва осори Мавлоно навишта шудаанд, гуфта мешавад, ки Мавлоно бо шунидани наuма ё навое ё сухани мавзуне, ба ваҷд меомад, замону маконро аз ёд мебаровард, дар шабу рӯз, дар ҳуҷра ё мадраса, дар кӯча ё бозор «ҳу» мегуфт ва пой бар замин мекӯфт ва ба ҳаво мечархид ва чархзанон ғазал месуруд. Гоҳ дар ҳоли самоъ ёрашро ба оғӯш мегирифт ва ба чарху самоъ во медошт, ва гоҳ ба танҳоӣ чарх мезад ва агар онҳое, ки дар атрофаш буданд ва ба ваҷд меомаданд ӯро ҳамроҳӣ мекарданд.
Дар мисраи зер бошад, шоир боз ҳам рӯшантар ба рақси Самоъ ва маросими Мавлавия ишора мекунад:

Чун мисоли зарраем андар паи он офтоб
Рақс бошад ҳамчу зарра рӯзу шаб кирдори мо. (5.100)

Манзури Мавлоно аз офтоб Офаридгор аст ва дар мисраи дуввуми ин байт рақсро ба хотири Худо таъкид мекунад. Ҳамин маъниро дар мисраи зер низ пайдо карда метавонем:

Пеши рӯи моҳи мо мастона як рақсе кунед,
Мутрибо баҳри Худо, бар дафъ бизан зарби ҳазин (5.756)
Маънии ин байтҳо наздиканд, васлиаи тасвир бошад, гунонгун ва ҷолиб. Маъниҳои ба ҳам наздикро бо чандин пероҳани тасвир ба назм кашидани шоир, бешубха, далел аз ҳунари нигорандагии Мавлоност.
Чун рақс ва самоъ дар Мавлавия унсури муҳиму созанда буд, ана ҳамин унсур, яъне рақс дар осори Мавлоно зуҳур кардаст ва тасвири ин лаҳзаро зиёд дар сурудаҳои нобаш истифода карда. Дар ин байт манзури шоир рақси самоъ аст, ки барои Худо иҷро мешавад.

Дар чунбиш андар овар зулфи абахфишонро
Дар рақс андар овард ҷонҳои суфиёнро
Хуршеду моҳу ахтар раксон ба гарди чанбар
Мо дар миёни рақсем раксон кунон миёнро (5.120)

«Самоъ»- ки навое дар қолаби рақс, мусиқӣ, шеър ва овоз аст. Дар маъхазҳо қайд шуда, ки «Самоъ, ҳоле аст, ки бар асари овози хуш ё нағмаи дилкаш, сӯфиро даст медиҳад. Дар ин ҳол баъзе ҳаракот нохудогоҳона аз вай сар мезанад, ки мумкин аст бинанада онро навъи рақс пиндорад».
Худи Мавлавӣ дар мавриди Самоъ мегӯяд:
Мутриб чу парда сохт, ки дар пардаи Самъо
Бар аҳли вуҷуду ҳол дари ҳою ҳу бибасат.
Бояд ёдрас шуд, ки шӯҳрату таъсири самоъ ва тарикати Мавлавияро шоирони зиёди классики мо дар ашъорашон ишора кардаанд. Аттор, Хофиз ва зиёда нафарони дигар аз Самоъ илҳом гирифтаву шеър гуфтаанд. Чунончи Аттор гӯяд:
Дар ҳалқаи самоъ, ки дарёи ҳолат аст
Аз оташи самоъ диди бекарор ку?

Ҳофиз хам ба ин гуна маънӣ чунин гуфта:

Воиз макун насиҳати шӯридагони мо
Ба хоки куи дуст ба фирдавс нангарем
Чун суфиён ба ҳолати рақсанд муктадо
Мо низ ҳам ба шӯьбада дасте бароварем

Бешак, мадҳу ситоиш ва тасвири самоъро Мавлоно бештар ва зеботар аз ҳама шоирон гуфта, бар ин равиши тасвири зебо асос гузоштааст :

Пеши ӯ заррасифат хар саҳаре рақс кунем
Ин чунин одати хуршедпарастон бошад (5.326)

Дар ин байти шоир бори дигар мутмаин мешвем, ки рақси самоъ рақсе барои Худо аст. «Пеши ӯ заррасифат ҳар саҳаре рақс кунем», пеши «ӯ», яъне Худо, заррасифат (назди бузургиву сутурги парвардигори олам мо зарра Ҳастем) рақс кунем мебошад. Мисраи «ин чунин одати хуршедпарастон бошад» бори дигар ишора бар он мекунад, ки ин одати «хуршедпарастон» (Худоро ба хуршед ташбеҳ дода) хуршедпараст-(суфиён—дилбохтагони Худо) рақсидан барои Худо ва ба хотири Худо аст.

Дар тобиши хуршедаш рақсам ба чӣ мебояд
То зарра чу рақс ояд аз манаш ба ёд ояд (5. 265)

Ё дар uазали дигар мегӯяд:
Рақостар дарахт дар ин боuҳо манам
Зеро дарахти бахтаму андар сарам сабост (5. 207)

Дар мисраи зер низ Мавлоно ба рақсе, ки барои Худо аст ишорат мекунад:

ӯ раҳи хуш мезанад рақс бар он мекунад
Ҳар дам бозии нав ишқ барорад маро (5.125)
Гуфта мешавад, ки рақси самоъ нохудогоҳона аст ва дар он ҳоли самоъ иҷрокунандагон бехабар аз ин олам мебошанд. Ва ҳаракату чархиши онҳо низ нохудогоҳона ба миён меомад. Мисраи дувуми байти мазкур ҳамин далоилро тасдиқ мекунад. Мутаваҷҷеҳ мешавем: «Ҳардам бозии нав ишқ барорад маро» Ин xо шоир мегӯяд, ки ишқ бар Худованд аст, ки ҳар лаҳза рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва рақс онҳоро бар Худо наздик мекунад.
Мусаллам аст, ки дар самоъ хар кадом раққос бо ин зарбоҳанг ба шакли ҳаракати худашон ҷавоб медиҳанд. Яъне, бо зарбоҳанг дар як маҷлиси самоъ ба теъдоди касоне, ки дар он маҷлиси самоъ ҳастанд, фардият ҳаст, ҳуввият ҳаст, гоҳе афрод ҳамдигарро ҳам нигоҳ мекунанд, самоъи ҳамдигарро ҳам мепоянд, аммо гоҳ- гоҳе ҳам нигоҳ намекунанд. Гоҳе ҳам танҳо бо худ дар рақс хастанд. Ин лаҳзаи рақси самъо дар мисраҳои зер рӯнамо шудаанд:

Ҷунбиши калкон зи ишқу ҷунбиши ишқ аз азал
Рақси ҳаво аз фалак рақси дарахт аз ҳавост (5. 215)
ё
Ҷумлаи мастон хуш рақсон шуданд
Даст занед эй санамон даст даст (5. 231)

***
Яке хуби шакаррезе чу бода рақс ангезе
Яке масте хушомезе, ки васлаш ҷовидон бошад
Аз ин мисра метавон ба ду гуна маъни пайдо кард.
Маънии аввал:
Дар мисраи “Яке хуби шакаррезе чу бода ракс ангезе” ба андешаи мо, манзури Мавлоно ҳамон Шамси шӯридаву ошиқ аст, ки аҳли табрези шакаррез аст ва аз фироқаш нола мекунад, ҳамон Шамсе, ки аз даҳони гуҳаррезаш ҳамвора каломи хақ мерехт ва пайваста Мавлоноро бо гуфтани ҳарфҳо ва ҳақиқатҳое шигифтзада мекард, нафаре аст, ки чун бода инсонро масти қи илоҳӣ мекунад. Дар ин мисра Мавлоно ба Шамс ишора дорад.
Мисраи “Яке масте хушомезе, ки васлаш ҷовидон бошад” ишора ба худи Мавлоност ба маъшуқаи аслӣ, ки мурод ҳамон Худованд аст, ба василаи Шамс расидаву висолаш орзуи ҳамешагии Мавлоност. Ва агар ин uазали Мавлоноро комил бихонем мебинем, ки мисраҳои дигари ин uазал метавонанд ҳамин маънинро тасдиқ кунунд.
Маънии дувум:
Метавон натиҷагирӣ кард, ки мисраҳои ин uазал низ бозгӯи рафти маҷолиси Мавлавия ва тараннуму ситоиши баргузории рақси самоъ аст, ки аз ҷониби суфиёни ин тариқат ба ҷо оварда мешуд.
Ба ҳар сурат ин абёт аз uазали ирфонӣ ҳаст, ки аз садоқат ва муҳаббати шоир ба офаридгори ҳарду олам шаҳодат медиҳад.

Дар байти дигар Мавлоно мегӯяд:

Ёфта маъруфие ҳар тарафе суфие
Даст занон чун чанор рақс кунон чун сабо (5.126)

Ин ҳам тараннуми рақси самоъ ба зеҳни хонанда мерасад. Чунон чи ин маънӣ бар абёти зер кувват мегирад:

Чӣ само аст, ки ҷон рақс кунон мегардад
Чи сафирест, ки дил бол занон меояд (5.329)

Мавлоно дар ин байт аз вижагиҳо, бартариҳо ва шуридагиҳои ҳолати самоъ ҳхарф мезанад. Аз самоъе ҳарф мезанад, ки ҷонро ба ракс меорад, рӯҳро ба ваҷд меорад ва монанди намоз, ки даричае ба сӯи раҳмати Худованд аст, самоъро низ василае барои сабукии рӯҳ ва уруҷи рӯҳ талақӣ карда, онро ҳамчун ибодат бармешуморад ва аз ин ҳолат завқи рӯҳ ба даст меорад. Мавлоно аз самоъе ҳарф мезанад, ки инсони пойбанди ин олами хастиро берун кашида ва ба оламҳои дигар раҳнамун мекунад. Мавлоно аз ин навъи рақс ба ваҷд меомад ва даст меафшонду пой мекубид, ҷома пора мекарду чарх мезад ва ин василае буд барои расидан ба Хақ:

Бад душ бе ту тире шабу рушане надошт
Шамъу сабову маҷлиси мо чошнӣ надошт (5. 208)

Ё

Дил нури ҷаҳон бошад ҷон дар ламаъон бошад
Ин рақс кунон бошад он даст занон ояд (5. 264)

Мавлоно бо шӯридаҳолӣ ва иштиёқи ҷунуномез иддао мекунад, ки ҳамон гуна, ки инсон дар роҳи расидан ба Худо мекушад, Худо низ аз ин гуна ҳолати бандааш ба ваҷд меояд.

Онро ки бихандонад хуш даст барафшонад
В – онро ки битарсонад дандон ба дуо кубад
Ту пой ҳаме кубӣ в – ангур намебинӣ
Ки ин суфии ҷони ту дар муъсараҳо кубад
Аз зам замаи Юсуф Якуб ба рақс омад
В – он Юсуфи ширинлаб по кубаду по кубад (5. 266)

Дар зер низ ба тасдиқи ин маънӣ чанд намуна меорем:

Як ҳамлаи дигар ҳама дар рақс дароем
Мастонаву ёрона, ки он ёр даромад (5.273)

Дар пеши рухаш чу рақс мекард
В – аз оташи ишқ ҷон чи мешуд (5.287)

Он чанги тараб, ки бенаво буд
Раксе ки кунун ба соз омад (5.296)

Пар задан навъи дигар бошад агар низ бувад
Ракс нодир бувадад бар забари чархи кабуд (5.324)

Ҷони ман бо ахтарони осмон
Рақс рақсон гашта дар паҳнои чарх (5. 233)

Ҳамзамон мутаваҷҷеҳ гаштем, ки вожаи рақс дар осори Мавлоно бевосита ҳамчун василаи тасвири бадеӣ истифода шудаст, Мавлоно ба василаи ин вожа тасвирҳои нобу номутакарраро эҷод кардааст, ки ба шакли зоҳириву шакли зеҳнии аъшораш таъсири мусбат гузоштааст. Шоир бо истифодаи ҳунармандона аз калимаи «рақс» тасвриҳоеро ба қалам додаст, ки садсолаҳо таваҷҷӯҳи хонандаро ба хеш ҷалб месозад, тасвирхоеро офарида, ки дар поэтикаи шеърии клосикии мо таъсиргузор будааст:
Маънӣ ба саҷда ояд чун сурати ту бинад
Хар харф ракс орад чун бишнавад каломат (5. 202)
Инҷо Мавлоно аз вожаи рақс тасвири ноб эҷод мекунад ва мегӯяд ҳар «ҳарф рақс орад», ин тасвир, бешубҳа, тасвире аст, ки зеҳнро навозиш мекунад. Дар uазали дигар Мавлоно мегӯяд:
Аз латофат куҳҳоро дар ҳаво раксон кунанд
В – аз ҳаловат баҳрҳоро чун шакар ширин кунанд (5.304)
Дар байти мазкур маънӣ хеле соддаву самимӣ ба назм кашида шудааст, тасври мисраҳо низ ҷозибияти хосе доранд, ба вижа шоир ба истифодаи вожаи «рақс» тасвири uайримунтазираро пешорӯи хонанда мегузорад. Вокеан, хам таркиби «кӯҳҳоро дар ҳаво раксон кунад» маънии «аз латофат»-ро ҷону равон медиҳад. Бо он ки шоир бо тасвири ноб кӯҳҳоро дар ҳаво (!) рақсон мекунад, (тасвири uайриинтизор меофарад) аз паҳнои бузурги «латофат» ёдрас мешавад:

Суман бо сарв мегӯяд, ки мастона ҳаме рақсид
Ба гӯшаш сарв мегӯяд, ки ёри бурдбор омад (5. 250)
Вожаи «рақсид» ин ҷо василаи тасвир барои баёни маънӣ аст, дар мисраҳои зер низ «рақс» чун унсур ва воситаи тасвир хидмат кардааст.

Ки чун бинандаи ин нақшу маънист
Чу боде рақсҳои шохи бедист (5. 174)
***
Аз сарв гӯям ё чаман аз лола гӯям ё суман
Аз шам гӯям ё лаган, ё рақси гул пеши сабо (5.51)
***
Ин намунаҳо мушаххас мекунанд, ки дар осори Мавлоно вожаи «рақс» бо риояти хусусиятҳои лафзиву маънавияш барои офариниши тасвир хидмат кардааст:
Найҳо хоса найшакар бар тамъ ин баста камар
Рақсон шуда дар найситон, яъне таъузу ман ташо (5.52)
***
Офтоб имрӯз бар шакли тобон шудаст
Дар шуъояш ҳамчун зарра ҷони ман рақсон шудаст (5.188)
***

Омад бахори ҷонхо эй шохи тар ба ракс ой
Чун Юсуф андар омад мисру шакар ба ракс ой (5. 118)

Офтобе не зи шарку не зи карб аз ҷон битофт,
Заррабор омад ба рақс аз вай дару деворим (5.100)
***
Шакаи илми олам ҳар чанд ки мерақсад
Чашми ту алам бинад ҷони ту ҳаво донад сах. 264
Мусиқият ва ё оҳанги шеър ба назари Шафеи Кадканӣ чанд ҷилваву нишон дорад, ки ин ҷумлаанд:
1.Мусиқии берунӣ (вазни арӯзӣ)
2.Мусиқии канорӣ (қофияву радиф)
3 Мусиқии дохилӣ
4 Мусиқии маънавӣ
Бо такя бо хулосаҳои Кадканӣ дар мавриди мусиқият ва оҳанги шеър метавонем натиҷагирӣ кунем, ки истифодаи ҳунармандона аз вожаи «Рақс» дар ашъори Мавлоно дар мавзунии мусиқии берунӣ, канорӣ, дохилӣ ва маънавии калом мусоидат намуда, бадин васила барои мондагории ашъори ноби шоири шаҳири мо хидмат кардааст. Таъсиргузории вожаи рақсро ба мусиқияти калом дар ин намунаҳо метавонем мутаваҷҷӯҳ бошем:
Як даст ҷоми бодаву як даст зулфи ёр,
Рақсе чунин миёнаи майдонам орзуст!
***
Ай басо шаб, ким ан аз оташашон ҳамчу сипанд
Будаам наъразанон, рақскунон бар дарашон!
Гар ту бу менабари, буй кун аҷзои маро,
Бу гирифтаст дилу ҷони ман аз анбарашон! (5.759)
**
Шохахо сармасту раккосанд аз боди бахор
Ай суман масти куну ай сарв бар савсан бизан! (5.750)
Бо таваҷҷўҳе иҷмолӣ ба андешаву ашъори Мавлоно бавижа ба ҷойгоҳи мафҳуми «рақс» дар офаридахои ин марди сухан ин нукта рушан гашт, ки вокеан хам «ракс» дар сурудаи ў тобиши мукаммали ирфонӣ пайдо намуда, барои тафсири ҳолатҳои равонӣ ва матлабҳои сўфиёна ба кор мераванд. Рақси Мавлоно амалест, ки бо пойкубӣ тасаввури по бар сари ҳавасҳои дунёӣ задан ва бо дастафшонӣ тафаккури раҳоӣ аз олами қуёдро бо воқеият бадал мекунад.

Пайнавишт:

1. Зарринкӯб А. Пилла- пилла то мулоқоти Худо.-394 саҳ.

2. Колман Баркс. Як сол бо Румӣ.- Нюёрк: «Ҳарпер Санфрансиско», 2006.-426 саҳ.

3. Мавлоно Чалулуддини Балхи. 800 газали дилошуб.-Душанбе:”Адиб”, 207,856 сах.

4. Муваҳҳид З. Шеър ва шинохт.-Теҳрон: Марворид, 1377.-292 с.

5. Фурузонфар Б. Мавлоно Чалолиддини Балхӣ. Девони Қулиёти Шамси Табрезӣ.-Теҳрон: Нашриёти Сипеҳр, 1363.-1570 саҳ.

6. Ҳабибуллоҳ М. Маърифати шеър. Масъалаҳои таҳлили матни асари бадеӣ.-Хуҷанд, 1994.-64 с.

7. Ҳақиқат А. Мавлоно аз Балх то Қуния.-Теҳрон: Нашриёти Куниш,1384.-368 саҳ.

8. Шамисо С. Нигоҳи тоза ба бадеъ.-Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1370.-362 с.

9. Шокир Мухтор. Шeҳрати Румӣ дар фаронса.-Душанбе: «Сино». 2000.-240 саҳ.

10. Ҷонасон Стар. Румӣ дастони маъшуқ.- Нюёрк: «Пингвин»,1997.- 209 саҳ.

11. http://mewlana.mihanblog.com/post/44

12. http://faryad.epage.ir/fa/module.content_Page.27-06.html

13. http://www.jawab.ir/qa

14. http://www.shanbe.ir/

15. http://www.zendagi.com/

16. http://www.dakhme.mihanblog.com/post/338

17. http://www.ghadeer.org

Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев)

Comments are closed.